Муаллиф: ИОМДОА
Тоҷикистон баъд аз дарёфти истиқлолият робитаашро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳким бахшид. Ин равобит сабаби беҳбудӣ ва некӯаҳволии мардуми кишвар гашт, ки онҳо солиёни дароз аст, ки зери сояи субот зиндагӣ мекунанд. Бояд зикр намуд, ки таҳкими равобити бо кишварҳои ҷаҳон ва доштани ҳамкорӣ байни онҳо аз авлавиятҳои барномаҳои кории Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва давлат ва ҳукумати кишвар таҷрибаи моделсозӣ ва мафҳумсозии онро мудом дар мадди назар қарор додааст.
Имрӯз ҷаҳони муосир чун хонаи хурдест, ки дар он мардум бо забону қавмҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Ҳар яки он дорои тамаддуну фарҳанг расму русуманд, ки яке аз дигар фарқ мекунад. Аз гузашта то имрӯз ҳамаи ақвоми сайёра зери шиору паёмҳои рангоранги иҷтимоиву сиёсӣ ҳаёти худро ба сӯи манзили мақсуд мекашониданд.
Яке аз равишҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби инсон таъсис ёфта, то имрӯз байни ҷомеа мавҷуд аст, ки ин мафҳуми диаспора аст, ки дар мақола зер дар бораи мафҳуми он маълумот медиҳем.
Дар замони муосир калимаи диаспора хело зиёд садо медиҳад ва он мавриди истифодаи ҳамарӯзаи рӯзнома ва маҷаллаҳо қарор гирифтааст. Дар сарчашмаҳои гуногун ин калима ба маънои хос истифода шудааст.
Диаспора аслан калимаи юнонӣ буда, маънои парокандагӣ ё пошидани донаҳоро ифода мекунад. Аммо дар ҷаҳони имрӯза он маънои таҷрибаи ҳаракат, аз ҷой ба ҷой гузаронидан, ки дар натиҷаи он ташкилоти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд меояд, дониста мешавад.
Инчунин, муҳаққиқон Давид Кармент ва Ариане Садҷед дар китоби худ - “Диаспора чун фарҳангу тамаддун барои ҳамкорӣ, муҳоҷират, диаспор ва шаҳрванд" мафҳуми ин калимаро чунин шарҳ додаанд: “Диаспора аз калимаи юнонӣ гирифта, маънои чош додан ё пошидани донаҳо аст. Дар замони ҳозир ин истилоҳ таҷрибаи ивазшавӣ ё ҳаракати афрод бар асоси он тамаддун, ҷомеа ва ташкилоти сиёсӣ барпо мешавад”.
Яъне ҳаракат ва ҷойивазкуни афрод аз ақвому ақшори гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки саҳми онҳо дар рушди ҷомеа муҳим ва зарур аст. Зеро онҳо ба мисли пули иртиботӣ ё васлкунандаи тамаддун, расму оин, забон ва фарҳангии аслии худ мебошанд. Масалан, дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ қавми зиёди ҳинд мавҷуд аст, ки дар натиҷаи омезиш дар тамоми дунё паҳн шудаанд.
Тадқиқот нишон медиҳад, ки терминологияи "Диаспора" аслан дар заминаи ҷомеаи яҳудиён реша гирифтааст, ки зери ин мафҳум онҳоеро фаҳмида мешуд, ки берун аз Фаластин иқомат доранд. Аммо дар миёнаи асри 20 ин истилоҳ ба ҳамаи он қавмиҳое дахл шуд, ки берун аз ватани аслии худ кору фаъолият менамуданд. Ҷомеашинос ва мардумшиноси ҳинд Арҷун Аппарадай дар масъалаи диаспора чунин андеша дорад: “Диаспора ин замини ҳосилхезест, ки тавассути муомилоти сармоявӣ, молӣ ва одамӣ тавсиф меёбад”.
