Перомуни муқовимат дар шеъри муосири дарӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

       Шеъри асилу ростин, чунон ки мегӯянд аз бунёд муқовимат аст, муқовимати ҳунарӣ-иҷтимоӣ бо ҳамагуна пастиву палидӣ, зулму истибдод, ҷангу хунрезӣ ва дигар падидаҳои манфии ҳаёти иҷтимоӣ, ки гоҳо зери таъсири муҳит дар пайкари шикояту эътироз, гоҳи дигар дар шакли силоҳи оташин дар мубориза бо беадолатиҳои иҷтимоӣ ва ё парчами ватанпарастон дар набард бо таҷовузгарон намоён мегардад.             
Аммо солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) «адабиёти муқовимат» дар адабиётшиносии Аврупо маънои вижаи истилоҳӣ касб кард ва ба адабиёти зиддифашистие гуфта мешавад, ки дар мамлакатҳои ишғолкардаи Олмон ва кишварҳои ҳавзаи зиддифашистӣ ба вуҷуд омад ва сипас нисбати адабиёти зиддиистеъмории кишварҳои дигаре ҳам, ки дар асри XX мавриди таҷовузи бегонагон қарор гирифтанд, чун Куба, Ветнам, Алҷазоир ва Фаластин низ ба кор бурда шуд.
Аммо ба ақидаи доктор Абдусамеъ Ҳомид корбурди ин истилоҳ нисбати шеър «душвор» ва баҳсангез аст. Зеро аз дидгоҳи ин шоири донишманд «шеър ва муқовиматро ба душворӣ метавон аз ҳам ҷудо кард. Шеъри асил дар ҳар пайкарае, ки ба ҷилва ояд аз муқовимат саршор аст»[1].
Масалан дар ҳамин адабиёти садаи XX дарӣ, илова ба достону чакомаҳои зиёди зидди таҷовузгарони англис, бисёр шеърҳои исёнталабу пархошгареро мешиносем, ки муаллифонашон дар муборизаву муқовимат бо истибдод ҷони худро бохтанд. Вале шоирону адабиётшиносони машҳур чун Восифи Бохтарӣ, Абдулқаюми Қавим ва муҳаққиқони ҷавонтар дар асоси ҳамин таърифи наву мушаххаси «сатҳи ҷаҳонӣй» таърихи шеъри муқовимати дариро аз ҳодисаҳои моҳи апрели 1978 ва дар пайи он дихил шудани қувваҳои низомии Иттиҳоди Шӯравии собиқ оғоз мекунанд.
Масалан, яке аз шоирону пажӯҳишгарон Муҳаммад Афсари Раҳбин чунин менависад:
«...Замоне ки дар зумраи шеъри муосири Афғонистон аз шеъри муқовимат ёд мекунем, возеҳан манзури мо шеърест, ки пас аз кудтои саври 1357 (апрели 1978) оғоз гардида ва ҳамвора бар зидди таҷовуз қарор доштааст»[2].
Шеъри муқовимати Афғонистон, ба баёни донишмандон дар ду заминаи мафкуравӣ ташаккул ёфта аст, яке биниши исломӣй-ҷиҳод, ки дар раъси он Халилуллоҳ Халилӣ қарор гирифт ва дигар дар заминаи гуногунандешии фалсафии шоироне, ки аз ибтидо мухолифи вуруди неруҳои низомии шӯравӣ буданд. Дар ин бахш зоҳиран Восифӣ Бохтарӣ, ки «гӯё бар чакоди (торак, тори сар-Ғ.Қ.) шеъри муқовимат» истода буд, пешсаф шуморида мешавад.
Нахустин шеъри муқовимат аз хориҷи кишвар мустазоди «Эй вой ватан, вой» ва шеъри ҷиҳод «Суруди муҷоҳид», ҳарду аз Халилуллоҳ Халилӣ шинохта шудааст.
Вале дар бораи аввалин шеъри муқовимат аз ҷабҳаи дигарандешони дохилӣ маълумот пайдо накардем.
Аз ҷиҳати ҷугрофиёӣ ин шохаи шеъри муосири дарӣй дар се ҳавза парвариш ёфтааст, ки яке ҳавзаи дохили (Афғонистон), дуюм кишварҳои ҳамсоя чун Покистону Эрон ва сеюм мамлакатҳои Ғарб мебошанд.             Дар бораи шеъри муқовимати бурунмарзӣ бояд гуфт, ки шеъри парешону парокандаи дарӣ дар сарзаминҳои бегона, ба ғайр аз Эрон пойгоҳи мусоид наёфт ва ҷилваи хосе накард.
