Рӯнамои китоби ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт Қодиров Ғиёсиддин таҳти унвони ”Сояи Хуршед”

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 14 октябри соли 2022, соати 10:00 рӯнамои китоби ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт Қодиров Ғиёсиддин таҳти унвони ”Сояи Хуршед” баргузор менамояд.
  Қобили зикр аст, ки мураттибони китоб баргузидаи ашъори Ҳушанги Ибтиҳоҷро гирдоварӣ намуда, манзури хонандагон намудаанд.
  Ҳушанги Ибтиҳоҷ (Соя) яке аз чеҳраҳои дурахшон ва барҷастаи шеъри муосири Эрон аст. Ин шоири сарагӯи покизасухан каму беш аз ҳаштод сол дар осмони пурситораи шеъри форсӣ баланд хайма зада, бо ашъори арҷманди хеш авроқи бас рангину гаронқадре ба девони бузурги шеъри форсии замони худ афзудааст.
  Китоб барои донишҷӯён, аҳли завқу таҳқиқ ва ҳама дӯстдорони шеъри муосири тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ пешбинӣ шудааст.

БОЗГАШТ