Дар замони муосир зери ин мафҳум баъзе истилоҳоти манфӣ замима шудааст, ки бояд онҳоро хуб бишнохт. Мардуми бехона, паноҳандагон, муҳоҷирон, беҷомондагон ва ақаллиятҳои диниву қавмӣ мафҳумҳоеанд, ки болояшон ихтилофи назарҳо мавҷуд аст. Ин мафҳумҳо водор месозад, то нуқоти мусбӣ ва манфиро дар фаҳми дурусти калимаи диаспора мавриди омӯзиш қарор дода, аслии онро пайдо намоем.
Мафҳуми диаспора ба шахсоне, ки муқими кишвари мизбонанд, рабт дода мешавад, ки онҳо дар ватани худ таваллуд шудаанд. Аммо ба он насли дигаре, ки ба кишвари худ вобастагии амиқ доранд, шомиланд. Ин робита шомили равобити сиёсӣ, рушди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, иқтисодӣ, масъулиятҳои иҷтимоӣ, ки шахсони дар кишвари мизбонбударо бо кишвари аслияшон мепайвандад. Аз ҷумла, доштани маҷалла ё рӯзнома, ки дар кишвари мизбон ташкил ва ба мардум пешниҳод карда мешавад, мисоли ин иртибот буда метавонад.
Дар ҷои дигар маънои диаспора пошидан ё тақсим шуданро мефаҳмонад. Аммо дар истилоҳ ба мардуме ишорат мешавад, ки берун аз ватани аслии худ зиндагӣ мекунанд, вале бо он равобити хуб доранд. Дар ин истилоҳ муҳоҷирон ва фарзандону ҷавонони онҳо низ шомил мебошанд. Агарчӣ баъзе аз мардум ин равобитро аз даст додаанд ва баъзеҳо ҳанӯз онро таҳаффуз намудаанд. Масалан, аксари амрикоиҳо аслан аз ақвоми гуногун ба вуҷуд омаданд ва то ҳол даъво доранд, ки ҳанӯз узвият дар ин ё он диаспораро доранд. Гурӯҳи зиёди диаспорҳои дигар талош доранд то ба мақсади асосии худ ноил гарданд ва худро ба ватани аслиашон бирасонанд.
Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар 45 соли охир мардуме, ки берун аз ватани худ зиндагӣ мекунанд се баробар зиёд шудааст. Адади онҳо аз 76 миллион ба 232 миллион расидааст. Тақрибан зиёда аз 3 фоизи мардуми аҳолии дунё берун аз ватани аслии худ умр ба сар мебаранд, ки дар натиҷаи якҷосозӣ онҳо ба шакли як миллати алоҳида ташкил ёфтаанд. Инчунин, муҳоҷират раванди нави аҳолисозӣ гардида, он дар сурате амалӣ мегардад, ки қавму миллатҳо зери ҳадафи воҳид барномаеро таҳия ва тартиб диҳанд. Маҷаллаи " The Economist" дар мақолаи "Ҷаҳонро бо ҳам бофтан" маълумот додааст, ки диаспорҳо дар ҷаҳони имрӯз зуд, мудовим, ба таври диномикӣ ва наздик ба кишвари аслии худ пайваст ё робита барқарор мекунанд. Тавре, ки онҳо фзоиш меёбанд, шабакаи равобити онҳо низ рушд ёфта, ҷаҳонро бо ҳам пайваст месозад. Тадқиқот нишон медиҳад, ки мардуми бумии Амрикоро диаспорҳо ташкил медиҳанд, ки дар ҷаҳон калонтарин ба шумор меравад.
Аз таҳлилу баррасиҳо маълум гардид, ки диаспорҳо дар рушд ва нумуи ҳар кишвар саҳми назаррас доранд. Онҳо барои рушди иқтисодӣ ва фарҳангӣ хело муҳим дониста шуда, чун намояндаи аслии кишвари худ дар кишвари мизбон маҳсуб мешаванд. Инчунин, бояд масоили онҳо сари вақт ҳалли худро ёбад, то тавассути ҳамкории онҳо дар рушди ҷомеа, пешравиҳо ноил гардад.