Ба ақидаи Абдусамеъ Ҳомид онҳое, ки дар Покистон ба «адабиёти ҷиҳод» пардохтанд осорашон «аз чашмандози ҳунарӣ бисёр камранг аст» , , ва ононе, ки дар Ғарб «ба ёди ватан навиштанд, бештарини осорашонро метавон фақат аз назари отифа ва эҳсос дархури арҷ донист»[3].   
Ба ин ҳол пурбортарин ҳавзаи рӯишу болиши шеъри муқовимат ҳамоно ҳавзаи дохилӣ, яъне худи Афғонистон буд. Дар ин ҷо як теъдод суханварони  номдори кишвар чун Восифи Бохтарӣ, Латифи Нозимӣ ва аз шоирони ҷавонтар Партави Нодирӣ, Шабгири Пӯлодиён ва чанд тани дигар дар сабкҳои анъанавӣ, вазнҳои нимоӣ ва услуби шоирони машҳури «миёнарави» эронӣ мисли Таваллулӣ, Муширӣ, Нодирпур, Соя ва дигарон ба сурудани шеъри муқовимат пардохтанд.
Бисёре аз гӯяндагони дохили кишвар, ки баъзеи онҳо бешак аз сухансароёни тарози аввали Афгонистон мебошанд, дар солҳои 1980 дар риштаҳои гуногуни илму маориф ва фарҳанг ва ҳатто баъзеҳо дар вазифаҳои сиёсӣ машғули кор буданд ва ашъорашон дар матбуот, гузинаҳои шеърй ва ё ба сурати маҷмӯаҳои мустақил чоп шуда аст.
Бинобар ин, онҳо наметавонистанд мисли шоирони бурунмарзӣ андешаҳои худро ошкору равшан баён кунанд. Аз ин рӯ, ба сояи рамзу ибҳом паноҳ бурда, фикру ақидаҳои худро печида дар либоси ташбеҳу истиороти муаммогуна арза мекарданд, ки дарки онҳо барои зеҳнҳои ноогоҳ ва хонандагони одй душвор буд. Ҳол он ки дар шеъри муқовимат, ӯ мегӯянл мухотаб тӯдаҳои мардум аст ва шоирон шеърро ҳамчун силоҳ дар хидмати ормонҳои иҷтимоӣ ва мардумӣ қарор медиҳанд.        Ин мушкилбаёнӣ ва иечидагии фикр дар баъзе шеърҳо ба андозае  буд, ки ҳатто сензураи вақт, моҳият ва маънои аслии ингуна шеърҳоро пай набурда, онҳоро дар паҳлӯи шеърҳои ҳизбӣ ва инқилобӣ дар матбуоти расмӣ чоп мекард. Зоҳиран ба ҳамин сабаб дар шеъри муқовимати дохилӣ шеъре ё байте, ки шиору парчами «размандагон» гардад, пайдо кардан душвор аст.       
Аз ин ҷиҳат сарояндагони мазкурро метавон дар шумори шоирони диссидент (аз калимаи «диссидентс»-и лотинӣ, ба маънои луғавии он, яъне «ҷудоистода, норизо, ғайрандеш») овард, ки дар нимаи дуввуми асри XX дар кишварҳои зери низомҳои худкома ва тоталитарӣ зиндагӣ мекарданд.       Аз нигоҳи музмуну мундариҷа шеъри муқовиматро ба се бахш тақсим карданд, шеъри ҷиҳод, шеъри гуногунандешӣ ва саввум шеъри муҳоҷират.      Шеъри ҷиҳод, чунон ки медонем, ҳадафу парчами мушаххас дошт ва баъди солҳои 80-ум, аз рӯи маълумоти андаки дастрас нақши муҳимме дар ҷараёни адабӣ надошт ва зоҳиран «гули биҳиштие» дар ин замина нарӯид. Он меросе, ки дар ин замина аз он рӯзгор боқист, асосан маҳсули завқу андешаи суханварони ба истилоҳ диссидент, ё ғайрандеши дохилӣ ва муҳоҷир мебошанд.                             Дар ҷараёни мутолиа ва баррасии шеъри муқовимат, ин истилоҳи наву мавзӯи куҳан, ба андешаи мо ин паҳлӯҳои масъалаи мавриди баҳсро низ бояд дар назар дошт:
  1. Чунон ки дар аввали ин гуфтор зикр гардид, адабиёти муқовимат, мувофиқи таърифи «классикии» он дар кишварҳои тасхиршуда ва дар муқовимат бо таҷовузгарон пайдо шудааст.
