ПАЙКИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Муаллиф: Мирзоев Ҳабибҷон

Расм

ПАЙКИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Қобили зикр аст, ки ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар тӯли таърихи дуру дарози мавҷудияти он қаламрави минтақаҳои мухталифро фаро гирифта, фарҳанги халқу миллатҳои гуногуни оламро рангорангу ғанӣ гардонидааст. (Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон)

Таърихи ҷашни Наврӯз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад. Миллати  фарҳангсолори тоҷик ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд. Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеч як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.

Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

Бояд гуфт, ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Доир ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст. Аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумоти мустақим ва пурмазмун оварда шудааст.

Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунад, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд». Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз хабар медиҳад ва мегӯяд, ки мардуми давронаш бо покиза гардонӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд. Дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку тоза ва сабзу хуррам нигоҳ медорад. Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин давра як зумра расму оинҳои миллие, ки бо мурури замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, эҳё гардиданд. Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад.

Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад. Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.

Ҳабибҷон Мирзоев,

ходими калони илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