Равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ: вазъ ва дурнамои он

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ ба марҳилаи комилан нави рушди худ ворид гардид. Яке аз трендҳои актуалӣ ин густариш пайдо намудани равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад. Барои собит намудани нуктаи мазкур ба чанд омил метавон ишора намуд:
   Якум, тағйир ёфтани сиёсати минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди соли 2016 ва сифатан беҳтар гардидани муносибатҳои дуҷонибаи онҳо. Дар ин росто, метавон муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро номбар намуд, ки дар равобити онҳо шуруъ аз охири соли 2016 гардиши куллӣ ба вуҷуд омад. Чунин сатҳи муносибатҳо, бешубҳа, ба мантиқии татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими ҳар ду давлат ҷавобгӯ мебошад. Зеро аз оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар рушди муносибатҳо бо Ӯзбекистон дар сатҳи ғайри қобили қабул қарор доштанд ва ба тадриҷ коҳиш меёфтанд. Дар чунин шароит ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллӣ барои Тоҷикистон мушкил буд, чун таъсири мустақим ва ғайримустақими ин кишвар ба иқдомҳои роҳбурдии давлати мо ба таври васеъ эҳсос мешуд. Дар марҳилаи кунунӣ, бинобар сабаби ба сатҳи комилан нав баромадани муносибатҳо, тамоюли ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ суръати мусбатро касб намуд. Аз ин хотир, дар навиштаи мазкур таваҷҷуҳи асосӣ ба равандҳои имрузаи минтақа нигаронида шуда, густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекситон аз ин зовия таҳлилу баррасӣ мегардад.    Дуюм, равобити коршиносони кишварҳо мунтазам боло рафта, дар ин муддат якчанд ҳамоишу нишастҳои мухталиф, ҳам дар Тошканд ва ҳам дар Остона баргузор гардиданд. Имруз масъалаи робитаҳои дохили минтақавии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи коршиносону таҳлилгарони зиёдро ба худ ҷалб мекунад. Ва зиёд шудани чунин нишастҳо барои ташаккули фаҳмиши умумӣ ва ба ҳам наздики муносибатҳои байнидавлатӣ низ таъмири мусбат мерасонад.
   Сеюм, омодагии сарони давлатҳои минтақа барои ҳамоиши бештари кишварҳо ба назар расида, иродаи зарурии сиёсӣ низ ба намоиш гузошта шуд. Муҳимтарин таҳаввулот мутобиқи таҳлили маводҳои ба нашр расибаи ВАО-и минтақавӣ аз моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, дар фазои иттилоотии Осиёи Марказӣ хабару мақолаҳои гуногун перомуни нишасти сарони давлатҳо дар моҳи марти соли 2018 дар ҳоли чархиш қарор дошт. Дар ин бора дар расонаҳои гуногуни кишварҳои пасошуравӣ маводҳои зиёд ба нашр расиданд ва ҳар муаллиф вобаста ба дидгоҳи худ мавзӯъро баҳсу баррасӣ менамуд. Таваҷҷуҳ ба ин нишаст то андозае баланд буд, зеро он метавонист низоми муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои минтақаро комилан дигар кунад ва ҳамин ҳолат низ ба вуқуъ пайваст. Роҳбарони кишварҳои минтақа зимни нишасти моҳи марти 2018 дар шаҳри Остона, ки  бо танаффуси зиёда аз 10 сола баргузор шуд, ба хулосае омаданд, ки ҳамасола дар арафаи Навруз бо ҳам якҷоя дидору гуфтугу кунанд.
   Тавре маълум аст, наздик шудани робитаҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ паҳлуҳои зиёди мусбатро барои мардуми минтақа дорад ва зарфияту захираҳои мавҷударо имкони истифода кардан барои саодати давлатҳо низ имконпазир менамояд.   
   Бояд таъкид намуд, ки дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳалқаи аввали афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ ворид мешаванд ва Пешвои миллат дар суханронии худ ҳануз дар моҳи марти соли 2013 масъалаи ташаккули “Камарбанди эътимод ва амният”-ро дар атрофи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда буданд[1]. Нуктаи мазкур дар Консепсияи амалкунандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ ба таври мушаххас зикр шудааст[2]. Аз ин рӯ, робитаҳои наздик бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ба манфиатҳои дарозмуддати миллии мо ҷавобгӯ мебошад.
