Пешрафти беназири кишварҳои Скандинавия ва васоили таҳрикдиҳандаи он

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Дарёфтани сабаби сарватманду хушбахт будани сокинони кишварҳои нимҷазираи Скандинавияро на танҳо иқтисодчиён, балки бисёре аз ҷомеашиносон ва фарҳангиёнро ҳанӯз чандин сол пеш ба худ ҷалб мекард. Шветсия, Норвегия, Финландия, Дания ва Исландия аз сатҳи хеле баланди зиндагӣ бархурдоранд ва ин одамонро аз тамоми ҷаҳон ба ҳайрат меорад ва онҳоро водор мекунад, ки аз худ бипурсанд, ки «чаро чунин аст?». Кишварҳои мазкур аз ҷиҳати инкишофи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нисбат ба дигар манотиқи Аврупо пешқадамтаранд. Ин раванд боиси он гардидааст, ки мутахассисону олимон онро бештар мавриди пажӯҳиш қарор диҳанд. Бояд гуфт, ки дар Шведсия ва Дания рӯзҳои офтобӣ, заминҳои хушк ва маъданҳои фоиданок камтаранд ва ба қавли мутахассисон ҷуғрофияи минтақа барои беҳбудӣ ва рушди комили иқтисодӣ он қадар мусоид нест. Бо вуҷуди ин, онҳо ҳамасола дар рейтинги кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бо баландтарин шохиси потенсиали инсонӣ зинаҳои аввалро ишғол мекунанд. Ҳама кишварҳои Скандинавия тӯли солҳои зиёд сиёсати давлатиро якхела риоя мекунанд. Ин давлатҳо дар амалисозии соҳибкорӣ ва тиҷорат дар дохил ва хориҷи кишварашон озодӣ ва шароити хосеро фароҳам меоваранд. Ҳукумат ба рушди соҳибкории хусусӣ ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Ба шарофати ин аст, ки даҳҳо ширкатҳои бузург дар Шветсия камаҳолӣ ҷойгиранд (ҳамаи мо брендҳои IKEA, H&M, Volvo, Electrolux, Oriflame-ро медонем).
  Муҳаққиқон омилҳои онро бисёр ва мураккаб арзёбӣ мекунанд, ки онҳоро бо овардани чанд ҷумла тамом иктифо кардан мумкин нест. Бо вуҷуди ин, мо кӯшиш кардем, дар такя бо далоили овардаи пажӯҳишгарони соҳа, чанде аз онҳоро зикр намоем.
  Сабаби якуми хусусияти фарқкунандаи кишварҳои Скандинавия ин соҳиби масоҳати калон ва шумораи ками аҳолӣ мебошад, яъне дар қатори кишварҳое ҳастанд, ки зичии аҳолӣ дар ҷаҳон пасттарин мебошанд. Сарвати бузурги ин кишварҳо ба осонӣ дар байни аҳолии кам тақсим карда мешавад ва барои онҳо таъмини эҳтиёҷоти худ ҳамчунин ба содироти молу хизматрасонӣ шурӯъ кардан хеле осон аст.
  Сабаби дуюм ин аст, ки кишварҳои Скандинавия мавқеъи мусоиди иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ доранд, давлатҳои наздик ба онҳо калон ва хеле пешрафтаанд. Онҳо ба уқёнуси Атлантикаи Шимолӣ, баҳрҳои Шимолӣ ва Балтика рох доранд. Ин обҳо аз моҳӣ бениҳоят бой мебошанд ва дар баъзе ҷойҳо, махсусан дар наздикии Норвегия, конҳои зиёди нафт мавҷуд аст. Хатти азими соҳилӣ ба рушди нақлиёти обӣ мусоидат мекунад. Тасодуфӣ нест, ки скандинавиягиҳо дар давоми асрҳо хамеша хамчун баҳрнавардони истисноӣ машҳур буданд.
  Сабаби савум кишварҳои Скандинавия ба истеҳсоли баъзе навъҳои мол ё хизматрасонӣ тахассус доранд, ки дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи муайянро ишғол мекунанд. Масалан, Норвегия яке аз тавлидкунандаҳои ҷаҳонии нафт аст, ки дар обҳои баҳри Шимолӣ тавлид мешаванд. Шветсия бо тавлиди пӯлод, коғаз ва мошин маъруф аст ва Финландия дар тавлиди телефонҳои ҳамроҳ яке аз пешгомҳои ҷаҳон маҳсуб мегардад. Дания дар байни истеҳсолкунандагони пешбари озуқаворӣ, инчунин дар истеҳсоли энергияи барқароршаванда муваффақ мебошад. Исландия, дар навбати худ, бо содироти моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ аз обҳои бойи Арктика маълум аст.
  Сабаби чорум чуноне, ки болотар ҳам зикраш рафт, Шветсия, Норвегия, Финландия, Дания ва Исландия кишварҳое мебошанд, ки бештар вақт иқлими сард ва тира доранд. Ин омил одамонро водор мекунад, ки дар даруни хонаҳояшон машғулият пайдо кунанд, худро ба меҳнат, таҳсил ва шаклҳои гуногуни худтакмилдиҳӣ водор созанд, то зимистони сармою дилгиркунанда зудтар паси сар кунанд. Раванди мазкур дар байни халқҳои Аврупои Шимолӣ малакаҳои хеле гуногун ба вуҷуд овард.
