То ин замон, аз 114 ҳазор пиряхи мавҷуд 1000 тоаш аллакай об шудааст ва зуд об шудани пиряхҳо дар 10 солаҳои баъдӣ барои на танҳо кишоварзони тоҷик, балки минтақа мушкилоти зиёдеро ба бор хоҳад овард. Форуми инноватсияҳо дар идора кардани об ва мониторинги пиряхҳо равишҳои лоиҳаи GIZ IRDP/TRIGTR зарурати беҳтар идора намудани обро нишон дод. Ногуфта намонад, ки соли 2025 бо пешниҳод ва ибтикори ҷониби Тоҷикистон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ”Соли байналмилалии пиряхҳо”эълон шудааст. Аз ин рӯ, моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.[3]
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди як яхчоли азимҷусса тақрибан 8500 адад пиряхҳои хурду бузург ва бо майдони умумии 8476,2 километри мураббаъро дар оғӯши хеш ҷой додааст.
Дар миёни ин пиряхҳо, пиряхҳои Федченко 651,7 километри квадратӣ. пиряхи Грумм Гржимайло 143 км.кв. ва Гармо 114.6 км.кв. пиряхҳои калонтарин ҳисобида шудаанд ва аксари ин пиряхҳо дар баландии аз 3000 метр то 5300 метр ҷойгир шудаанд.
Пиряхҳои мазкур ҳаракаткунанда буда, соле аз чанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат менамоянд ва дар тули чанд соли охир дар натиҷаи тағйир ёфтани иқлим: гарм шудани ҳарорати ҳаво, ихроҷи газҳои мухталиф аз корхонаҳои саноатӣ ва миқдори афзояндаи нақлиёти гуногун ба ҳаво, ба суръати ҳаракати пиряхҳо афзуда, сабаби бештар об шудани пиряхҳои мазкур мегарданд. [2]
Пиряхҳои кишвар 456,9 км мукааб обро дар худ захира кардаанд ва солона ҳамин пиряхҳо 61,8 км мукааб обро ба дарёҳо медиҳанд, ки ин баробар ба 12 сола обе мебошад, ки аз дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мешавад.
Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ ва дигарҳо ) аз пиряхҳо оғоз меёбанд.
Яке аз дарёҳое, ки аз пиряхҳо оғоз мегардад, дарёи Зарафшон мебошад. Дарёи Зарафшон дар фасли зимистон, вақте, ки обшавии пиряхҳо хотима меёбад хеле кам мегардад ва обаш каб-кабуд ба назар мерасад, вале бо гузашти зимистон ва моҳҳои аввали баҳор ва бо фарорасии гармо хеле зиёд гардида, тақрибан то 40-45 маротиба меафзояд. (Баъзеҳо рақами 70 -ро, яъне 70 баробар зиёд шудани оби ин дарёро гӯшзад менамоянд). Аз ҳамин давра сар карда обаш низ лойолуд ва тира мешавад.
Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки аз Зарафшонрӯд ноҳияҳои саргаҳи он Масчоҳ ва Айнӣ ягон қатра истифода наменамоянд. Факат дар Панҷакент каме истифода мешавад. Боқимондаи обро асосан ҷумҳурии Ӯзбекистон истифода мебарад.
Тибқи нақша агар мо тавонем, ки дар оянда дар ҷараёни ин дарё силсилагэсҳои дар нақша пешбинӣ шударо бисозем, дар он сурат мо метавонем ҳам неруи барқ ба даст биоварем ва ҳам обро захира намоем.
Пиряхи Зарафшон пиряхи қадимаи водигӣ ба ҳисоб рафта, дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой ҷойгир шуда аз як маҷрои асосӣ ва 20 маҷрои иловагӣ иборат мебошад. Асосан пиряхи мазкур аз тақотуи қаторкӯҳҳои Туркистон-Олой-Зарафшон сарчашма мегирад. Пиряхи Зарафшон дар баланди 5300 метр воқеъ гардида, тули он 27,8 кмро ташкил дода, майдони умумиаш 132, 6 км кв-ро дар бар мегирад. Ибтидои дарёи Зарафшон дарёи Масчоҳи Кӯҳӣ мебошад. Дар тули чанд даҳсолаи охир зиёдшавии оби дарёи Зарафшон баръало маълум гардидааст ва ин зиёдшавӣ бевосита ба афзудани обшавии пиряхи Зарафшон вобаста аст.
