РӮЗЕ, КИ АЗ ОН ИФТИХОР БОЯД КАРД

Муаллиф: Раҷабов Ҳабибулло

Расм

Дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарсол дар таърихи 16-уми ноябр «Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамин рӯз дар кишвари азизамон садҳо нишастҳои илмӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, хондани лексияҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Чун «Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон» мегӯем қабл аз ҳама чеҳраи баҳодуронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Баробари ин ба пеши назари мо, насли калонсол инчунин он рӯзҳои даҳшатовару пурфоҷиаи даврони ҷанги шаҳрвандӣ, ки хоинони мамлакат бо дастгирии сарпарастону маблағгузорони хориҷӣ сар карда буданд, намудор мегардад. Ба анбуҳи гурезаҳо, бехонумоншудагон, гумкардаазизон ва ҳоли табоҳи кишвар нигариста, дилҳо реш-реш мешуданд. Гумон мекардед, ки ҷараён ва охири ин фоҷиаро поён нест ва тақдири ин халқу давлат чӣ мешуда бошад. Айёми дар пеш истодаро торикиаш беш буду равшаниаш каму хира. Пирон дуо мекарданд, ки соате расаду мардум аз мусибати ба сараш омада раҳоӣ ёбанд. Ҳолати сиёсии мамлакат то сарҳаде расида буд, ки агар бунёдгарони ҷанги шаҳрвандӣ ба мақсадҳои нопоки худ то ба охир мерасиданд, аз Тоҷикистон чӣ мемонду тақдири истиқлолият чӣ мешуд, гумон аст, ки моро шод мекард.

Дар ҳар вақту замон дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз боз ҳамеша чунин шахсиятҳои бузург, фарзандони далер ва бо нангу номус пайдо мешаванд, ки бо азму иродаи қавӣ, далерӣ ва шуҷоатмандӣ халқ ва фарҳангу мустақилияти давлатдориро намегузоранд, ки ба нестӣ бирасад. Дар ҳамин гуна вазнинтарин вазъи сиёсӣ ва харобшавии ҳолати иқтисодии мамлакат ба майдони сиёсат, ба майдони муқовимат ба неруҳои зишткори харобиовар ҷавоне қадам гузошт, ки тавонист киштии тақдири мардуми тоҷикро аз баҳри балоангез наҷот диҳад. Тавонист бо мухолифин қарори сулҳу ваҳдатро ба имзо расонад, тавонист сӯхтаву бишкаставу харобшуда маконҳоро дубора обод созад. Дар солҳои навадум дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ҳар касе аз хона рӯзона (шаб боз садҳо даҳшати худро дошт) агар ҷуръат карда ба хотири кадом коре берун мешуд, то омадани ӯ аҳли хонавода ҷойи нишаст намеёфт, зеро амният комилан таъмин набуд ва бисёр вақтҳо аз хона баромадагиҳо барнамегаштанд. 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби мидлати мо мухтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун сарвари тоза интихобшудаи Ҷумҳурии Точикистон, дар назди халку Ватан савганд ёд карданд, ки барои сулҳу ваҳдат ва оромию ободии Тоҷикистон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Дар назди Президенти Тоҷикистон садҳо масъалаҳое меистоданд, ки фавран ҳал намудани онҳо на танҳо кӯшиш, балки кордонӣ, дурандешӣ ва вақтро талаб менамуд ва барои ҳалли ҳар як масъала даҳҳо монеаҳои мушкилгузарро паси сар кардан лозим буд. Магар имрӯз касе гуфта метавонад, ки дар давоми сарварии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як рӯзе дошт, ки фориғ аз ташвишҳои халқу давлат буд. Ана ҳамин ҳамеша дар пайи ободии кишвар будан, ғами бепарасторонро хӯрдан, тоҷикони Тоҷикистонро сарҷамъ кардан, амниятро дар саросари давлат таъмин намудан, барои кору фароғати мардум шароитҳои хуб фароҳам овардан – ҳамааш нақшаҳои азимест, ки Президенти мамлакат паси пиёда кардани онҳо пайваста талош меварзанд ва мо натиҷаҳояшро дар ҳар қадам дида истодаем.

Ҷашн гирифтани «Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон» боз як паҳлӯи дигар низ дорад. Ин ҳамон рӯзест, ки мо бояд аз қаҳрамониҳои Пешвои муаззами миллат ифтихор намуда, онҳоро ба ёд орем ва на танҳо ба ёд орем, балки ба насли наврас бирасонем, ки ин рӯзҳои ободиву хурсандиву пурсаодат чи гуна муяссар шудааст ва кӣ саҳмгузори он аст. Чунин Президенте, ки ин қадар барои халқи худ ҷоннисорӣ намудааст, Президенгте, ки воситаи дар арсаи байналмилалӣ боиси шинохти тоҷикон шудааст, Президенте, дар андак вақт симои тамоми Тоҷикистон ва алалхусус, симои шаҳрҳо, роҳҳо, боғу майдонҳо ва анъанаҳои мардумиро эҳё карда ба самти олию дилписанд тағйир додааст, месазад, ҷашнашро сазовор пешвоз гирем.

 

Ҳабибулло Раҷабов

доктори илмҳои филологӣ, профессор,

сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии ИОМДОА АМИТ

БОЗГАШТ