РӮЙДОДИ МУҲТАШАМИ ТАЪРИХӢ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Барои муътадилии дохилии Давлати Шӯравӣ дигаргунсозии миллӣ-давлатии он аҳамияти махсус дошт. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ иттифоқи сиёсии ҷумҳуриҳои шӯравӣ ба амал омад.
  Баъди ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ давраи аз нав барқароркунии хоҷагии халқ сар шуд. Ҷумҳуриҳои шӯравӣ қувва, ресурсҳо, техникаи худро барои ҳарчи зудтар аз нав барқарор кардани заводҳо, фабрикаҳо, хоҷагии қишлоқи харобгардида, барои барпо кардани индустрияи вазнин муттаҳид намуданд.
  Аввалин бор соли 1932 КМ РКП (б), КМ ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳо кори ташкил кардани СССР-ро вусъат доданд. КМ РКП (б) 10 август барои тайёр намудани лоиҳаи қарори доир ба муносибатҳои байниҳамдигарии РСФСР ва ҷумҳуриҳои созҳибихтиёр комиссияи махсус ташкил намуд. Дар ҳайати он И.В.Сталин, В.В. Куйбишев, Г.К.Орҷоникидзе, С.А.Агамалы оглы (аз Озарбойҷон), А.Ф.Мясников (аз Арманистон), Б.Г. Мдивани (аз Грузия), Г.И. Петровский (аз Украина), А.Г.Червяков (аз Белоруссия) ва дигарон дохил буданд.
  6 октябр Пленуми КМ РКП (б) барпо гардид, ки он таклифи Ленинро қабул намуд: ба давлати нав – СССР-ихтиёрӣ, баробарҳуқуқ муттаҳид шудани ҷумҳуриҳои советӣ, аз ҷумла РСФСР ҳам. Бастани шартнома дар байни Украина, Белоруссия, Федератсияи Ҷумҳуриҳои Закавказия ва РСФСР дар бораи дар Иттифоқи ҷумҳуриҳои советӣ муттаҳид шудани онҳо – ва ба ҳар кадоми онҳо монондани ҳуқуқи аз ҳайати “иттифоқ” озодона баромадан зарур дониста шавад, гуфта мешуд дар Қарори Пленум. Пленум барои роҳбарӣ намудан ба корҳои тайёрии ба давлати ягонаи иттифоқӣ муттаҳид намудани республикаҳои советӣ комиссия ташкил дод.
  Дар моҳҳои октябр – декабри соли 1922 Пленумҳои КМ Ҳизби Коммунистии Украина, Белоруссия, Озарбойҷон, Грузия, Арманистон шуда гузаштанд, ки онҳо қарорҳои Пленуми октябрии КМ-ро маъқул дониста, ба Иттифоқи ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ муттаҳид шудани ҷумҳуриҳои шӯравиро тарафдорӣ карданд.
  Дар марказ ва дар маҳалҳо оид ба тартиб додани ҳуҷҷатҳои асосшаванда барои ташкил додани СССР кори мақсаднок давом мекард. Моҳи декабри соли 1922 съездҳои Советҳои Украина, Белоруссия, Закавказия шуда гузаштанд, ки онҳо қарори Пленуми Октябрии КМ-ро гарму ҷӯшон тарафдорӣ намуда, дар бораи ба СССР муттаҳид намудани ҷумҳуриҳои иттифоқӣ қарор қабул намуданд.
  18 декабри соли 1922 дар Театри Калони Москва съезди X Умумироссиягии Советҳо кушода шуд. Дар кори он намояндагони тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқӣ иштирок доштанд. Съездро раиси Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ М.И. Калинин кушод. Съезд дар қарори қабулкардааш чунин эълон намуд:
  1. “Ба иттифоқи Ҷумҳуриҳои Сотсиалистӣ муттаҳид шудани Ҷумҳуриҳои Сотсиалистии Федеративии Шӯравии Россия, Ҷумҳурии Сотсиалистии Шӯравии Украина, Ҷумҳурии Сотсиалистии Федеративии Шӯравии Закавказия ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Шӯравии Белоруссия сари вақт дониста шавад.
  2. Ба асоси муттаҳидшавӣ принсипи ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии ҷумҳурӣ гузошта шуда, ба ҳар як ҷумҳурӣ барои озодона аз иттифоқи ҷумҳуриҳо баромадан ҳуқуқ дода шавад”
  Бар асоси қарорҳои съезди X Советҳои Умуми Россия принсипҳои ленинии ташкилёбии Давлати сермиллати Шӯравӣ гузошта шуда буданд.
  Бегоҳии 30-юми декабри соли 1922 дар бинои Театри Калони Москва съезди Советҳои СССР кушода шуд.
  Бо супориши КМ РКП (б) дар бораи ташкилёбии СССР И.В. Сталин маърӯза кард. Маърӯзаи ӯ ба принсипҳои ленинии муттаҳидшавии ҷумҳуриҳои советӣ асос ёфта буд. Ихтиёрӣ будани муттаҳидшавӣ ва баробарҳуқуқ будани аъзоёни федератсия, ки дар мактуби Ленин “Доир ба масъалаи миллатҳо ва ё дар бораи “автономиякунонӣ” зикр ёфта буд.
