Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул
Ҳамасола санаи 8-март ҳамчун “Рўзи байналмилалии занон” (International Women's Day) ҷашн гирифта мешавад, ки ба ин рӯз ҳамчун рӯзи дастовардҳои занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ишора менамоянд. Дар айни ҳол, ҳадаф аз ин ҷашни байналмилалии занон, на фақат тасдиқи баробарии мардон ва занон, балки дар баробар омаданаш бо рӯзҳои иди баҳорӣ, зебогии табиат, зебоии занон, меҳрубонии хонумон бо изофа аз хираду заковати ин қишри зебо ва таваҷҷуҳ ба занҳо мебошад.
Агар ба таърихи гузаштаи ҷашнгирии Рӯзи байналхалқии занон назар афканем, номи зани инқилобчӣ “Клара Сеткина”-ро дар навишти ин рӯз алоқамандии зич дорад, меёбем. Зеро ӯ дар конфронси байналхалқии занҳо соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания пешниҳод намуд, ки ҳамасола 8 март ҳамчун рӯзи таваллуди пролетариати занҳо қайд карда шавад.
Дар баробари интихоби ин рӯз ва атрофи он пешниҳод, андешаву ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Баъзеҳо ин ҷашнро ҳамчун рӯзи мубориза барои баробарии ҳуқуқи зан нисбат медиҳанд. Зеро рӯзи 8-уми марти соли 1857 коргарзанони корхонаҳои либосдӯзӣ ва пойафзолдӯзии шаҳри Ню - Йорки ИМА барои паст будани музди кор ва номусоидии шароити корӣ дар кучаҳо ба роҳпаймоӣ баромада, ҳуқуқи худро талаб карданд. Онҳо талаби рӯзи кории даҳсоата, коргоҳҳои равшану барҳаво ва музди кории баробар бо мардонро намуданд. Аммо бархе аз таърихнигорон бошанд, сабаби бурузи чунин рӯзро ба ақидаи динӣ нисбат дода, решаи пайдо шудани ҷашни 8 мартро дар эътиқоди динӣ мебинанд, ки ин марбут ба миллати Клара Сеткина нисбат дода шудааст.
Клара Сеткина як зани яҳудитабор буда, дар соли 1910 тамоми занҳои дунёро барои баробарҳуқуқӣ бо мардон даъват намуд. Бо пешниҳоди ӯ дар конфронси дуввуми занони сотсиалист дар шаҳри Копенгагени Дания “Рӯзи муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад ва он бояд «пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» хизмат кунад.
Даъвати Клара Сеткинаро занҳои бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон тарафдорӣ намуда, ҳамовоз шуданд. Пас, аввалин маротиба соли 1911 ин ид 19 март дар Австрия, Дания, Олмон ва баъдтар дар Швейтсария ҷашн гирифта шуд. Аммо дар Русия бошад, ҷашн гирифтани Рӯзи байналхалқии занон аз соли 1913 оғоз гардида, бо номи бонуи рус Александра Михайловна Коллонтай машҳур шудааст. Рӯзи байналхалқии занон аз рӯзи аввали ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун ҷашни давлатӣ қайд карда шуда ва аз соли 1963 инҷониб рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.
Ҷашнгирии Иди бонувон ҳамчун даъвати муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Бо ташаббуси созмонҳои феминистӣ аз солҳои 60 - уми асри ХХ Рӯзи байналхалқии занон дар кишварҳои Ғарб ҳам ин ҷашн қайд карда мешуд. Дар ин рӯз занҳои ғарбӣ дастовардҳои худро дар соҳаи мубориза барои ҳуқуқҳояшон намоиш медоданд. Аз соли 1975 Созмони милали муттаҳид аз сабаби соли байналхалқии занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд.
Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 8-уми март ҳамчун Иди бонувон дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои муштараку-л-манофеъ бо номҳои гуногун то имрӯз боқӣ монд. Чунончи дар Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Украина чун Рӯзи байналхалқии занон, дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Ӯзбекистон чун Рӯзи Модар, дар Арманистон 7-уми апрел чун Рӯзи Модар ва Зебоӣ ҷашн гирифта мешавад.
Аммо дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷуҳи зиёд доранд, гул ва туҳфаҳои гуногунро интизоранд. Дар оилаҳо бошад, ба модарону занон туҳфаҳо супорида мешавад. Пас рўзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони тоҷикон “Рӯзи Модар” эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хоссае қарор гирифтааст. Чунон ки дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар аз 7-уми марти соли 2014 омадааст: «Мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хоссаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад...».
Аз ин рӯ, калимаи беҳтарин дар дунё модар аст. Ин нахустин суханест, ки инсон баён мекунад ва он дар тамоми забонҳои олам якхел садо медиҳад. Модар мушфиқу меҳрубон аст. Модар дили ҳассосу пур аз муҳаббат дорад, ки доимо дар он машъали дӯстдорӣ фурӯзон аст ва ҳеҷ гоҳ бепарвоиро нисбати фарзанд иҷозат намедиҳад. Новобаста ба синну сол ба ҳар як нафар модар ягона боқӣ мемонад. Ҳамон қадаре, ки модари худро дӯст дорӣ ҳамон қадар зиндагият зебову рангин хоҳад шуд.
Ид муборак модарони азиз!
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна,
раиси Шӯрои занони
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон