Муаллиф: Қудратов Комрон
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари тозабунёд ва соҳибистиқлол буда, аз замони истиқлолияти хешро ба даст овардан дар ҳамаи соҳаҳо пайваста рушд ва тараққӣ дорад. То ин замон ҳамаи он муваффақиятҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардааст, чи дар самти сиёсати дохилӣ ва чи дар самти сиёсати хориҷӣ, бо шарофати сиёсати созанда ва муваффақи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст. Доштани чунин фарзанди хирадманд ва дурандеш ифтихори миллати тоҷик ва кулли тоҷикистониён мебошад.
Дар Тоҷикистони азиз таърихи 16-уми ноябр «Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон» эълон карда шудааст ва чи гунае, ки «Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон» мегӯем қабл аз ҳама шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корнамоиҳои Ӯ дар арсаи сиёсат пеши назар меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар андак вақт тавонист, ки симои Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён муаррифӣ намояд.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашудаест, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шарикони байналмилалӣ асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дорои равиши хоси дипломатияи худ, фаъол ва таъсиргузор дар арсаи минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосири тоҷик сарвари давлати тоҷикон буда, дар сиёсати хориҷию дохилии кишвар заминаҳои назаррас гузоштааст. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъди ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ “Ваҳдати миллӣ” ноил гардида, ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузошт.
Тавассути истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу дунявӣ ба расмият шинохтанд ва бо Тоҷикистон робитаҳои дипломатии гуногунсамтаро ба роҳ монданд. Дар бунёд ва мустаҳкамсозии давлати тозаистиқлол ва дар рушди пайвастаи он нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ мегардад, зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатияи муосири тоҷик эътибори хоса зоҳир намуда, пайваста кӯшиши онро кардааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳз бо дипломатияи созанда ва арзишҳои миллию тамаддуни хеш дар арсаи байналмилалӣ шиносанд.
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии мустақил ва дарҳои кушодро пеш гирифтани Тоҷикистон ба давлатҳои кулли дунё имкон медиҳад, ки равобити мутақобил ва баробар бо Тоҷикистон дошта бошанд. Зеро сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда, прагматикӣ ва воқеъбинона буда, ҳамзамон, бо пазириши меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар тамоми самтҳо дар мадди аввал мегузорад.
Ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо як намунаи (моделии) боарзиш гардидааст. Дар ҷаҳон ҳастанд кишварҳое ки ҳудуди муайян доранд, вале истиқлолият ва сиёсати мустақили хориҷии худро надоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 176 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар соҳаҳои мухталиф ҳамкорӣ дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид кардаанд: “Давлати мо бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръати инкишофёбандаи сармоя, технология, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳо яке аз самтҳои афзалиятнок меҳисобад. Бинобар ин, тавсеа бахшидани фаъолияти сиёсиву иқтисодии хориҷии мо дар доираи онҳо аз масъалаҳои рӯзмарра мебошад”.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълони “сиёсати дарҳои кушода” сиёсати хориҷии пешгирифтаи худро баҳри муаррифии миллати куҳанбунёди тоҷик, ҷалби сармоя ва амалӣ кардани ташаббусҳои Тоҷикистон равона кардааст. Интихоби сиёсати “дарҳои кушод” аз як тараф роҳи ягонаи дурусти пешбурди сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби дигар инъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик яъне дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ мебошад, ки саҳми бевоситаи Пешвои миллат дар ин самт аст.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Мутаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва ғайра зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва масоили он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзуъ, ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, Роҳбари давлат пайваста аз паёмадҳои номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои кӯҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкориҳои наздик даъват мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарандаи панҷ ташаббуси Тоҷикистон мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд ва мешаванд: “Соли байналмилалии оби тоза соли 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт, солҳои 2005- 2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028” ва эълон гардидани 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”.
Муваффақияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, анъанаҳои давлатдорӣ ва арзишҳои фарҳангию маънавии миллати тоҷик вобаста мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32-соли истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои бузурги милливу байналмилалӣ ноил гардидааст. Мо ҷавонон ҳамеша пайрави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем ва барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди давлатдорӣ содиқона хизмат кунем ва на танҳо дар “Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон», балки ҳамеша аз қаҳрамониҳои Пешвои муаззами миллат ёдовар шавем ва шукрона кунем, ки чунин як Ватани соҳибихтиёр, азизу маҳбуб, ободу озод дорем ва таҳти сарпарастии Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои орому осуда ва амн зиндагӣ мекунем.
Қудратзода К.А., Файзуллоева Н.
Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон