Роҳи интихобнамудаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Соли 2020 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соли таърихӣ арзёбӣ карда мешавад, дар ин сол дар мамлакат ду маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ин ду раванд аз нигоҳи сиёсӣ ва таърихӣ пайвастагӣ ба сарнавишти миллату давлат дорад. Инак, ҳар ду маъракаи муҳим дар фазои солим, озод, демократӣ, шаффоф ва ҳамдиливу ягонагӣ ҷамъбаст гардид. Чанд рӯз қабл, аниқтараш рӯзи 30.10.2020 маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби кишвар баргузор шуд. Дар мавриди фазои ин маросим фақат як нуктаро қайд намудан кифоя аст, ки ин чорабинии муҳимми сиёсӣ дар сатҳи баланд баргузор гашта, ҳар як шаҳрванд дар ин рӯз соҳибҷашн буд. Чун роҳбари арзандаи худро интихоб намудаанд ва он роҳбар дар назди халқи худ эълони садоқати худро изҳор дошт. Дар воқеъ тантанаи маросими савгандёдкунӣ ва хурсандии мардум дар он рӯз шукӯҳу шаҳомати бузургеро фарогир буд.
Ҳамчунин, масъалаи муҳим дар ин маросим садоқати Пешвои миллат ба халқи Тоҷикистон буд. Камина пеш аз ҳама, чун шаҳрванди Тоҷикистон ва баъдан чун таҳлилгар дар мавриди маросими савгандёдкунии Президенти Тоҷикистон чанд мулоҳизаеро баён медорам:
  1. Дар маросими савгандёдкунӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо барномаи рушдмеҳвар суханронӣ намуданд, ки ин шаҳодати талошҳои созандаи Роҳбари давлат мебошад. Аз ҳамин суханронӣ маълум гардид, ки дар воқеъ миллати тоҷик интихоби дуруст намудааст. Ва гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат дар ҳафт соли оянда рушди устувори худро пурра таъмин хоҳад кард. Мазмуни суханронии Пешвои миллат саропо ҳадафҳои муҳимми миллиро фаро гирифта буд. Бо итминони комил метавон таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар ҳафт соли оянда зери сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ба дастовардҳои бузургтар ноил мегардад.
  2. Дар ин маросими савандёдкунӣ бори дигар исбот гардид, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ Президенти мардумӣ мебошанд. Чун ҳамеша шаҳрвандон мушоҳида намуданд, ки Президенти ҷумҳурӣ сарвари сулҳофар ғамхору ҳамдили тамоми мардум мебошад. Тавре худи Пешвои миллат зикр намуданд, ки ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон ҳастам, ки аз байни мардум баромадаам ва барои мардум хизмат намуда истодаам ва то охирон нафас барои миллатам содиқона хизмат менамоям. Ин мафҳум моҳиятан, Президенти мардумӣ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода мекунад.
Умуман, аз раванди интихобот як хулоса намуда, чунин андешаро бояд ҳар як шаҳрванди огоҳ пайваста баён намояд, ки "Шукр, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шукр, ки Пешвои хирадманду оқил ва соҳибмаърифату далер дорем".
Таърих шахсиятҳои зиёдеро дар хотир дорад, ки бо амалу хизматҳои созандаашон дар назди халқ обрӯманду соҳибэҳтиром гашта, номашон дар саҳифаҳои тиллоии таърихи ҷаҳон ҳаккокӣ шудааст. Ақидае ҳаст, ки тамаддунро шахсиятҳои бунёдкор ва сулҳофар шакл медиҳанд ва маҳз онҳо самти маҷрои рӯйдодҳои таърихро муайян мекунанд. Яъне олам маҳз бо таъсири одам ташаккул ёфта, пешрафт мекунад.
Ҳумайро Накҳати Дастгирзода дар бораи Пешвои миллат чунин навиштааст: «Ман ду абармарди таърихро медонам, ки ба қавлашон амал кардаанд. Яке Ҷалолиддини Балхӣ, ки байни нажоди гуногун фарқ нагузоштанро талқин кард ва худ пеш аз ҳама ба қавлаш амал кард. Ва дувум Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба ҳар чи гуфт, амал кард».
Академик Ключевский В.О. дар бораи шаҳомат ва ҷасорати миллатҳо суханони ҳикматомезе дорад: «Яке аз нишонаҳои хоси халқи бузург қобилияти баъди афтодан бархостан аст.  Ҳарчанд таҳқири дидааш гарон ҳам бошад, соате фаро мерасад, ки ӯ тавонашро баҳам оварда, дар симои як ё якчанд нафар мардони бузург амалӣ месозад ва он як ё якчанд нафар халқро ба роҳи рости таърихии муваққатан таркардааш бармегардонанд».
Тоҷикистони пасошӯравӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамон тақдиру масиреро паймуд, ки аз афтодану бархостанҳо иборат буд. Давлат парешон, мардум дарбар, иқтисод варшикаста ва  дар ҷомеа ҳукми фарди  силоҳдор ҷорӣ буд, ки қонунпазир ва масъулиятшинос набуд ва дар ҷони ҳаммилати худ ҳарису бадгумон буд. Хотирагоҳи ҷомеа ғанист, вале сад афсӯс на ҳама ҳоло ёд доранд, ки дар кадом ҳолати риққатбор будем, чӣ сарнавишти талхе моро интизор буд?  
Роҳи муҳтарам Президент аз қалби мардуми одӣ мегузарад. Ин роҳест пуршараф. Ин роҳ ба сарманзили мақсуд ба осонӣ нарасидааст. Пурмашаққат ва мушкилзо будааст. Чун киштии шикаста, давлати харобро гирифту ба он рӯҳу ҷон бахшид, тавонманд сохт, дар анбӯҳи муноқишаҳои шадиди миллатзудоӣ онро рақобатпазир кард.
Тоҷикистони соли 2020 – кишварест дар сари пойи худ истода, давлатест - улгӯи тоҷикони дунё ва оғозгоҳи Ватанест, ки садҳо сол халқ дар орзуяш будааст. Ин гавҳараки чашмест барои тоҷик азиз, ин порае хокест, ки онро муқаддас мешуморанд.
Дар саргаҳи равандҳои давлатсозӣ абармарде ҷилвагар аст, ки ҳамаро вақфи ин равияи сарнавиштсоз кард. Номи ин марди даврон Эмомалӣ Раҳмон аст. Тамоми дунёро гашт, ба ҷойҳои хатарноки ҷаҳон сафар кард, бо дӯсту душман муросо намуд, то тоҷик аз вартаи ҳалокат эмин барорад, хандаро бар лабони ранҷкашида ва яхбасати халқ биёрад.   
Агар гӯем, ки тақдири миллати тоҷик ва халқи Тоҷикистон, инчунин сарнавишти давлатдории навини мо ба шахсияти Роҳбари давлат, сарвари одилу фарзона, фарзанди солеҳу содиқи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии бевосита дорад, хато нахоҳем кард. Зеро дар тӯли роҳбарии ин марди шариф, ки се даҳсоларо дар бар мегирад, Тоҷикистони ҷавон ба дастовардҳои таърихӣ ноил гардид. Хизматҳои бузурги Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиrлолӣ анҷом доданд, тамоми ҷаҳон эътироф намудааст.
Агар он ҳама каҳрамониҳо ва корнамоиҳои Пешвои миллатро зикр карданӣ шавем, зарурати навиштани чандин ҷилд асару китоб пеш меояд. Аммо таърихи Тоҷикистон 7 корнома ё худ 7 хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳифаи худ бо ҳуруфи заррин сабт намудааст, ки инҳо мебошанд:
  1. Ҳифзи истиқлолият ва эъмори давлати миллӣ;
Дар давраи ба сари ҳокимият омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар огози солҳои 90-уми асри гузашта бо сабаби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Истиклолияти давлати ҷавони Тоҷикистон зери хатар rарор дошт. Маҳз бо иродаи сиёсӣ ва каҳрамонии  Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанг дар кишвар хомўш гашт, Истиклолияти давлатӣ ҳифз гардид ва бинои давлатдории миллӣ шакл гирифт.
  1. Таъмини сулҳу оромӣ ва осоиштагӣ;
Яке аз хизматҳои дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз тарафи тамоми коршиносон ва доираҳои таҳлилӣ эътироф шудаву баҳои баланд гирифтааст, ин хотима додан ба ҷанг, таъмини сулҳу оромӣ ва осоиштагӣ ба ҳисоб меравад. Сулҳи тоҷикон, ки бо ташаббуси Сарвари кишвар ба даст омад ва заминаи осудагии мардум гашт, намунаи беназири ба ҳам овардани тарафҳои даргир баҳогузорӣ гардидааст.
  1. Баргардонидани гурезаҳо ба ватан;
Ҷанг дар кишвар сабаби гуреза гардидани миллионҳо нафар шуд. Аҳолии осоиштаи Тоҷикистон аз хатари ҷанг ба кишварҳои ҳамсоя гуреза шуданд. Маҳз бо даъват ва ваъдаи дастгирии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми гурезаҳо ба макону манзили хеш баргаштанд ва зиндагии орому осоиштаи худро идома доданд.
  1. Дастгирии ятимон;
Дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон нафар фарзандони халrи тоҷик талаф ёфтанд ва ҳазорони дигар ятиму бесаробон монданд. Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону бепарасторонро, ки амали инсондўстона ба шумор меравад, дар мадди назари худ карор доданд ва онҳоро зери ҳимояи давлат гирифтанд. Ин амал нишонаи адлу гуманизми баланди Сарвари тоҷикон ба ҳисоб меравад;
  1. Муаррифии давлату миллат дар ҷаҳон;
Тоҷикистони соҳибистиқлоли ҷавон бо кушишу ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кўтоҳ дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шуд ва миллати тоҷик мавқеи худро дар ҷаҳон пайдо кард. Имрўз Тоҷикистонро маҳз бо ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат мешиносанду эҳтирому эътироф мекунанд
  1. Пайвандгари тамоми минтақаҳои кишвар;
Тоҷикистон аз ҷиҳати географӣ минтақаи мураккаб аст. Қисми зиёди кишварро кўҳсор ташкил медиҳад. Ин омил робитаро байни минтақаҳои кишвар душвор намуд. Ҳамин буд, ки Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадан аз бунбасти комуникатсиониро ба ҳадафи стратегӣ табдил доданд ва дар муддати кўтоҳ робитаро байни тамоми минтақаҳои кишвар барқарор намуданд.
  1. Ташаббускори бунёди кохи нур;
Сохтмони иншооти бузурги аср, тарҳи нодири гидроэнергетикӣ - НОБ Роғун ва расидан ба истиклолияти комили энергетикӣ низ яке аз ормонҳои асосии халқи Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки маҳз бо ташаббус ва иродаи устувори Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Бунёди НОБ-и Роғун бузургтарин дастоварди Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар саргаҳи ташаббуси сохтани он Савари кишавар меистанд.
7 каҳрамонӣ ё хизматҳои таърихие, ки Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар замони сарварии худ барои халқи Тоҷикистон анҷом додаанд ва мо онҳоро зикр намудем, гувоҳи он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихсоз ва тамаддунофар ҳастанд.
Оре, баъди солҳои тӯлонӣ Президенти Тоҷикистон аввалин Сарвари миллат ҳастанд, ки дарсҳои нахустини худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастиро дар китобҳои «Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва суханрониҳояшон ба мардум талқин карданд ва онро ба роҳи ростин раҳнамун сохтанд.    

         Ин ро
ҳ, ки бар тани Ватан шарён аст,
         Роҳи шарафи Эмомалӣ Раҳмон аст. (Гулназар)


 Раҳмонзода Азимҷон,
муовини директор оид ба илм ва таълими Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