РАВАНДҲОИ ҲАМГИРОӢ ДАР ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ ВА ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ СОЗМОНЁБИИ АСЕАН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Комплекси минтақавӣ-истеҳсолӣ гуфта, маҷмӯи корхонаҳои бо ҳам зич алоқамандеро меноманд, ки дар асоси истеҳсол ва коркарди манбаи бойи ашёи хом (металл, сӯзишворӣ, барқ, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, захираҳои ҷангал ва ғайра) ташкил меёбанд. Маъмулан комплекси минтақавӣ гуфта, ҷомеаи муттаҳиди дохили минтақаеро меномад, ки дар асоси худшиносии дастаҷамъӣ ва ҳуввияти умумӣ ба ҳам омадаанд [1, с. 48; 7, с. 9]. Комплекси минтақавии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар шакли маъмулиаш, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, дар тадриҷан соҳибистиқлол гардидани мамлакатҳои мустамликавии минтақа ба ташаккулёби шуруъ намудааст. Ҳамин тавр, Индонезия ва Ветнам соли 1945 эълони давлатҳои соҳибихтиёрро намуданд, Филиппин соли 1946, Бирма (ҳозира Мянма) соли 1948, Лаос соли 1949, Камбоҷа соли 1953, Малия (ҳозира Малайзия) соли 1957, Сингапур соли 1965, Бруней соли 1948 давлатҳои соҳибистиқлол гардиданд. Тағйироти охирин дар харитаи сиёсии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ соли 2002, баъди аз эълони истиқлолияти худ аз ҷониби Тимори Шарқӣ ба амал омада аст.
  Дар ибтидо Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳамчун “фазои геополитикӣ” ба он маъно фаҳмида мешуд, ки Осиёи Ҷанубу Шарқӣ як муҳити ғайрифаъол таҷассумгари як ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ, қисме аз минтақаи захираҳои ашёи хоми ландшафтӣ, ҷузъе аз фарҳангу-тамаддуни минтақа буд, вале бо мурури замон дар баробари пешрафт дар роҳи ҳамгироии минтақавӣ давлатҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳам наздик гардида, хусусиятҳои субъективӣ пайдо намуданд [2, с. 272].
  АСЕАН (Association of South East Asian Nations) 8 августи соли 2017 солгарди тиллоии худро ҷашн гирифт, дар ҳамин рӯз ним аср пеш панҷ кишвари асосгузор – Индонезия, Малайзия, Сингапур, Таиланд ва Филиппин “Эъломияи Бангкок”-ро имзо намуданд, ки ба заминаи иниститутсионалии равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ асос гузошт.
  Аввалин пешниҳодҳо дар бораи таъсиси созмони ҳамкории минтақавии давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар солҳои 40-уми асри ХХ карда шуда буд. Даъватҳо барои ягонагии сиёсии халқҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки дар зери бори ҳукмронии мустамликадорон азобу уқубат мекашиданд, кӯшиши истиқлолият ба даст оварданро доштанд, борҳо аз забони ходимони намоёни давлатии ҳамондавра шунида мешуд. Соли 1946 меъмори соҳибистиқлолии Бирма генерал Аун Сан бо ақидаи ё ғояи таъсиси Иёлоти Муттаҳидаи Ҳинду-Хитой, ки аз Бирма, Ҳинду-Хитои Фаронса, Малайя, Тайланд ва Индонезия иборат буд, баромад намуд. Ташаббусҳо барои муттаҳидшавии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз ҷониби дигар роҳбарони кишварҳои минтақа низ борҳо ба миён гузошта шуда буд [3, с. 8], вале вазъи сиёсӣ ва байналхалқии минтақа имкон намедод, ки лоиҳаҳои ҳамгироии пешниҳодшуда амалӣ гарданд.
  Зиддияти давлатҳои абарқудрат ба он оварда расонд, ки дар соли 1954 бо ташаббус ва сарпарастии ИМА ташкилоти харбӣ-сиёсии Созмони Аҳдномаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (СЕАТО) таъсис дода шуд, ки дорои нишонаҳои ошкори зидди комунизм нигаронида шуда буд. Дар қатори давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба созмони мазкур Покистон (ки дар он замон қаламрави Банглодеши муосир ба он дохил мешуд) Тайланд ва Фаронса шомил буданд. Пушту паноҳи идеалогияи ҳарбии СЕАТО ИМА, Англия, Франсия, ва Зеландияи Нав ба ҳисоб мерафтанд. Сарфи назар аз мақсади зикргардида, яъне таъмини амнияти дастаҷамъӣ, СЕАТО ҳамчун механизми амалӣ намудани сиёсати Амрико дар минтақа низ хизмат мекард. Ҷолиби даққат аст, ки ба СЕАТО Ветнами Ҷанубиро ҳамчун давлати “соҳибихтиёр” ки барзидди таҷовузи комунистии Ветнами Шимолӣ мубориза мебарад, дохил намуданд [3, с. 8]. Ташкили СЕАТО-ро аксарияти давлатҳои Осиёи СЕАТО, ки хоҳиши зери муқовимати Итифоқи Шуравӣ ва Амрико монданро надоштанд, мақбул надонистанд.
  Дар ҷавоб ба ташкил намудани СЕАТО дар соли 1954 дар шаҳри индонезии Бандунг конфронси ҳамфикрии Африқову Осиё баргузор гардид, ки дар он намояндагони 29 давлат иштирок намуданд. Осиёи Ҷанубу Шарқиро дар конфронси мазкур Бирма ва Индонезия (ки ташкилотчии конфронси мазкур буданд), инчунин Камбоҷа, Лаос, Тайланд, Филиппин, Ветнами Шимолӣ ва Ветнами Ҷанубӣ намояндагӣ мекарданд [4, с. 51]. Мавриди зикр аст, ки ин аввалин таҷрибаи эътимодбахши ҳамкориҳои созанда байни давлатҳои минтақа буд ва аз платформаҳои гуногуни сиёсӣ ва идеалогияҳои гуногун пайравӣ мекарданд. Принсипҳои ҳамзистии осоиштаро, ки намояндагони конфронси Бандунг тарафдорӣ менамуданд, баъдан асоси идеалогияи “устувории миллӣ ва минтақавӣ”-ро ташкил дод, ки дар ҳуҷҷатҳои асосии АСЕАН инъикос ёфтааст.
  Дар охири солҳои 1950-ум ва аввали солҳои 1960-ум ғояи ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ боз бо шарофати роҳбари Малайзия, ки дар соли 1959 ташаббуси таъсиси “Созмони аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ”-ро (СЕАФЕТ) намуда буд, дар мазраи рӯзномаҳо қарор гирифт. Ба охирин мадели зикргардида мебоист ба ҷуз Малайзия, инчунин Филиппин, Индонезия, Камбоҷа, Лаос, Бирма, Талайнд, ва Ветнами Ҷанубиро низ дохил менамуданд. Бо андешаи ташабускорони СЕАФЕТ (Созмони аҳдномаи дустӣ ва ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ), асоси аҳдномаи мазкурро набояд принсипҳои ҳарбӣ-сисёсӣ ва иқтисодӣ ташкил медод. Аммо бо вуҷуди ғайри сиёсӣ будани ин лоиҳаи ҳамгиро, давлатҳои минтақа ба ғайр аз Тайланд ва Филиппин онро дастгирӣ накарданд [5, с. 85].
  Баъди боварӣ ҳосил намудан, ки онҳо имконияти ба ин созмон дохил намудани давлатҳои ғайрикомунистии минтақаро надоранд, дар охири моҳи июл ва моҳи аввали августи соли 1961 намояндагони расмии Малайзия, Филиппин ва Тайланд барои ботантана эълон намудан дар бораи таъсиси Ташкилоти нави субминтақавӣ Созмони – Асостсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (дар аввал АКО - Асостсиатсияи кишварҳои Осиё) дар Бангкок мулоқот намуданд. Хусисияти хоси АКО дар он инъикос мегардид, ки АКО аввалин раванди ҳамгироие буд, ки бедуни дахолати нерӯҳои беруна бо ташаббуси бевоситаи давлатҳои минтақа таъсис дода шудааст. Гарчанде ки нишонаҳои ошкори зиддикомунистӣ дошт, давлатҳои асосгузор махсусан таъкид мекарданд, ки “Ассотсиатсия ба ҳеҷ ваҷҳ бо ягон давлати абарқудрат ё блок робита надорад ва ба муқобили ягон кишвар нигаронида нашудааст” [3, с. 12].
