РЕШАПАЙВАНД

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

(Алишер Навоӣ ва «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ)

   Адабиёти тоҷику форс, ки аз қадимтарину бойтарин адабиётҳои олам аст, ба адабиёти фарҳанги халқҳои гуногуни олам таъсири пурфайз бахшидааст. Робитаҳои ин адабиёт, ба хусус бо адабиёти халқҳои туркзабон, аз ҷумла мардуми ӯзбек, ки асрҳо дар ҳамсоягиву пайвастагӣ зиндагӣ намуда, ҳамеша ҳамроҳу ҳамраъй буданд, хеле назаррас мебошад. Инро метавон дар мисоли асосгузори адабиёти ӯзбек Алишер Навоӣ ва ҳамосасарои бузурги тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ равшан мушоҳида намуд.

   Дар воқеъ дар ташаккул ва рушди Алишер Навоӣ ҳамчун адибу донишманд ва фарҳехтаи замон нақши фарҳанг ва адабиёти тоҷику форс хеле бузург аст. Ӯ аз овони тифлӣ дар муҳити фарҳангии мардумони эронӣ парвариш ёфта, аз сарчашмаи ғании ин адабиёт баҳраи зиёд бардоштааст. Худи Навоӣ борҳо таъкид кардааст, ки аз осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Унсуриву Саноӣ, Анвариву Хоқонӣ ва адибони дигари форсизабон сабақ гирифтааст.

    Яке аз сарчашмаҳои муҳиме, ки ба Навоӣ ғизои маънавӣ ва илҳом бахшидааст, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад. Роҷеъ ба робитаи ин ду шоири бузург муҳаққиқон ишораҳо кардаанд. Аз ҷумла, дар осори донишмандони узбек В. Зоҳидов, А. Ҳайитметов, Э. Шодиев дар ин бора иттилоот дода шудааст. Масалан, академик Воҳид Зоҳидов ба суннатҳои адабие, ки Алишер Навоӣ аз онҳо сабақ гирифтааст, ишора намуда, ба осори шоирони тоҷику форс, ба хусус «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рӯй овардани ӯро таъкид мекунад: «Ин мероси бузург ва гаронбаҳои назм ба ташаккулу рушди истеъдоди хоси шоирии Алишер Навоӣ мусоидат намуд» (В.Ю.Захидов. Огни истории. Классики и современники, Москва, 1977, саҳ. 14). А. Ҳайитметов таъкид менамояд, ки «Навоӣ як умр «Шоҳнома»-ро хондааст, омӯхтааст, аз он асрори маҳоратро гирифтааст» (А.Ҳайитметов. Темурийлар даври ӯзбек адабиёти, Тошкент, 1996, саҳ. 75). Э. Шодиев ба ин масъала бештар таваққуф намуда, сабақҳои аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бардоштаи Навоиро бо чанд далел бозгӯ намудааст. Бо ин ҳама мавзӯи мазкур ҳанӯз ба таври амиқу ҳарҷониба мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст ва ниёз ба баррасии бештару густурдатар дорад.

   Дар воқеъ шиносоии Амир Алишер Навоӣ бо адабиёти форсу тоҷик аз овони тифлии ӯ шурӯъ шудааст. Тавре ки худи шоир дар поёни умр навиштааст, «аввалин шеъре, ки аз ёд кардааст», як байти шоири форсу тоҷик Мир Қосими Анвор будааст. Ӯ таъкид мекунад, ки «дар он замон ман се ё чаҳорсола будам. Вақте ки ашхоси муътабар аз ман хоҳиш мекарданд, ки онро бихонам, аксаран аз қироати ман тааҷҷуб мекарданд». Сипас Алишери наврас бо «Мантиқ-ут-тайр»-и шоири дигари тоҷику форс Фаридаддини Аттор ошно шуда, ба он чунон дил мебандад, ки гӯшанишинӣ ихтиёр карда ҳамеша ба зикри абёти маснавӣ машғул мешавад, ки ин ҳатто боиси нигаронии волидайнаш мегардад. Бад-ин минвол Алишер дар муҳити адабиву фарҳангии форсу тоҷик ба камол расида, таҳсили мадрасаро дар Машҳад шурӯъ мекунад ва дар Самарқанд идома медиҳад.

   Алишер Навоӣ борҳо дар осори худ ба пайрави шоирони форсу тоҷик, ба хусус Абулқосими Фирдасӣ буданашро ҳатто дар осори туркиаш таъкид карда, аз он илҳом бардоштанашро таъйид намудааст. А. Ҳайитметов пас аз таҳқиқи «Хамса»-и Навоӣ ба чунин натиҷа мерасад: «Ман, хусусан, достони «Садди Искандарӣ»-ро ба дараҷаи маълум ҷавоб ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ медонам».( А.Ҳайитметов. Темурийлар даври ӯзбек адабиёти, Тошкент, 1996, саҳ. 77).

   Навоӣ борҳо дар осори маъруфи худ амсоли девонҳои «Хазон-ул-маъонӣ», «Таърихи мулуки Аҷам», «Маҷолис-ун-нафоис», «Муҳокимат-ул-луғатайн», «Маҳбуб-ал-қулуб», достонҳои «Хамса» ва ғайра ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ишораҳо намудааст, ки аз бархӯрдориаш аз ин шоҳасар гувоҳӣ медиҳад. Масалан, агар дар «Муҳокимат-ул-луғатайн» Фирдавсиро «устоди фанни маснавӣ» номад, дар «Маҷолис-ун-нафоис» вайро «маликулкалом» мехонад. Дар поёни «Хамса»-аш ӯ дар радифи Саъдиву Саноӣ, Хоқониву Анварӣ ва Унсурӣ аз Фирдавсӣ низ сабақ гирифтанашро таъйид намудаст.

   Дар таълифи асари маъруфи худ «Таърихи мулуки Аҷам» низ Навоӣ аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ хеле босамар истифода кардааст.Тавре ки Э. Шодиев таъкид кардааст, дар асари мазкур Навоӣ нисбат ба осори дигари таърихӣ ба «Шоҳнома» бештар такя намуда, таърихи салтанати шоҳони эрониро ба ҳамон тартибе, ки Фирдавсӣ зикр кардааст, баён намудааст.

   Алишер Навоӣ дар осори худ аз симоҳои барҷастае, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» офаридааст ба таври фаровон истифода кардааст. Ин симоҳо барои равшантару муассиртар баён шудани матлаби шоир мусоидат кардаанд. Масалан, дар қасидае шоир мамдуҳаш шоҳро зимни ситоиши караму саховат ба Ҷамшеду Фаридун монанд мекунад. Дар маснавии «Сабъаи сайёр» ҷиҳати таъкиди гузашти айём ва бебозгашт будани вақт аз чеҳраҳои асотириву таърихии «Шоҳнома» ёд мекунад:

Элгаким берди чарх уза авранг,

Не Каюмарс қолди, не Ҳушанг.

Канӣ Таҳмурасу канӣ Ҷамшед?

Бордилар барча жаҳондин навмед.

Канӣ Заҳҳоку канӣ Афредун?

Ки борин қилди сарнагун гардун ?

Канӣ аждарни улдурур Гуштасп ?

Канӣ ганж элга базл этар Куршасп?

Канӣ Кайқубоду Канӣ Кайковус?

Канӣ Кайхусраву Таҳамтану Тӯс?...

   Ба ин минвол дар маснавиҳои Навоӣ аз Каюмарсу Ҳушанг, Искандар, Рустам, Сом, Яздигурд, Баҳром, Хусрави Парвиз, Ширин, Шерӯя, Фарҳод ва асмоли онҳо ёд мешавад. Вале таваҷҷӯҳи Навоиро беш аз ҳама симои Рустам ҷалб намудааст. Бесабаб нест, ки дар як ғазали туркии ӯ се маротиба аз Рустам ёд кардааст.

   Навоӣ на танҳо аз симоҳои барҷастаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, балки аз андешаҳои баланди башардӯстиву меҳанпарастии ӯ низ бархӯрдор гашта, илҳои гирифтааст. Дар «Таърихи мулуки Аҷам» дар бораи Баҳром сухан ронда, Озарбойҷону Гурҷистон ва Дашти Қипчоқу Хоразмро аз ҷабру зулм озод кардани ӯро тасвир менамояд ва ҳокими замонаш Ҳусайн Баҳодурхонро ба ӯ монанд мекунад ва ӯро чун «халоскунандаи мардум аз бадиҳо» ситоиш менамояд.