Пас бо бартараф шудани ин омил, яъне ишғол усулан сабабу ангезае барои вуҷуди ин адабиёт боқӣ намемонад.                                                Албатта ин мавзӯъ метавонад боз солҳои зиёд манбаи илҳоми шоирону нависандагон бошад ва ашъору достонҳои барҷастае низ дар ин замина ба вуҷуд биёяд. Аммо ин бозофаринӣ ва тасвирҳои бадеии батаъхиру ба тамкии осоре ба шумор мераванд, ки дар мавзуи таърихи нигошта шудаанд.         Дар адабиёти Афғонистон низ бо хориҷ шудани қӯшуни «ишголгари сурх» замина ва ниёзи иҷтимоӣ-адабие барои шеъри муқовимат аз байн рафта ва он ҳодисаҳое, ки сипас тайи солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар ба вуқуъ пайваст, дигар муқовимат бо таҷовузгарон набуда, балки рақобати неруҳои сиёсии қудратталаб, яъне ҷангҳои дохилӣ буданд, ки дар таърихи як-ду карни ахири Афғонистон. кам нестанд.
Ашъоре ҳам ки тайи солҳои 1990-2000-ум дар накуҳиши фоҷеаҳои ин давра суруда шудаанд, муқовимате мебошанд ба қавли иқтибосшудаи доктор Абдусамеъ Ҳамид, бархоста аз ниҳоди шеър, яъне «шеъри асил дар ҳар пайкаре, ки ба ҷилва ояд аз муқовимат саршор аст».
  1. Дар мавриди шеъри муҳоҷират, ки як қисми шеъри муқовимат ба ҳисоб меравад, ҳамчунон бояд гуфт, ки онро метавон ба ду бахш тақсим кард. Бахши аввал - шеъри муқовимат, он ашъоре, ки шоирони муҳоҷири иҷборӣ тайи солҳои ишғол (1979-1989) сурудаанд.                               Бахши дуввум - он ашъоре, ки баъди ишғол (1979) дар ғурбат шоирон ба ёди ватан навиштаанд. Ин ашъор, ба назари мо муқовимат набуда, ҳамон ғарибисароиҳои машҳуре мебошанд, ки дар шеъри форсии дарӣ намунаҳо фаровон дорад.                                                                                                          Аз миёни суханварони машҳури ошно ва гуяндагони ҷавонтаре, ки дар солҳои 80-90-ум ба шуҳрат расиданд, ном ва сурудаҳои шоирони зерин дар шаклу қолабҳои наву кӯҳна дар ҳавзаи шеъри муқовимат ва муҳоҷират оварда шудаанд:                                                                                           Халилуллоҳ Халилӣ, Восифи Бохтарӣ, Латифи Нозимӣ, Беранги Кӯҳдоманӣ, Партави Нодирӣ, Сабуруллоҳи Сиёҳсанг, Муҳаммад Афсари Раҳбин, Ҷалил Шабгири Пӯлодиён, Абдуқаҳҳори Осӣ, Лайло Сароҳат Рушанӣ, Шуҷоъуддини Хуросони, Абдулсамеъ Ҳомид, Карима Музлим ва дигарон.                                               Чанд намуна барои ошноӣ ва қазоват аз сурудаҳои баъзе шоирони ҷавони он солҳо:
Аз Беранги Кӯҳдоманӣ:
Ба куҷои шаб нависам ғазали шабонаи худ,
Ғазали шабонаи худ, сухани замонаи худ.
Ба кадом гӯша бояд тани хастаро кашидан,
Ба каронаи кадомин ғами бекаронаи худ...
Чи ҳадиси талх бошад, чи ғами бузурги ғурбат,
Чи кунам, ки раҳ надорам ба даруни хонаи худ...
Чи шиканҷаест ғурбат, чи балои сахт ҳиҷрат,
Ки салиби марги худро бикашам ба шонаи худ.
Чи шигифт рӯзгоре, ки паранда кӯч карда,
Ба ҳаво, ба бод дода хасу хори лонаи худ.
Дили ман ба боғ сӯзад, ба ҷавонаҳои сабзаш,
Ки ба гӯши бод гӯяд ҳама шаб фасонаи худ.
Пари он паранда равшан, ки пайи шукуҳи парвоз,
Бигузошт оби худро, бигузошт донаи худ.1
 