  Сабаби панҷуми шукуфоии Скандинавияро иқтисодчиён натиҷаи сиёсати хуби молиявӣ медонанд. Зеро гап на фақат дар он аст, ки мамлакат то чӣ андоза пеш рафтааст, балки чӣ тавр тақсимоти имтиёзҳо ба давлат дохил мешавад, низ аст. Албатта, дар ҷомеаҳои муосири Ғарб, давлат дар тақсими даромад танҳо нақши андаке дорад, зеро дахолати давлат роҳи хуби ҳукумат ҳисобида намешавад ва роҳбарон дар бештар ҳолатҳо аз он худдорӣ мекунанд. Дахолати давлат асосан ба супурдани андозҳо анҷом меёбад. Маҳз ҳамин иллатҳо боис шудаанд, ки кишварҳое ба монанди Шветсия, Норвегия, Финландия, Дания ва Исландия муваффақ гарданд. Маърифати супоридани андози давлатӣ дар кишварҳои Скандинавия хеле боло ва худи андоз низ баланд аст. Ин сиёсат ба одамони аз ҷиҳати иҷтимоӣ заиф, пиронсолон, бекорон, инчунин ҷавонон, донишҷӯён, осебпазир ва одамони дорои даромади кам ёрӣ мекунад. Инҳо гурӯҳҳои иҷтимоие ҳастанд, ки асосан аз супурдани андозҳои зиёд баҳра мебаранд. Гарчанде ки мардуми сарватманди ин мамолик аз он ки онҳо бояд ин қадар даромади худро тақсим кунанд, (супурдани андози баланд) чандон хушҳол нестанд. Мамлакатҳои Скандинавия ба ғайр аз ёрӣ расондан ба одамоне, ки даромадашон паст аст, ба илм, нигаҳдории тандурустӣ ва рушди технологияҳо маблағи калон мегузоранд, ки ин гарави комёбиҳои оянда мебошад. Вақте давлат кафолат медиҳад, ки шаҳрвандон солим, соҳибмаълумот ва ба ояндаи худ боварӣ дошта бошанд, онҳо бо истифода аз имкониятҳои худ новобаста аз он ки кадом коре анҷом медиҳанд, шукргузорӣ мекунанд. Хамин тавр, умуман аз одамони серғайрат, ботамкин ва дилпур, ки пеш аз ҳама сарвати мамлакатҳои Скандинавия мебошанд, миллат ташаккул меёбад.
  Сабаби шашум ин аст, ки Шветсия, Финландия ва Дания узви Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд ва Исландия барои ҳамроҳ шудан музокирот дорад. Танҳо Норвегия узви Иттиҳоди Аврупо нест, аммо бо ин кишварҳо муносибати хеле наздики иқтисодиро нигоҳ медорад. Ин барои тараққиёти иқтисодиёти мамлакатҳои Скандинавия асоси хеле устувор мебошад. Узв ё ҳамкории зичи ин кишварҳо бо Иттиҳоди Аврупо кафолати он аст, ки кишварҳо ҳеҷ гоҳ аз камбуди мутахассисони баландихтисос ва тиҷорати хуб эҳсос накунанд. Он инчунин барои кишварҳои скандинавӣ имкониятест, ки маҳсулот ва хидматҳои босифати худро ба бозори кишварҳое пешниҳод кунанд, ки нисбат бар онҳо хеле калонтар аст.
  Сабаби ҳафтум дар он мебошад, ки кишварҳои Скандинавия аз қоидаҳои истисноии дохилӣ ва амнияти ҷамъиятӣ бархурдоранд. Агар гӯем, ки инҳо давлатҳое ҳастанд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷаҳон пасттарин аст, муболиға намекунем. Дар навбати худ, ин таблиғи воқеан хуб аст ва сармоягузорони сершуморро дар минтақа ҷалб мекунад. Скандинавия минтақаест, ки дар он мардум ба ҳокимияти судӣ ва полис эътимоди бениҳоят баланд доранд, ки ин заминаи хеле хуб барои рушди ҷомеа мебошад. Эҳтимол, дар ин ҷо зикр кардан лозим аст, ки дар кишварҳои Скандинавия истеъмоли машрубот аз сабаби баланд будани нархҳо хеле маҳдуд аст. Он ба кам будани ҷиноят таъсири мусбӣ мерасонад.
  Сабаби ҳаштум ин баробарӣ ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз мақоми иҷтимоӣ мебошад, ки яке аз сабабҳои пешқадам будани кишварҳои Скандинавия буда, онҳоро аз ҷиҳати сарват ва сифати зиндагӣ дар ҷои аввал мегузорад. Дар ин ҷо сухан на танҳо дар бораи баробарии этникӣ ва динӣ меравад, балки аксар вақт баробарии байни ҷинсҳо низ ҷиддан ба назар гирифта мешавад. Шветсия кишваре дар ҷаҳон аст, ки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ ҷои муҳимтаринро соҳибанд, ҳамчунин Исландия дар доштани мақомҳои калидии занон дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад. Баробарии гендерӣ ҳамаи одамонро дар иқтисод бидуни тақсими онҳо ба мардон ва занон фаро мегирад ва аз ин рӯ, аҳолии кишварҳои Скандинавия аз ҷиҳати иқтисодӣ бештар функсионалӣ мебошанд.
  Ба ғайр аз омилҳои зикргардида, ки оварда шуданд, шояд садҳо омили дигар барои ободиву шукуфоии ин мардуми Аврупои Шимолӣ мавҷуд бошанд. Баъзе аз онҳо муҳимтаранд ва баъзеи дигар ночизанд, аммо далел ин аст, ки Шветсия, Норвегия, Финландия, Дания ва Исландия аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳоле, ки дигар кишварҳо барои пешбурди иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ бо рақобати шадид дар миқёси ҷаҳонӣ мубориза мебаранд, кишварҳои Скандинавия бойтар ва нуфузи бештар пайдо карда, ба яке аз шохисҳои муҳимтарини арсаи иқтисодии ҷаҳонӣ табдил меёбанд.
 
Мадимарова Гулҳаё,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка

БОЗГАШТ