Тоҷикону тоҷикистониён аз қадимулайём бо меҳмондориву меҳмоннавозияшон шӯҳрати олам гаштаанд. Мардуми тоҷик ҳамеша меҳмонро азизу мукаррам дошта, тамоми кӯшишҳоро ба ҷо меорад, то меҳмонаш бо дили шод ва руҳи болида аз хонааш берун равад. Дар дини мубини ислом низ меҳмон ҷою мақоми хосаеро доро буда, хидмати меҳмон, хурсанд кардану гусел кардани он яке аз аъмоли неки ҳар як мусалмон шинохта шудааст.
Шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода оид ба қабули меҳмон ва дӯстон чунин фармудаанд:
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун
Тайи 2 моҳи охир шаҳрдории муҳтарами пойтахт бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои ободтару зеботар гардонидани роҳҳову гулгаштҳо заҳмат кашида истодааст. Тайи ин муддат роҳи асосии маркази Душанбе, ки ҷодаи ташрифотӣ мебошад, аз мавзеи “Водонасосная” то фурӯдгоҳи Душанбе аз нав тахту ҳамвор, васеъ ва хаткашӣ шуда, бисёр зебову дилнишин ба назар мерасад. Дар баробари роҳ тамоми боғҳо, гулгаштҳо ва майдонҳои шаҳр бо гулҳои тару тоза ва нав шинонидашуда хеле зебову дилнишин гашта, диққати ҳар як роҳгузарро ба худ ҷалб менамояд. Беҳуда шаҳри Душанберо шаҳри гулҳо ном наниҳодаанд.