  Вале бо вуҷуди аз ҷиҳати идеологӣ наздик будани Бангкок (Таиланд), Куала Лумпур (Малайзия) ва Манила (Филиппин) байни онҳо ихтилофҳои муайяне вуҷуд доштанд, ки барои кори босамари ин иттиҳод монеъ мешуд. Хусусан Филиппин зидди ақидаи муттаҳиднамоии Малайзия буд, зеро ҷиҳати дохил намудани Сингапур ва ҳудудҳои таҳти васояти Британия - Бруней, Саравак ва Сабоҳ ба Федератсияи Малайя эътироз намуда, дар чунин ақида буд, ки Сабаҳ қаламрави қадимаи Филиппин аст. Мавқеи ба ҳамин монандро дар бобати “тақобули Малайзия” Индонезия ҳам дошт, ки аъзои АКО набуд, балки мисли Филиппин ба қаламрави Климантанаи Шимолӣ, ки ҳудуди Англия ба ҳисоб мерафт даъво менамуд.
  Бо мақсади интихобӣ намудани лоиҳаи Федератсияи Малайзия, мақомоти Индонезия ташаббуси таъсиси як созмони зерминтақавиро пешниҳод намуд, ки ба он кишварҳое дохил мешуд, ки қисмати зиёди аҳолиашонро малайиҳо ташкил медоданд. Дар моҳи марти соли 1963 сарони ҳукуматҳои се мамлакате, ки дар онҳо гурӯҳи этникии малайиҳо (Индонезия, Малайзия, Филиппин) бартарӣ доштанд, дар Манила маҷлиси машваратие барпо намуданд, ки дар рафти он, дар бораи барпо намудани конфедератсияи умумии малайӣ бо номи Мафилиндо, ки мақсади асосиаш “ҳал намудани мушкилоти Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо усулҳои осиёгӣ ва аз тарафи худди Осиёиҳо” буд, ба имзо расониданд [3, с. 14]. Аммо баъди таъсиси Федератсияи Малайзия (16 сентябри соли 1963) Мафилиндо пош хӯрд, Филиппин аз АКО хориҷ шуд ва бо ҳамин фаъолияти Мафилиндо дар амал фалаҷ гардид. Ассотсиатсия, ки пешгузаштаи АСЕАН аст, расман чор соли дигар фаъолият намуда, соли 1967 барҳам хурд.
  Ҳарчанд Филиппин дар аввал Малайзияро ба расмият нашинохта буд, вале бо миёнаравии ИМА муносибатҳои кишварҳои мазкур баъди як сол ба эътидол омад. Аллакай дар моҳи июни соли 1966 ҳар ду давлат дар конференсияи муассисони Шӯрои Осиё ва Уқёнуси Ором (АЗПАК), ки дар шаҳри Сеул баргузор гардид иштирок намуданд. Шӯрои Осиё ва Уқёнуси Ором нӯҳ мамлакати ғайрикоммунистӣ, ки иттифоқчиёни сиёии Вашингтон ва Лондон буданд, аз қабили Япония, Австралия Зеландияи Нав, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Ветнами Ҷанубӣ, Таиланд, Филиппин ва Малайзияро муттахид менамуд [3, с. 15]. Аммо таъсиси АЗПАК сарфи назар аз намояндагии расмиаш, дар муқоиса бо АКО як қадам ба ақиб буд, зеро он кишварҳои минтақаро ба модели ҳамкории “таҳмилшуда (ё маҷбурӣ ё таҳти таъсир)” баргардонд ва дар асл онҳоро водор намуд, ки бар зидди дигар мамлакатҳои Осиё (пеш аз ҳама Ветнами Шимолии сотсиалистӣ) дӯстӣ намоянд. Ҳамин тавр, таъсиси АЗПАК ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ мусоидат нанамуда, баръакс монеъи пешрафти равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мегардид, ки тақсимоти давлатҳои минтақаро ба коммунистӣ, антикоммунистӣ ва бетараф, ҷудо менамуд.
  Дар баробари ин таваҷҷуҳ дар доираи институтҳои самарабахши минтакавии сиёсӣ муттаҳид намудани мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мубрамияти худро гум накард. Пас аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Манила ва Куала-Лумпур, Филиппин ба АКО баргашт, аммо ин созмон дигар ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд. Бо дарназардошти тағйиротҳои дар минтақа рухдода, зарурати коркарди формати нави фарогиранда бавуҷуд омад. Дар Индонезия сарнагун шудани режими Сукарно ва ба сари хокимият омадани генерали зиддикоммунистӣ Сухарто, ки гурӯҳи барои «тақобули Малайзия» коркарда истодаро барҳам дод ва дар харитаи сиёсии минтақа пайдо шудани Сингапур ҳамчун давлати мустақил шинохта шуд. Бо оғози «инқилоби фарҳангӣ» дар Ҷумҳурии мардумии Чин ва бо дастгирии Пекин дар мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ фаъолшавии гурӯҳҳои чапгарои радикалӣ, интернатсионализатсия ва тезу тунд гардидани низоъи Ветнам равнақ ёфт.
  Ҳамаи ин воқеаҳо баҳонае барои ба вуҷуд омадани ташаббуси дигари ҳамгироӣ дар минтақа гардиданд, ки ин дафъа Индонезия Малайзия, Сингапур, Филиппин ва Таиландро, ки дар асл ворисони АКО гардиданд муттаҳид менамуд. Созмони нави зерминтақавӣ ба худ номи Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ-ро (АСЕАН) гирифт. Баъдан, нишасти вазирони корҳои хориҷии "Панҷгона" кишварҳои созмондиҳандаи АСЕАН дар моҳи августи соли 1967 дар Бангкок гузашт, касе имкони пешгӯӣ намудани ояндаи созмони мазкурро надошт. Баҳсҳои ҳудудии байни Таиланд ва Малайзия, Малайзия ва Индонезия, Филиппин ва Малайзия ҳамчунон ба равобити дуҷонибаи байни давлатҳо монеа эҷод менамуданд. Аммо ин кишварҳо барои ҳал намудани мушкилоти муҳиме, ки ба тамоми минтақа таъсир мерасонид, омода буданд, ки баҳсҳои байни ягдигариро канор бигузоранд ва сари масоили минтақавӣ ба ҳам оянд.
  Боз як кӯшиши ташкили созмони ҳамгирои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар шароите сурат гирифт, ки мамлакатҳои ғайрикоммунистии минтақа бояд дар баробари таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ муттаҳид шаванд. Интервенсияи рӯирости ИМА дар ҳодисаҳои Ханой ва Сайгон Осиёи Ҷанубу Шарқиро ба маркази муқовимати Иттифоқи Шӯравӣ ва Амрико табдил дод, ки на танҳо давлатҳои ба созмон ҳамроҳнашуда, балки иттифоқчиёни минтакавии ИМА-ро низ ба ташвиш овард. “Хатари коммунизм” барои мамлакатҳои ин минтақа чиҳати дигари дохилӣ - мубориза бурдан ба муқобили гурӯҳҳои чапгарои радикалӣ, ки аз ҷониби Чин маблағгузори мешуданд, мубориза бурдан бар зидди интиқоли “инқилоби фарҳангӣ” ба ҳудудҳои кишварҳои ОҶШ, зарурати муттаҳид намудани онҳоро дошт.
  АСЕАН дар натиҷаи барқарор намудани равандҳои дохили минтақавӣ ва мушкилотҳои ғайриминтақавӣ ташкил ёфт. АСЕАН бо рухсати ИМА ва Англия ба сифати муқобилият ба низоми коммунистӣ то андозае бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ нигаронида шуда буд, вале АСЕАН ба зудӣ аз иштирок дар муқовимати байни низомҳо дур шуд, ва ин мавҷудияти ӯро ҳамчун як бозингари фаъол дар арсаи байналмилалӣ муайян кард [5, с. 94]. Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки муваффақияти таърихии АСЕАН ба мавҷудияти омилҳои пуриқтидори марказгурези дорои хусусияти дохилиминтақавӣ вобаста буд, ки тамоюлҳои марказгурези аз ҷониби қудратҳои ғайриминтақавӣ таҳрикёфтаро мағлуб намуданд.
  Сарфи назар аз ин, мамлакатҳои асосгузори АСЕАН аз аввал ба он дохил шудани дигар кишварҳои минтақаро ба назар гирифта буданд. Аз ҷумла, дар хуҷҷати асосии он - Декларатсияи Бангкок (соли 1967) ба таври возеҳ гуфта шудааст, ки “АСЕАН барои вуруди тамоми давлатҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки ҳадаф, қонун ва мақсадҳои онро пайгирӣ мекунанд, боз аст” [6]. Дар солҳои 60-70-ум асри XX барои шомил шудан ба Ассотсиатсия борҳо ба Бирма пешниҳод карда шуд, дар моҳи январи соли 1984 Бруней пас аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст оварданаш аз чунин пешниҳод истифода бурд. Вале васеъшавии миқёсии АСЕАН танҳо баъди “Ҷанги Сард” ва барҳамхурии блокҳои зиддикоммунистӣ ва коммунистӣ дар минтақа имконпазир гардид. Моҳи июли соли 1995 Ветнам ба АСЕАН ҳамроҳ шуд, дар июли 1997 Мянма ва Лаос ҳамроҳ гардиданд ва дар моҳи апрели соли 1999 Камбоҷа ба АСЕАН ҳамроҳ гардид. Ҳамин тавр, сарфи назар аз пешгӯиҳои скептикҳо, АСЕАН аз буҳронҳои ногузири рушд бомуваффақият наҷот ёфт ва қобили ҳаёт будани худро дар амал исбот кард.