Пиряхи мазкур соли 1880 бори аввал тавассути як экспедитсия таҳти роҳбарии Иван Василевич Мумкетов омӯхта шуда буд. [1]
Нависандаи ин сатрҳо моҳи июни соли 2001 бо супориши вазирони сохторҳои қудратӣ: ВКД, МО ва КАМ бо мақсади омӯзиши вазъият ба ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ фиристода шудам. Дар 2 рӯзи сафар ба ин ноҳия аз деҳаи Оббурдон, ки аввалин деҳаи ин ноҳия ба шумор меравад, то пиряхҳои Зарафшон рафтем .Рӯзи аввал то мазори “Аълами Оламиён”, яъне то он чое, ки роҳи мошингард мавҷуд буд, рафтем ва шабро дар хонаи шафати мазор гузаронида, субҳи барвақт ба самти пиряхҳо равон гардидем. 25 км роҳро пиёда тай намуда, соати 14.00 ба доманаи пиряхҳо, ки аз як ҳамвории сангоби 10 -15 гектара иборат буд расидем. Ҳаво гарм шуда буд. Рӯйи пиряхҳо бо хоку реги 4-5 метра пӯшонида шуда буд. Чун хаста шуда будем, қарор додем, ки баъд аз омӯхтани маҳал ва мулоқот ба подабонҳову чӯпонҳо як соат истироҳат намуда, боз мегардем. Дар ҳамин асно як садои баланди афтодани порае аз пирях шунида шуд. Наздиктар рафта бинем, як пора яхи баробар ба баландии як бинои 10 -12 қабата канда шуда афтодааст.
Баъд аз мулоқот бо подабонҳову галабонҳо маълум гардид, ки солҳои пеш дар ҳамин сангоб ҳафтае як рӯз бозори мол доир мегаштааст ва мардуми Масчоҳ, қирғизҳо аз Қирғизистон ва мардуми водии Қаротегин мол оварда хариду фурӯш мекардаанд.
Об дар олами рустаниҳо, ҳайвонот, ҳашарот ва инсоният яъне барои ҳамаи онҳое, ки мерӯянд, мехазанд, ҳаракат мекунанд, ҷондору беҷон, барои ҳама як омили аслии мавҷудият ба ҳисоб меравад. Беҳуда дар миёни мардум зарбулмасали “Об додан аз нон додан савоби бештар дорад”ё “ОБ додан савоб” роиҷ нагаштааст. Гурусна метавон чанд рӯз тоқат намуд, вале бе об наметавон.[3]
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо он дарку завқу андешаи фитрияшон солҳост, ки масъалаи обу пиряхҳоро масъалаи сатҳи ҷаҳонӣ шинохтаю дар ин бора аз минбари баланди чаҳонӣ ба ҷаҳониён ҳушдор дода истодаанд. Масъалаи обу пиряхҳо, бештар аз ҳама, ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим масъалаи ҳаётан муҳими ҷомеа шинохта шудааст. Муҳтарам Пешвои Муаззами миллат ин масъаларо аз диди амиқи худашон гузаронида, дар оянда то чӣ андоза барои ҷомеа муҳим ва пурхатар будани масоили обу пиряхҳоро борҳо ба гӯши ҷаҳониён расонидаанд. Президенти муҳтарами Тоҷикистон дуруст ва саривақтӣ фармудаанд, ки агар мо ин масъаларо имрӯз нодида гирему чораҳои муассир наандешем ва чораҷуйӣ накунем, фардо ояндагони мо моро нахоҳанд бахшид.
Ҳар ҷое, ки об ҳаст, онҷо ободӣ, он ҷо зиндагӣ ва он ҷо ҳаёт, сарсабзӣ, шодиву сурур ва серию пурӣ ҳукмрон аст, вале дар ҷое, ки об нест ҳеҷ чиз нест. Об аз куҷо пайдо мешавад? Об аз чашмаҳо, аз зери замин, аз боронҳову барфҳо ва пеш аз ҳама аз пиряхҳо пайдо мешавад. Бинобар ин, ҳифзи пиряхҳо барои инсоният зарур ва ҳатмист.
ХОЛНАЗАРОВ НАЗАР
ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти