Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул
РОҒУН - НУРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИК
«Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».
Эмомалӣ Раҳмон
Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик истиқлоли давлатӣ мебошад. Маҳз истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёду соҳибмаърифати тоҷик имкон фароҳам овард то ба ормони деринаи хеш сазовор гардад. Расидан ба Истиқлол дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди давлати навини мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эљоди аркони давлатдории муосирро гузошт.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳалли масъалаи энергетика ва таъмини кишвар бо неруи барқ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин замина бояд тазаккур дод, ки имрӯз бунёди НБО Роғун шарафу номуси миллати куҳанбунёду тамадунпарвари тоҷик буда, аз сифати созандагии тоҷикон дарак медиҳад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ба сӯйи бунёди ин иншооти бузурги қарн далеронаю хирадмандона қадам ниҳоданд.
Оғози ба кор андохтани НБО-и Роғун муҳимтарин рӯйдоди таърихи нави давлатдории халқи тоҷик буда, дар солномаҳои таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.
Ёдовар мешавем, ки тарҳи НБО-и Роғун ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70 - уми асри XX ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонии он соли 1976 оғоз гардидааст. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа, корҳои омӯзишӣ дар ин ҷо солҳои 1933 ва 1938 сурат гирифта, аз рӯйи ташхиси олимон муайян гардидааст, ки мавзеи мазкур барои сохтмони нерӯгоҳи пуриқтидор хело мусоид мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки дар солҳои 50-70-уми асри ХХ роҳбарияти давлати шуравӣ аз ҳар ҷиҳат барои сохтмони неругоҳҳои истеҳсоли барқ таваҷҷуҳ зоҳир менамуд, зеро барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза барои рушди хоҷагии халқ аҳамияти калон дошт[1].
НБО-и Роғун сохтмони бузурги аср ба ҳисоб рафта, бо 335 метр баландӣ яке аз баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Аммо бо сабабҳои маълум сохтмони НБО-и Роғун дар ибтидои солҳои 90 -ум боздошта шуда буд. Соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони муосир ва стандартҳои бехатарӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳа ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат намуд. Барои корҳои барқарорсозӣ, сохтмону васлкунии неругоҳи барқи обии Роғун аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои мушаххаси амалӣ меандешад.
16 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва корпуси дипломатӣ аввалин агрегати НБО-и Роғун ба истифода дода шуд.
Боиси ифтихормандии бузург аст, ки дар рӯзи ҷашни 28-умин солгарди истиқлоли давлатии кишварамон, 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми НБО Роғун мавриди истифода қарор гирифт. Дар назар аст, ки агрегати сеюми НБО Роғун соли 2025 ба кор дароварда мешавад [2].
Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бори дигар рӯ овардану ҷон бахшидан ба ин иншооти бузурги аср тақозои замон мебошад. Ҳар як фарди худшиносу худогоҳу ҳувиятсози миллат аз бунёди чунин иншоот ифтихорманд буда, сохмони НБО-и Роғунро нишон аз созандании миллат ва фарҳанги қадимаи тоҷикони худогоҳ мешуморад.
Дар ҳақиқат НБО-и Роғун иншооти тақдирсози миллати тоҷик буда, омили некуаҳволӣ маҳсуб меёбад. Чунки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда талаботи аҳолиро пурра таъмин карда, ба рушди иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ медиҳад. Рушди соҳаи энергетика дар тараққии устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ва махсусан барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - индустрикунонии босуръати кишвар нақши асосӣ дорад.
НБО Роғун ҳаҷми истеҳсоли неруи барқро баланд мебардорад ва барои рушди истеҳсолот муфид аст. Инчунин аҳолиро бо қувваи барқ таъмин менамояд. Дар навбати худ шаъну эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад.
Бояд гуфт, ки ба пуррагӣ бунёд намудану ба истифода додани НБО-и Роғун барои расидан ба истиқлоли комили энергетикии кишвар шароит фароҳам меорад ва барои захира намудани манбаи бузурги оби нушокӣ имконият медиҳад. Ҳамзамон, қувваи барқи истеҳсолшавандаи НБО Роғун барои кишварҳои дигар бо нархи арзон дастрас мегардад. Пушида нест, ки обанбори ин неругоҳ дорои имконияти нигоҳ доштани захираҳои бузурги об аст.
Тоҷикистон кишварест, ки ягон ҳамсояро бе об намегузорад, ин нуқтаро борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, БРИКС ва дигарон иброз намудааст.
НОБ Роғун ифтихори миллати созандаи тоҷик буда, бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки ҳангоми ба пурагӣ ба истифода додани ин неругоҳ миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ бурун гашта, зиндагии мардум маҷрои навро мегирад. Бо ба итмом расидани бунёди ин неругоҳи бузург манфиати он натанҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки ба дигар давлатҳои минтақа низ мерасад.
Ин неругоҳ ифтихори миллати тоҷик мебошад, чунки дар тӯли солҳои истиқлоли давлатӣ сохта шуда, имрӯзҳо давра ба давра ба истифода дода мешавад. Ҳангоми истифодабарӣ аз ин иншооти муҳташами аср, ҳатман миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ мебарояд. Зиндагии сокинони кишвар боз ҳам беҳтару ободтар ва деҳоту ноҳияҳову шаҳрҳои Тоҷикистони азизамон чароғонтар мешавад.
Тибқи маълумоти мутахассисон, баъди ба кор андохтани ҳамаи шаш агрегати Роғун соле 13-17 миллиард киловатт-соат кувваи барқ ҳосил карда мешавад. Ин қариб баробар ба маҳсулоти солонаи ҳамаи неругоҳҳои барқи- обии дар Тоҷикистон мавҷудбуда аст.
НОБ Роғун як навъ роҳи абрешим барои неруи барқ аст, ки Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро мепайвандад. Ҳамзамон, вазифаи дигари он танзими ҷараёни об мебошад. Бе иштибоҳ метавон гуфт, ки Роғун мактаби бузурге мебошад, ки ба мутахассисони маҳаллӣ имкон медиҳад, то дар ин соҳа малакаю маҳорати худро қавӣ намуда, соҳибкасб гардида, мутахассис шаванд ва дар оянда ин таҷрибаро дар дигар кишварҳои ҷаҳон истифода баранд.
Тавре, ки маълум аст, сохтмон ба ду марҳила тақсим мешавад. Якум сохтмони сарбанди 1110 метрро дар бар мегирад, ки ду агрегати 200 МВт ба кор медароянд, ки ин 16 ноябри соли 2018 ба вуқуъ пайваст. Марҳилаи дуюм то 1300 метр баланд бардоштани сарбанд аст, сипас тадриҷан то соли 2028 боз чаҳор турбинаи иқтидори ҳар кадом 600 МВт ба кор андохта, ду турбинаи аввал то 600 МВт зиёд карда мешавад. Ҳамин тариқ, иқтидори умумии НБО-и Роғун то анҷоми сохтмон 3600 МВт хоҳад буд. Таҷҳизоти НБО-и Норак, ки дар поёноби Вахш воқеъ аст, тадриҷан фарсуда шуда, барқароркуниро талаб мекунад. Дар сурати боздоштани кори як агрегат дар он ҷо, ки 200 МВт аз даст додани неруи барқро ташкил медиҳад. Ин хароҷоти Роғунро мепӯшонад. Ҷанбаи дигари муҳим ин идоракунии таҳшинҳо (шағалҳо, қумҳо, сангҳо), ки тавассути дарёи Вахш мебурд, мебошад. Ин дар як сол тақрибан 80 миллион мукааб метрро ташкил медиҳад. Лоиҳаи сарбанди НОБ Роғун аз ин таҳшинҳо муҳофизат карда, бо ҳамин муҳлати кори НОБ Норакро дароз мекунад. Ӯзбекистон сарфи назар аз мавсим ба қадри зарурӣ об хоҳад дошт. Ин дар шартномаи НБО Роғун, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба имзо расида, баъд аз он ҳамаи тарафҳои манфиатдор тасдиқ кардаанд, дохил карда шудааст. Мо ҷомеаи ҷаҳониро мутмаин сохтем, ки Роғун як макони амн аст ва ба ҳамаи кишварҳои поёноб фоида меорад. Ҳама уҳдадориҳое, ки Тоҷикистон дар робита ба неругоҳи Роғун гирифтааст, пурра иҷро мешаванд.
