Муаллиф: Маҷидзода Расул
Сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар шахсияти инсондӯст будани Сарвари давлатро таҷассум намуд. Зеро танҳо бо меҳнати дилсӯзонаи худ дар муҳлати начандон тӯлонӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Истиқлоли давлатӣ барои дарк ва решадор гаштани худшиносии миллӣ ва озодию ифтихори миллӣ шароити хеле фароҳам ба вуҷуд овард ва дар навбати худ, ба эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамчун омили муҳимтарини маънавӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ мусоидат намуд.
Баҳри амалан татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду нумуи насли наврас ва ҷавони кишвар, бахусус дастуру супоришҳое, ки дар Паёми имсола ироа гардид, масъулият ва дарки бештари ватандориро аз ҳар як сокини кишвар тақозо мекунад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ, пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон зоҳир мегардад. Яке аз нуктаҳои Паём ин самти тарбияи насли наврас ва омода намудани мутаххасисони ҷавон буд. Дар Паём таъкид шуд: «Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд»[1].
Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ таъкид ва даъват ба амал меоранд, ки мо азму талош дорем барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти зиёиён ва ҷавонон аст. «Мазмуну моҳияти волои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ саршор аз дастовардҳои бузургу созанда дар самти рушду нумӯи давлат ва таҳкими суботу оромии ҷомеа буда, шаҳодати он аст, ки давлат ва миллати тамаддунсози тоҷик дар ҳалли масъалаҳои калидии ҷомеаи башар ва таъмини амнияту оромии минтақа нақши босазо дорад»[2].
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ як барномаи мукаммал барои некуаҳволии мардум ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад. Паёми навбатӣ дар бораи фардои дурахшони кишвар дар дили ҳар як сокини он фараҳро эҷод мекунад. Воқеан, «Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад»[3].
Ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватан бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ ҳамеша иқдомоти давлату ҳукумат ва Президенти кишварро ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки Паём яке аз ҳуҷҷатҳои ниҳоят муҳим ва тақдирсоз барои тамоми қишрҳои ҷомеа маҳсуб ёфта, инъикосгари асоси рушди босуботи кишвар аст. Воқеан ҳам дар Паём ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ пурра дарҷ гардидааст. Дар робита ба ин, профессор Ятимов С.С. қайд мекунад: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои барномавӣ, Паёмҳо, таълифот ва таълимоти бунёдии худ барои ҳар фарди тоҷик ҳаётан муҳим будани Эҳёи миллатро асоснок кард»[4].
Шиддат гирифтани тағйироту таҳаввулоти номатлуб дар вазъияти сиёсии ҷаҳон ва торафт хусусияти буҳронӣ гирифтани низоъҳои мазҳабӣ дар кишварҳои арабию мусулмонӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро ба масъалаи ҳаётан муҳим мубаддал сохтааст ва ҳар лаҳза мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – экстремизм, терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳушёру зирак ва дар ҳолати омодабош будани мақомоти марбутаро тақозо менамояд: «Махсусан, вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳилаи нави «ҷанги сард» ҳар як сокини кишварро ба он водор месозад, ки барои ноил шудан ба дастовардҳои бештар камари ҳиммат бандад»[5].
Дар заминаи фаъолияти ҳизбу ҷараёнҳои тундрав дар Ховари Миёна фаъолияти экстремистию террористӣ равнақи тоза касб намуда истодааст. Аз ин ҷиҳат, дар Паём хатарнок будани паҳншавӣ ва дар кишварҳои гуногун сар баровардани гурӯҳҳои террористиро ба эътибор гирифта, ба ин падидаҳои нангини ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин баҳо дода шуд: «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем».
Дарвоқеъ, ҳеҷ як гӯшаи ҷаҳон аз хатари гирифтор шудан ба ҳамлаҳои террористӣ ва пайдо шудани нуқтаи доғи амали гурӯҳҳои сиёҳкор, ки ба набзи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва нуфузу эътибори байналмилалии давлатҳо зарари бузурги моддию маънавӣ ворид карда метавонанд, худро эмин шуморида наметавонад. Аз ҳамин ҷиҳат, дар матни Паём консепсияи муносибати бунёдӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм муайян гардид.
Маҷидзода Р.,
н.и.ф., ходими илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик
[1]. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», шаҳри Душанбе, 28-уми декабри соли 2023 // Ҷумҳурият. -2023. – 28 декабр.
[2]. Маҳмудзода М. Паём ва ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат // Ҷумҳурият. – 2019. – 12 феврал
[3] . Каримзода К. Паём. Муҳимтарин ҳуҷҷати барномавӣ // Ҷумҳурият. – 2018. – 28 декабр
[4]. Ятимов С.С. Эҳёи миллат – бақои давлат. – Душанбе, 2023. – 47 с.
[5]. Шералиев Э. Раиятпарварӣ ва роҳнамоӣ ба фатҳи қуллаҳои нав меҳвари Паём аст // Садои мардум. – 2018. – 3 март.