РУШДИ “ИҚТИСОДИ САБЗ”: МАРҲАЛАИ МУОСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муаллиф: Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ

Расм

«Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгўинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар марҳалаи муосир ташаккул ва рушди “Иқтисоди сабз” яке аз масъалаҳои муҳим дар назди давлатҳо ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, солҳои охир дар натиҷаи шиддат гирифтани рақобат байни истеҳсолкунандагон дар сатҳи иқтисодиёти миллӣ ва байналмилалӣ, пайомадҳои манфии экологии онҳо бештар эҳсос шуда истодаанд. Дар чунин вазъият зарурати таъмини рушди “Иқтисоди сабз” ҳамчун омили рушди устувори иқтисодӣ аҳаммияти бештар касб менамояд.

Сиёсати рушди “Иқтисоди сабз” аз давраи афзояндаи бӯҳронҳои иқтисодии кишварҳои пешрафта аз асри XIX, сустшавӣ ва таназзули рушди иқтисодӣ дар нимаи дуюми асри XX оғоз гардидааст. Дар асоси моделсозии рушди инсон ва камшавии захираҳои табиӣ исбот карда шуд, ки таъсири ҷомеаи муосир ба табиат мунтазам афзоиш ёфта, аллакай аз ҳудуди худ баромадааст, ки боиси бесуботӣ мегардад. Барои ноил шудан ба ҳолати устувор, яке аз ду роҳро интихоб кардан лозим аст:

  1. Дар доираи модели ба захираҳо нигаронидашудаи рушди иқтисодӣ боқӣ монда, дар шароити худтанзимкунӣ, барои сарфаи боқимондаи сарвати табиӣ, кӯшиш мекунанд, ки онҳоро дар байни ҳама тақсим кунад. Ҳалли ин мушкилот, тибқи илтивои дароз, дар дарозмуддат, тавассути банақшагирии дақиқ ва танҳо дар асоси тағйирот дар муносибати одамон ба муҳити зист имконпазир аст.
  2. Аз ҳамкории кишварҳо барои гузаштан ба рушди пурмазмуни иқтисодӣ дар иттифоқ бо табиат иборат аст, ки аз “давраи саноатӣ дар асоси истифодаи сӯзишвории истихроҷшаванда ба тарзи экологии истеҳсолот” гузаштанро талаб мекунад.

Аз соли 2000 шуруъ намуда, дар ҷаҳон раванди интихоби масири рушд  вобаста ба сарфаи сарватҳои табиӣ суръат гирифтааст. Зеро нақши омили иқлим дар ташаккули иқтисоди оянда афзоиш ёфт. Аллакай имрўз хусусият ва симои ин иќтисодиёт бо ёрии таѓйироти сифатии технологии истењсол ва истеъмоли молњо, таѓйироти ниҳодї ва пурзўр шудани ањаммияти ќисмати экологї дар сиёсати миллї ва љањонї муќаррар карда мешавад.

Ташаккули институтҳои ҷаҳонӣ дар зери таъсири арзиши афзояндаи экология идома дорад. Сиёсати рушди “Иқтисоди сабз” имрӯз ҳам аз ҷониби кишварҳои алоҳида, масалан, Ҷумҳурии Корея ва ҳам аз ҷониби тамоми гурӯҳҳои минтақавии кишварҳо, масалан, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ки дар он расман соли 2009 ҳамчун самти стратегии рушди ҳамаи давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои дурнамои дарозмуддат (то соли 2030) ва ояндаи дур (то соли 2050) қабул шудааст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ стратегияи “Иқтисоди сабз”, самти бузурги иқтисоди ҷумҳурӣ аст. Қадами навбатии Ташаббуси “Иқтисоди сабз” – и СММ ин “Роҳи нави ҷаҳонии сабз” мебошад, ки ҳамчун самти рушди ҷаҳонӣ муайян гардида, он дорои имконияти ба низоми иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонӣ баргардонидани устувориро инъикос менамояд.

Дар доираи иҷрои вазифаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Стратегияи рушди “Иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 таҳия гардида, 30 сентября соли 2022 ба тасвиб расид.

Стратегияи рушди “Иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2037 ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои дар бахшҳои он муайянгардида ба панҷ марҳила тақсим мегардад:

  • марҳилаҳои якум ва дуюм (солҳои 2023 – 2025 ва солҳои 2026 – 2028) чорабиниҳо дар самти оммавигардонии маълумот оид ба “Иқтисоди сабз”, таълим ва ташаккули тафаккури иқтисодию экологӣ, ҷорӣ намудани принсипҳои “Иқтисоди сабз” дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риоя намудани онҳо ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ ва оғози амалигардонии стандартҳои “Иқтисоди сабз” дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварро дар бар мегирад, ки барои онҳо маблағгузории давлатӣ ва шарикони рушд зарур аст;
  • марҳилаҳои сеюм ва чорум (солҳои 2029 – 2031 ва солҳои 2032 – 2034) чорабиниҳо дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои “Иқтисоди сабз” дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёту инфрасохтор, сохтмон, хоҷагию манзилии коммуналӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ, ҳифзи муҳити зист ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, инчунин идомаи таҳкими асосҳои институтсионалии “Иқтисоди сабз” дар кишварро дар бар мегирад;
  • марҳилаи панҷум (солҳои 2035 – 2037) чорабиниҳо дар самти рушди “Иқтисоди сабз”, нигоҳ доштан, афзун намудан ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва афзоиши сармоягузорӣ дар асоси принсипи “Иқтисоди сабз” – ро дар бар мегирад. Дар ин марҳала бозори рушдкардаистодаи сармоягузории “сабз” дар кишвар ташаккул меёбад.

Дар миқёси ҷаҳон ин сиёсат, ки ба ҳамбастагии тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ нигаронида шудааст, бештар аз 50 соли тараққиётро паси cap кардааст. Ҳодисаҳои асосиеро, ки ба ташаккули он таъсири калон расонидаанд. Аз ҷумла:

Дар миёнаи асри ХХ (солҳои 1948 – 1972) дарк карда мешавад, ки инсони муосир фаъолияти хоҷагидориро ба таври анъанавӣ пеш бурда, дар табиат тағйироти назаррас ба вуҷуд овардааст. Зеро пас аз ошкор шудани коҳиши қабати озони Замин, тамоюли тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра тасдиқ гардида, камшавии гуногунии биологӣ ба қайд гирифта шудааст. Хусусияти он аз он иборат аст, ки таъсиси созмонҳои байналмилалии молиявӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ (Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат –) ба амал омада, ба рушди босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат кардааст.

Дар баробари ин, идоракунии ҷаҳонї бо назардошти омили экологї њанўз њамчун низом ташаккул наёфта буд. Ҳамзамон назорати байналмилалии экологї дар байни ташкилотњои гуногун пањн шуда буд, ки баррасии масъалаҳои экологиро вазифаи дуюмдараља ва асосан танзими муносибатњо дар чунин бахшњои иќтисодиёт: захирањо, энергетика, наќлиёт, илм, тандурустї ва муносибатњои мењнатї дар бар мегирифт.

Соли 1972 дар шаҳри Стокголм Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити инсонӣ баргузор гардид. Натиҷаҳои конференсияи мазкур инҳо буданд:

  • қабули Эъломияи Принсипҳо ва нақша – чорабиниҳо;
  • тасмим дар бораи таъсиси Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (ЮНЕП).

Соли 1989 “сабзгардонӣ” – и низоми кредитию молиявии байналмилали оғоз ёфт. Маҳз аз ҳамин лаҳза тартиби арзёбии таъсири муҳити зист дар амалияи созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷорӣ ва муттаҳид карда шуд.

Соли 1992 дар шаҳри Рио-де-Жанейро Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Он ҳамкории байни ҳукумат ва соҳибкоронро бо мақсади шарикии ҷаҳонӣ ва ноил шудан ба рушди устувор оғоз намуд.

Мақомоти дигар дар низоми Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода, дар Комиссияи рушди устувор ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда шуданд:

1. Эъломия оид ба муҳити зист ва рушд;

2. Рӯзномаи асри XXI;

3. Принсипҳои консенсуси умумиҷаҳонӣ оид ба истифодаи оқилона, ҳифз ва рушди устувори ҳамаи намудҳои ҷангал («Принсипҳои ҷангал»);

4. Конвенсияи СММ оид ба тағирёбии иқлим;

5. Конвенсия СММ оид ба гуногунии биологӣ.

Соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро Конференсияи СММ оид ба рушди устувор баргузор гардид. Дар конференсияи маърузаи хотимавии “Ояндае, ки мо мехохем” дастгирӣ ёфт. Аҳаммияти ин ҳуҷҷат дар он аст, ки он мафҳуми “Иқтисоди сабз” ҳамчун идомаи консепсияи “рушди устувор” ба таври муфассал муаррифӣ шудааст.

