Дар партави рӯйдодҳои Шарқи Наздик, афзоиши экстремизму терроризми минтақавӣ ва байналмилалӣ, муҳоҷирати миқдори зиёди аҳолӣ ва таҳдидҳои экологӣ усулҳои таъмини амнияти байналмилалӣ тағйир меёбад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва муқовимат дар давраи ҷанги сард, таҳдидҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ на танҳо мураккабтар шуданд, балки хусусиятҳои нав пайдо карданд. Аз ин лиҳоз, нақши давлатҳо ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилаллӣ дар раванди таъмини суботу амният дар ҷаҳон ниҳоят мубрам мегардад.
Ҳамаи ин падидаҳо барои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва минтақаҳои алоҳида, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ низ хатар доранд. Давлатҳо дар доираи созмонҳои гуногуни ҳамгиро дар назди худ вазифа мегузоранд, ки масъулияти ҳифзи сулҳу субот дар ин минтақаро ба дӯш гиранд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба охир расидани «ҷанги сард» дар баъзе аз давлатҳои тозаистиқлол низоъҳо ва задухурдҳои мусаллаҳона оғоз ёфтанд. Сабабҳои ин низоъҳо ақибмонии иқтисодиву иҷтимоӣ, масоили ҳалношудаи марзӣ, нофаҳмиҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ он ва ғайра буданд.
Давлатдории Иттиҳоди Шӯравӣ ба халқҳои собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ мероси калони арзанда гузошт, аммо дар баробари ин, аз замони Шӯравӣ ба ин ҷумҳуриҳо ва халқҳо тақсимоти ҳудудии нофаҳмое мерос монд, ки яке аз омилҳои ба вуҷудоварандаи низоъҳо ва ҷангҳо мебошад. (низоъи Қарабоғи куҳӣ, Осетияи ҷанубӣ, Приднестров, Қрим, низои сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, Қирғизистону Узбекистон). Аммо таҳдидҳои аслӣ ба амнияти ин кишварҳо ифротгароӣ, терроризм, ҷудоихоҳӣ, таассуби динӣ, маҳаллчигӣ, миллатчигӣ ва дигар падидаҳои номатлуб дар ҷомеа мебошанд.
Аз кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ Тоҷикистон фоҷиабортарин роҳи дигаргунсозиро аз сар гузарондааст. Тоҷикистон пас аз рафъи як давраи душвори даргириҳои мусаллаҳонаи дохилӣ бо мушкилоти дигар, аз қабили муҳоҷирати оммавӣ, қочоқи маводи мухаддир, мушкилоти марзӣ, таассуби динӣ ва ифротгароӣ, терроризми байналмилалӣ, фасод, мушкилоти экологӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ рӯбарӯ шуда буд. Ҳамаи ин падидаҳо на танҳо таҳдидҳои маҳаллӣ, балки хусусияти хатарофар ба амнияти минтақа ва ҷаҳонро доранд.
Ҳоло роҳбарияти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба проблемаи терроризм хеле ҷиддӣ муносибат карда, ба ҳар гуна таҳдиди террористӣ вокуниши шадид нишон медиҳанд. Дар Қонунҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мафҳумҳои мушаххаси методологии амният пешниҳод шудаанд, ки тамоми мафҳумҳои марбут ба амнияти миллиро муайян ва муқаррар менамоянд.
Давлатҳои Осиёи Марказӣ бо омӯхтани таҷрибаи дигар кишварҳо ва таҳлили тамоюлҳои ҷомеаи худ ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аммо дар ҷаҳони имрӯз, ки бештари равандҳои сиёсӣ хосияти фаромиллӣ доранд ва ҳамаи давлатҳо бо ҳам алоқамандӣ ва вобастагии зич доранд, таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ низ ба ҳамкорӣ ва фаъолияти муштараки давлатҳо ниёз дорад. Барои таъмини амният ва сулҳу суботи ин давлатҳо бояд аҳамияти равандҳои ҳамгироиро ҳаматарафа баррасӣ намоянд. Таввасути шомил шудан ба ягон созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ давлатҳо кӯшиш менамоянд дар таъмини амнияти дохилӣ, суботи минтақавӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми созандаеро гузоранд, ки инъикоскунандаи манфиатҳои тарафайн бошанд.
Дар арсаи ҷаҳонишавӣ ва рушди равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аъзои комилҳуқуқи созмону иттиҳодияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бошад, то ки дар таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ, рушди сохторҳои давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии халқ саҳмгузор бошад. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, ИДМ, СҲШ, СПАД, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар созмонҳои ҳамгирои минтақавӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими нақши муттаҳидкунанда ва афзалиятноки Созмони Милали Муттаҳид дар асри 21 буда, онро созмони асосии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ ва салоҳиятдори қабули қарорҳо оид ба муттаҳидсозии фаъолияти давлатҳо дар масъалаҳои ҳифзи сулҳ ва таҳкими низоми байналмилалӣ ва тартиботи байналмилалӣ эътироф менамояд.
Ҷаҳони имрӯз дар даврае қарор дорад, ки терроризм, ифротгароӣ, миллатчигӣ ва дигар падидаҳои номатлуб, чи дар сатҳи давлатӣ ва чи дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар шаклҳои гуногун ба вуҷуд меоянд. Аммо давлатҳои алоҳида ва гурӯҳи давлатҳо манфиатҳои халқ ва устувории ҷамъиятро ба назар гирифта, барои пешгирӣ ва бартараф сохтани падидаҳои номатлуб ҳамеша кӯшиш мекунанд. Чунки манфиат ва некуаҳволии мардум, сулҳу субот ва рушди маориф самтҳои муҳими стратегия ва дурнамои фаъолияти давлатҳоро ташкил медиҳанд.
Муҳаббатшо Замир
ходими калони илмии
шӯъбаи Осиёи Марказӣ