Муаллиф: ИОМДОА
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида, аз соли 1995 инҷониб дар шаҳри Тошканд сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Аз соли 1992 то имрӯз асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро 111 аҳднома ва созишнома ташкил медиҳад, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байнисоҳавӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо расидаанд. Санадҳое, ки миёни ду кишвар қабул гардидаанд, самтҳои муҳими ҳамкориро дар бар мегиранд, ки барои рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқиро ба вуҷуд овардаанд.
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дорои сарҳади умумии тӯлонӣ, робитаҳои инкишофёфтаи бисёрсола ва фазои бузурги фарҳангию башарӣ буда, метавонанд барои инкишофи соҳаҳои гуногуни иқтисодии ҳарду кишвар шароит фароҳам оваранд, аз ҷумла иқтидори транзитии ҳамдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳои ҷаҳонӣ истифода намоянд.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар панҷ ҳавза тавсеа меёбад: Дар чорчӯбаи ҳамкорӣ бо давлатҳои ИДМ, давлатҳои ҳамзабон, кишварҳои Осиёи Миёна, қудратҳои иқтисодии минтақавӣ ва фароминтақаӣ. Ҳамин панҷ самти фаъолият Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои манфиатдор ва ҳамкори стратегӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар фазои геопалитикӣ пайваст мекунад. Аз ҷумла, барои рушди муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Тоҷикистон дар раванди тадбиқи сиёсати хориҷии худ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маҳз сиёсати «дарҳои кушод»-ро пеш гирифтааст, ки он аллакай дар тӯли солҳои Истиқлолияти миллӣ аз санҷиши таърих гузашта истодааст ва сиёсати муваффақи хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд вохӯриҳои дуҷониба, миёни сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пайваста дар сатҳи олӣ ба вуқуъ мепайванданд, ки ҷиҳати таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, 10-уми январи соли 2018 сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Абдулло Орипов дар ду ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок ва аз иншоотҳои фарҳангию саноатӣ дидан намуд. Ташрифи сарвазири ин давлат, мулоқоту музокироти сатҳи баланд ва шиносоӣ бо имконоти фарҳангиву иқтисодӣ ба рушди дучанди равобити дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳо дар оянда заминаи хуб хоҳад гузошт.
Ҳамзамон, иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар Конфронси байналмилалӣ: «Осиёи Марказӣ: Гузаштаи муштарак ва ояндаи бо ҳам, ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор ва рифоҳи мутақобил», 10-11 ноябри соли 2017 дар шаҳри Самарқанд, қадами устувор дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи ин давлатҳо ба ҳисоб меравад. Сироҷиддин Аслов қайд намуд, ки «Конфронси байналмиллалӣ як қадами муҳим барои ҳалли масоили мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ҷумла, масъалаи мубориза бо терроризм, ки таҳдиде барои тамоми ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин ҷиҳат ҳамаи кишварҳо бояд дар андешидани чораҳои зидди ин хатар манфиатдор бошанд ва бо якдигар ҳамкории зич намоянд. Вазъияти Афғонистон наметавонад нигаронии кишварҳои минтақаро ба вуҷуд наоваранд. Мо бояд тавассути талошҳои муштарак барои барқарории субот дар кишвари ҳамсоя мусоидат намоем».
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ҳолати мураккабии муносибат миёни абарқудратҳо барқарор намудани муносибатҳои неки дӯстона миёни кишварҳои ҳамсоя амри зарурӣ ва муҳим мебошад. То замоне, ки давлатҳои ҳамсояи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии созандаро амалӣ накунанд, барпо намудани робитаҳои судманд бо кишварҳои хориҷаи дур ва минтақаҳои дигар самаранок нест. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки барои ояндаи нек ва барои ҳифзи руҳияи муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз гузаштаи дури таърих ба мо расидааст, ҳамкориҳоро таҳким бахшем.
Н. ИСМАТОВА
ходими хурди илмии
Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупо