Робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо Япония

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир ва тамоюлҳои инкишофи иқтисодиёти ҷаҳонӣ муҷиби аҳамияти беш аз пеш пайдо кардани дипломатияи иқтисодӣ ва пайваста афзудани нақши унсури иқтисодии масъалаҳои умдаи сиёсати байналмилалӣ гардиданд. Аз ин рӯ, истифодаи муассир ва самараноки тариқаву василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.[1]
  Заминаҳои асосии рушд ва тараққиёти кишварро дипломатияи иқтисодӣ дар бар мегирад, ки он яке аз соҳаҳои муҳим дар сиёсати давлат баҳри рушд ва густариши муносибатҳои иқтисодӣ гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, иқтисодиёти кишвар на он қадар рушдкарда буд. Вале ба ин нигоҳ накарда, дар даврони истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба воситаи муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ бо минтақаҳои алоҳидаву давлатҳои дуру наздики пешрафта ва манфиатовар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монад. Бо ин васила Ҷумҳурии Тоқикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва инчунин бо дигар созмонҳову ниҳодҳои хусусияти иқтисодиву молиявӣ дошта, равобити хуберо барқарор намуда, баҳри рушди пайвастаи иқтисодиёти кишвар талошҳои беназир намуд. Япония дар қатори аввалин кишварҳое мебошад, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, муносибатҳои худро бо мо дар ҳама соҳаҳо замина гузошт. Дар баробари ин, аз замони барқароршавии муносибот миёни ду кишвар равобити иқтисодӣ низ хело хуб дарҷ гардидааст.
  Дар ин раванд, мусоидат ба ташаккули иқтисодиёти самаранок тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин таъмини амнияти иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон Японияро ҳамчун кишвари аз лиҳози пешрафти иқтисодӣ дар ҷаҳон ва бо дар назар гирифтани нақш ва мавқеи он дар бозори ҷаҳонӣ яке аз шарикони боэътимоди худ медонад. Аз ин рӯ, мехоҳад аз таҷриба ва дастовардҳои ин кишвар дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаи худ истифода намояд.[2]
  Япония кишваре мебошад, ки ба қатори кишварҳои рушдкарда аз лиҳози иқтисодӣ буда, бо техникаю техналогияи нав ба нави худ дар дунё машҳур гардидааст. Нигоҳи Япония нисбат ба минтақаи Осиёи Марказӣ назаррас буда, бо кишварҳои ин минтақа робитаҳои гуногунсамти худро бевосита дар амал татбиқ намуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Япония дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, бо ин васила тавонист ба рушди пайвастаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бепоёни худро гузорад. Аз ин рӯ, Япония бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд лоиҳаҳои дорои хусусияти иқтисодиву молиявӣ равобит намуда истодааст. Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар моҳи августи соли 2006 барқарор гардида, Намояндагии Агентии JICA дар Душанбе таъсис карда шуд. Дар чорчӯбаи барномаҳои JICA барои мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти таҳсил дар соҳаҳои мухталиф дар Япония фароҳам омадааст. Аз 22 сентябри соли 2011 нахустин Корхонаи дорувории муштараки Тоҷикистону Япония «Аввалин» дар ноҳияи Қубодиёни вилоятии Хатлон фаъолияти худро оғоз намуд. Мубодилаи мол байни кишварҳо дар соли 2012 7 млн. 757, 3 ҳазор дол. ИМА-ро ташкил дод, ки яке аз мисоли назарраси рушди муносибатҳои иқтисодии ду кишвар мебошад. ($ 3 008,3 млн. дол. ИМА дар соли 2011). Дар нимсолаи аввали соли 2013 мубодилаи мол миёни кишварҳо 1 482,4 млн. дол. ИМА-ро ташкил дод.[3]
  Дар таърихи ҳамкориҳои иқтисодӣ санаи 13-уми апрели соли 2017 дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония мулоқот бо соҳибкорони кишвари иқомат дар мавзӯи “Муҳити макроиқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ба ширкатҳои хориҷӣ” бо иштироки намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои давлатию хусусии кишвари Япония баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ аз тарафи Япония намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати иқтисод, савдо ва саноат, Палатаи савдо ва саноат, Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония доир ба муносибатҳои иқтисодию фарҳангӣ, Роҳбари Намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Япония, Ҷамъияти Япония оид ба савдо бо Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO), Донишкадаи иқтисодӣ ва энергетикии Япония, Донишкадаи робитаҳои байналмилалии асъор, инчунин намояндагони ширкатҳои бузурги японӣ аз ҷумла: ITOCHU Corporation, Toshiba Corporation, Hitachi Ltd, Sumitomo Corporation, Hokaido Intellect Tank, Sojits Corporation, Akebono Boeki Co Ltd, Hit World Management Group, Marubeni Corporation, Nissin Corporation, Cockey Co Ltd, NPO ALBERI DEL CACAO – Cacao no ki, Toyo Kanetsu ва Dainichi Hanso ширкат варзиданд. Зимни суханронии ифтитоҳӣ Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония, Ҳамрохон Зарифӣ оиди рушди пайвастаи тиҷорату иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ ва зарурати ҷалби технологияи муосири Япония дар бахшҳои гуногуни соҳаи саноати Тоҷикистон баромад намуд. Инчунин дар ин мулоқот Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода низ дар бораи макроиқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуд. Ҳамзамон иштирокчиён аз раванди татбиқи тарҳҳои афзалиятноки кишвар, барномаҳои рушди соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ, гидроэнергетика, истихроҷи маъдан ва саноати кимиёӣ бо ҷалби технологияи муосир шинос шуданд. Татбиқи тарҳҳои мазкур дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар ин мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузории японӣ муносиб мебошад. Аз ин рӯ, махсус қайд гардид, ки аз ширкатҳои японӣ даъват карда шавад то бо ҳамтоёти тоҷикистонии худ дар татбиқи тарҳҳои мутақобилан судманд ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ бо истифода аз ашёи хоми Тоҷикистон фаъолона ва пайваста ҳамкорӣ намоянд.
  Дар ин росто, санаи 5 октиябри соли 2018 баҳри таҳким додани муносибатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Япония Синдзо Абэ мулоқоти расмӣ анҷом доданд. Дар ин мулоқот масъалаҳои муҳими миёни ҳар ду кишвар муҳокима ва баррасӣ гардид. Яке аз омилҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ин ҳавасмангардонии соҳибкорони японӣ ва ҷорӣ намудани тиҷорати бомуваффақият дар Тоҷикистон мебошад. Инчунин таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ бунёд гардидааст ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ имконияти фаррохро муҳайё намудааст. Баъд аз фарҷоми мулоқот 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
  Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Япония барои солҳои 2019 - 2021;
-Ёдоштҳои табодулӣ вобаста ба лоиҳаи “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтисоди захираҳои инсонӣ” (лоиҳаи JDS);
-Созишномаи грантии лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ” (лоиҳаи JDS);
-Ёдошти тафоҳум оид ба давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио - 2020 миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳупии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Япония Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Япония;
-Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури  Тоҷикистон ва Вазорати маориф, фарҳанг ва варзиши Япония;
-Ёдошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Япония.
  Дар умум метавон муносибатҳои тарафайнро хуб арзёбӣ намуда, барои бештар тақвияти он аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуд.

Сурайёи Абдуқосим
ходими хурди илмии
 шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
 
[1] Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27январи соли 2015, №332.www.mfa.tj.
[2] Ҳамон ҷо.
[3] Зарифӣ Ҳ. “Дипломатияи Тоҷикистон: дирўз ва имрўз” Душанбе «Ирфон» 2009, С-61.

БОЗГАШТ