   Аз ҷониби дигар, басо рамзист, ки мулоқот дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид ва Наврӯзи соли 2018 аз чанд нигоҳ аз идҳои қаблӣ фарқ мекард:
   1.Дар як соли охир (то марти 2018) муносибати дуҷонибаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи сифатан нав баромада, масъалаҳои зиёди то ин замон ба вуҷуд омада, ба тадриҷ роҳҳалли худро ёфта истодаанд. Муҳимтарин таҳаввулот дар сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба назар мерасад. Роҳбарияти нави ин кишвар барои густариши муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қадамҳои амалӣ гузошта, дар ин муддат аксарияти масъалаҳои дар солҳои пеш ба вуҷуд омадаро ҳаллу фасл намуд.
   2.Гардиши молу маҳсулот миёни кишварҳои минтақа низ зиёд шуда, шароити мазкур имкониятҳои нави рушдро дар дарозмуддат ба вуҷуд овард. Кишварҳои минтақа бо давлатҳои гуногун робитаҳоро ба роҳ монда буданд, вале мавҷудияти сардӣ дар мушкилоти байниҳамдигар ба гардиши бемамонияти молу маҳсулот ва сармоя халал эҷод мекард. Аз ин ру, наздик шудани муносибатҳо силсилаи мушкилоти мавҷударо аз байн мебарад ва ҳамзамон ба ҳайси омили пешгирикунандаи таҳдиду хатарҳои умумӣ, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мушкилоти экологӣ ва ғайра низ метавонад баромад кунад.
   3.Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт низ қавӣ шуда, барои рушди кулли кишварҳои минтақа таъсири мусбат мерасонад. Пушида нест, ки то имруз давлатҳои минтақа дар ин самт на ҳамкорӣ, балки рақобат мекарданд ва кушиш доштанд, ки низоми иртиботии ба вуҷудомадаи солҳои пешинро аз байн баранд ё онро бо назардошти ҳадафҳои худ барои таъсир расонидан ба кишварҳои дигар истифода мекарданд. Аз ин ру, ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт низ метавонад зарфиятҳоро барои рушди устувор муттаҳид кунад.
   Боз нуктаҳои дигар низ мавҷуд ҳастанд, вале муҳимтарин таҳаввулоти Осиёи Марказӣ ин наздик шудани муносибатҳо байни кишварҳои минтақа мебошад, ки имкониятҳои зиёдро барои рушди давлатҳо фароҳам меоварад.
   Таърихчаи раванди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ
   Баъди фурупошии Иттиҳоди Шуровӣ дар Осиёи Марказӣ масъалаи ба роҳ мондан, дурустараш ҳифзи робитаҳои мавҷудаи иқтисодию хоҷагидорӣ ба миён омад. 10-уми январи соли 1994 аз ҷониби роҳбарони Узбекистон ва Қазоқистон созишнома оид ба таъсиси “Фазои умумии иқтисодӣ” (Договор о создании Единого Экономического Пространства) ба имзо расид, ки он муҳтаво ва самтҳои ҳамкориҳоро дар оянда муайян менамуд. 16-уми январи ҳамон сол ба ин созишнома Қирғизистон ҳамроҳ мешавад ва инро метавон ҳамчун оғози ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ номбар кард. Ҳамин тариқ, узвияти Қирғизистон сабаб гардид, ки 30 апрели соли 1994 дар Чолпон-Ота созишнома оид ба таъсиси “Фазои умумии иқтисодӣ байни Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон” ба имзо мерасад. Ҳадафи ин ҳуҷҷат пеш аз ҳама ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ иборат буда, гардиши озоди молу маҳсулот, сиёсати ҳамоҳангшудаи иқтисодӣ ва ғайраро дар афзалият қарор медод. Ин иттиҳоди ҳамгироӣ номи Иттиҳоди Осиёи Марказӣ (Центрально-Азиатский Союз -ЦАС) гирифт ва соли 1994 сохторҳои кории он низ таъсис дода шуданд: Шурои байнидавлатии ИОМ (Межгосударственный совет ЦАС), ки ба сохтори он Шурои сарвазирон ва Шурои вазирони корҳои хориҷӣ дохил мешуданд. Ҳамчунин, ниҳоди доимамалкунандаи он, яъне Кумитаи иҷроия таъсис дода шуд, ки вазифаи он: ҳамоҳангию машваратӣ, таҳлилию оянданигарӣ ва иттилорасонӣ буд.