  Ҳамин тариқ, дар тӯли ним асри мавҷудияти худ, АСЕАН роҳи тӯлонӣ ва душворро тай намуд, ки аз як гурӯҳи зерминтақавӣ, ки дар натиҷаи зиддиятҳои дохилӣ аз ҳам ҷудо шуда буданд, то ба як созмони мукаммали минтақавӣ, ки ҳоло ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ фаъолона инкишоф медиҳад ва ба шарофати он рӯзномаи байналмилалиро муайян мекунад, табдил ёфт.
  Бо таваҷҷуҳ ба гузашта метавон гуфт, ки кишварҳои АСЕАН траекторияи дурусти ҳамгироии минтақавиро (ва шояд ягона роҳи дурустро дар он шароити таърихӣ) интихоб намуданд, ки ба онҳо имкон дод нобоварии мутақобиларо аз байн баранд ва сулҳро дар шароити гуногунрангӣ таъмин кунанд ва иттиҳод бошад.
  Муваффақияти модели ҳамгироии АСЕАН дар он аст, ки бо шарофати ҷалби қудратҳои бузурги минтақавӣ, аз қабили Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ дар равандҳои ҳамгироӣ, ҳамчун шарикони афзалиятноки муколама ҳамкорӣ намоянд. Ҳамзамон, АСЕАН дар бораи ба мувозинат даровардани муносибатҳои бозингарони ғайриминтақавӣ, ки манфиатҳои бевоситаи худро дар минтақа доштанд, аз қабили Ҳиндустон, Австралия, Зеландияи Нав, Канада, ИМА ва ИА-ро фаромӯш нанамоянд, барои таъмини муҳити осоишта ва муътадили байналхалқӣ ва барои устувориву субот дар минтақа нигоҳ дорад.
  Тақсимоти афзалиятҳои ҳамгироӣ бо бунёди бошууронаи ҳувияти махсуси АСЕАН, ки бо чаҳорчӯбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ маҳдуд аст, бо муваффақият пурра карда мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки ин ду омил ташаккули минбаъдаи иттиҳоди АСЕАН-ро ҳамчун маҷмӯи минтақавӣ ҳавасманд мекунанд ва равандҳои ҳамгироиро дар минтақа ба сатҳи нави дигар оварда мерасонанд.

 
                                                                                  АДАБИЁТ
  1. Whittlesey D.ed Regional Study with Special Reference to Cicography Wash, D.C : Division of Geology and Geography, National Research Council, National Academy of Sciences, 1952.
  2. Богатуров А.Д. Среда - против дилеров Пространственная структура самоорганизации международных отношений в Восточной Азии // Очерки теории и методологии политического анализа международных отношений. М. НОФМО, 2002.
  3. Малетин Н.П. АСЕАН: Четыре десятилетия развития М МГИМО - Университет, 2007.
  4. Заключительное коммюнике Конференции стран Азии и Африки ( Бандунг 24 апреля 1955) // Движение неприсоединения в документах и материалах. Москва. Наука, 1975.
  5. Орлов В.Г. Политическая обстановка в ЮВА в середине 1960 - х годов и предпосылки образования АСЕАН // Восток Афро - азиатские общества : история и современность. 2009. № 6.
  6. The ASEAN Declaration (Bangkok Declaration). Bangkok. 8 August 1967 Available at: hups: //asean.org/the-asean-declaration-bangkok-declaration-bangkok-8-august-1967/
  7. Ефремова К.А Сравительный на теоретических подходов к определенно регионального комплекса // Сравнительная политика 2019 № 2 C. 5-19 .
 
Қудратзода Комрон
мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
Ҳамидова Сарвиноз
ходими хурди илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