РУШДИ НИЗОМИ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Муаллиф: МУҲАММАДАЛИЗОДА П.М

Расм

Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам!

Эмомалӣ Раҳмон

       Дар давраи начандон тӯлонӣ соҳаи иҷтимоии мамлакат, хусусан соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ рушд карда, таи зиёда аз се даҳсола беш аз 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тамоми шароити ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шудааст. Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

        Маврид ба зикр аст, ки соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Дар соли 2024 шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти илму маорифро самтҳои афзалиятнок ҳисобида, ҷавонони бомаърифатро давомдиҳандаи наслҳои миллати тоҷик арзёбӣ намудаанд.

       Маҳз самараи соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

       Ин ҳама пешравӣ дар кишвари мо таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоиро ба амал оварда, татбиқи омилҳои рақамикунонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи маорифро замина гузошт.

       Дар шароити муосир дар раванди таълим якчанд заминаҳои моддиву техникӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои муассир гузошта шуда, дар кишвар низоми рақамикунонии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Ин омили низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф, барномаи иттилоотии «eDonish» буда, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2020, №409 “Дар бораи татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” тасдиқ гардидааст.

       Ҳадафи асосии рақамикунонии соҳаи маорифи кишвар, ин баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, ки яке аз оимлҳои мусбати ин барнома, назорати волидайн тариқи рӯзномаи электронии хонанда огаҳӣ ёфтан мебошад. Инчунин, имкониятҳои барномаи «eDonish» ба хонандагон ва омӯзгорон барои беҳтар намудани шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, тариқи ин барнома: ҷадвали дарсӣ дар шакли электронӣ, хабарнома аз омӯзгор, рӯзномаи электронии хонанда,  мавзӯи дарс, вазифаи хонагӣ, баҳо ва ҳозиру ғоиби хонанда, пешрафти хонанда, муқоисаи хонандагон дар синф инчунин муқоисаи хонандагон дар мактаб аз тарафи волидайн ва ҳам аз тарафи омӯзгорон назорат карда мешавад.

       Ҳадафи дигари рақамикунонии соҳаи маориф, ин муомилоти ҳуҷҷатҳо яъне истифодаи интиқолдиҳандаҳои иттилоотии коғазӣ коҳиш ёфта, ба ин васила нигоҳ доштан ва ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла буридани дарахтон сарфа карда мешавад. Инчунин, таъсири мусбии рақамикунонии соҳаи маориф дар он аст, ки маълумоти тарбиятгирандагон ва хонандагони тамоми муассисаҳо дар барномаи  «eDonish» сабт гардида, бо ин усул мутахассисони соҳа метавонанд, вобаста ба савияи дониши толибилм, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ равона созанд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва тарбиятгирандагону омӯзгорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аст:

 

 

Номгӯй

Вилояти Суғд

Вилояти Хатлон

ВМКБ

ШНТМ

Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ

1.

Таҳсилоти томактабӣ

284

171

28

261

744

2.

Тарбият-гирандагон

47074

21332

2302

43262

113970

3.

Омӯзгорон

4612

2047

306

3877

10842

4.

Таҳсилоти

миёнаи умумӣ

959

1397

313

1368

4037

5.

Хонандагон

578343

900598

36937

841178

2357056

6.

Омӯзгорон

37712

48263

5247

39510

130732

7.

Таҳсилоти

олии касбӣ

10

8

2

28

48

8.

Донишҷӯён

43448

44875

2671

122267

213261

9.

Омӯзгорон

2104

2104

297

8545

13050

       Маҳз дастовардҳои мазкур дар соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, имрӯз дар кишвар 744 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 4037 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо шароити ба талаботи муосир ҷавобгӯ фаъолият намуда, ҳамаи муассисаҳо бо технологияҳои муосири замонавӣ ва бо китобхонаҳои электронӣ таъмин мебошад.

       Ҳамин тариқ, низоми рақамикунонии соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, ба дастовардҳои назарраси иқтисодиёт мушарраф гардидааст. Инчунин, ин дастовардҳо ба ташаккули “ҳукумати электронӣ”, “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз”, “иқтисоди рақамӣ”, ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ замина гузошта истодааст.

 

Муҳаммадализода Парвина

мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ

ва Шарқии Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.и.

 

 

Сарчашмаҳо:

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 28.12.2024 https://president.tj

  2. Рақамҳои оморӣ аз https://www.maorif.tj

БОЗГАШТ