Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии иқтисоди ҷаҳонӣ ногузир боиси афзоиши рақобат дар тамоми кишварҳои низоми бозаргонӣ мегардад ва ин ҳолат барои мутобиқ шудан ба шароити нав кӯшишҳои иловагии давлатҳоро талаб мекунад. Дар айни замон давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар зери таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои охир, инчунин рушди босуръати пешрафти илмию техникӣ ва ҳаракати фаромарзии сармоя осебпазирии муайяни иқтисодии худро нишон дода истодааст. Ҷумҳурии Фаронса ҳамчун узви Иттиҳоди Аврупо дар таҷдиди сохтори иқтисод ва гузоштани инноватсия дар маркази сиёсати нави саноатӣ, аз ҷумла интиқоли технология ва ҳавасмандгардонии рушди ширкатҳои инноватсионӣ бо роҳи осон кардани дастрасии онҳо ба бозори ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Шурӯъ аз оғози соли 2022 Фаронса роҳбарии раёсати Шӯрои Иттиҳоди Аврупоро таҳти шиори "Аврупои қудратманд ва соҳибихтиёр" барои шаш моҳ расман қабул намуд. Фаронса бори нахуст дар 14 соли охир раёсати Шӯрои Иттиҳодияи Аврупоро бар уҳда мегирад. Ҳамин тариқ, дар давоми шаш моҳ Ҷумҳурии Фаронса барои пешбурди баъзе масъалаҳо ва пайдо кардани созишномаҳо дар давоми бисту ҳафт сол таъсири назаррас хоҳад дошт, ҳатто агар ин машқ таҳти назорати хеле қатъӣ, бетарафӣ ва тактикиро ҳам дар бар гирад [8, с.5]. Илова бар ин Фаронса ҳамчун роҳбари Шӯрои иттиҳод дар таъмини иҷрои нақшаи барқарорсозии иқтисодиёти минтақа пас аз маҳдудиятҳои шадиди буҳрони саломатӣ, яъне пандемия, ки метавонад ҳама гуна нақшаҳоро халалдор созад саҳми босазо дошта бошад. Иттиҳоди Аврупо якҷо бо кишварҳои аъзояш барои нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, ҳифз намудани иқтисодиёти мамлакат ва беҳтар нигоҳ доштани ҳаёти сокинони худ кӯмак мекунад. Ҷумҳурии Фаронса дар минтақаи Иттиҳоди Аврупо фаъолият намуда, манфиатхои худ ва манфиатхои иттиҳодро муҳофизат мекунад. Инчунин дар робита ба тағйирёбии модели ҳамгироии аврупоӣ барои Фаронса, ки аллакай ба иқтисоди ҷаҳонӣ амиқ ворид шудааст, унсурҳо ва хатарҳои нав ба миён меоянд, ки қабули роҳҳои ҳалли муносиби мушкилоти иқтисодии дохилӣ ва амалҳои пайгиронаро тақозо мекунад. Такмил додани сиёсати дохилӣ ва берунии иктисодии давлат бо мақсади пешбарӣ ва хифзи манфиатҳои миллӣ дар бозори ҷаҳонӣ аз ҷумлаи ҳамин ҷомеаҳоянд.
Таърихи Иттиҳоди Аврупо аз давраи баъди ҷанги дуюми ҷаҳон ва иродаи раҳбарони сиёсии он замон барои таъсиси «минтақаи сулҳу субот» оғоз меёбад. Бо ин роҳ Иттиҳоди Аврупо метавонад талаботҳои кишварҳои аъзоро қонеъ гардонад. Ҳадафи иттиҳод ҳамгироии кишварҳои Аврупо дар танзими бозори ягонаи иқтисодӣ, набудани назорати шиносномаҳо ва раводидҳо дар гузаргоҳҳои марзӣ ва истифодаи пули умумӣ мебошад. Аввалин сарчашмаҳои ба вуҷуд омадани ин иттиҳод аз давраи баъдиҷангии миёнаҳои асри бистум ба вуҷуд омад. Маҳз он вақт зарурати ором намудани кишварҳо, мубориза бо буҳронҳои сиёсӣ ва пешгирӣ намудани миллатгароӣ ба вуҷуд омада буд. Дар марҳилаи аввал шаш кишвари Аврупои Ғарбӣ (Белгия, Олмон, Фаронса, Италия ва Люксембург) тасмим гирифтанд, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти ватанӣ муттаҳид шаванд.
Дар соли 1957 мувофиқи қарордоди якум дар бораи барпо намудани Иттиходи Аврупо, ки мақсаду фаъолияти онро муайян мекунад, ба имзо расид. Аз ин пас давлатҳои ба ин иттиҳод аъзо ҳақ надоранд, ки аз доираи ин қарордодҳо берун бароянд, аммо ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки санадҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳатмиро ҳамчун сохторҳои миллии давлатӣ ба имзо расонанд. Аммо бояд зикр намуд, ки имрӯз аз рӯи тақсимоти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроияи назорат дар байни онҳо аслан барои муайян кардани талаботҳои хоси байналмилалӣ ва тартиботи ҳуқуқии дар давлатҳои аъзо ва ҷомеаи аз ҷониби онҳо таъсисёфта дар фаъолияти қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқ фаъолона иштирок мекунанд. Иштирокчиёни фаъоли иттиҳод давлатҳои пешрафтаи минтақа ба ҳисоб мераванд [5, с.203].
Хусусияти дигаре, ки дар ҳаёти мардуми минтақа пас аз ворид шудан ба Иттиҳоди Аврупо зоҳир мешавад, ин ҷалби фавқулоддаи шадиди системаи ҳуқуқии миллӣ дар тартиботи ҳуқуқии доимо амалкунанда мебошад. Дар ин ҷо як ҷамъияти маъмурӣ таъсис дода мешавад, ки бо мавҷудияти сатҳи идоракунии давлатҳо ва минтақаҳо тавсиф мешавад. Ҳар яки онҳо дар ташкили ҳаёти дохилии иттиҳодия нақши муҳим доранд. Метавон гуфт, ки ҳаёти дохилӣ ва салоҳияти давлатҳои узви иттиҳодия бо санадҳои меъёрию маъмурӣ ва уҳдадориҳои ҳуқуқии давлатҳо калон мебошанд. Ин хусусияти муҳими фаъолияти идоракунии Иттиҳоди Аврупо аст, ки онро аз дигар сохторҳои байналмилалӣ фарқ мекунонад. Чунин тарзи фаъолият моро водор мекунад, ки дар симои Иттиҳоди Аврупо мавҷуд будани падидаи барои созмонҳои байналмилалӣ ғайриоддӣ, яъне ягонагии маъмурию ҳуқуқӣ сухан гӯем [7, с.65].
Аз сабаби доираи васеи ваколатҳои худ, аз ҷумла ҳуқуқи мустақилона ташаккул додани имтиёзҳои худ аз тарафи ҷомеа, сохторҳои идоракунии аврупоӣ бо гузашти вақт ба сатҳи баландтарин дар тартиботи маъмурии Иттиҳоди Аврупо табдил ёфтанд. Чунин система бо гузашти вақт ташаккул ёфта, солҳо боз пурсамар амал мекунад. Табиати сиёсию ҳуқуқии давлатҳои Иттиҳоди Аврупо як хел мемонад ва ҷомеаҳои миллие, ки мо дар Иттиҳоди Аврупо хеле зиёд мебинем, ба амалияи минтақа ворид карда мешаванд. Оҳо ҳамеша бо шартномаҳои оинномавӣ муқаррар карда мешаванд ва давлатҳо ба он содиқанд. Ба ҳамин тариқ, аломатҳои ягонаи маъмурию ҳуқуқӣ ва тарзи фаъолияти махсус дар миқёси давлатҳои Иттиҳоди Аврупо инкишоф ёфтааст.
Аҳдномаи Лиссабон муқарраротро барои Иттиҳоди Аврупо таҷдид намуда, роҳбарияти мутамарказ ва сиёсати хориҷии минтақаро бештар муқаррар кард. Ин аҳднома як паймони байналмилалӣ мебошад, ки дар нишасти роҳбарони Иттиҳоди Аврупо 13 декабри соли 2007 дар шаҳри Лиссабони Португалия ба имзо расид. Аҳдномаи Лиссабон аз ҷониби 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, аз он ҷумла Ҷумҳурии Фаронса низ ба имзо расида, расман моҳи декабри соли 2009 пас аз ду соли ба имзо расиданаш, эътибор пайдо кард. Акнун ин қарордод ба Иттиҳоди Аврупо имкон медиҳад, ки дар арсаи байналмилалӣ аз номи ҳама давлатҳои ба он аъзо сухан гӯяд. Аз ин лиҳоз ҳамкориҳо ва алоқамандии Иттиҳоди Аврупо барои Фаронса ҳам аз ҷиҳати иктисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати геополитикӣ аҳамияти калон дорад. Ин вазъият дар хуҷҷатҳои асосии сиёсати берунии Ҷумҳурии Фаронса инъикос ёфтааст [10, с.3].
