Парчам нишони пирӯзии миллат аст

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ҳамасола дар сартосарии кишвар 24-уми ноябр рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта мешавад, зеро ки маҳз рӯзи 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддасияти ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.
Ҳар яки моро мебояд, ки дар назди Парчами миллӣ ватандӯстона эҳтиром дошта бошем, ҳамеша, дар ҳама ҷо, онро пос дорем, барои ҳимояи он, поку муқаддас доштани он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, пос доштан ва ҳимоя кардани падару модар, хонаводаву фарзандони худ, пос доштани рӯҳи гузаштагон, пос доштани таъриху суннатҳои халқи худу кишвари худ аст.
Боиси хурсандиву сарфарозист, ки Парчами миллии мо дар маркази шаҳр, дар анқариби Қасри миллат, наздики Нишони давлатии Тоҷикистон, дар баландие, ки аз ҳама ҷониби шаҳр ба чашм намоён аст, афрохта шудааст. Баландтарин ва пуршукӯҳтарин ва зеботарин парчами рӯи замин аст.
Гуфтан ба маврид аст, ки Парчами миллии тоҷикон таърихи чандинҳазорсола дорад. Нахустин Парчами миллии мо пешбанди чармини Коваи оҳангар буд. Нахустин Парчами миллии мо парчами адолатхоҳӣ буд, ки бо тақозои халқ Коваи оҳангар пешбанди чармини худро аз миён кушодаву ба нӯги найза баст, болои сар бардошт ва пӯёи адолат ба роҳ баромад ва мардум дар зери ин парчам аз паси Коваи оҳангар барои додхоҳиву бунёди адолат бар зидди Заҳҳоки морон бархостанд.
Метавон гуфт, ки Коваи оҳангар нахустин парчамбардори таърихи мо мардуми тољик буд. Дар зери ин парчами доду адолат халқро ба даргоҳи Фаридун овард ва мардум аз Фаридун даъват карданд, ки зери ин парчами доду ситод тахти Каёнро соҳибӣ кунад ва мардумро ба сӯи пирӯзиҳои инсонӣ раҳнамо бошад.
Аз ин рў моро лозим ва њатмї аст, ки барои бардоштани парчами худ бо љону дил талош варзем. Чї бо њунарњои варзишї ва чї бо дастовардњои илмиву иљтимоиву диниву сиёсї парчамбардори худ бошем. Зеро ки њар куҷое Парчами миллӣ боло мешавад, нишони пирӯзию ғолибияти он миллат аст.
 
 
Умед Пудинаев,
ходими илмии Институт

БОЗГАШТ