Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия 29 январи соли 1992, баъди он ки Ҷумҳурии Туркия расман истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфт, барқарор шуданд. Аз моҳи апрели соли 1993 дар Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Туркия фаъолият мекунад. Бояд қайд кард, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия характери дӯстона дошта, мавқеъи ду кишвар дар баҳодиҳии авзои байналмилалӣ ва вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои гуногун дар бисёр мавридҳо ба ҳам меоянд.

    Созишнома оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод байни Тоҷикистон ва Туркия моҳи апрели соли 1993 имзо карда шуд ва ин Созишнома ба барқарор ва пешрафти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии субъектҳои ду кишвар асос гузошт. Ҳамин тариқ, намояндагии савдои Тоҷикистон дар Туркия кушода шуд. Бо мақсади амалисозии Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ–иқтисодӣ аз соли 1993 Комиссияи якҷояи иқтисодии Тоҷикистону Туркия созмон дода шуд, ки то имрӯз нуҳ ҷаласаи якҷоя гузаронид. Ҷаласаҳои комиссияи мазкур як бор дар як ё ду сол баргузор мегардад, ки дар рафти он нақшаҳои оянда оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат баррасӣ карда мешаванд.

   Дар муносибатҳои байни Туркия ва Тоҷикистон сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия дар моҳи январи соли 2006 такони нав дод. Дар ин сафар Созишнома оид ба асосҳои муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия имзо карда шуд, ки он ба пешрафти муносибатҳои ояндаи ду кишвар дар соҳаи тиҷорат ва иқтисод асос гузошт. Ҳангоми гуфтушунид ҷонибҳо 6 ҳуҷҷати якҷоя, аз ҷумла барномаи дарозмуддати ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат ва иқтисодро имзо карданд.

   17 декабри соли 2012 ҳангоми сафари Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия дар шаҳри Қуния форуми дуюми соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 300 тоҷири ду кишвар ҷамъ омаданд, ки он аз пешрафти муносибатҳои ду ҷониб дар соҳаи тиҷорат ва иқтисод шаҳодат медиҳад.

   Дар баромади худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешрафти ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат, иқтисод ва сармоягузории байни Тоҷикистони ва Туркия изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки қисме аз ширкатҳои туркӣ ҳангоми ба анҷом расонидани корҳо дар амалисозии якчанд лоиҳаҳои сохтмонӣ ва фундаменталӣ барои Тоҷикистон саҳми худро гузоштанд.

   Роҳбари давлати тоҷикон қайд карданд, ки имкониятҳои байни ду кишвар хело зиёд мебошанд ва онҳо то охир истифода нашудаанд ва аз ин лиҳоз сафари навбатиашон ба Туркия, вохурӣ бо роҳбарияти сатҳи олии кишвар ва дигар сохторҳо барои пешрафти ҳамкориҳо такони нав хоҳад дод. Қайд карда шуд, ки соҳибкорон ва тоҷирони ду кишвар метавонанд дар ин раванд саҳми худро гузоранд, чунки имрӯз дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо барои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст. Дар хотимаи форуми мазкур се ҳуҷҷати муҳим барои ҳамкорӣ: созишномаи ҳамкори байни Палатаи саноат ва савдои Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноат ва савдои Туркия, Меморандум оид ба якдигарфаҳми байни Кумитаи сармоягузорӣ ва раёсати назорати амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-Колаи Туркия, Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни ширкати “Туркмолл”-и Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони Маркази истироҳати оилавӣ ва савдои шаҳри Душанбе бо ҷалби 50 млн. доллари амрикоӣ имзо карда шуд.

   Баъд аз барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Туркия, бо кишвари мазкур зиёда аз 60 санади байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ қабул ва имзо шудааст, ки 14-тояш характери иқтисодӣ доранд.

   Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми умумии гардиши мол бо Туркия дар нимаи аввали соли 2017 –ум 145,3 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016-ум 7,1 млн. доллар камтар аст. Содироти мол ба Туркия аз Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2017 –ум 48,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Маҳсулоти асосии содиротӣ алюминий, пахта, чормағз, меваи хушк ва тар буд. Воридоти мол аз Туркия ба Тоҷикистон дар ин давра 48,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил кард. Асосан ба Тоҷикистон гушт, маҳсулот аз пластмасса, коғаз ва дигар маҳсулот воридот шуданд. Ҳаҷми умумии фаъолияти иқтисодии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2017-ум 8,5 фоизро ташкил намуд.

   Тоҷикистон, ки кишвари воридкунанда мебошад, аз нуқтаи назари истеъмоли ва сармоягузорӣ барои Туркия дар соҳаи бофандагӣ, техникаи маишию барқӣ барои хона, техникаи хоҷагии қишлоқ, доруҳои минералӣ барои хоҷагии қишлоқ, масолеҳи сохтмонӣ, маводҳои тозакунанда, маҳсулоти хурока ва таҷҳизоти тиббӣ бозори дорои имкониятҳои фаровон мебошад. Тоҷикистон махсусан дар соҳаи созмон додани корхонаҳои хурд барои коракард ва истеҳсоли фишурдаи мева, сабзавот эҳтиёҷоти калон дорад. Ҳамчунин, созмон додани корхонаҳо дар соҳаҳои ба монанди коркарди пахта, пӯст ва пашм, истеҳсоли газворҳо ва либос, маҳсулоти хурокаи нимтайёр ва консерваҳо, таҷҳизоти бастубандӣ барои асал, ҷамъоварии техникаи маишӣ ниёз дорад. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Туркия оид ба васеъ намудани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тиҷорати иқтисодӣ ибрози назар карданд.

   Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сармоягузории Туркия дар қаламрави Тоҷикистон, махсусан дар солҳои охир рӯ ба болоравӣ дорад. Ҳаҷми умумии сармоягузории Туркия дар иқтисоди Тоҷикистон дар давраи 2007 - 2016 тақрибан 200 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки дар баробари ин имкониятҳои хело калони ду ҷониб барои рушди ҳамкориҳо вуҷуд доранд. Нақши арзандаро дар ин раванд фаъолияти дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ ва рушд (ТИКА) дар Тоҷикистон мебозад. Аз ҷониби ташкилоти мазкур дар қаламрави Тоҷикистон дар солҳои охир даҳҳо лоиҳаҳо амали шудаанд, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 40 млн. доллари амрикои мебошад.

   Дар панҷ соли охир ҳаҷми умумии савдои дуҷониба сатҳи хело баландро дар бар гирифта, дар соли 2013-ум 655 млн. доллари амрикоиро ташкил намуд. Ҳарчанд дар давраи зикршуда ҳаҷми умумии савдо байни Тоҷикистон ва Туркия ҷои чорумро нигоҳ доштанд, дар соли 2016-ум ҳаҷми савдои умуми то 313,9 млн. доллар кам шуд. Дар соли 2017-ум баъд аз 3 соли тиҷорат ҳаҷми савдо дар муқоиса бо соли 2016-ум 12,75 фоиз зиёд гашт ва 354 млн. долларро ташкил дод. Пастшавии ҳаҷми умумии тиҷорат бо Тоҷикистон бо тағйиротҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки соли 2014 ба амал омаданд, алоқаманд аст.

   Бо дарназардошти раванди тиҷорати дуҷониба бояд қайд кард, ки иқтисодиёти Тоҷикистон ва Туркия имкониятҳои калон барои ҳамкориҳо доранд ва истифодаи пурраи он метавонад ба болоравии ҳаҷми савдо оварда расонад. Молҳое, ки соли 2017 аз Туркия ба Тоҷикистон ворид карда шуданд – дастпоккунакҳои гигиенӣ, уребчаҳо барои кӯдакон, маҳсулоти заргарӣ, гушти парранда ва ғайра буданд. Дар ҳақиқат, 51 фоизи содироти маҳсулоти Туркия ба Тоҷикистон дар соли 2017-ум ба маҳсулоти истеъмолии пурра ва 40 фоиз ба маҳсулоти фосилавӣ рост меояд.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 25 соли барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ тавонист, на танҳо муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро бо Туркия ба роҳ монад, балки онҳоро низ тадриҷан рушд диҳад. Асоси меъёрию ҳуқуқии алоқаҳои дуҷонибаро даҳҳо созишномаҳо ташкил мекунанд, ки дар қатори онҳо мебояд: тақвият додани пешбурди ҳамоҳангӣ ва ҳифзи сармоягузорӣ ва пешгирии андозбандии дубораро (1996) номбар кард.

   Категорияи асосии содироти Тоҷикистон алюминии аввалия ташкил медиҳад, ки барои иқтисодиёти рушдёфтаи Туркия, аз ҷумла сохтмон ва мошинасозӣ зарур аст. Ширкатҳои сохтмонии Туркия дар лоиҳаҳои барқарорсозии баъди ҷангии Тоҷикистон саҳми босазои худро гузоштанд. Аз ҷумла, ширкати консалтингии “САЯШ” корҳои лоиҳакаши таҳқиқотиро дар қитъаи баландкуҳи Помир - шоҳроҳи Мурғоб – ағбаи Кулма (сарҳади Тоҷикистон ва Хитой), соли 1998 ба анҷом расонида ширкати “ЭНТЕС” бошад сохтмони онро ба итмом расонд. Дигар қитъаҳои роҳи куҳии Помирро ширкатҳои туркӣ ба монанди “Аге Текар” ва “Ояк Иншаат” ба охир расониданд.

   Хулоса, муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Туркия ва Тоҷикистон марҳалаҳои гуногунро аз сар гузаронида, ба нуқтаҳои назаррас расидаанд. Ин ҳамкориҳо соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро фаро гирифтаанд. Агарчи солҳои охир тамоюли поён рафтани ин ҳамкориҳо ба назар мерасанд, имкони аз нав рушд кардани онҳо мавҷуд аст. Имрӯз, ки Тоҷикистон бо сабаби ба вуҷуд омадани захираҳои комуникатсионӣ ва энергетикӣ, то рафт ба марҳилаи нави рушд ворид мешавад, ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ба Туркия метавонад сифатан тағйир ёфта, соҳаҳои бештарро дар бар гирад.

   Адабиётҳои истифодашуда:

   1. Рӯзномаи Туркия: 29 Ekim Cd. No: 3 Vizyon Park 1. Plaza Ofis 41 Yenobosna – Istanbul /Turkey.

 2. История таджикско - турецкого сотрудничества: http://www.dissercat.com/content/istoriya-tadzhiksko-turetskogo-sotrudnichestva.

   3. Таджикистан–Турция: по пути дружбы и сотрудничества: http://www.tajik-gateway.org/wp/?p=4329&upm_export=pdf

 

Яқубҷон Мадумаров,

корманди Институт 

БОЗГАШТ