РАҲУЛ САНКРИТЯЯН - САФИРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН ДАР ҲИНДУСТОН

Муаллиф: Раҷабов Ҳабибулло

Расм

   Бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Академияи илмҳо гӯшаи олим, адиб ва тарҷумони маъруфи ҳинд Раҳул Санкритяян таъсис ёфт. Дар ифтитоҳи он вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашшир Ҷовид Акбар, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва олимону фарҳангиёни ҳар ду кишвар иштирок доштанд.

   Сабаби дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ифтитоҳ ёфтани гӯшаи мазкур хадамоти шоистаи Раҳул Санкритяян дар тарғибу ташвиқи таъриху адабиёти тоҷикон дар Ҳиндустон аст. Номбурда аз замоне, ки ба Иттиҳоди Шӯравӣ сафари корӣ дошт, бо таъриху тамаддуни халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон ишқу алоқа пайдо намуд. Дар ин росто, бо бузургони илму адаби тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намуда, минбаъд дар маърифату шиносондани осори адабиву таърихии тоҷик саҳми назаррас гузошт.

   Раҳул Санкритяян 9 апрели соли 1893 дар деҳаи Наниҳал Панлдаҳаи вилояти Аҷайгарҳи музофоти Уттар дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Номи аслиаш Кедарнатҳ Панде буда, бо тахаллуси Раҳул Санкритяян асарҳо офарид. Баъди оворагардиҳои зиёд ва ҷустани роҳи минбаъдаи ҳаёту фаъолияти хеш соли 1910 ба омӯзиш ва шарҳи матнҳои санскритӣ саргарм мешавад. Асарҳои гуногуни санскритиро доир ба ситорашиносӣ, тиб ва грамматика пурра омӯхта, қариб панҷ сол ба шаҳру навоҳии Ҳиндустон сафарҳо мекунад.
   Соли 1915 ба шаҳри Агра омада забони арабиро меомӯзад. Баъди ғалабаи Инқилоби октябр дар Русия (1917) дар зеҳни ӯ ва зиёиёни ҳинду низ ғояҳои зидди мустамликадорӣ бедор мешавад. Барои нутқҳои эътирозиаш соли 1922 шаш моҳ зиндонӣ мешавад. Баъди аз зиндон раҳо шудан, котиби Ҳизби конгресс интихоб мегардад.
То солҳои сиюми асри ХХ мардуми ҳиндро аз истисмору зулми англисҳо огоҳ карда, рӯҳияи ватанхоҳии онҳоро бедор мекунад. Соли 1931 дар намоишҳои эътирозии «Сатяграҳа» («Мубориза бидуни зӯроварӣ»), ки аз ғояҳои Маҳатма Ганди сарчашма мегирифтанд, иштирок намуд.
   Бо кӯшишу талошҳои зиёд ба кишварҳои Шарқ ва аз он ҷо ба Русияи шӯравӣ сафар мекунад. Ӯ бисёр орзу дошт, ки бо тамаддуни Шарқ бештар ошно шавад ва бо олимони шӯравӣ ошноӣ пайдо намояд. Ана аз ҳамин вақт бо адабиёти халқҳои шӯравӣ, аз ҷумла адабиёту фарҳанги тоҷикон ошно мешавад. Зеро ӯ медонист, ки решаи бостонии халқҳои тоҷику ҳинд аз як сарчашма шодоб мешаванд ва ҳазорсолаҳо пеш аз ин халқҳои ориёиву ҳиндӣ якҷоя мезистанд ва асарҳои «Ведо» ва «Регведо» муштаракоти он ду халқият аст.
   Баъди ин, борҳо сафар ба Русия дошт, аммо шурӯъ аз соли 1945 муносибаташ ба адабиёту фарҳанги тоҷикон батамом тағйир меёбад ва ӯ ҷиддан ба тарғибу ташвиқ ва омӯзиши забону адаби халқи мо шуғл меварзад. Дар ҳамон солҳо осори устод Айниро хонда, ба тарҷумаи ҳиндии он иқдом мекунад. То соли 1956 романҳои «Дохунда», «Ғуломон», повестҳои «Одина» ва «Ятим» - ро ба забони ҳиндӣ тарҷума карда, такроран онҳоро ба табъ мерасонад. Яъне, ӯ дар як муддат тавонист дар симои устод Айнӣ адабиёти муосири тоҷикро барои ҳиндустониҳо муаррифӣ намояд. Зикр бояд кунем, ки ӯ асарҳоро бевосита аз забони тоҷикӣ тарҷума мекард ва донандаи хуби ин забони ноб ҳам буд. 
   Фаъолияти таърихнигории Санкритяян ба Бобоҷон Ғафуров – директори вақти Институти шарқшиносии СССР рабт дорад.
28 июли соли 1999 навадсолагии аллома Бобоҷон Ғафуров дар Ҳиндустон баргузор мегардад. Тантана дар бинои Парлумони Ҳиндустон мегузарад ва дар он сарвазири мамлакат ҷаноби Ваҷпай иштирок карда, ба робитаи байни Б. Ғафуров ва Р. Санкритяян чунин равшанӣ меандозад: «Мо имрӯз фарзанди арзандаи олам Бобоҷон Fафуровро ёд карда истодаем. Чаро, ки ӯ ба тамоми дунё тааллуқ дорад. Мо барои чӣ номи Fафуровро азиз медорему қадр мекунем? Чунки ӯ дар бадали ду даҳсола директори Институти шарқшиносии Маскав буду ба инкишофи дӯстии халқҳои Осиё диққати махсус медод. Даҳҳо олимони ҳиндро даъват кард, ки риштаҳои дӯстии Ҳиндустону Осиёи Марказиро омӯзанд. Яке аз чунин олимони ҳинд Раҳул Санкритяян мебошад. Мо барои чунин олимони тарбияткардааш аз ӯ миннатдорем. Китоби пурарзиши вай - «Тоҷикон» саҳифаҳои дурахшони таърихи фарҳангии халқи тоҷикро аз давраи антиқа то навин инъикос намуда, дар он равобити қадимаи Осиёи Марказию Ҳиндустонро низ пурра нишон додааст».
   Ин иқтибосро аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» хонда, бисёр шод  шудам. Зеро  вазирону зиёиёни ҳинд имрӯз ҳам аз дастпарвари аллома Бобоҷон Ғафуров будани Раҳул Санкритяян ифтихорманданд ва арзи сипос доранд.
   Ёдовар шудан бамаврид аст, ки мавсуф соли 1952 дар бораи таърихи халқи Осиёи Марказӣ низ бо номи «Таърихи Осиёи Миёна» дар ду ҷилд асар навиштааст. Ин асар, бешак, бо иршоду раҳнамоиҳои Б. Ғафуров иншо шудаанд, зеро аллома ба ҷуз Санкритяян боз чандин шогирдони ҳиндуро ба омӯзиши таъриху тамаддуни Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳои Шарқ раҳнамоӣ кардааст.

Ҳабибулло РАҶАБОВ,
профессори Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ,

раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон

Бознашр аз Рӯзномаи "Ҷумҳурият"

БОЗГАШТ