   Дар рафти нишасти Шурои сарони ҳукуматҳои ИОМ дар таърихи 26 июни соли 1998 дар шаҳри Бишкек роҳбарияти Тоҷикистон низ иштирок намуд ва кишвари мо ба узвият пазируфта шуда, номи созмон ба – ЦАЭС (Центрально-Азиатское Экономическое Сообщество)-ро гирифт.
   Дар таърихи 27-28 декабри соли 2001 дар шаҳри Тошканд нишасти сарони давлатҳои ЦАЭС баргузор мегардад. Зимни он эълон мегардад, ки дар заминаи ЦАЭС – Созмони Иттиҳоди Осиёи Марказӣ (ОЦАС) таъсис дода мешавад. Ин ҳолат, ба хусус баъди ҳодисаҳои моҳи сентябр дар Ню-Йорк барои боз ҳам наздик намудани ҳамкории давлатҳо дар соҳаҳои мухталиф: сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иртиботӣ ва ғайраро бояд таъмин менамуд. Созишнома дар бораи таъсиси Созмони Иттиҳоди Осиёи Марказӣ 28 феврали соли 2002 дар Алма-ато ба имзо мерасад.
   Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов ба ОЦАС барои узвият Русия даъват карда мешавад ва 18 октябри соли 2004 дар Душанбе дар саммити сарони давлатҳо, В.В.Путин протокол оид ба ҳамроҳшавии Русияро ба имзо мерасонад. 6 октябри 2005 дар Санкт-Петербурге дар саммити ОЦАС қарор қабул мегардад, ин созмон бо ЕврАзЭС муттаҳид карда шавад ва бо ҳамин иттиҳоди худи давлатҳои Осиёи Марказӣ аз байн меравад.
   Ҳамин тариқ ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ бо номҳои ЦАС (1994-1998), ЦАЭС (1998-2002), ОЦАС (2002-2005) маълум буда, сабаби нокомии он пеш аз ҳама ба омилҳои зерин вобаста мебошад:
   Якум, сифатан паст будани натиҷаҳои фаъолияти ин созмонҳо ва ба талаботи воқеии кишварҳо ҷавобгӯ набудани онҳо. Чунин шароит пеш аз ҳама ба омилу сабабҳои зерин вобаста аст: 1.Омода набудани давлатҳо барои ҳамгироии воқеӣ ва маҳдуд намудани соҳибихтиёрии худ бар фоидаи ниҳоди фародавлатӣ; 2.Дарки зарурати зерсохтори дохилии давлатӣ барои мувофиқ будан ба давлатдории соҳибистиқлол; 3.Роҳандозӣ намудани раванди таҳкими ниҳодҳои муҳими давлатдории миллӣ; 4.Гуногун будани афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ ва кушишҳо ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳо бо кишварҳои гуногуни дунё, хусусан бо қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ; ва 5.Аз ҳамдигар фақр намудани модели сиёсати хориҷӣ ва парадигмаи асосии он. Дар умум омилҳои боло ба раванди ҳамгироии минтақавӣ таъсири манфӣ расониданд. Чун ҳар давлати минтақа давраи гузаштаи шӯравии худро баррасиву таҳлил намуда, барои офаридани барномаҳои дохилии роҳбурдӣ иқдоми зиёдеро амалӣ намуд ва муҳимтарин таваҷҷуҳ ба эҷоди ҳувияти нави этникӣ, шаҳрвандӣ ва давлатӣ нигаронида шуд.
   Дуюм, рақобати шадиди кишварҳои Осиёи Марказӣ барои истифода намудани шароити ба вуҷуд омада дар Афғонистон зимни ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои Коалитсияи зиддитеррористӣ мебошад. Тавре маълум аст, кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоми паёмадҳои ворид шудани ИМА ва шарикони ғарбии ин кишварро ба хоки Афғонистон ҳамчун имкони хуби тақвият бахшидани муносибатҳои худ баҳогузорӣ намуда, рақобати шадидро байни ҳамдигар оғоз намуданд. Таҷрибаи мазкур нишон медиҳад, ки дар умум кишварҳои минтақа нафъи муайянеро ба даст оварданд, лекин чунин сиёсат дар сурати ҳамоҳангшуда ва ниҳодина буданаш метавонист фоидаи зиёдеро барои минтақа ба вуҷуд орад. Хусусан, шанси таърихии аз объекти сиёсати байналмилалӣ ба субъекти он мубаддал гардидани Осиёи Марказӣ аз даст рафт, ки бояд ҳамчун ибрати муҳим дар оянда ҳамеша мавриди назар бояд қарор гирад.
   Сеюм, рақобат байни давлатҳои минтақа барои истифодаи имконоти мавҷуда ва қадамҳо дар самти муаррифӣ намудан ё ба даст овардани лидерӣ дар Осиёи Марказӣ (бояд гуфт, ки ҳамоиши кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Қазоқистон ва Узбекистон поягузорӣ шуда буд ва маҳз рақобати онҳо чунин намуди ҳамоишро бесамар намуд). Солҳои 2000-ум баҳсу баррасиҳои гуногун дар бораи рақобати Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои лидерии минтақа дар гардишу чрхиш буданд. Қудратҳои манфиатдор ин нуктаро ба таври гуногун пушиш намуда, бинобар сабаби мавҷудияти заминаҳои дохилиминтақавӣ онро бар зарари равандҳои ҳамгироии Осиёи Марказӣ сӯистифода карданд. Таҷрибаи мазкур низ нишон медиҳад, ки ягон кишвари минтақа аз нигоҳи захираҳои мавҷудаи табиӣ ва зерсохтори иртиботӣ худкифо набуда, вобастагии амиқ аз якдигар мавҷуд аст. Аз ин дидгоҳ, қабули ба ҳамвобастагӣ ҳамчун воқеият метавонад дар оянда баҳсҳои зиёди сунъиро аз байн барад ва иқтидори мавҷуда бурои рушди муносибатҳо васеъ истифода гардад.
   Шикаст ё “буҳрон”и асотирҳо дар бораи ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ
   Шуруъ аз соли 2017 равандҳои охири Осиё Марказӣ баёнгари он мебошад, ки «миф»-ҳои сохташуда аз ҷониби кишварҳои манфиатдор дар минтақа дар ҳоли буҳрон қарор доранд. Ин ҳолат барои арзёбии комилан дигари дар фазои Осиёи Марказӣ шароит офарида, барои барномарезӣ ва амалӣ намудани низоми нави муносибатҳо байни давлатҳо мусоидат намудааст. Аз назари таҳлили сиёсӣ кишварҳои минтақа дар ҳолати ягона қарор надоранд, вале фаҳмиши умумии ҳамкориҳои танготант ҳамчун парадигмаи ғолиб шакл гирифтааст. Вазъи имрузаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ барои бисёре аз коршиносон ногаҳонӣ буд, чун конюнктураи пештара имкон намедод, ки чунин рушди минтақа ва авзои онро пешбинӣ кунанд. Ҳолати ҷорӣ талаб менамояд, ки асотирҳои сохта ва таҳмилшударо барои Осиёи Марказӣ ва дар бораи муносибатҳои байнидавлатҳо ба таври алоҳида баррасӣ мекунем.
   Якум, ҷанг дар Осиёи Марказӣ барои захираҳои табиӣ ба вуҷуд намеояд, зеро барои дарки манфиатҳои миллии давлатҳои дигар омодагии зарурӣ ба назар мерасад. Расонаҳо ва «коршиносон»-и манфиатдор, ки «нон»-и худро бар асоси зиддияти давлатҳо оид ба ин ё он лоиҳаҳо дарёфт менамуданд, барои собит намудани «мавқеъ»-и худ ба ҳамлаи фаъол гузаштанд. Дар ояндаи кӯтоҳмуддат онҳо тамоми кӯшишро ба он равона мекунанд, ки омили зиддият ва ба ҳам мувофиқ набудани манфиатҳои миллии кишварҳои минтақаро ба вуҷуд оранд. Аз ин рӯ, мавриди таҳлил қарор додани далелҳои онҳо ва дар сиёсати амалии ба ҳамгироӣ равона буда сарфи назар намудани партови иттилоотии онҳо аз манфиат холӣ нест.
