Муаллиф: Буриев Умед
ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЭЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Аҳаммияти сулҳу оромӣ дар замони муосир ва хусусан, солҳои охир, ки инсоният бо мушкилоти ниҳоят сахту сангин рӯ ба рӯ гардидааст, торафт боло меравад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар таърихи башарият дар бунёди давлат ва ташаккулёбии халқияту миллатҳо ваҳдат ҷойгоҳи махсус дорад. Инсоният борҳо дар масири таърих ба ҷангҳои қавмию дохилӣ ва байни давлатӣ рӯбарӯ гардида, талафоти зиёд дидааст. Аммо ягона омиле, ки ба хотимаёбии ҷангҳо асос шуда, инсонро аз талафот ва шаҳрҳоро аз харобшавӣ наҷот додааст, ин ваҳдат аст. Ваҳдат дар назар як вожаи оддӣ намояд ҳам, аммо дар асл як ибораи созанда, офарандаи шодию тараб, пайвангари инсонҳо ва васлкунандаи таърих мебошад.
Хушбахтона, бо мурури сипарӣ гардидани ҳазорсолаҳо ва дастёбӣ ба давлатдории навин марҳалаи муҳими таърихи тоҷикон падид омад. Яъне, пас аз торикиҳову тирагиҳои замон, тоҷикон соҳиби давлати мустақил гардиданд. Дар сарзамин Сулҳ барпо шуд. Ваҳдат ба вуҷуд омад. Таърих эҳё гардид, ки акнун, айёми нумуву камолоти дигарбораи миллату давлат фаро расид.
Вақте ки сухан аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад.
Бо омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар арсаи сиёсат муборизаи қувваи некӣ бар бадӣ, сулҳ бар ҷанг оғоз ёфт. Ин абармарди шарифном миёни аҳли ҷомеа нахустин сухани худро аз сулҳ оғоз намуд. Ба ҳайси раиси Шурои Олӣ миёни ҳамватанон иброз намуд, ки “Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард”.
Дарвоқеъ таҷрибаи сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик, ки бе шак дар ин раванд ва оғозу ибтикори он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузургу арзишманд аст, миллату давлати мо огаҳанд ва мардуми азизи Тоҷикистон хурду калон имрӯз ба ин неъматҳо арҷ мегузоранду хидматҳои наҷибу бузурги Пешвои муаззами худ – Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намесозанд.
Оре, мардуми тоҷик аз нахустин рӯзҳои фаъолияти фарзанди барӯманди тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк мекарданд, ки зери сиёсати некбинонаву хирадмандонаи Роҳбари худ онҳо ба ояндаи умедбахшу пурсаодат мерасанд. Мардуми тоҷик дар замиру афкор ва амалу андешаи неку созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонеро дарёфт, ки воқеан фарогири меҳру шафқат, ҷавонмардиву шуҷоат, некбиниву покдилӣ, қавииродагиву ҷасурӣ буду, ҳамеша аз бародариву ватандӯстӣ ва ватанхоҳиву сулҳу ваҳдат сухан мекард.
Дар ин масир пайғоми саодатовар барои миллати тоҷик ин баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон буд, ки оғози шукуҳу шукуфоӣ ва рушду равнақи давлату миллатро замина гузошт. Аз ин рӯ, набояд фаромӯш сохт, ки ташаббускори асосии баимзорасии санади таърихиву сарнавиштсоз ва меъмори кохи бегазанди оштиву баҳамоии миллат маҳз шахсияти бузурги ҷаҳонӣ ва фарзанди асили миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Воқеан, дар идомаи кору фаъолияти пурсамар ва арзишманди худ, Пешвои муаззами мо бо ҷаҳду талошҳои пайвастаашон суханонашонро содиқона ва собитқадамона исбот намуданд ва имрӯз таҳти роҳбарии бевоситаи ин шахсияти мондагори таърихӣ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд.
Боиси таъкид аст, ки чи гуна раҳоӣ ёфтан аз вартаи номатлуби ҷанги шарвандӣ ва ба сулҳу ваҳдат расидани тоҷикон дар як муддати кӯтоҳи таърих диққати ҳазорон коршиносону аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб намудаасту имрӯзҳо ин таҷрибаи ибратомези таърихӣ мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷахонӣ эътирофшуда, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Ба ибораи дигар, Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ ба он мусоидат намуд, дар даврони истиқлолият мо монеаҳоро бартараф намуда, роҳро дар самти рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар кушоем. Аз ин рӯ, дар баробари зина ба зина амалишавии барномаҳои ҳадафҳои стратегӣ гӯё аз он аст, ҳамаи ин дастовардҳоро мо ба баракати ба дастовардани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нисбат диҳем. Маҳз ин ду омил сабаби воқеии пойдории кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мардуми бофарҳанги ӯст.
Аз ҷониби дигар, раванди имрӯзаи шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ бар он далолат мекунад, ки кулли дунё ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Дар ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Ман, ҳамчун як ҷавони даврони Истиқлол сарфарозона бо итминони комил ва бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди худшиносии миллӣ, ҳувияти воло бо ифтихор қайд мекунам, ки Ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ, на танҳзо дар минтақа, балки дар саросари ҷаҳон дониста шудааст. Зеро, беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро ниҳодҳои сиёсии ҷаҳони муосир меомӯзанд.
Мо Тоҷикистони навинро бе ному кору пайкори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз тасаввур карда наметавонем. Ин ҳақиқатест бебаҳс ва воқеиятбунёд. Ин ҳақиқатест, ки саодати халқи тоҷикро, эҳёву шукуфоии мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Маҳз бо шарофати азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад.
Буриев Умед,
магистранти соли аввали
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
бознашр: