Муаллиф: ИОМДОА
“Мо таъмини сулҳу суботро дар Афғонистон омили амнияти кишвари худ ва тамоми минтақа медонем”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари осиёӣ, дар мавқеи муҳими геополитикӣ ҷойгир аст. Дар равандҳон сатҳи минтақавию байналмилалӣ иштироки фаъол карда дар ҳаллу фасли мушкилоти минтақа низ саҳмгузор мебошад. Дар ин росто муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя, қабл аз ҳама бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бештар доранд. Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Афғонистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ дар таъмини рушди бемайлони иқтисоди кишвар, сулҳу субот ва амнияти минтақа мебошанд, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Ба хусус, робитаҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо Афғонистон, ки ҳамчун кишвари сотсиалистӣ ҳисоб мешуд, дорои ҷанбаи фарҳангӣ буда, бо рафтуомадҳои гурӯҳҳои мусиқӣ, ҳунарӣ ва шоирону нависандагони ду кишвар маҳдуд мешуд. Махсусан, пас аз инқилоби Савр дар соли 1978 ва вуруди Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон сатҳи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон рушд ёфт. Дар ин давра сафарҳои мутақобилаи ҳунарии овозхонону сарояндагони шинохтаи тоҷику афғон дар шинохт ва наздикии бештари мардуми ду кишвар нақши зиёд бозидааст. Дар солҳои 80-уми асри гузашта маъруфтарин овозхонони хориҷӣ дар Афғонистон сарояндагони тоҷик буданд. Албатта, мавҷудияти муносибатҳои расмии ду кишвар дар замони шӯравӣ заминаи фароҳам шудани падидаҳое буд, ки ҳанӯз мавриди омӯзишу мутолиаи коршиносон қарор нагирифтаанд. Дар он солҳо ҳузури садҳо нафар мушовир, тарҷумон, афсар ва сарбози тоҷик дар сохторҳои мухталиф ва Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон, ки ба таври рӯзмарра бо мардуми он тамос доштанд, имкони ошноии лозими тоҷикони муқими Афғонистонро бо ҳамтаборони ин тарафи дарёи Омӯ ба миён овард. Донистани мавҷудияти ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон ва ҳарф задани аҳолии он бо забони тоҷикӣ барои хеле аз сокинони одии Афғонистон падидаи хушҳолкунанда ва ҳувиятдиҳанда буд. Аз сӯи дигар, ҳузури сершумори мутахассисони тоҷик дар Афғонистон низ ба рӯҳияи худшиносии миллии онҳо ва махсусан таваҷҷӯҳ ба асолат ва покиза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ таъсири мусбат дошт.
Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 июли соли 1992 барқарор гардидаанд. Дар ҳошияи татбиқи Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек, мулоқоти президентҳои ду кишвар солҳои 1993, 1996, 2001, 2002, 2004, 2006, 2007, 2008, 2009, 2014 ва 2018 дар Тоҷикистон ва солҳои 1993, 1995, 2005 ва 2010 дар Афғонистон баргузор гардида, дар ҷараёни он вохӯриҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Дар натиҷаи ин мулоқотҳо беш аз 50 санад имзо шудааст, ки онҳо барои густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар заминаи устувор гузоштаанд. Ба хотири таҳкиму тавсеаи беҳтари ҳамкориҳо ва робитаи доимӣ дар ҳарду кишвар намояндагиҳои дипломатию консулӣ фаъолият доранд. Консулгарии Афғонистон дар Душанбе ҳануз соли 1990 кушода шуда, соли 1995 дар заминаи он Сафорат ба кор шурӯъ кард. Дар шаҳри Хоруғ консулгарии Афғонистон кушода шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Кобул моҳи январи сои 2002 ба фаъолият оғоз намуд. Дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод консулгариҳои Тоҷикистон фаъолият доранд. Ҷонибҳо ҷиҳати таъмини сулҳу амният ва бехатарӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ва мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тундгароии мазҳабӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд.
Қобили қайд аст, ки то ба имрӯз дар сарҳади байни ду кишвар 7 пул мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони як пули дигар давом дорад, ки он барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу транзитии Тоҷикистон ва Афғонистон аҳамияти муҳим доранд. Масъалаи таъсис додани нуқтаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон барои васеъ намудани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар асоси манфиати мутақобила, рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дӯстонаи байни ду кишвари ҳамсоя нигаронида шуда, ҳам ба манфиати иқтисодиёти кишварҳои ҳаммарз ва ҳам мардуми ин кишварҳо мебошад.
Дар самти маориф, фарҳанг Тоҷикистон барои рушди захираҳои инсонии Афғонистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Ба ин мақсад барои ҷавонон ва донишҷӯёни ин кишвари ҳамсоя бурсия ҷудо намуда, ба хотири бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Афғонистон барномаҳои омӯзишӣ омода месозад. Бар асоси Созишномаи ҳамкории миёни вазоратҳои дифои Тоҷикистон ва Афғонистон дар донишкадаи ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе аз моҳи марти соли 2003 гурӯҳи низомиёни Вазорати дифои миллии Афғонистон таҳсил менамояд. Моҳи феврали соли 2006 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ барпо шуд ва Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид. Бояд тазаккур дод, ки ин Комиссия имконияти баррасии ҳаматарафаи ҳамкориҳои байни ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф фароҳам оврдааст.
Ин таъсир дар солҳои баъдӣ дар расонаҳои ҷамъӣ ва таълифоти адабиву илмӣ бараъло мушоҳида мешуд. Фарҳангиёни тоҷике, ки дар Афғонистон кору фаъолият доштанд, аз тарҷумаи таҳтулафзӣ ва шаклии истилоҳот парҳез карда, ибораву калимаҳои бисёр зиёди барои он давра комилан тозаву ҷаззобро ба гардиш дароварданд. Имрӯз бо забони салису зебоӣ тоҷикӣ сухан гуфтани натанҳо фарҳангиён, балки роҳбарону мансабдорони кишварамон чун як амри табиӣ пазируфта мешавад, вале дар он замон ин падида бисёр арзишманд буд. Бидуни шубҳа, бо истиқлолият ёфтани Тоҷикистон равобити Душанбеву Кобул вориди марҳилаи комилан нав гардид. Аммо, мутаассифона нооромиҳо ва идомаи ҳарҷу марҷи сиёсӣ дар ин кишвар монеаҳо дар рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар эљод менаоянд.
Хуллас, барои ҳалли мушкилоти Афғонистон ва ба роҳ мондани рушди бемайлони иқтисодӣ, ҷиҳати таъмини сулҳу субот ба роҳ монда шавад ва сатҳи иҷтимоии мардумро боло бардоштан муҳим аст. Бо ёрии силоҳу аслиҳа ҳали буҳрон дар ин кишвар имконнопазир аст. Танҳо мардуми Афғонистон тавоноии таъмини сулҳу оромиро дар кишвари худ доранд. Барои ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақаро мебояд, то рушди соҳаи инфрасохторӣ, аз қабили сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, кӯпрук ва нақбҳо, кашидани хатҳои интиқоли барқро ба роҳ монда, робитаҳои байни кишварҳои минтақа ва Афғонистонро қавӣ гардонад ва кишварро аз буҳронҳо наҷот диҳанд.
Адабиёт:
1.Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба нахустин таҷлили Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ. http://www.president.tj.
2. Эмомалӣ Раҳмон Бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Душанбе. «Ирфон», 2012, с.117
3. Муносибатҳои Тоҷикистон бо Афғонистон // http://mfa.tj/
4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии. http://www.president.tj/node/17985
Хайрулло Раҷабалиев,
корманди Институт