   Дуюм, аксари асотирҳои “низобарангез” дар бораи минтақа имрӯз ба ҳоли буҳрон қарор дорад. Коршиносони муайян, ки пайваста бо пардохт шудани хизмати худ ин ё он андешаро меофариданд ва ба гумони ғолиб табдил медонанд, имрӯз ба ҳоли ногувор қарор доранд. Пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки аз «будани худ» дарак диҳанд. Зеро равандҳои зиндаи минтақаи Осиёи Марказӣ собит намудааст, ки дигар ба «коршиносон»-и фурсатталаб чаҳорчӯбаи фаъолият танг шуда, барои «хизмат»-и онҳо зарурати ҷиддие боқӣ намондааст. Мисоли барҷаста ин мушаххас намудани хати сарҳади давлатӣ дар водии Фарғона мебошад. Тавре маълум аст, перомуни водии Фарғона нигоҳу таҳлилҳои мухталиф дар фазои илмию коршиносӣ ба вуҷуд оварда шудаанд ва мушаххас гардидани хати сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то чанд соли охир “ғайриимкон” менамуд. Ҳалли худро ёфтани он бешубҳа зарфияти дохилиро барои таҳкими суботу амнияти минтақавӣ қавӣ намуд. Имруз қитъаҳои баҳснок байни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Қирғизистон мавҷуд ҳастанд ва он бештар ба масъалаи “эсклав” ва “анклав”-ҳо вобастагӣ дорад. Мавҷудияти иродаи сиёсӣ дар ин самт моро хушбин мекунад, ки дар дурномаи миёнамуддат ин масъала низ ҳалли худро мутобиқ ба манфиатҳои миллии давлатҳо меёбад.   
   Сеюм, гумони ғолиб мавҷуд буд, ки давлатҳои минтақа бемиёнравии кишварҳои беруна ба ҳамоиши наздик моил нестанд ва ин нукта аз ҷониби «коршиносон»-и фурсатталаб бо назардошти мавқеи кишварҳои мухталифи ҷаҳонӣ ва минтақваӣ асоснок карда мешуд. Чунин теъдоди коршиносон барои собит намудани «зарурият»-и худ аз мавқеи абарқудратҳо дастгирӣ мекарданд. Имрӯз раванди зиндаи Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки дигар зарурат барои «миёнравҳои фикрӣ» боқӣ намонда, равандҳои минтақа ба таҳлили беғараз ва объективиро мехоҳад. Аз ин рӯ, дар миёнамуддат пешбинӣ мешавад, ки ба фазои иттилоотӣ ва коршиносӣ он таҳлилгароне ворид мешаванд, ки аз мавқеи давлатҳои худ ба таври ратсионалӣ ҳимоя намуда, ҳадафҳои ҳаётан муҳими кишварҳои дигари минтақаро ҳамчун амри ногузир ба назар мегиранд. Зеро ҳар давлати дигар бо амалӣ намудани сиёсати худ дар Осиёи Марказӣ пеш аз ҳама ҳадафҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодӣ ва дар умум геополитикии худро пайгирӣ мекунад ва беғараз барои ҳамгироии давлатҳои минтақа кореро анҷом намедиҳад. Ин нукта бинобар сабаби ба лоиҳаи геополитикӣ табдил ёфтани ташаббусҳои интегратсионӣ барои Осиёи Марказӣ хатару таҳдидҳои зиёдеро метавонад ба вуҷуд орад.
   Чорум, муҳимтарин асотир ин “минтақаи ягона” набудани Осиёи Марказӣ буд, ки дар ҳамоишҳои гуногун садо медод. Дуруст аст, ки сатҳи рушди иқтисод ва зерсохтори ҳаётан муҳими давлатҳо гуногун мебошад ва ҳар кадоме онҳо то андозае муваффақ ба он шуданд, ки барномаҳои миллии роҳбурдии худро таҳия ва дар амал татбиқ кунанд. Имруз равандҳои муосири ҳамгироӣ нишон медиҳад, ки Осиёи Марказӣ на танҳо минтақаи ягона аст, балки манфиатҳои давлатҳо низ ба таври ҷиддӣ ба ҳамдигар наздик мебошанд. Фарқиятҳои мавҷуда дар миёнамуддат на ба ҳайси унсури ҷудоиандоз, балки ба омили мутаҳҳидкунанда, алалхусус ба ҳам овардандаи иқтидорҳо метавонанд баромад кунанд.