Аз Партави Нодирӣ:
Эй сарзамини ман,
Эй захмҳои бози ту фаввораҳои хун.
Боғи кадом от Чун рӯи доманат.
Як осмон ситораи хунин, Афтода рӯи хок.
                              ХХ
Эй сарзамини ман,
Бар захмҳои бози ту ман даст мекашам.
Ман аз гулӯи қарн,
Фарёди хун гирифтаи садҳо ҷавонаро.
Дар зеҳни зиндагӣ,
Бедор мекунам.
Ман гиряҳои суги ҳазорон ситораро,
 
1 Ин шеърро шоир соли 1990 дар Тоҷикистон сурудааст.
Бо чашми офтоб.
Оғоз мекунам...
ХХ
Аз Муҳаммад Афсари Раҳбин:
Гулро сапеду сурх кашиданд барг, барг,
 Парвонаҳои зард париданд барг, барг.
Гулдастаҳо чи зор фитоданд рӯи хок,
 Гулбаргҳо чи хор хамиданд барг, барг...
Пур гуфт боду қофиласӯзони рангу бӯ,
 Афсонаи тагарг шуниданд барг, барг...
 Дуздони субҳ аз паси девори нимашаб,
Санге заданду оина чиданд барг, барг.
Зардушт лола рехт ба хокистари баҳор,
Оташ заданду гул даравиданд барг, барг.
 
Аз Ҷалил Шабгири Пӯлодён:
Шаҳр дар шаҳр таби сӯхтану сохтан аст,
Алами дард зи аъмоқи дил афрухтан аст.
 Табар оварда табардор, сапедоре ку?
Сар ба сар пар пари боғ асту сари сӯхтан аст.
Чун гули сурх ба гулдони шикебоии хеш,
Дар таби фоҷеа биншастану бигдохтан аст.
 Он чи дар раҳгузари кӯчаи фарёд равад,
 Рахши чингизии бод аст, ки дар тохтан аст...
Табу тобе агарат ҳаст, ки бархезӣ боз,
Кӯҳ бояд шудану сина сипар сохтан аст.
 
Аз Абдулқаҳҳори Осӣ:
То ҷода ҳаст, завқи сафар ҳаст, гом ҳаст,
 Ангезаи талоши ту дар ман мудом ҳаст.
Эй офтоб, то ту аламдори фотеҳӣ,
Номат ба лаб гузораи ишқат ба ҷом ҳаст.
 Бори дигар бикаш, ки пас аз куштани ҳазор,
Дар ман ҳанӯз ҳавсалаи интиқом ҳаст.
 
Аз Лайло Сароҳат Рушанӣ:
Вақте ки базри оташу хунро
 Пошиданд,
Гулҳои сурхи ишқ,
Аз ҳавл,
Аз ҳарос,
Сар зери хоки сард фурӯ бурданд.
Дар чашми сабзи баҳорон он гаҳ,
Абре ба ранги хун,
Густурд шоми пайкари ғамранги хешро.
Борон,
Он саховати хушном,
Бориду боз борид,
Бориду боз борид,
То базри сурхи оташ
Гулҳои сабз дод.
      
Аз Шуҷоъуддини Хуросонӣ:
Хомӯшу сарду тори хона гур аст,
Замин сахт, осмон бисёр дур аст.
Замин хун, осмон оташ гирифтаст,
Замонро деви мотам каш гирифтаст.
Баҳорон мерасад, аммо сияҳпӯш,
Тамоми решаҳои боғ бар дӯш...
Ба номардӣ аз инҷо боҷ бурданд,
Шукуҳи сарвариву тоҷ бурданд.
Ба тору пуди мо таъсир карданд,
Саворон дар сафар таъхир карданд.
Чи умеде аз ин доди замона,
Зи умеди туфангу тозиёна.
Тамоми ин ватан маҳбуфу манг аст,
Магар қалби ҷаҳон аз санг, санг аст?
 
Аз Абдулсамеъи Ҳомид:
Шояд дубора лаҳзаи дидор гул кунад,
Хуршед бар фарози сапедор гул кунад...
Сунбул ба рақс ояду як боғ сунбула,
Аз кӯчаҳои оташу овор гул кунад.
Нилуфари ситора, ҳубобе аз офтоб,
Аз шохаи шикастаи рангбор гул кунад.
 Бо эҳтироз ҳанҷараи сабзи панҷара,       
Оҳанги ошиқонаи гитор гул кунад.
Рангинкамони яъс шавад сими хордор,
Чатри сукуту чанбараи дор гул кунад.
Аммо ҳанӯз бовари бовар намекунам,
Ин дил, ки мурдааст, дигар бор гул кунад.
 
Саид Абӯтолиби Музффарӣ:
Гар бигиред имшаб аз дастам табарзини маро,
 Ҷашн мегиранд фардо рузи тадфини маро.
Такя бар бозуи марде бояд имшаб доду бас,
Ҷуз туфанг, оре кӣ дорад тоби таъмини маро.
Ман набудам, осмон якбора холӣ шуд зи моҳ,
Кам-камак з-ин Каҳкашон чиданд Парвини маро.
Тарси сар чандест дорад сар ба роҳам мекунад,
 Бишкан, зӣ санги аҷал хавфи булӯрини маро.
 Фасли тазвир асту чоҳи нобародар пешрав,
Ку Фаромарзе, ки гирад аз аду кини маро.
 
Моем чу сахраҳои тӯфонхӯрда,
Дар кӯҳу камар санг зи чӯпон хӯрда.
Моем чунон мусофири вомонда,
Дар қаъри шаб аз қофила танҳо монда.
 
Қодиров Ғиёсидин, адабиётшинос
 
 
[1] А. Ҳамид. Ниг: А. Абдулқаюм. Дар густураи забон ва адабиёти форсии дарӣ. Кобул, 1390,-саҳ 158.
[2] А. Раҳбин. Ниг:ҳамон ҷо, маҷмӯаи мақолаҳо, с.185.
[3] Самеъ Ҳомид. Доктор А. Қавим. Маҷмӯаи мақолаҳо, с. 159

БОЗГАШТ