Пешвои миллат сафири сулҳ дар минтақа

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар ҳама давру замон кишварҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии худ дар арсаи байналмилалӣ, расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоди боэътимоду боварибахш ниёз доранд. Ба роҳ мондани чунин навъи иттиҳоди боэътимод дар шакли созмонҳои байналмилалӣ, ки яке аз ниҳодҳои пуриқтидори дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошанд, омили асосии расидан ба марому мақсадҳои ягона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Коршиносон ба он ақидаанд, ки дар шароити пурпечутоби воқеияти имрӯзаи геополитикӣ нишасти ҷашнии сарони давлатҳои  аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Зеро дар он намояндагони аксарияти аҳолии ҷаҳон иштирок намуда, вобаста ба доираи васеъи масоили таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои гуманитарӣ изҳори назар намуданд.
Масъала ва мушкилотҳое, ки дар доираи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифт, бори дигар тасдиқ намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай фарохтар аз ташкилот аст, чун умед ба зиндагии шоиста дар фазои сулҳу суботро барои шаст дар сади аҳолии ҷаҳон мебахшад ва дар таъмини амнияти онҳо нақши воқеан боризро дорад.
Дар доираи баргузории ҳамоишҳои гуногунсатҳ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷониби Тоҷикистон ба намояндагони давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла ба ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон дар самти ҳалли низоъҳои Афғонистон пешниҳодҳои судманд намуд. Тибқи маълумоти сомонаҳои расмӣ ҷониби Тоҷикистон ва Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикон ба ифоқа расиданд. Ин пешниҳод аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки ҷониби Покистон - Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон онро хуб қабул намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон изҳор доштанд, ки зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт. Вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Бино ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиат доранд ва ба эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. «Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон. Дар ин зимн, изҳори умед карда шуд, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешавад. Пешвои миллат бори дигар ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ки Давлати Тоҷикистон ҷонибдори ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. «Сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад», — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар идомаи суханронӣ Пешвои муаззами миллат таъкид бар он намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд, ки Тоҷикистон ва Покистон барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд шуд. «Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд. …ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад. …мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Итминон ҳосил гардид, ки сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.
Инчунин,   дар нишасти мазкур Пешвои миллат таъкид намуданд: «Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор аст ва ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон даъват мекунад».
Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор аст ва ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон даъват мекунад. Ҷорӣ кардани ҳама гуна низоми сиёсӣ дар Кобул бе дарназардошти афкори мардум метавонад боиси оқибатҳои пешгӯинашаванда гардад», — иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус СММ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх даъват карданд, ки ба Афғонистон ва аҳолии вилояти Панҷшер, ки давоми ду моҳ дар муҳосираи пурра қарор доранд, кумаки фаврӣ намоянд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи амният сухан ронда, зикр доштанд, ки «терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ ҳамчун таҳдидҳои асосии амният дар фазои СҲШ боқӣ мемонанд».
Андешахои Пешвои миллатро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ба максад мувофиқ  шуморида, дастгирӣ намуданд.
Инчунин, бо пофишориҳои ҷониби Точикистон, чонибҳо Покистон ва Точикистон ба мувофика расиданд, ки гуфтушунидҳои Толибон бо точикони Панчшер дар Душанбе гузаронида шавад!
Хамаи саъю талошҳои Пешвои миллати сулҳофар ба хотири чойгоҳи махсус доштани точикон дар минтақа ва ҷаҳон аст!
Азимҷон Раҳмонзода,
муовини директори Институти
 Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