Муаллиф: Саидов Нуралӣ
Дар охири соли 2023 ва аввали соли 2024 дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Олмон воқеаҳое рух дода истодаанд, ки таъсири онҳо на танҳо ба мардуми Олмон, балки ба дигар кишварҳои Аврупо низ баръало дида мешавад.
Дар ин давра дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии Олмон ду рӯйдоди муҳим идома ёфта истодааст.
Якум, эътирози фермерҳои Олмон оид ба нигоҳ доштани кӯмакпулии Ҳукумат барои сӯзишвории дизелӣ ва андози имтиёзнок барои мошинҳое, ки дар соҳаи ҷангал ва кишоварзӣ кор мекунанд.
Дуюм, эътирозҳо зидди фаъолияти “Ҳизби алтернатива барои ОлмонAfD”.
Дар Олмон эътирози фермерҳо аз нимаи дуюми моҳи декабри соли 2023 оғоз гардида буд, ки то ҳоло ба таври мунтазам идома ёфта истодааст.
9 январи соли ҷорӣ дар Берлин «паради тракторӣ» барпо гардид, ки дар он кариб 680 машина, трактор ва нақлиёти хочагии қишлоқ аз хиёбонҳо ва майдонҳо гузаштанд. Эътирозҳо дар дигар шаҳрҳои бузурги Олмон, аз қабили Бремен, Ҳамбург ва Мюнхен баргузор гардидаанд. Дар шоҳроҳҳои (автобан) кишвар садҳо трактор ҳаракати нақлиётро боздоштанд.
Ба иттилои полис, дар намоишҳои эътирозӣ дар назди дарвозаи Бранденбурги шаҳри Берлин то 8,5 ҳазор нафар бо зиёда аз 6 ҳазор трактор ҷамъ омада буданд. Ба гуфтаи эътирозгарон, шумораи ширкаткунандагон то 10 ҳазор нафар ва адади техникаи кишоварзӣ бошад, беш аз 30 ҳазорро ташкил медод.
Дар нимаи аввали моҳи январ коргарони “Роҳи оҳани Олмон” (Deutsche Bahn) ба эътирозчиён ҳамроҳ шуданд, ки онҳо аз ҳукуматдорон зиёд кардани музди кории ронандагон (машинистҳо) ва ба онҳо додани мукофоти яквақтаро талаб мекарданд.
Рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Кассели замини федеролии Ҳессени Олмон эътирози деҳқонон баргузор шуд. Дар намоиш қариб 250 автомашина иштирок дошт. Сухангӯи полис изҳор дошт, ки гирдиҳамоӣ “бидуни ҳодисаҳои тахрибкорӣ ба миён омадааст”.
Дархости фермерҳо чунин аст:
- нигоҳ доштани имтиёзҳои андоз барои фермерҳо;
- маҳдуд кардани воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Украина ба Олмон.
Сабаби асосии эътирозҳо қабули қарори ҳукумати Олмон дар бораи қатъи додани кӯмакпулӣ ба кишоварзон мебошад.
Вобаста ба ин масъала, моҳи декабри соли 2023 ҳукумати Олмон эълон кард, ки ёрдампулӣ (субсидияи) барои сӯзишвории дизелӣ ва андози имтиёзнок барои мошинҳои дар соҳаи ҷангал ва кишоварзӣ фаъолият кунанда манъ карда мешавад. Мувофиқи маълумотҳо дар буҷаи давлатии Олмон барои соли 2024 маблағи 17 миллиард евро намерасад. Аз ин рӯ, Ҳукумат тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби манъи субсидияҳои федералӣ маблағи заруриро пайдо кунад. Ҳамин тариқ, боздошти имтиёзҳо барои фермерҳо метавонад ҳар сол барои буҷа 480 миллион евро ворид созад. Ин иқдом метавонад барои қисман бартараф кардани норасоии молиявии буҷаи кишвар барои соли 2024 кӯмак расонад.
Чунин иқдоми ҳукумати Олмон норизогии мардумро ба миён овард, ки он торафт васеъ гардида, характери оммавиро пайдо кард. Ҷиҳати пешгирии ин раванд, ҳукумати Олмон эълон дошт, ки манъи ёрдампулӣ барои сӯзишвории дизелӣ, на ин ки яку якбора, балки тадриҷан коҳиш дода мешаванд, аммо манъи имтиёзҳои андоз аз воситаҳои нақлиёт барои хоҷагии ҷангал ва кишоварзӣ боқӣ хоҳанд монд.
Бо вуҷуди ин, сарвари Иттифоқи деҳқонони Олмон (Deutscher Bauernverband, DBV) Йоахим Руквид корпартоии якҳафтаина эълон кард, ки ин тадриҷан тамоми Олмонро фаро гирифт. Баъди ин, Ҳукумати коалисионии Олмон изҳор дошт, ки омода аст, бо намояндагони эътирозчиён вохӯрӣ намояд ва дар он мушкилотҳое, ки дар бахши кишоварзӣ пайдо шудааст ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор диҳад. Дар вохӯрии баргузоргардида зимни баррасии масъалаҳо Тарафҳо чунин қарор қабул карданд:
-Дар кӯтоҳтарин муҳлат, бояд “харитаи роҳ”- оид ба мушкилоти мавҷуда ва муайян намудани роҳу воситаи ҳалли онҳо дар соҳаи кишоварзӣ омода карда шавад.
-Харитаи мазкур бояд то ба таътили тобистона рафтани вакилони парламенти Олмон Бундестаг қабул карда шавад, то ки мақомотҳои масъул барои банақшагирии корҳои ояндаашон бештар имконият пайдо намоянд.
Рӯзи 13 январи соли 2024 Канслери Олмон Олаф Шолс бастани созишро миёни хукумати федералӣ ва фермерҳо дастгирӣ намуда, изҳор дошт: “Мо талаботҳои деҳқононро ба назар гирифта, нақшаи аввалаи худро бори дигар аз нав дида баромадем. Мо машварат кардем, ки барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда ва рушди ояндаи кишоварзӣ чӣ корҳоро ба анҷом расонида метавонем. Ва мо тасмим гирифтем, минбаъд проблемаҳои мавҷударо якҷоя муҳокима мекунем ва роҳи ҳалли онҳоро якҷоя ҷустуҷӯ мекунем".2
Оид ба маҳдуд кардани воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Украина ба Олмон.
Коршиносон ба он назаранд, ки фермерони олмонӣ аз он сабаб корпартоӣ ва эътироз мекунанд, ки айни замон, ба бозори Олмон аз Украина маҳсулоти кишоварзӣ бе маҳдудият ворид шуда истодааст, ки ин боиси паст гардидани талабот ва маҳсулоти ватанӣ мегардад. Зеро дар давоми соли 2022 махсулоти хочагии кишлоқи ворид гардида аз Украина ба бозори Олмон 11 фоизро ташкил медиҳад.
Оид ба тазоҳуротҳо зидди фаъолияти ҳизби “Алтернатива барои Олмон (AfD)”
Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар саросари Олмон теъдоди бузурги мардум алайҳи ҳизби “Алтернатива барои Олмон” (AfD) норизогӣ баён карданд. Намоишҳои эътирозӣ асосан дар шаҳрҳои Франкфурти лаби Майн, Ганновер, Фрайбург, Кассел, Кёлн барпо гардиданд.
Хусусияти ин намоишҳои ғайриоддии оммавӣ аз он иборат буданд, ки онҳо на ба муқобили ҳукуматдорон, чун ҳарвақта, балки баръакс, ба муқобили Ҳизби мухолиф (оппозитсионии) «Алтернатива барои Германия» (AfD), эътироз баён карданд. Ин ҳизб ба якчанд рӯйдодҳои сиёсӣ, ки дар Олмон ҷараён доранд, шадидан мухолифат мекунад ва талаб дорад, ки вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои Африқо ва Шарқ ба Олмон зери назорати қатъӣ гирифта шавад, оид ба баромадани Олмон аз Иттиҳоди Аврупо овоздиҳӣ (рефередум) гузаронда шавад. Ва инчунин, ин ҳизб формати нави ҳамкориҳоро ба Россия тақозо мекунад.3
Хулоса коршиносон ба он назаранд, ки мушкилотҳои ба миён омада миёни ҳукумати коалитсионии Олмон ва феремерҳо дар раванди тезутунд ва пурпечутоб қарор доранд ва дар сурати сари вақт пайдо накардани роҳу воситаҳои ҳалли онҳо вазъ дар ҷомеа муташанниҷ гардида, барои аз мушкилотӣ иқтисодӣ ба буҳронӣ сиёсӣ табдил гардидани он мусоидат хоҳад кард.
Сарчашмаҳо:
2.https://iz.ru/1633887/2024-01-13/sholtc-prizval-k-kompromissu-mezhdu-fermerami-i-pravitelstvom
3. https://centrasia.org/newsA.php?st=1706462880
Н. САИДОВ
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