Иқтисоди Фаронса аз истихроҷ ва коркарди ангишту пӯлоди ҷамъияти аврупои дар соли 1951 ва саноати коркарди энергияи атомӣ дар соли 1957 ба мувафақиятҳои назаррас ноил гардид, ки бо ин дастовард Ҷумҳурии Фаронса тавонист худро дар минтақа ҳамчун давлати пурқудрат муаррифӣ намояд.
Пас аз қарордоди Маастрих дар соли 1992 фаъаолияти давлатҳои Иттиҳоди Аврупо се самти асосии зеринро ҳадафи асосии худ қарор додааст: [1, с.37] Самти якум бо вазъи иқтисодию молиявӣ, масъалаҳои байналмилалӣ ва сиёсати Иттиҳоди Аврупо алоқаманд мебошад. Самти дуюм фаъолияти иттиҳоди гумрукӣ, бозори ягонаи дохилӣ, ташкили иттиходи иктисодии минтақаро дар бар мегирад. Самти сеюм хамкорӣ дар сиёсати дохилӣ ва адлия мебошад. Шартномаи Маастрих барпо намудани сиёсати ягонаи берунӣ ва бехатариро эълон кард, ки он тамоми масъалаҳои марбут ба амнияти Иттиходи Аврупо, аз чумла тадриҷан ташаккул додани сиёсати умумии мудофиавиро дар бар мегирад ва метавонад дар оянда ба мудофиаи умумӣ оварда расонад. Фаронса, ки роҳбари асосии сиёсати бехатарӣ ва мудофиавии Аврупо мебошад, бо хар роҳ кӯшиш мекунад, ки амалиётро дар ин самт бо роҳи ба вуҷуд овардани воситаҳои зиёди касбӣ, расондани қушунҳо ва яроқу аслиҳа, инчунин оғози амалиёт ва пешрафти он тезонад.
Таҷрибаи Фаронса оид ба тағйир додани равишҳои бунёдии танзим дар соҳаи иктисодиёт ва раванди ғайридавлатигардонии бо он алоқаманд аз бисёр ҷиҳат барои тайёр кардани шароит, принсипҳои ташкил ва гузаронидани хусусигардонӣ, инчунин ба амал баровардани равандҳои танзим дар давраи пас аз хусусигардонӣ бештар нишон медихад. Равандҳои ташаккул ва тағйир ёфтани модели тараккиёти ҷамъиятию иқтисодии Фаронса дар охири қарнҳои XX ва XXI дар адабиёти хоричӣ васеъ инъикос ёфт [2, с.145].
Дар баробари ин як қатор хусусиятҳо ва проблемаҳои марҳалаи ҳозираи тараққиёти иҷтимоию иктисодии кишвар таҳқиқи муфассалтарро такозо мекунад, зеро замон кисми зиёди он чиро ки пеш аҳамияти калон дошт, тағйир дода, боиси падидаю тамоюлҳои нав мегардад. Фаронса узви пешбари Иттиҳоди Аврупо, буда барои таъмину инкишоф ва ташаккули сохтори он таъсири калон мерасонад. Фаронса узви давлатҳои Ҳаштгона ва Бистгона, муҳимтарин шарики стратегии ИМА дар НАТО, номзад ба аъзогии доимии вакили Амнияти Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида мебошад. Бо ҳамин асос ва бо назардошти гуфтаҳои боло ҳамкориҳо ва вобастагии Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Фаронса муҳим аст. Ҷумҳурии Фаронса барои таҳкими мавқеъаш дар арсаи чахонӣ, таъмини амнияти миллӣ, инчунин барои ҳалли проблемаҳои дохилии иктисодӣ ва таъмини амнияти байналхалкӣ ахамияти махсус пайдо мекунад [9, с.9].
Сиёсати Ҷумҳурии Фаронса ҳамчун ҳуқумати ташаббускор ва пешқадам аз ибтидои давраи интегратсия то имрӯз барои Аврупо нақши муҳим дорад. Сиёсати Фаронса дар доираи қонунҳои Иттиҳоди Аврупо равона карда шуда нуфузи худро чи дар ин иттиҳод ва чи дар тамоми ҷаҳон бо назардошти заминаи таърихӣ ва масъулияти доимии аъзои Амнияти Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида нишон медиҳад. Иқтисодиёти муосирро бидуни равандҳои танзимкунанда тасаввур кардан ғайриимкон аст. Танзими равандҳои иқтисодӣ барои таъмини сатҳи муайяни некӯаҳволии аҳолӣ, фаъолияти пурсамари механизми хоҷагидорӣ дар маҷмӯъ, ба эътидол овардани молия, рушди равандҳои инноватсионӣ зарур аст [4, с.56].
Дар сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Фаронса зиёдтар бо доштани яроқи ядроӣ дар миқёси минтақа аҳамият дода мешавад. Фаронса баъд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Руссия дар чаҳон сеюмин давлати ядроӣ мебошад. Зиёда аз чил сол боз иқтидори ҳастаии худро истеҳсолу асоснок карда, онро асоси сиёсати амниятӣ ва низомии худ мешуморад, ки ин ба давлат барои нигоҳ доштани мақоми қудрати ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Барои мубориза бо паҳншавии аслиҳаи қатли ом ва эҳтимоли истифодаи онҳо аз ҷониби сохторҳои террористӣ кӯшишҳои бисёр кишварҳоро ҳамоҳанг кардан лозим аст. Бо ҳамин асос, Фаронса бо мушкилоти таъмини иқтидори низомӣ ба дигар давлатҳо, бахусус шарикони Иттиҳоди Аврупо рӯ ба рӯ мешавад [5, с.203].
Пас аз роҳбари Иттиҳоди Аврупо дар соли 2022 эълон шудани Фаронса вазифадор карда мешавад, ки аз рӯи қонуни парлумони Шӯрои Иттиҳоди Аврупо чунин амал намояд:
- Тарғиби сулҳ ва некӯаҳволии шаҳрвандон.
- Эҳтиром ва дифоъ аз арзишҳои инсонӣ.
- Кафолати озодӣ, амният ва адолат ба шаҳрвандон дар дохили минтақа бидуни назардошти ҳудуди марзии дохилӣ.
- Рушд ва нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ ва сифати зиндагии кишварҳои узв.
- Мусоидат ба иттифоқ, бародарӣ ва ҳамбастагии кишварҳое, ки онро ташкил медиҳанд.
- Сиёсати экологӣ ва ҷустуҷӯи рушди устувор.
- Эҳтиром ва ҳифзи гуногунрангии фарҳангӣ ва забонии Иттиҳоди Аврупо.
- Пешрафти илм ва техника.
- Мероси фарҳангӣ ва табиии Аврупо.
Президенти мамлакат бо намояндагони 27 кишвари узви иттиҳод вомехӯрад. Онҳо дар маҷлиси машваратии шӯрои аврупоӣ манфиятҳои мамлакати худ ва Иттиҳоди Аврупоро барои як сол нақшабандӣ ва ҳимоя мекунанд. Аъзои Ҳукумати Фаронса ба муассисаҳои Иттиҳоди Аврупо, масалан Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Суди адлияи Иттиҳоди Аврупо ва Парлумони Аврупо ба шаҳрҳои Брюсел, Страсбург ва Люксембург барои муҳокима ва ҳимояи қарордодҳои президенти кишвар сафар мекунанд. Дар маҷлиси машваратӣ намояндагони Иттиҳод бо вазирони Ҷумҳурии Фаронса вохӯрӣ намуда, дар рафти мулоқот онҳо тибқи қоида манфиятҳои онҳоро ҳимоя мекунанд. Хар як вазорат намояндагии доимӣ дорад, ки дар ҳукумат кор мекунанд. Намояндагони доимӣ нафароне мебошанд, ки барои Аврупо қарордодҳоро қабул мекунанд ва барои соли 2022 онҳо аслан манфиятҳои соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ, аз қабили соҳаи кишоварзӣ ё саноати гуногуни Ҷумҳурии Фаронсаро ҳимоя мекунанд. Котиби генералӣ оид ба корҳои аврупоии ҳукумати Фаронса дар навбати худ аз болои намояндагони доимӣ тафтишот мебарад то ки онҳо масъалаҳои баррасинамудаи президенти ин кишварро, ки барои Аврупо манфиятовар аст, ҳимоя кунанд. Дар парлумони Аврупо 705 вакил фаъолият мекунанд, ки ба қонунҳои Аврупо овоз медиҳанд. Онҳо аз тарафи сокинони ҳар як кишвари узв ҳамчун вакил интихоб мегарданд. Дар Ҷумҳурии Фаронса бошад, 79 вакил фаъолият мекунанд, ки дар парлумони Аврупо Фаронсаро намояндагӣ мекунанд. Хамаи аъзоёни давлатхои Иттиходи Аврупо ҳуқуқ доранд, ки дар бораи қарордодҳои қабулкардашуда фикри худро баён намоянд. Онҳо метавонанд дар қонунҳои қабулкардашуда тағйиру иловаҳо ворид намоянд [9, с.26].
Бо назардошти вазъи иқтисодии ҷаҳони муосир гуфтан ҷоиз аст, ки Фаронса метавонад дар Иттиҳоди Аврупо мавқеи асосиро ишғол намуда, дар роҳбарии худ ба таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа мусоидат намояд. Шояд бо ҳамин сабаб бошад, ки тибқи гузориши расонаҳои хабарӣ, президент Эмануел Макрон барои ҳалли қазияи Украина мехоҳад бо президент Владимир Путин дар Маскав мулоқот намояд. Хулас, мо умедворем, ки роҳбари Фаронса дар раёсати Иттиҳоди Аврупо бо назардошти авзои муҳими сиёсии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва фарҳанги ғании он, ки яке аз поягузорони тамаддуни муосир аст, дар ниҳояти кор бо равандҳои ҳамгироӣ ва рушди кишварҳои Итиҳоди Аврупо мусоидат ҳоҳад намуд.
Руйхати адабиётҳо:
- Jean-Michel Decroly. Le tourisme comme expérience: Regards interdisciplinaires sur le vécu touristique, Presses de l'Université du Québec-37 pages
- De Hervé Beaumont, Asie centrale: Le guide des civilisations de la route de la soie - Paris, 1993,- pages. 145. Эғве Бомонт, Осиёи марказӣ, таммадуни роҳи бузурги абрешим. Париж-1993, с.145
3 Ашуров,А.М. Ценральная Азия и Франция: новый этап сотрудничества (краткий сравнителный анализ многостроннего сотрудничества) /А.М.Ащуро-Душанбе: «ЭР-граф»,2018. с.145
- Колониальный вопрос в политической жизни Франции в 80-е годы XIX века. АВТОРЕФЕРАТ диссертации на соискание ученой степени кандидата исторических наук, Москва-2010, с.56
- Борко. Ю. Расширение и углубление еврапейской интеграции// Мировая экономика и международные отношение. -2004, с. 11-12.
- Дусчанов Р. О возможности использования опыта интеграции стран Западной Европы государствами ЦА. Центральная Азии и Кавказ, 2003,5(29), с.203
- Майтдинова Г.М. Состояние и перспективы сотрудничества Евпросоюза и республики Франции. Европейский Союз и Франция–состояние и перспективы сотрудничества. Материалы конференции
- Ҳадафҳои Ҷумҳурии Фаронса дар минтақаи Аврупо [Манбаи электронӣ]. https://www.gazeta.ru/politics/news/2022/01/01/17092015.shtml (Санаи дастрас: 03.02.2022).
9.Иттиҳоди Аврупо [Манбаи электронӣ]. URL: http://vfmgiu-europeen.ru/ponyatie_celi_funkcii_eurosouza_001/znachenie_eurosouza_002/index.html (Санаи дастрас: 02.02.2022).
- Ҷумҳурии Фаронса ва иқтисоди Аврупо [Манбаи электронӣ]. https://www.dw.com/ru/francija-stala-predsedatelem-soveta-es/a-60306166 (Санаи дастрас: 05.02.2022).
Баҳриддинзода Парвиз
ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка