ПАЁМ – ТАҲАВВУЛИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БОСУБОТ

Муаллиф: Одинаев Абдуҳалим

Расм

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони ҷомеа ироа гардид, фарогири таҳлили амиқ ва ҳамаҷонибаи сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар мебошад.

Бояд қайд намуд, ки масъалаи озодӣ, истиқлолият ва татбиқи ҳадафҳои дар пешистодаи кишварамон моро водор менамояд, ки пайваст намудани чунин дастовардҳо бо кишварҳои хориҷӣ хеле муфиду мақсаднок мебошад. Пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеи худро ҳамчун кишвари ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян ва устувор намудааст. Зеро, кишварҳои ҷаҳон низ паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирона омӯхта бо назардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан, ҳамкориҳои худро ҳамоҳанг месозанду бо ниёзҳо ва манфиатҳои кишварашон барқарор менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони соҳибистиқлолӣ равобити судманди худро бо ҷаҳони хориҷ махсусан кишварҳои араб барқарор созад. Чуноне ки Пешвои миллат таъкид намуданд: “Дар ин росто, мо ҳамкории худро бо кишварҳои ҷаҳони ислом боз ҳам густариш мебахшем”.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта ва бо 184 – тои он равобити дипломатӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои араб ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ба монанди Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Миср, Алҷазоир, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ветнам, Индонезия, Малайзия, Ҷумҳурии Корея, Япония ва ғайра аз самтҳои афзалиятноки хеш меҳисобад.

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар як соли охир доманаи хеле густурда пайдо намудааст. Чандин роҳбарони давлатҳои хурду бузург ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд, ки натиҷаи дар арсаи байналмилалӣ нуфуз доштани Тоҷикистон мебошад.

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад. Бо ин мақсад таъкид гардид, ки минбаъд низ сиёсати «дарҳои кушода» - ро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорем. Инчунин, рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Чунин рӯйкарди ба оянда нигаронидашуда асоси сиёсати «дарҳои кушода» - и Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Инчунин, таъкид гардид, ки мо ҳамкории худро бо кишварҳои ҷаҳони ислом боз ҳам густариш мебахшем. Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин хеле нигарон аст.

Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем. Кишвари мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд.

Дар муносибатҳои бисёрҷониба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ дар оянда низ ҳамкории амалиро тақвият хоҳад дод. Ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои дигар ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф равона гардидааст.

Мо ҷиҳати таъмин намудани пойдории низом ва суботи байналмилалӣ аҳаммияти тақвияти нақши муҳимму ҳамоҳангсоз ва муттаҳидкунандаи Созмони Милали Муттаҳидро таъкид мекунем.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки соли гузашта бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.

Лозим ба ёдоварист, ки пешниҳоди навбатии Пешвои миллатро, ки 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Ин иқдом бо пуштибонии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва дар назди Созмони Милали Муттаҳид Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис гардида, дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуд.

Ҳоло бо дарназардошти пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави Пешвои миллат оид ба эълон гардидани “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар марҳилаи татбиқи ин амр Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор бештар аз ҳар вақти дигар мавриди таваҷҷуҳ хоҳад буд. Зеро таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ташаббуси пурарзиши Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши бориз хоҳад гузошт.

Инчунин, қайд гардид, ки мо аз ҳамкориҳои худ бо ҳамаи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд қаноатманд мебошем ва минбаъд низ бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориҳои худро бо онҳо густариш медиҳем.

Ҳамин тариқ, ҳадафҳои аслии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва мусоидат ба таҳкими пояҳои истиқлолу соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида мешавад. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи манфиатҳои миллӣ яке аз авлавиятҳои аслӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба эътибор гирифтани манфиатҳои онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъмини аминияти миллӣ нақши калидиро иҷро менамояд.

 

Одинаев Абдуҳалим,

ходими пешбари илмии

Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