  Съезди Советҳо тараққиёти панҷсолаи Ҳокимияти Шӯравиро ҷамъбаст намуда, лоиҳаи декларатсия ва шартномаро дар бораи ташкилёбии СССР ба асос гирифт ва Комитети Иҷроияи Марказиро интихоб намуд. М.И. Калинин, Г.И. Петровский, А.Г. Червяков ва Н.Н. Наримонов раисони КИМ интихоб шуданд.
  Дар шартномаи ташкилёбии СССР қайд карда шуда буд, ки органи ҳокимияти олии давлати иттифоқӣ съезди Советҳои СССР мебошад, ки он намояндагони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мувофиқи таносуби аҳолии ҳар яки онҳо, Комитети Иҷроияи Марказиро интихоб менамояд.
  Дар декларатсияи қабулкардаи съезд дар бораи ташкилёбии Иттифоқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ қайд карда мешуд, ки кӯшишҳои ҷаҳони капиталистӣ дар зарфи даҳҳо сол оид ба ҳал намудани масъалаи миллӣ бо роҳи мутобиқ кунонидани тараққиёти озоди халқҳо, бо системаи истисмори одам аз тарафи одам натиҷае набахшиданд. Баръакс, калобаи зиддиятҳои миллӣ торафт чигил мешуд ва ба мавҷудияти капитализм таҳдид мекард. Танҳо дар шароити диктатураи пролетариат аз реша барҳам додани зулми миллӣ, муҳайё кардани шароит барои боварии байниҳамдигарӣ ва ба ҳамкории байни халқҳо таҳкурсӣ гузоштан имконпазир гардид.
  Дар декларатсияи съезд инчунин гуфта мешуд, ки иродаи халқҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ, ки онҳо қарорро дар бораи ташкилёбии СССР якдилона қабул карданд, гарави боэътимодест, ки ин Иттифоқ иттиҳоди ихтиёрии халқҳои баробарҳуқуқ мебошад ва ба тамоми ҷумҳуриҳои сотсиалистии советӣ, чӣ барои ҷумҳуриҳои мавҷуда ва чӣ барои ҷумҳуриҳои дар оянда таъсисёбанда барои ба ин иттифоқ дохил шудан роҳ кушода аст.
  Ташкил ёфтани Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар таърихи Ватани мо давраи дигаргунии қатъӣ шуд. Ба як давлати сотсиалистӣ муттаҳид гаштани меҳнаткашони сермиллати Россия барои дар мамлакати мо ҳар чи зудтар барпо кардани сотсиализм мадади калон расонид. Иқтидори иқтисодӣ ва мудофиавии хеле мустаҳкам шуда, обрӯи он дар арсаи байналхалқӣ баланд гашт. Иттифоқи синфи коргар ва деҳқонони меҳнаткаш боз ҳам мустаҳкамтар шуд, барои аз ҷиҳати моддӣ ва маданӣ бой гардонидани халқҳо шароит муҳайё гашт.
  Ташкилёбии ИҶШС дар қисмати халқи тоҷик нақши бузург дорад. Соли 1924 Ҷумҳурии мухтори шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ва соли 1929 Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Маҳз дар оилаи ягонаи халқи шӯравӣ Тоҷикистон ба комёбиҳои беназир соҳиб гашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд:
  “Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард.
Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби сарзамин кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд. Барои мардум тан ҳам бошад, майдони кор ва эҷоду фаъолият муҳайё сохт. Оҳиста-оҳиста дар водиҳои нообод ва кӯҳистонҳои дурдаст деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои обод бунёд гаштанд. Мактабу маориф ва илму фарҳанг босуръат инкишоф ёфт.
  Фарзандони халқи тоҷик бо мададу дастгирии бародаронаи олимони русу украин ва дигар халқҳо дар кашфи нодиртарин соҳаҳои илм ангуштнамо шуданд”.
  Вале равандҳои мураккаби дар ҳамаи ҷумҳуриҳо ба амал омада, бесалоҳияти шакли ҳокимияти иттифоқӣ ба он оварда расонд, ки 8 декабри соли 1991 дар ҷангалзори Беловежск, дар меҳмонхонаи “Вискули”-и назди Брест роҳбарони Беллорус, Федератсияи Россия ва Украина С.Шушкевич, Б.Елсин, Л.Кравчук эълон намуданд, ки ИҶШС ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ ва воқеияти геополитикӣ мавҷудияти худро қатъ намуд.
  Бо вуҷуди парокандашавии ИҶШС як қатор ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муттаҳид шуданд ва риштаи дӯстию ҳамкориҳои байни ҳамдигарро идома дода истодаанд, ки гуфтаҳои Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳанд:
  “Таърихи гузаштаи халқҳо дӯстию ҳамёрӣ ва равобити давлатҳои мо бо вуҷуди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва воқеаҳои дигари имконпазир, ки ҳар халқ ба онҳо рӯ ба рӯ шуда метавонад, набояд фаомӯш шуда, мисли он ки шохобҳои дарёи бузурги аз пиряхҳои абадии кӯҳҳои баланд ибтидо ёфта, аз ҳамдигар ҷудо шуда наметавонанд, ҷудо гарданд”.

Ваҳҳ
об Набизода,
доктори илмҳои таърих, профессор

БОЗГАШТ