Вазъи диаспораҳо дар Тоҷикистон
Тибқи сарчашмаҳои гуногун раванди муҳоҷират ба аксари кишвари ҷаҳон таъсир расонд, ки дар Тоҷикистон низ бенасиб намонд. Зери ин раванд аксари муҳоҷирони тоҷики муқими Россия барои мудирияти хуби корияшон диаспора ва намояндагӣ ташкил намуданд. Таърих, дастовард ва мушкилоти онҳо дар китобе зери унвони "Истиқлолияти Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон: таърихи ташаккул, дастовард ва мушкилот" таҳти назари профессор Мансур Бобохонов баррасӣ ва таҳлил шудааст, ки хонанда метавонад аз он маълумоти муфид дастрас намояд. Дар китоби мазкур оид ба диаспораҳои тоҷик дар масири таърих муфассал тавзеҳ гардидааст.
Дар замони бозсозӣ бисёре аз шаҳрвандон барои талоши беҳбудии зиндагӣ азми сафар ба кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва Россия оғоз намуданд. Тамоми кишварҳо ин афродро чун муҳоҷирон шинохта, қабул менамуданд. Вале барои дуруст омодасозии онҳо ва ҳифзи фарҳангу адаб бо машварати донишмандону зиёиён намояндагии махсус ба ҳайси диаспора ташкил ва танзим дода шуд, ки то имрӯз ин раванд қариб дар тамоми ҷаҳон аз ҳисоби тоҷикон идома дорад.
Тибқи омори расмии бахши иқтисодӣ ва иҷтмоии СММ соли 2013, зиёда за 452 ҳазор тоҷик дар Россия, 38,000 дар Қазоқистон ва 31,000 дар Украина зиндагӣ ва кору фаолият мекунанд. Инчунин, тибқи сарчашмаҳои гуногун муҳоҷирони зиёде аз Тоҷикистон ба кишврҳои Аврупо аз ҷумла, Олмону Полша ҳиҷрат намуда истодаанд, ки зери ном ва муассисаҳои гуногун фаъолият ва зиндагӣ мекунанд.
Хулоса метавон қайд кард, ки баррасӣ ва таҳлили диаспора падидаи нав набуда, аз замонҳои пеш оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Аммо бояд зикр кард, ки дар замони муосир ва иқтисоди бозаргонӣ ин падида бо дидҳои гуногун мавриди таҳлил қарор гирифта, он зери таъсири кишварҳо дар оянда бо таҳаввулот ва чолишҳои нав рӯ ба рӯ хоҳад гашт. Вале барои таҳким ва ҷилавгирӣ аз равандҳои номатлуб диаспор ва муҳоҷиронро зарур аст, ки зиракӣ ва ҳамкории зичро бо ташкилоту марказҳои дохиливу хориҷӣ тақвият бахшанд. Ҳар шаҳрванди дохилӣ ё бурунмарзиро зарур аст, то барои рушди иқтисод, ва оромии миллат софдилона саҳм гузорад.
Раҳмонов Мирсаид,
корманди Институт
Манобеъ:
1. Истиқлолияти Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон:таърихи ташаккул,дастовард ва мушкилот (Маҷмӯаи маводҳои конференсияи илмӣ-амалии байналхалқӣ) Душанбе "Ирфон" 2011
2. Диаспора-партнер по развития Таджикистана - Миссия МОМ в РТ г.Душанбе 2014
3. Diaspora as Cultures of Cooperation-Global and Local Perspectives Editors: Carment, David, Sadjed, Ariane (Eds.) 2017
4. African Diaspora 7 (2014) 1–13
5. Etnic and retional studies Vol.28 No 1.January 2005
6. The Political Importance of Diasporas JUNE 1, 2005 FEATURE By Steven Vertovec
7. Шумораи нави “Энсоклопедияи тоҷик”