   Панҷум, андешаи мавҷуд буд, ки барномаҳои роҳбурдии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо назардошти ба назар нагирифтани иқтидору манфиатҳои дигар кишварҳо таҳия ва дар амал татбиқ мешаванд. Ин нукта то андозае дуруст буд, чун ҳар давлат барои комил намудани иқтидори миллии худ ҷиҳати таъмини амният ва густариши соҳибихтиёрии давлатӣ кушиш мекард. Зиддиятҳои мавҷуда маҳз ба мувофиқ набудани моделҳои иқтисодии рушд ва барномаҳои роҳбурдӣ вобаста буданд. Лекин равандҳои имруза нишон медиҳад, ки имконоти ба ҳам наздик ва мувофиқ намудани барномаҳои миллии роҳбурдӣ мавҷуд ҳастанд ва тавре дар боло ишора кардем, фарқиятҳои мавҷуда ба ҳайси омили комилкунанда ва тақвиятдиҳандаи рушди ҳамҷоя ва ба ҳам вобаста метавонанд мусоидат кунанд.
   Дар умум, панҷ нуктаи наздик ба асотирсозӣ зикршудаи боло бояд ҳамеша ҳамчун дарси хуби таърих мавриди назар қарор гирад ва барои густариш ёфтани муносибатҳои давлатҳо монеъа ва халал эҷод накунад.
   Таҳлили шароити ду соли охири минтақаи Осиёи Марказӣ, шинохти афзалиятҳои муҳими давлатҳои минтақа ва равандҳои зиндаи минтақа нишон медиҳад, ки он бо назардошти ба назар гирифтани манфиатҳои ҳаётан муҳими давлатҳои минтақа сурат мегирад. Зеро дар якҷоягӣ давлатҳои Осиёи Марказӣ имкон доранд ба ҳайси объекти муносибатҳои байналмилалӣ баромад кунанд ва маҳз ин шароит барои таҳкими истиқлолияти онҳо ва паст намудани сатҳи осебпазирӣ аз таъсирии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд. Дар ин росто, нуктаи мусбат ин ба тадриҷ коҳиш ёфтани омили хатару таҳдидҳои дохилӣ мебошад. Яъне унсурҳои мавҷудаи хатару таҳдидҳои дохилии минтақавӣ, аз қабили сатҳи пасти муносибатҳо (амалан ба нести расидани онҳо)[1], мушаххас набудани сарҳади давлатӣ (дар мисоли Тоҷикистону Ӯзбекистон минакорӣ шудани сарҳади давлатӣ)[2], рақобати оштинопазир барои захираҳои табиӣ[3], инзивои нақлиётӣ ва транзитӣ[4], набудани ҳамкории зарурӣ барои таъмини амният ва осебнопазири аз хатарҳои беруна[5] ва ғайра ба тадриҷ ислоҳ шуда, пешрафтҳои ҷиддӣ дар ин самт низ ба назар мерасанд. Мисоли ин метавонад нияти таъсис ва ҷорӣ намудани раводиди абрешимӣ миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон (дар дарозмуддат ба он ҳамроҳ шудани кишварҳои дигари минтақа) бошад, ки иқтидорҳои зерсохториро барои рушди соҳаи туризм дар Осиёи Марказӣ муттаҳид намуда,рушди ба ҳам пайвасти онро таъмин намояд.
    Дурнамои ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити муосир
   Бояд тазаккур дод, ки дар даҳаи сеюми истиқлолияти давлатии худ кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолияти асосии худро барои эҷоди зерсохтори давлати миллӣ равона намуда, дар ин муддат ба дастовардҳои назаррас низ ноил шуданд. Эҷоди суннату анъанаҳои давлатдорӣ, ба вуҷуд омадани ҷомеаи шаҳрвандӣ (сатҳи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давлатҳои минтақа дар сатҳи гуногун қарор дорад) ва ташаккули ҳувияти давлатӣ аз муҳимтарин омилҳои тақвиятдиҳандаи давлатдории соҳибихтиёр дар қаламрави минтақа ба шумор мераванд. Бинобар ин, омодагии ҷиддӣ ва сохторию муҳтавоии давлатҳо барои ҳамгироӣ пухта расид.
   Аз ин дидгоҳ, баргузор шудани нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Остона моҳи марти 2018, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва дастгирии дигар сарони давлатҳо ба амал омад, онро наметавон берун аз матни имрузаи равандҳои сиёсати байналмилалӣ баҳсу баррасӣ намуд, зеро вазъи имрузаи ҷаҳон, таҳдиду хатарҳо ва лоиҳаҳои мухталифи геополитикӣ ба самти Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд ва нишасти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бе иштироки қудратҳои фароминтақавӣ имкониятҳо ва зарфиятҳоро метавонад муттаҳид кунад. Аз ҷониби масъулони давлатии кишварҳои минтақа чунин як нуктаи муҳим садо дод, ки “ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ бар зидди ягон қудрати ҷаҳонӣ нигаронида нашудааст ва ҳадафи он наздик намудани муносибатҳои дохилиминтақавӣ мебошад”.
   Муҳимтарин нукта дар он аст, ки имруз фаҳмиши амиқи робитаҳои наздики давлатҳо ба таври умумӣ шакл гирифтааст ва маҳз ҳамин омил метавонад барои аз объект ба субъекти муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтани минтақа мусоидат кунад. Таҳлили фазои иттилоотии кишварҳои Осиёи Марказӣ то нишаст ва баъди он нишон медиҳад, ки коршиносону таҳлилгарони минтақа нисбат ба баргузории ин нишаст назари мусбат доштанд ва доранд ва солҳои дароз дар бораи чунин формати муносибати давлатҳо гуфтумонҳои зиёдро дар нишасту ҳамоишҳои илмӣ ба миён мегузоштанд.
   Вазъи имруза тақозо мекунад, ки як қатор мифҳои шаклгирифта дар бораи кишварҳои минтақа, тавре дар боло ишора намедум, дар фазои коршиносӣ аз байн бурда шавад, зеро бархе коршинсосон то ҳол дар асирии пешфарзи худ қарор доранд ва бинобар сабаби такрор намудан дар солҳои дароз, худ низ ба он бовар кардаанд. Албатта шикасти мифҳо ба осонӣ сурат намегирад, вале иқдомҳо прагматикӣ ва шинохту эътирофи манфиатҳои миллии кишварҳо метавонад фазои солимро ба вуҷуд орад.
   Нуктаи дигар ин назару ақида ё “таҳлил” – ҳои коршиносони беруна аст, ки вобаста ба равандҳои давлатҳои минтақа садо медиҳанд ва дар аксар ҳолат бо дар назардошти “фармоиш” ё ҳадафҳои давлати худашон баррасӣ мекунанд. Имруз муҳим аст, ки дидгоҳ ва мавқеи давлатҳои минтақа аз назари манфиатҳои дарозмуддати кишварҳо бознигарӣ шаванд. Маҳз чунин иқдом метавонад имкониятҳоро барои рушд ба вуҷуд орад.
   Як нуктаи дигар оид ба нишасти роҳбарони давлатҳои минтақа дар моҳи марти соли 2018 дар он зоҳир мешавад, ки онро бебаҳс метавон гардиши куллӣ дар таърихи замони истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурд. Зеро дар ин нишаст роҳу усули рушди муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳои минтақа, санҷиши дидгоҳҳо оид ба равандҳои муосири муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳдиду хатарҳои муосир, инчунин дурнамои рушди кишварҳо дар дурнамои дарозмуддат баррасӣ шуданд.
   Бинобар ин, баргузории чунин саммитҳо барои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи минтақа метавонад роҳҳалҳо ва сиёсати мувофиқашударо нисбат ба таҳавулоти имрузаи минтақа ба вуҷуд биёрад ва муҳимтар аз ҳама имруз аз ҷониби роҳбарияти Узбекистон қадамҳои ҷиддӣ дар ин самт гузошта мешавад. Яке аз унсурҳои муҳими ҳамгироии давлатҳо ин наздик намудани муассисаҳои таҳлилӣ аст, ки аз ҷониби Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон моҳи октябри соли 2018 форуми муассисаҳои таҳлилӣ гузронида шуд. Дар ҳамоиш зикр гардад, ки яке аз ҳадафҳои асосии он омузишу баррасии ҳамгироии наздики кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамзамон, рузҳои 19-20 феврали соли равон дар Тошканд бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси байналмилалӣ бо номи “Баҳамвобастагии Осиёи Марказӣ: таҳдидҳо ва имконоти нав” баргузор шуд, ки масъалаҳои минтақа аз дидгоҳи коршиносони худи кишварҳо ва дигар давлатҳо баҳсу баррасӣ гардид. Дар кори ин ҳамоиш 100 коршинос аз 30 давлат ширкат намуданд.
   Дар маҷмуъ, давлатҳои минтақа дар ростои хатару таҳдидҳо ва имконоти муосири рушди муносибатҳо амалан ба ҳамгироии наздик эҳтиёҷ доранд, ки он пеш аз ҳама ба омилҳои зерин вобаста мебошад.
   Якум, яке аз таҳдиди ҷиддии имрӯза густариши ифротгароӣ ва тундгароӣ ба шумор меравад, ки то андозае ба ҳамаи давлатҳои минтақа хатар эҷод мекунад. Яке аз омилҳои боздоранда дар мубориза ва пешгирии ифротгароӣ набудани сиёсати ҳамоҳангшудаи давлатҳои минтақа ба шумор меравад. Имруз номгуйи умумии гуруҳҳои ифротии мамнӯъ низ дар қаламрави минтақа вуҷуд надорад ва ҳамоҳангӣ дар ин самт низ бисёр муҳим мебошад.
   Дуюм, тағйири вазъ дар шимоли Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба давлатҳои Осиёи Марказӣ аз масъалаҳои дигар мебошад. Имрӯз дар масъалаи ДОИШ ва ҳузури он дар шимоли Афғонистон дидгоҳу назарҳои гуногун мавҷуд ҳастанд. Тағйири вазъ дар Ховари Миёна ва саркуб шудани гуруҳҳои ифротӣ дар он ҷо, эҳтимоли пайдо шудани онҳоро дар Афғонистон бештар кардааст ва мувофиқи маълумоти ВАО аллакай ҳузур доранд. Аз ин рӯ, сиёсати ҳамоҳангшуда дар ин самт низ барои таъмини суботу амнияти давлатҳои минтақа муҳим аст. 
  Сеюм, рақобати эҳтимолии лоиҳаҳои кишварҳои абарқудрат дар минтақа ва таъсири он ба вазъи имрузаи давлатҳои Осиёи Марказӣ. Имрузҳо ташаббусҳои гуногун аз ҷониби кишварҳои абарқудрат бо фарогирии давлатҳои минтақа дар ҳоли татбиқ қарор доранд. Ҳузуру сатҳи иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад. Албатта иштирок дар ин ташаббусҳо ҳаққи қонунии давлатҳо ба шумор меравад, вале барои ба субъекти муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтани Осиёи Марказӣ ҳамгироии наздики кишварҳо амри зарурӣ мебошад.
   Чорум, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳаётан муҳими давлатҳо низ аз мавзӯҳои актуалии ҳаётан муҳим ба шумор рафта, ба вуҷуд омадани ҳусни тафоҳум дар ин самт таъсирпазирии давлатҳои минтақаро аз таъсири бозингарони хориҷӣ кам мекунад. Омили дигари таъсиррасон ин мушаххасу аломатгузории сарҳадҳои давлатӣ аст, ки дар 10 соли охир мушкилоти муайянеро ба вуҷуд овардааст. Имруз қисмати зиёди сарҳад мушаххас шуда, мавзеҳое боқӣ мондаанд, ки сиёсати дурбинона ва эҳтироми манфиатҳои тарафайнро тақозо мекунанд.
   Панҷум, дар афзалият қарор доштани масъалаи таҳкими суботу амният ҷойгоҳи худро дар дарозмуддат ҳифз хоҳад намуд. Зеро имрӯз пешбинӣ намудани равандҳои байналмилалӣ ғайриимкон буда, ҳамагуна тағйирот пеш аз ҳама ба суботу амният таъсири худро мерасонад. Аз ин лиҳоз, дар афзалият қарор доштани таъмини амнияту субот ба манфиатҳои дарозмуддати кишварҳо ҷавобгӯ мебошад.
   Дар умум, ояндаи Осиёи Марказӣ бо назардошти равандҳои имрӯза нигоҳи мусбатро ба вуҷуд меорад ва бешубҳа наздик шудани муносибатҳо дар дурнамои миёнамуҳлат барои ҳифз ва татбиқи манфиатҳои миллии давлатҳо мусоидат мекунад.
Шералӣ Ризоён,
ходими калони илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупо
 
 
[1] Муфассал ниг.:
[2] Муфассал ниг.:

БОЗГАШТ