   Таъсири «Шоҳноса»-и Фирдавсиро бар осори Навоӣ дар забону тарзи баёни ӯ ҳам метавон мушоҳида кард. Ҳатто дар ашъори туркии шоир ифодаву тасвирҳои фирдавсиёна ба назар мерасад:

Алар пешвоси Каюмарси род,

Ким ул қуйди тахт узра ойини дод.

Яна бир жаҳонгир Ҳушанг эди,

Ки зебандаи тожу авранг эди…

   Навоӣ на танҳо аз иттилооту додаҳои таърихиву асотирӣ, асомии шоҳону паҳлавонон ва асноди дигари «Шоҳнома» истифода кардааст, балки ҳамчунин, аз андешаҳои баланди башардӯстиву ахлоқии ӯ бархӯрдор шудааст. Навоӣ низ мисли Фирдавсӣ аз ҳаводиси таърихиву асотирӣ сабақ бардоштанро таъкид намуда, ҳокимони даврро ба сулҳу осоиш ва накукориву инсондӯстӣ даъват намудааст.

   Дар таълифи «Хамса»-и худ ба хусус маснавиҳои «Сабъаи сайёра», «Фарҳод ва Ширин», «Садди Искандарӣ» Навоӣ дар радифи Низомиву Амир Хусрав ба Фирдавсӣ низ пайравӣ карда, аз «Шоҳнома»-и ӯ илҳом бардоштааст.

   Навоӣ дар баъзе маворид ҳатто дар ашъори туркии худ мисраъҳои «Шоҳнома»-ро айнан бидуни тарҷума овардааст, ки хеле ҷолиб буда, шаҳодат аз он медиҳад, ки ӯ бо нусхаи хеле қадимаи шоҳасари Фирдавсӣ ошно будааст. Ӯ дар яке аз шеърҳои худ мисраеро аз «Шоҳнома» тазмин кардааст, ки на танҳо аз эҳтирому шинохти ин шоҳасар гувоҳӣ медиҳад, балки барои тасҳеҳи матни «Шоҳнома» ва ҳалли баъзе мушкилоти он низ мадад мерасонад:

Бу майдонда Фирдавсий ул гурд эрур,

Ки гар келса Рустам, жавобни берур…

Деди уз тили бирла ул кони ганж,

«Ки сӣ сол бурдам ба «Шоҳнома» ранҷ».

   Мисраъи охири пораи фавқ тазмин аз байти машҳури Фирдавсӣ аст, ки бозгӯи ранҷу заҳматҳои шоир дар офаридани «Шоҳнома» аст ва ба ин шакл маъруф аст:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

   Дар мисраи аввал ибораи «сол сӣ» хилофи қоидаи иборасозии форсӣ буда, шакли дурусташ «сӣ сол» аст. Вале хонанда ва ҳатто муҳаққиқон чунин мепиндоштанд, ки шоир шояд барои вазну қофия ин ибораро амдан дар шакли нодуруст истифода кардааст. Дар воқеъ Фирдавсӣ, ки дар баён устоди беназир буд, метавонист он ибораро ба тарзи дигар ва дуруст ба кор барад. Аз ин рӯ ба назари мо тарзи сабткардаи Навоӣ, яъне «сӣ сол» дуруст буда, аз нусхаҳои қадимии «Шоҳнома», ки мавриди истифодаи шоир қарор гирифтааст, маншаъ меёбад. Шоҳномашиносонро зарур аст, ки ин масаларо таҳқиқ намуда, митни аслии байти мазкурро барқарор созанд.

   Ба ин тартиб истифода аз маводи «Шоҳнома»-ро дар кулли осори бадеиву илмиии туркиву форсии Навоӣ метавон мушоҳида кард. Ӯ ҳатто талоши Фирдавсиро дар пойдориву истиқлол пайдо кардани забони форсӣ мавриди ситоиш ва пайравӣ қарор додааст.

   Ин ҳама гувоҳи он аст, ки Алишер Навоӣ дар осори худ андешаҳои баланди ахлоқиву башардӯстии Фирдавсӣ ва суннатҳои волои «Шоҳнома»-и ӯро идома дода, дар рушди адабиёти Шарқ ба хусус адабиёти туркизабон саҳми бузург гузоштааст.

Мирзо Муллоаҳмад

мудири шуъбаи омӯзиши

давлатҳои Шарқи Миёна

ва Наздики Институт,

доктори илмҳои филология,

аъзо-корреспонденти АИ ҶТ

БОЗГАШТ