Бо пайдоиши консепсияи рушди устувор, модели нави сармоягузорӣ, яъне сармоягузории устувор ё масъулиятнок ба вуҷуд омад. Ин истилоҳ бори аввал дар Маърӯзаи раиси Комиссияи СММ оид ба муҳити зист ва рушд соли 1987 истифода шудааст. Сармоягузории масъулиятнок ҳамчун ба назар гирифтани самаранокии муҳити зист, иҷтимоиёт, идоракунии объекти сармоягузорӣ ҳангоми қабули қарорҳои сармоягузорӣ ва татбиқи равишҳои идоракунии амвол, ки фоидаи дарозмуддатро барои сармоягузор беҳтар мекунад, муайян карда мешавад. Ҳадафҳои чунин сармоягузорӣ на танҳо ба даст овардани даромад барои сармоягузор, балки эҷоди тағйироти мусбати иҷтимоӣ, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити табиӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ мебошанд.

Низоми созмонҳои байналмилалӣ, ки кӯшишҳоро дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти байналмилалӣ ҳамоҳанг мекунанд, таҷдид мегардад.. Дар баробари бунёди низоми созмонҳои байналмилалӣ як низоми бисёрсатҳи танзимкунанда ташаккул ёфт, ки ба рафтори ширкатҳо дар бахшҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ таъсир расонида, онҳоро барои татбиқи стандартҳои масъулияти экологӣ ва иҷтимоии иттиҳодӣ дар фаъолияти худ ҳавасманд мекунад.

Ҳамин тариқ, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳоло шароите ба вуҷуд омадааст, ки ҳукуматҳои миллиро маҷбур мекунанд, ки талошҳоро барои муосиркунонии иқтисодиёт дар заминаи сифатан нав, дар асоси ғояҳои “сабзгардонӣ” – и истеҳсолот ва технология пурзӯр кунанд.

Дар доираи раванди баррасишаванда дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ду соҳаи нав шакл гирифта истодааст, ки дар аксари кишварҳои пешрафта, тибқи пешгӯиҳо, дар давоми 20 – 25 соли оянда ташаккул меёбанд. Соҳаи аввал дар бахши молиявӣ ҷойгир буда, бозори воситаҳои молиявии ҳосилшуда мебошад, ки барои ташкили савдо дар квотаҳои партовҳои газҳои гулхонаӣ сохта шудааст. Соҳаи дуюм дар бахши иқтисод воқеӣ – “Иқтисоди сабз” аст.

Ҳанӯз таърифи умумии қабулшудаи “Иқтисоди сабз” вуҷуд надорад. Тибқи тафсири бештар истифодашаванда, ки аз ҷониби мутахассисони Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (ЮНЕП) таҳия шудааст, “Иқтисоди сабз” як роҳи ташкили фаъолияти иқтисодӣ мебошад, ки на танҳо некӯаҳволии инсониятро баланд мебардорад, балки таъсири манфии муҳити зистро ба таври куллӣ дар баробари таъмини адолати иҷтимоӣ коҳиш медиҳад. Фаҳмиши “Иқтисоди сабз” иқтисод бо фаҳмиши консепсияи рушди устувор, ки дар боло мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд, сахт алоқаманд аст.

Ҳамин тариқ, “Иқтисоди сабз” – иқтисодиётест, ки барои нигоҳ доштани некӯаҳволии ҷомеа тавассути истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин таъмини баргардонидани маҳсулоти ниҳоӣ ба давраи истеҳсолот равона шудааст. Пеш аз ҳама, “Иқтисоди сабз” ба истифодаи иқтисодии ин захираҳое, ки ҳоло ба талафи (маъданӣ - нафту газ ва ангишт) дахл доранд ва истифодаи оқилонаи захираҳои беталаф ба назар мерасанд. Дар маркази “Иқтисоди сабз” – ин технологияи тоза ё сабз ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои коршиносон, рушди иқтисоди сабз ба кишварҳои ҷаҳон имкон медиҳад, ки буҳрони экологие, ки аллакай хусусияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст то андозае паст намояд.

Ҳуҷҷатҳои расмии кишварҳои гуногун, ки “Иқтисоди сабз” – ро муайян менамоянд, ба ҷанбаҳои гуногуни рисолати он дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ нигаронида шудааст:

  • барои кишварҳои пешрафта рақобат ва ҳифзи ҷойҳои корӣ афзалият дорад;
  • барои кишварҳои рушдкунанда, муборизаи зидди қашшоқӣ ва барпо намудани ҷамъияти одилона аҳамият дорад;
  • барои кишварҳои БРИКС,  истифодаи самаранокии захираҳои табиӣ муҳим аст.

        Дар маҷмуъ барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати умумибашарӣ оид ба рушди “Иқтисоди сабз” зарур аст, ки дар марҳалаҳои муосири тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба захираҳои алтернативии табиӣ ташаббускорӣ ва ҳамбастагии муштаракро тақвият бахшанд.

 

РАҲМОНЗОДА Азимҷон Шералӣ

ходими пешбари илмии  Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих

БОЗГАШТ