Муаллиф: Турсунов Ҳусен
Паёми солонаи Ҳукумати Марказии давлатҳо ба Маҷлиси Олӣ ё Парламети онҳо дар саросари дунё ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳадафи асосии Сарони давлатҳо дар паёми солона пешниҳоди ҳисоботи солона аз фаъолияти Ҳукумат, таҳлили дастовардҳои Ҳукумат дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, мушкилиҳои ҷойдошта ва камбудиҳо, роҳҳои бартараф кардани он дар солҳои баъдӣ ва дар умум мушаххас кардани нақшаи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати Ҳукумат, инчунин амалисозии он дар соли баъдӣ ба ҳисоб меравад. Ин дар навбати худ шаффофияти сохти фаъолияти Ҳукумати давлатҳоро тайид мекунад.
Аз ҷумла, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳукми анъана даромадааст. Зеро Паём, чи хеле ки дар боло низ дарҷ гардид, ҳам хусусияти ҳисоботи давравӣ ва ҳам хусусияти “харитаи амал”– и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои ояндаро доро мебошад. Ин бо муайян кардани самтҳои афзалиятнок ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ дар чорчӯбаи нақша – барномаҳо, стратегияҳо ва истифодаи дигар механизмҳои вобаста ба самтҳо равонакардашуда дар муддати муайянгардида аз ҷониби сохторҳои марбута амалӣ карда мешавад.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 – уми декабри соли 2023 баргузор гардид, хусусиятҳои дар боло қайдгардидаро доро буд. Дар Паёми навбатӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳолати мавҷудаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, дастовардҳо, камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онро дар ҷорчӯбаи барномаҳои тарҳрезишудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва баррасӣ намуданд.
Дар Паёми солонаи соли 2023 сиёсати хориҷӣ, яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Ҳумукати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки буҳронҳои шадиди гуногунсамт вазъи ҷаҳони имрӯзро то рафт печидатар намуда истодааст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, таъмини амнияти миллӣ аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир, муаррифии кишварамон дар арсаи байналмилалӣ ва таъмини рушди устувори мамлакат ҷораҳои заруриро андешида ҷиҳати ба амал татбиқ намудани он аз механизмҳои самарабахши муносибатҳои байналмилалӣ истифода менамояд. Инчунин дар Паём дарҷ гардид, ки ҳамкорӣ бо Созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар кишварҳои шарик дар самтҳои гуногун ҷоннок карда мешавад. Соҳаҳои иқтисодиёт, сармоягузорӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, инчунин мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар илова бар ин назорати мунтазамро аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба амал татбиқшавии ҳамаи санадҳои ҳуқуқии ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳониро таъкид намуда, дастуру пешниҳодҳо доданд.
Бо ҳамин метавон гуфт, ки Паёми Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малҷлиси Олии кишвар дар баробари дигар самтҳо, самтҳои сиёсати хориҷии кишварро низ муайян ва мушаххас менамояд.
Турсунов Ҳусен,
ходими хурди илмӣ ва докторант (PhD) – и курси 3-юми ИОМДОА – и АМИТ