Рақамисозии иқтисодиёт - омили афзалиятноки рушди Тоҷикистон

Муаллиф: Абдураҳмон Ҳабибов

Расм

Санаи 28-уми декабр Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ироа гардид. Зимни он дар бораи масъалаҳои асосии рушди кишвар сухан рафт. Қайд карда шуд, кирақамикунонии иқтисодиёт аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки” Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.

Чуноне ки маълум аст, рушди устувор ва пешрафти ҷаҳони муосирро бе ҷорӣ намудани технологияҳои нав тасаввур кардан мумкин нест. Яке аз воситаҳои асосии рушди устувори кишварҳо рушди иқтисодӣ мебошад, ки ба тағйироту такмили доимӣ асос меёбад. Рушди устувори иқтисодӣ бо яке аз омилҳои асосӣ – рақамисозӣ ё иқтисоди рақамӣ дар асоси рушди технологияҳои нав, аз қабили интернети мобилӣ, зеҳни сунъӣ, интернети ашё, 5G, блокчейн ва ғайра алоқаманд аст, ки дар солҳои охир боиси густариши бесобиқаи навовариҳои технологӣ гардид.

Мо дар замоне зиндагӣ мекунем ва бо чашми худ дида метавонем, ки чӣ гуна технология ҳаётро тағйир медиҳад. Ҳамарӯза, сарҳад байни иқтисодиёти рақамӣ ва воқеӣ шуста мешаванд ва дар ниҳоят комилан аз байн хоҳанд рафт.

Иқтисоди рақамӣ шакли нави рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Зери мафҳуми он стратегияи пешбурди иқтисоди миллиро мефаҳманд, ки дар он дониш ва иттилооти рақамӣ омили асосии истеҳсолӣ, шабакаҳои иттилоотии муосир - ноқили иттилоот ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) – қувваи пешбарандаи маҳсулнокӣ ва сохторҳои иқтисодиёт мебошанд.

Рақамикунониро дар замони муосир тамоюли меҳварии рушди ҷаҳонӣ тавсиф кардан мумкин аст. Таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ нишон дод, ки 10% афзоиши шумораи корбарони интернет метавонад рушди иқтисодиро 1% боло барад. Аз ин рӯ, мо ҷуз кӯшиши як қисми ин раванд шудан илоҷи дигаре надорем. Вагарна берун аз моҷарои пешрафти илмию техникӣ монда, имконияти баланд бардоштани некӯаҳволии иқтисодиро аз даст медиҳем.

Дар робита ба ин, барои рушди рақамикунонии иқтисодиёти кишвар зарур аст, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, технологияҳои инноватсионӣ, рушди стартапҳо, эҷоди занҷирҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ташкили гурӯҳҳои таҳқиқотии бисёрҷониба, озмоишгоҳҳо ва марказҳои инноватсионӣ, ҷойҳои кории нави фавқултехнологӣ, бозорҳо барои маҳсулоти нав таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Баланд шудани некӯаҳволии умумии одамон ва ба вуҷуд омадани ширкатҳои нав сарчашмаҳои тавлид ва ҷамъшавии захираҳои назарраси молиявиро ба вуҷуд меорад, ки барои сармоягузорӣ ва гирифтани фоида ҷойгоҳҳои ояндадорро ҷустуҷӯ мекунанд.

Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои асосии рушди ояндаи иқтисодии Тоҷикистон татбиқи модели нави рушди иқтисодӣ дар асоси истифодаи пурраи технологияҳои рақамӣ мебошад, ки нақши муҳимро дар рушди устувори иқтисодиёт мебозад. Ҳамзамон тибқи тадқиқоти СММ: ҳукумати электронӣ 2022 аз рӯи сатҳи истифодаи ТИК ва рушди ҳукумати электронӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои 129-ум қарор дорад, ки ин албатта беҳбудиро талаб мекунад. Дар муқоиса бо маълумоти соли 2016 мавқеи Тоҷикистон 10 зина беҳтар шудааст.

Дар Паём ба мақомоти дахлдор ҷиҳати “густариши раванди рақамикунонии молияву андоз ва роҳандозии низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамӣ” супориш дода шуд.

Боиси қайд аст, ки дар самти молия як қатор дастовардҳои назаррас ҳам дар самти рақамикунонӣ мавҷуданд. Барои рушди минбаъдаи соҳа “пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияҳои молиявӣ” заруранд.

Масъалаҳои муосири экологӣ, махсусан тағйирёбии иқлим ва таъсири офатҳои табиӣ, низ аз сарфи назари Паём дур набуд. Зимни ҳалли ин масъалаҳо чораандешӣ оид ба истифодаи “рақамикунонии ҳифзи муҳити зист” пешниҳод шуд. Технологияҳои рақамӣ барои беҳтар кардани муҳити зист, кам кардани партовҳои саноатӣ ва осон кардани гузариши корхонаҳо ба рушди устувор, аз қабили истифодаи технологияҳои рақамӣ барои ташкили мониторинги мустақили миллии экологӣ ва арзёбии экосистемаҳои табиӣ ва атмосфера барои таҳияи системаи ҳамаҷонибаи таҳлил, аз ҷумла маълумот дар бораи ҳолати тамоми инфрасохтори экологӣ барои таҳлили гуногунии биологӣ, ифлосшавии муҳити зист, шароити обу ҳаво ва ғайра мусоидат мекунад.

Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад, ки ба ҳалли ин масъала на танҳо “сохта, ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида” муҳим аст, балки “ҷорӣ намудани механизми назорати рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазн, шабакаи ягонаи назорати рақамии ченкунии вазни нақлиёти боркаш, васеъ намудани гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ташкили «долонҳои сабз», бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва мувофиқи стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд кардани терминалҳои наздисарҳадӣ” мусоидат мекунанд. Дар натиҷа “рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамон” таъмин мегардад.

Қайд карда шуд, ки “бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат»”... “муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф” таъмин мегардад.

Ҳамин тавр, барои фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисоди рақамӣ ҷалби сармоя, ҳалли мушкилоти дастрасии босифат ба интернет, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахшҳои иқтисоди миллӣ ва соҳаи иҷтимоӣ ва истифодаи таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, эҷоди инфрасохтори муосири рақамӣ, танзими тарифҳо ва сифати хизматрасонии ҳамаи операторони алоқа, ислоҳоти сохтори институтсионалӣ ва ташкили назорати доимии давлатӣ аз болои иҷрои нақшаҳо ва фаъолият дар бахши ТИК зарур аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор қарор дорад, ки барои он татбиқи нақшаҳои асосии иқтисодӣ, ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ ва таҳияи барномаҳои махсуси давлатӣ зарур аст. Амалисозии тадбирҳои дар Паём пешниҳодшуда имконият медиҳад, ки “давлати соҳибистиқлоламон пешрафта гардида, эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар” шавад.

 

Иқтибосҳо: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». 28.12.2023, Душанбе.

 

Абдураҳмон Ҳабибов

Котиби илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