Раванди ташаккули илм ва тадқиқоти илмӣ дар Чехияи муосир

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Дар охири асри XX - ибтидои асри XXI системаи илмии Ҷумҳурии Чехия кӯшиш намуд, ки ба дигаргуниҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар мутобиқ шавад. Дар натиҷаи «инқилоби махмалӣ» Чехословакия пароканда шуд ва буҳрони иқтисодии ҷиддиро ба бор овард, ки дар ниҳояти кор боиси кам шудани барномаҳои давлатии илмӣ гардид. Дар натиҷа таи чанд соли оянда мавқеи илм хеле заиф ва паёмадҳои манфии он махсусан ба тадқиқотҳои бунёдӣ (фундаменталӣ) ба таври қобили мулоҳиза таъсир гузошт. Ҳоло вазъият тағйир ёфтааст. Имрӯз илми Ҷумҳурии Чехия ба шарофати дастгириҳои фаъолонаи давлат ба таври назаррас тараққӣ ёфта, ҳамзамон ислоҳот дар системаи илм бомуваффақият идома дорад.    
  Дар марҳилаи якум дар Ҷумҳурии Чехия ислоҳот перомуни масъалаҳои марбут ба кормандони илм сурат гирифт, чун бо сабабҳои муайян шумораи онҳо ду баробар кам шуд, ки аз кишвар ва сохторҳои давлатӣ берун рафтани кадрҳои баландихтисоси соҳаи илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ аз ҷумлаи чунин сабабҳоянд. Баъзе муассисаҳо ва лоиҳаҳо ба шумули институтҳои соҳавӣ пурра барҳам дода шуданд. Соли 1992 Академияи нави илмҳо дар асоси усулҳои комилан ҷадид ва муосир ҳамчун ташкилоти илмии худидоракунанда таъсис ёфт, ки олимони кишварро муттаҳид намуда, тавонист сиёсат ва стратегияи илмиро муайян намояд. Қобили тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Чехия пас аз пароканда шудани Чехословакия дар соли 1993 иқтидори хеле тавонои илмиро ба мерос гирифт. Маҳз дар Ҷумҳурии Чехия институтҳои пешқадами илмӣ ва университетҳои машҳури Чехословакияи собиқ тамаркуз шуда буданд.
  Имрӯз ҳукумати Ҷумҳурии Чехия барои дастгирии самараноки давлатӣ ба системаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва конструкторӣ шароити хуб ва фазои солими эҷодкориро фароҳам меорад, ки талаботи иқтисодии кишварро дар марҳилаи кунунии мутобиқшавӣ ба стандартҳои Иттиҳоди Аврупо қонеъ мекунад. Дар ин санадҳои меъёрӣ нақши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Чехия равшан муайян карда шуда, вазифаҳои давлат мушаххас ва принсипҳои асосӣ муқаррар карда шудаанд, ки фаъолияти ҳокимиятро дар соҳаи илм ва техника танзим мекунанд. Моҳи сентябри соли 2011 ҳукумати Ҷумҳурии Чехия санадҳои меъёрии «Стратегияи байналмилалии рақобатпазирӣ дар Ҷумҳурии Чехия», «Стратегияи миллии инноватсионӣ»-ро ба тасвиб расонд, ки бо иштироки Вазорати саноат ва савдо, Шӯрои хоҷагии халқ, инчунин саҳми фаъолонаи коршиносон, олимон, мутахассисони муассисаҳои илмӣ ва Академияи илмҳои Чехия таҳия шудаанд. Ҳадафи «Стратегияи миллии инноватсия» баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёти Ҷумҳурии Чехия бо такя ба дастовардҳои илмӣ ва технологияи муосир мебошад. Тибқи ин санади муҳим, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди инноватсия шароити муҳими пешрафти бомуваффақияти иқтисодии кишварро муайян мекунад.
  Дар Ҷумҳурии Чехия солҳои охир маблағҳои давлатӣ барои фаъолиятҳои илмӣ асосан ба марказҳои илмию тадқиқотии донишгоҳӣ равона карда шудаанд. Даромади асосии молиявие, ки ба рушди илми Чехия равона шудааст, байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Чехия ва Вазорати маориф, ҷавонон ва варзиш тақсим карда мешавад. Қисми ками маблағҳои буҷети давлатӣ ба Вазорати саноат ва савдо, Вазорати тандурустӣ, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати ҳифзи муҳити зист, Вазорати нақлиёт барои маблағгузории барномаҳои мақсадноки саноатӣ ва лоиҳаҳои илмӣ, ки ин ҳаҷми рақобатпазирии иқтисоди Чехияро зиёд менамояд, тахассус дода мешаванд. Дар маҷмӯъ, масалан, дар соли 2010 даромадҳои молиявӣ аз рушди фаъолияти тадқиқотӣ дар Ҷумҳурии Чехия тақрибан 1,56% ММД-ро ташкил дод (аз ин маблағҳо 49 % бахши хусусӣ, 41% давлат ва 10% аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ).
  Бояд зикр кард, ки хароҷоти умумии дохилӣ дар соли 2020 барои тадқиқот ва коркард (GERD) ба ҳисоби фоизи ММД дар Ҷумҳурии Чехия нисбат ба соли гузашта 0,1% афзуд. Ҳамин тавр, хароҷоти маҷмӯи дохилӣ дар давраи мушоҳидашуда 1,99 %-ро ташкил дод. GERD - ин хароҷоти умумии дохилӣ барои тадқиқот, коркард ва захираҳои умумии молиявии (ҳам миллӣ ва ҳам хориҷӣ), ки барои тадқиқот ва рушд сарф шудааст, мебошад.
 
Тарҷума ва таҳияи
Юсуфӣ Фарзона,
ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка
 
Сарчашма:
1.http://kursoviks.com.ua/organizaciya-nauki-i-nauchnyh-Issledovaniy
2.https://translated.turbopages.org/proxy_u/en-ru.ru.43b6ac9c-63bf89ca-d3391ef8-74722d776562/https/www.statista.com/statistics/419659/gross-domestic-expenditure-on-research-and-development-gdp-czech-republic/
 

БОЗГАШТ