Сохтмони сарбанди 335-метраи сангреза НОБ-и Роғунро ба баландтарин неругоҳи барқии обии ҷаҳон табдил медиҳад. Ва иқтидори он 3600 МВт бузургтарин дар Осиёи Марказӣ аст. Шароити мураккаби табиӣ низ лоиҳаро беназир мегардонад. Зилзила, дараи танги кӯҳӣ, хавфи сел, қабати намаки санг, ки дар пояи сарбанд хобидааст, ҳамаи ин усулҳои махсуси лоиҳакашӣ ва техникиро талаб мекард. Масалан, маҳлуле ёфт шуд, ки аз ҳал шудани намак пешгирӣ карда, бехатарии тамоми сохторро таъмин мекунад. Чунин ҳодиса дар ягон ҷойи ҷаҳон рӯй надодааст.
Муҳим он аст, ки неругоҳи барқи обии Роғун метавонад Тоҷикистонро дар содироти неруи барқ нисбат ба кишварҳои ҳамсоя пешсаф гардонад. НБО Роғун ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд кунад.
Дар назар аст, ки 50 дарсади иқтидори НБО Роғун дар дохили кишвар истифода шуда, 50 дарсад ба хориҷ содирот мешавад. Нархи як киловатт-соат барқи НБО Роғун 1,5-2 дирам мешавад. Барои муқоиса нархи неруи барқи стансияҳои электрикии аловӣ ин рақам 4-5 дирам, дар стансияҳои электрикии атомӣ 5-6 сентро ташкил медиҳад. Бешубҳа, неругоҳи барқи- обии Роғун дар муқоиса бо дигар навъҳои тавлидкунандаи неру бештар фоидаовар аст.
Бисёриҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа татбиқи ин тарҳро ғайриимкон меҳисобиданд. Ва инак, мо ин кори бузургро анҷом додем. Албатта, ҳисси ифтихори бузург - ҳам барои худам ва ҳам барои ҳамкасбонам, он тоҷиконе, ки дар ин сохтмон бо онҳо бародарӣ кардаам. Бе ин гуна бародарӣ душвориҳоеро, ки дар ин сохтмони нодир ба мо пеш омад, бартараф кардан мумкин набуд, иброз намудаст дар сӯҳбат бо Шариф Ҳамдампур сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон», Жан-Франсуа Норманд, сармуҳандиси консорсиуми «Трактебель-Электроконсалт», (Consortium “Tractebel-Electroconsult) масъули марҳилаи ниҳоии сохтмони нерӯгоҳи Роғун [3].
Дар баробари гуфтаҳои боло, метавон иброз дошт, ки истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар таърихи миллатамон пирўзии бузург маҳсуб меёбад. Истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хоси рушди кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дар ин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем. Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлол кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳояш кори аз он ҳам душвортар аст[4].
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа
Сарчашма:
1. Наҷмуддинов Т. А., Роғун - сарчашмаи нур. Манбаи электронӣ:
ttps://tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=4019:2023-01-19-08-53-22&catid=101:pajuhish&lang=tj&Itemid=. Санаи муроҷиат: 09.04.2024с.
2. https://sputnik.tj/.../Malum-shud-agregati-seyumi-NBO.... Санаи муроҷиат: 08.04.2024с.
3. Рогунская ГЭС - новая сила Таджикистана. Манбаи электронӣ: https://pressa.tj/rogunskaya-ges-novaya-sila-tadzhikistana/. Санаи муроҷиат: 02.05.2024с.
4. Сайидзода З. Ш. Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. - 464 саҳ.
Бознашр: https://www.amit.tj/tj/rogun-nuri-istikloli-tochik