ПАЁМЕ АЗ ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ИДИ “ЗАНОН – МОДАРОН”

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Рӯзи байналхалқии занон дар аввал,- ҳамчун Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон ном бурда мешуд. Агар ба таърихи ташаккул ва инкишофи ин раванд назар андозем, мебинем, ки ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин сахт алоқаманд аст, чун ӯ гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд.
  Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси дувуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии “Рӯзи муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад ва он бояд «пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» хизмат кунад.
  Ҷашнгирии “Иди бонувон” чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, зидди қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Бори аввал Рӯзи байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария ҷашн гирифта шуд. Айни замон маросими ҷашнӣ-расмие дар ин рӯз мавҷуд буд: дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдаба давлат оид ба сиёсаташ нисбат ба занон ҳисобот медод.
  Маврид ба зикр аст, ки соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март чун “Иди бонувон” дар Тоҷикистон боқӣ монд.
  Дар Тоҷикистон то соли 2009 ин ҷашн “Иди бонувон” муаррифӣ мегардид. Соли 2009 “Иди бонувон” ба “Иди Модарон” мубаддал гардид. Албатта, бузургтарин шахс дар рӯи олам ин Модар аст, ки ба ҳар як фарди рӯйи ҷаҳон ҳастӣ мебахшад. Модар ва муҳаббати ӯ ҷаҳонро иқрор намудааст, ки дарёи хушкнашавандааст. Модар қалбе дорад, ки ҳама гуна эҳсосотро дар худ ҷой дода метавонад: муҳабат, меҳр, ранҷиш, бахшиш, интизорӣ, ҳимоят, ноумедӣ, умедворӣ ва дигар эҳсосотҳои аз ин ҳам болотару амиқтару фарохтар. Бо суханони шоир мехостам васфи модарро баён намоям:

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт.

  Дар охир ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон иброз менамоем, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.
 
Юсуфӣ Ф.
ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка
 

БОЗГАШТ