Муаллиф: Турсунов Ҳусен
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замоне ҳар як миллат бо имтиҳонҳои гуногуни басо душвор рӯ ба рӯ мешавад. Бо ибораи дигар, дар як вақт рӯ ба рӯ шудани миллатҳо дар ин ё он давраи таърих ба буҳрони сиёсию иқтисодӣ, ҳуввиятию динӣ ва ғайра яке аз санҷишҳои бузурги миллатҳо бар муқобили бархурдҳои замон ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик низ дар давраҳои гуногуни таърихӣ бо чунин имтиҳонҳои таърих рӯ ба рӯ шудааст. Хушбахтона, ин буҳронҳо натавонистанд, ки боиси ба нестӣ рафтани миллати тоҷик гарданд. Зеро чи гунае, ки таърихи инсоният шоҳид аст, миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар, сулҳпарвару хираддӯст ва ҷасуру тавоно ба шарофати фарзандони оқилу донояш дар ҳар давраи таърих бар муқобили буҳронҳои хатарноки таърихӣ тавонгарӣ нишон дода, ҳамаи арзишҳои волои худро ба наслҳои ояндаи худ ба мерос гузоштааст.
Дар солҳои 90 – уми асри ХХ миллати тоҷик боз бо чунин як буҳрони шадид, ки хатари аз байн бурдани миллат ва давлати тоҷикро дошт, рӯ ба рӯ шуд. Хушбахтона, чун дигар давраҳои таърих миллати тоҷик тавонист, ки бо шарофати фарзандони оқилу доно, ватандӯст ва сиёсатшиносони дурбини худ аз ӯҳдаи бо муваффақият паси сар намудани ин ҳодисаи барои миллати тоҷик нанговар барояд. Пешвои миллат дар ин самт бузургтарин намунаи шахсияти сулҳофар ва таъсисгари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Аз рӯзи ба сари давлат омадани Эмомалӣ Раҳмон, милати тоҷик эҳсос намуд, ки дубора сулҳ бунёд хоҳад шуд, миллати тоҷик дар зери байрақи соҳибистиқлолӣ ба мисли дигар давлатҳои соҳибистиқлол ҳамчун як субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ побарҷо хоҳад монд. Зеро малакаи баланди сиёсатмадорӣ ва қобилияти ҳалли низоъ доштани Пешвои миллат аз он шаҳодат медод, ки дар муддати кӯтоҳ ҷанги шаҳравндӣ миллати тоҷикро падруд хоҳад гуфт. Чуноне ки гуфтаҳои “ман ба шумо сулҳ меорам” – и Пешвои миллат дар рӯзи аввали ба сари давлат омадан, инро тасдиқ менамояд. Дар ҳақиқат миилати тоҷик тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ бо роҳбарӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллати худ ба дастовардҳои беназири давлатдорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва фарҳангию илмӣ муяссар гардад.
Турсунов Ҳусен,
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик