Муаллиф: ИОМДОА
Матлаби зерин дар сомонаи www.japantimes.co.jp нашр шудааст, ки воқеияти бозори меҳнати Ҷопонро дар ҳоли ҳозир ва ояндаи наздик нишон медиҳад. Ин як раҳнамои хубест барои онҳое, ки дар андешаи интихоби касб ҳастанд ё касби худро дигар кардан мехоҳанд. Касби барномасозии компютерӣ имкониятҳои хуберо дар даҳсолаи оянда фароҳам оварда метавонад. Ҷопон ба IT-мутахассисон эҳтиёҷ дорад ва ин эҳтиёҷ дар даҳсолаи оянда ба маротиб зиёд мешавад. Ин имконияти хубест барои ҳамкории мутахассисони тоҷик бо ширкатҳои ҷопонӣ.
Мутахассисон аз Ҷопон ва Ҳиндустон дар ҳамоиши техникии Токио сари ояндаи ҳамкориҳо дар соҳаи Технологияҳои иттилоотӣ табодули афкор намуданд.
Дар ҳоле ки бозори дохилӣ ба норасоии муҳандисон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ рӯ ба рӯ аст, Ҷопон ба Ҳиндустони саршор аз истеъдодҳо дар ин соҳа чашм андухтааст, то ки барои ҷомеаи “Интернети чизҳо”-и пешбинишуда тайёрӣ мебинад.
Дар ҳамоиши Ибтикори технологии Бангалор-Токио, ки дар Митано Води Токио баргузор шуд, сиёсатмадорон, донишмандон ва кормандони давлатии Ҷопон ва Ҳиндустон ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи технологияҳои иттилоотиро (IT) мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷопон ва Ҳиндустон метавонанд “як ҷуфти муносиб” дар ростои амалӣ кардани як ҷомеаи “Интернети чизҳо” бошанд, ҷомеае? ки дар он бисёри асбобҳо ба интернет пайваст ҳастанд, мегӯяд Татсуя Теразава, директори Бюрои тиҷорат ва сиёсати иттилоотии Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон, ки дар ҷаласа суханронӣ кард.
Истеҳсоли маҳсулоти баландсифат яке аз вижагиҳои Ҷопон аст, аммо ин кишвар IT-муҳандисони кофӣ надорад, ки рушди нармафзорҳоро барои технологияҳои “Интернети чизҳо” таъмин кунад. Аз тарафи дигар, қудрати Ҳинд дар рушди босуръати IT-старапҳо мебошад, дар ҳоле ки дар истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ ба монанди Ҷопон қавӣ нест, мегӯяд Теразава ва илова мекунад, ки ҳамкориҳои миёни ду кишвар имкон фароҳам меоранд, ки заминаи саноатии қавие сохта шавад, ки бо абарқудратони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба монанди Чин рақобат намояд.
Тадқиқоти соли 2016-и вазорат нишон медиҳад, ки соли 2015-ум дар Ҷопон 171 ҳазор мутахассиси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ намерасид ва ин рақам метавонад то соли 2030-юм то ба 790 ҳазор мерасад. Дигар тадқиқот, ки аз ҷониби Агентии дастгирии технологияҳои иттилоотии Ҷопон гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки наздик ба 87 дар сад аз 1221
IT-шиткатҳои ҷопонӣ аз норасоии мутахассисони барномасоз танқисӣ мекашиданд.
“Умедворам ин ҳамоиш нуқтаи атфе мегардад, ки имкониятҳои бузургеро барои ҳамкориҳо миёни Ҷопон ва Ҳинд фароҳам месозад”, мегӯяд Терезава.
Дар ҳамоиш 200 иштирокчӣ аз 90 ширкат, донишмандон, кормандони давлатӣ ва ғайра аз Ҷопон ҳузур доштанд. Ҳамчунин ин ҳамоиш 22 иштирокчиро аз IT-стартапҳои Ҳинд аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла ҳамлу нақл, зеҳни сунъӣ, тиб, кишоварзӣ, Fintech ва тиҷорати SPACE ҷалб карда, ба онҳо имконияти ҳамкорӣ бо сармоядорони Ҷопонро фароҳам овард.
Ҷопон барои Ҳинд як самоягузори ҷолибе шинохта шудааст, ки муносибатҳои қавии дипломатиро муддати тулонӣ нигаҳ доштааст, мегӯяд Р. К. Мисра, намояндаи Корнеҷӣ-Ҳинд, ки ҷаласаро раҳбарӣ мекард. Вале чолишҳо боқӣ мемонад, чун бисёре аз ширкатҳои ҷопонӣ Ҳиндро кишвари ақибмондае мешуморанд, ки бо он тиҷорат кардан мушкил аст, новобаста аз зуҳури босуръати IT-шиткатҳои қавӣ, мегӯяд ӯ. Ӯ илова кард, ки “агар шумо воқеан Facebook-и оянда ё Google-и ояндаро соҳиб шудан хоҳед, он аз Ҳинд хоҳад омад. Агар шумо аз ҳоло сармоягузорӣ накунед, онро аз даст хоҳед дод. Ягон омиле вуҷуд надорад, ки Ҷопон ва Ҳинд бо ҳам ҳамкорӣ накунанд”.
Ҳамоиш аз ҷониби Бунёди сулҳи Сасакава дар Токио ва Корнеҷӣ-Ҳинд дар Деҳлӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин Вазорати саноат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Созмони тиҷорати хориҷии Ҷопон ва Сафорати Ҳиндустон дар Ҷопон аз он ҳимоят карданд.
Тарҷумаи
Меҳр Собириён