Муаллиф: Камолов Камолидин
САҲМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Субҳи якшанбеи 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ бидуни эълони ҷанг, аҳдшиканона бо қувваи бузурги ҳавоӣ ва заминӣ ба марзҳои ғарбии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ҳуҷум овард.
9 майи соли 2024 тамоми сокинони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ 79-солагии Ғалаба бар фашизм ва ба итмом расидани Ҷанги дуюми ҷаҳониро пешвоз мегиранд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва тамоми тоҷикистониён дар қатори дигар халқу халқиятҳои давлати паҳновари шӯравӣ рӯйдоди басо муҳим, дар ҳақиқат тақдирсозу фоҷиавӣ ва таърихӣ мебошад.
Моҳи январи соли 1943 номаи аҳли меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанговарони тоҷикистонӣ, ки дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҷангиданд ба чоп расида буд: «Дар ҳар мавзее, ки шумо дар ҳарб ҳастед — дар соҳилҳои дарёи Дон, дар даштҳои Украина, дар наздикии шаҳри Ленинград, шумо Сталинобод, соҳилҳои Панҷи кӯҳан, кӯҳҳои осмонбӯси Помир, водии зархези Вахш ва тамоми Тоҷикистонро муҳофизат мекунед... Русҳо, украинҳо, белорусҳо, гурҷиҳо, ӯзбекон, тоҷикон, казоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо — ҳамаи мо фарзандони як Ватани бузургем. Мамлакати мо, Ватани мо ИҶШС мебошад. Тоҷикистони офтобӣ як қисми таркибии ҷудонашавандаи он аст».
Дар солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 миллионнафарии вақти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1566 ҳазор нафар) беш аз 90 ҳазор нафар аскарон ва фармондеҳони Артиши Сурх аз ҳисоби шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст додаанд, ки он 34,5 фоизи шумораи умумии даъватшудагонро аз кишвари мо ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои умумии тамоми мамлакат, аз ҷумла дар созмону таъсис додани қисмҳои нави низомӣ, ки ба фронт сафарбар мешуданд, фаъолона ширкат варзида буд. Аз мамлакат зиёда аз 300 ҳазор нафар сокинон ба фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Ҷанги дуюми ҷаҳон) даъват карда шуда буданд.
То саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хизматчиёни ҳарбӣ аз Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори собиқ ИҶШС, аз ҷумла дар марзҳои ғарбии он, дар Беларус, ҳангоми муҳофизаи қалъаи машҳури Брест ва Бессарабия (Молдавия) содиқона ва бо масъулияти том хизмати худро баҷо меоварданд.
Ҳангоми наздик шудани душман ба шаҳри Лвов дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар минтақаи Ровва Русский беш аз 400 нафар намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати дивизияи 141-уми пиёдагард, ки роҳҳои ақибнишинии он аз мавзеъҳои Тернопол, Наростен ва Бердичев гузаштааст, меҷангиданд. Якчанд зодагони Тоҷикистон, аз ҷумла командири ҳайати тӯпи артиллерияи полки 125-ум Маҳмадҷон Абдувалиев аз шаҳри Ленинобод ва пулемётчии полки 222-юми тирандозӣ аз шаҳри Конибодом Акобир Маҳмудов дар муҳорибаҳои барои ҳифзи ин қалъа қаҳрамониву ҷонбозиҳо намудаанд. Ҳайати тӯпи Маҳмадҷон Абдувалиев аз масофаи наздик фашистонро қир мекард. Командири баталон В.Шабловский ба М. Абдувалиев фармон медиҳад, ки анборҳои тӯпхона нобуд карда шавад, ин амр дар вақташ иҷро карда шуд. М.Абдувалиев минбаъд дар муҳорибаи вазнини хунини назди мавзеи Кобрин иштирок намуд. Ин қаҳрамон дар фронт аз рӯзи аввал то охир иштирок намуда, онро аз қалъаи Брест оғоз карда, то Берлин расида ба итмом расонидааст. Чи тавре қайд намудем, Акобир Маҳмудови конибодомӣ бо ҳамяроқонаш субҳи 22 июни соли 1941-ро дар қалъаи Брест дар марз пешвоз гирифта буд.
Дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳифзшудаи бойгонӣ оид ба қабули даъватшавандагон муқаррар карда шудааст, ки 31 марти соли 1940 аз Хуҷанд ба полки 125-уми пиёдагард гурӯҳи хизматчиёни ҷавони ҳарбӣ сафарбар шуда, дар рӯзи аввали ҷанг қисми шарқӣ ва казармаи инженерии дарвозаи шимолии қалъаи Брестро ҳифз намуда буданд. Дар ин рӯйхат 64 нафар намояндагони ҶШС Тоҷикистон мавҷуданд. Инчунин дар бешазори Пушаи Беловежи Белорусия аскарони дивизияи 49-уми пиёдагард, ки дар ҳайати он тоҷикон низ буданд бо душман задухӯрд намудаанд.
Моҳи октябри соли 1941 аз Тоҷикистон дивизияи 20-уми дорои Байрақи Сурхи ордени Лениндори савораи кӯҳӣ барои ҳимояи Москва фиристода шуд. Он дар ҳайати корпуси 2-юми савораи гвардия таҳти фармондеҳии генерал-майор Лев Доватор амал карда, борҳо дар ақибгоҳи душман рейдҳои чуқур гузаронида ба фашистон зарбаҳои ҷонкоҳ задааст.
Дар асоси қарори Кумитаи давлатии мудофиаи ИҶШС аз 13 ноябри соли 1941 дар Тоҷикистон маъракаи ба таври васеъ тайёр кардани захираҳои ҷангӣ ва ташкили қисмҳои низомӣ барои фиристодани минбаъда ба фронт оғоз ёфт. Ҳанӯз дар охири соли 1941 дар ҷумҳурӣ таъсис додани бригадаҳои алоҳидаи 98-ум ва 99-уми тирандозӣ, инчунин дивизияҳои 104 ва 61-уми савора cap шуда буд. Баъдан дар кишвар боз чанд воҳид ва қисмҳо, аз ҷумла баталони 31-уми алоҳидаи тирандозии тоҷик ташкил ва ба фронт сафарбар шуданд.
Дар Тоҷикистон таъсис додани дивизияҳои 104, 61 ва 63-юми савора, бригадаҳои алоҳидаи тирандозии 98 ва 99 ба намоиши равшани ғамхории воқеии халқи тоҷик дар ҳаққи Артиши Сурх табдил ёфт.
Тибқи маълумоти мавҷудаи бойгонӣ, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон 11 қисми нави ҳарбӣ ташкил карда шудааст. Ба ҷуз аз кисмҳои миллии дар боло зикршуда, инҳо дивизияи махсуси тирандозӣ, 45-уми савораи эҳтиётӣ, полки 179-уми миномёт ва 213-уми гвардияи артиллерӣ, полки 106-уми авиатсионии зарбазан ва баталони 31-уми ҷудогонаи тоҷикон буданд.
Дар ибтидои тобистони соли 1942 ташкил намудани дивизияҳои 104 ва 61-уми савора ба анҷом расид ва онҳо барои иштирок дар ҷангҳо омода буданд. Ин далел дар матбуоти он замони мудҳиш ҳамчун амали ватандӯстии бузурги сокинони кишвар, саъю кӯшиши самимии онҳо барои гузоштани ҳиссаи сазовори худ баҳри Ғалаба ба таври густурдаву васеъ қайд карда шуда буд.
Бояд гуфт, ки вазъият дар фронтҳо душвору сангин буд, ҷузъу томҳои қӯшунҳои Артиши Сурх ақибнишинӣ мекарданд, аз ин лиҳоз қисмҳои низомӣ шитобкорона ташкил карда мешуданд. Ба ҷанговарони тоҷикистонӣ баъди ба сафи артиш қабул шудан ҳамагӣ 12 рӯз барои омодагии ҷангӣ фурсат дода мешуд.
Дар айни замон муовини фармондеҳи фронти Сталинград генерал А. Попов қайд карда буд, ки ҷанговарони корпуси 4-уми савора, ки дивизияи 61-умро низ дар бар мегирифт, “имтиҳони пешакиро бомуваффакият супурда, дар минтақаи ҷамъ мешуда моҳирона ба таври ноайён худро дар шароити ҷангӣ омода сохта, дар рафти таълим ба иқлими сахту душвориҳои ҳаёти ҷангӣ одат мекарданд”.
Дар замоне, ки қисмҳои дигари миллӣ аз ҳисоби халқҳои дигари ИҶШС омода шуда, ба бахшҳои гуногуни ҷангии Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристода мешуданд, дар Тоҷикистон ташаккули ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҷудогона идома дошт. Ҳамин тавр, дар солҳои минбаъдаи ҷанг чунин қисмҳои ҳарбӣ ташкил карда шуданд: полки 45-уми савораи захира; полки 179-уми миномётӣ; баталони 31-уми алоҳидаи тоҷик ва баталони пулемётчиёни Сталинобод.
Дар таъсиси дивизияи 162-юми тирандозии Осиёи Миёна ба ғайр аз қисмҳои ҳарбии дар боло зикршуда тоҷикон низ иштирок доштанд, ки он аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии қушунҳои сарҳадии Округи ҳарбии Осиёи Миёна, округҳои ҳарбии Туркистон ва Кавказ ташкил шуда буд.
Ба дивизияи 162-юми пиёдагард садҳо сарҳадбонон шомил шудаанд, ки дар сарзамини Тоҷикистон хидмат карда буданд. Дар солҳои ҷанг сарбозони Округи сарҳадии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнин хизмат мекарданд: онҳо ҷосусону диверсантҳои сершуморро дастгир карда, бо қочоқчиёни мусаллаҳ далерона вориди задухӯрдҳои ҳарбӣ шуда, дастаҳои мухталифи муташаккилро несту нобуд мекарданд.
Ҷанговарони тоҷикистонӣ дар ҳамаи муҳорибаҳо ва рӯйдоду воқеаҳои муҳимми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хусусан дар ҳимояи қалъаи Брест, озод кардани шаҳрҳои Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва дигар мавзеву нуқтаҳои аҳолинишин иштирок кардаанд. Онҳо барои озод кардани Ленингради муҳосирашуда ва муҳорибаи Москва кӯмаки бевосита ва саҳми муносиб гузошта, инчунин дар камонаи Курск корнамоиҳо нишон додаанд, дар озодкунии сарзамини Белоруссия, мамлакатҳои назди Балтика ва Полша аз истилогарон фаъолона ширкат варзиданд. Фиристодагони Тоҷикистон дар ҳайати дастаҳои партизании Ҷунбиши муқовимати Фаронсаву Италия ва дигар кишварҳои Аврупо низ ҷангида, саҳми сазовори худро гузоштаанд. Намояндагони ҷавонони тоҷик паҳлу ба паҳлу бо миллату халқиятҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми назарраси худро дар озод намудани халқҳои Аврупо аз истилои фашистон гузоштаанд. Дар сарзамини Полша аскари рота Мирзо Бобоҷонов корнамоӣ нишон додааст, баъдтар пулемётчӣ М.Бобоҷонов барои ҷасуриву далерӣ бо ду ордени Байрақи Сурхи Ҷангӣ мукофотонида шуда, пулемёташ баъди ҷанг дар Музейи шӯҳрати ҷанги Москва ба намоиш гузошта шудааст.
Полшаи миннатдор озодкунандаи далери худ Малик Ашӯровро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад, ки байни партизанҳои полшагӣ бо номи Иван-тоҷик шӯҳрат дошт.
Ҳамин тариқ тоҷикистониҳо мардона дар сафи ҷанговарони Ҷунбиши муқовимат дар Фаронса, Италия ва дигар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ҷангидаанд. Якҷоя бо партизанҳои фаронсавӣ инчунин Қодир Раҳимов аз Ленинобод дар муҳорибаҳо иштирок намудааст.
Ба ғайр аз ҷавонони дар боло номбаршуда боз садҳо тоҷикистониҳое буданд, ки дар муҳорибаҳои сангин иштирок намуда, ҷони худро дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ фидо карданд ва дар ҳамон сарзаминҳо ба хок супорида шудаанд ва оид ба тақдири онҳо мо маълумоти кофӣ надорем.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба китфони нозуки занон дар Тоҷикистон вазифаи сангинтарин – ташкилоти умури ақибгоҳ ва таъмини қӯшунҳои советӣ бо хӯрокворӣ ва лавозимоти зарурӣ гузошта шуда буд. Сарфи назар аз он, аллакай дар рӯзҳои аввали ҷанг зиёда аз 5 ҳазор ариза оид ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши Советӣ пайвастан навишта шуда буд, ки аз онҳо 2 ҳазор ариза ба занону духтарон рост меомад.
Солҳои ҷанг дар ҳайати ҷузъу томҳои махсуси Таълими умумии ҳарбӣ (Всевобуч) теъдоди бузурги духтарон таълими низомӣ гирифтанд. Аз шумораи умумии онҳо, ки таълими ихтисоси ҳарбӣ гирифтанд ва 14765 буданд, зиёда аз 10 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медоданд. Аз он ҷумла аз ҳисоби духтарон 350 мергани нишонзан, 1420 автоматчӣ, 270 радистка, 435 телеграфистка, 3750 телефонистка ва 4195 тирандозон буданд. Ҳамагӣ дар ҷузъу томҳои махсуси ҷумҳурӣ дар солҳои ҷанг 35838 ҷанговарони мутахассис омода карда шудаанд. Аз онҳо ба Артиши Сурх 27 369 ҷавонписарон ва духтарони тоҷикистонӣ фиристода шуданд. Занону духтарон аз Тоҷикистон, ки дар ҳангоми ҳимояи Ватан корномаву қаҳрамонӣ нишон додаанд, дар қатори қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамоянд. Дар байни онҳо: О.Муҳаммадҷонова, Н.Умарова, И.Қурбонова, С.Алибоева, Ҷ. Раҳимова, С.Ниёзова, Н.Лобковская, Ш.Ҳайдарова, А.Мақсудова, Х.Раҳматова, Н.Ахметова, М. Турсунова, А.Королкова, Н. Карамишева, М.Ходзиева, С.Сафарова, А.Носирова, А.Азимова ва дигарон мебошанд, ки дар бораи корномаву қаҳрамониҳои онҳо рӯзномаҳои фронтиву ватанӣ маводҳо интишор менамуданд. Аз ҷумла рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» 28 октябри соли 1942 дар бораи ҳавонавард Ойгул Муҳаммадҷонова аз деҳаи Шинги ноҳияи Панҷакент нақл мекард, ки 93 парвози ҷангӣ дошт ва маҷрӯҳ низ шуда буд. Барои қаҳрамониҳояш Ойгул Муҳаммадҷонова бо ордени Ленин қадр шудааст.
Тамоми кишвари паҳновари ИҶШС ба як лагери ҷангӣ табдил дода шуда буд, аз ҷумла дар Тоҷикистон барои муолиҷа ва нигоҳубини сарбозони дар ҷанг захмӣ шуда аз ҳама имкониятҳо истифода намуда, бемористонҳои эвакуатсионӣ ифтитоҳ шуданд. Ҳамватанони мо барои сарбозон ба фронт сару либоси гарм фиристода, барои сохтани танку ҳавопаймоҳо барои фронт маблағ ҷамъ мекарданд. Барои нигоҳ доштани рӯҳияи баланди аскарон дар фронт аз Тоҷикистон бригадаҳои консертӣ фиристода шуданд. Аз он ҷумла бригадаҳои таблиғотӣ таҳти роҳбарии Раиси Президиуми Шӯрои Олии вақти ҶШС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев бо ҳайати калон ба қисмҳои ҳарбии дар кишвари мо таъсисёфта сафарҳои хизматӣ анҷом дода, тӯҳфаҳои меҳнаткашони ҷумҳуриро ба онҳо расонида буданд. Дар баробари ин кори азими ташкил намудани қисмҳои нави низомӣ давом дода шуда, омода кардани захираи ҷангӣ давом дошт. Мардуми тоҷик махсусан бо он фахр мекард, ки дивизияҳои савораи таҳти сарпарастии Тоҷикистон ба унвони фахрии дивизияҳои гвардиявӣ сазовор шуданд.
Тамоми захираҳои моддию техникӣ ва кадрии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба эҳтиёҷоти фронтҳо равона карда шуда буданд.
Дар солҳои 1941—1945 аз ҶШС Тоҷикистон ба фронт зиёда аз 1 миллиард рубли ИҶШС, 40 ҳазор пуд ғалла (1015 тонна), 213 тонна гӯшт, 2014 тонна картошкаю сабзавот, 458 тонна мева, зиёда аз 150 вагон озуқаворй, 532 ҳазор комплект либоси гарм, 123 ҳазор дона пӯсти гӯсфанд, 25 ҳазор метр матоъ ва 993 ҳазору 400 килограмм пашм фиристода шуд.
Дар баробари ин корхонаҳои саноатии Тоҷикистон барои фронт либосҳои ҳарбӣ, лавозимоту таҷҳизоти ни зомӣ, парашют ва ғайра истеҳсол мекарданд.
Тақрибан 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон барои кор ба корхонаҳои дигар мавзеву ноҳияҳои ИҶШС фиристода шуданд, ки аз он ҷо бисьёриашон ба фронт ба ҷанг рафтанд.
Танҳо дар солҳои аввали ҷанг аз Тоҷикистон ба ҷузъу томҳо ва ҷисмҳои Артиши Сурх 8874 автомашина, 115 трактор, 19326 асп, 1791 ароба ва асбобу таҷҳизоти зарурӣ фиристода шуданд.
Роҳбарияти ҷумҳурӣ вазифаи муҳимми аҳамияти мудофиавии тайёрии таълимии ҳарбии даъватшавандагонро бо роҳи ҷорӣ намудани таълими умумӣ ҳал карда буд. Танхо аз моҳи октябри соли 1941 то декабри соли 1943 15980 нафар сокинони ҷумҳурӣ ихтисосҳои гуногуни ҳарбиро азхуд карданд. Ташкилотҳои мудофиаи оммавӣ ва тарбияи ҷисмонӣ зиёда аз 180 ҳазор нафар одамонро тайёр карда, ба онҳо донишҳои гуногуни ҳарбӣ омӯзониданд, ки барои амалиёти дилпурона дар фронт заруранд. Аз ин шумора 162506 нафар тавассути ташкилотҳои ДОСААФ-и ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои ҳарбӣ тайёр карда шуданд.
Дар солҳои ҷанг Тоҷикистон воқеан ба хонаи дуюми бисьёр мардуми аз дигар мавзеъҳои ИҶШС кӯчонидашуда табдил ёфт. Сокинони Ленинград, Москва, Киев, Минск ва бисьёр дигар шаҳру деҳоти муҳосирашудаи ноҳияҳои ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷумҳурӣ кӯчида, дар ин кишвар ватани худро дубора ёфтанд.
Тақрибан 100 000 нафар дар хоки Тоҷикистон паноҳ ёфтанд, ки тақрибан 10 000 нафари онҳо кӯдакон буданд. Халқи тоҷик онҳоро бо тамоми лавозимоти зарурӣ: манзил, хӯрок, сару либос ва пойафзол таъмин намуд.
Ба ҷумҳурии мо захмиён ва ярадорони дар майдони ҷанг маҷрӯҳшуда фиристода мешуданд, ки барои Ғалабаи оянда хун рехта буданд. Аллакай то соли 1942 дар ҳудуди Тоҷикистон 29 беморхонаи эвакуатсионӣ чойгир шуда, амал мекарданд, ки буд, ки дар онҳо аскарони сурхи захмдор аз захмҳо ва осебҳояшон муолиҷа ва муоина мешуданд. Иқлими субтропикӣ, оромию осоиш ва ғамхории касбии духтурон ба зуд шифо ёфтан ва ба фронт баргаштани онҳо мусоидат мекард.
Духтурон тавонистанд, ки бештар аз 50 ҳазор нафар сарбозони ярадоршудаи советиро ба пой хезонанд. Ин тақрибан панҷ дивизияи мукаммал аст. Фарзандони ҷанговарони дар фронт буда ва эвакуатсияшудагон дар санаторияҳо, лагерҳои бачагон ва осоишгоҳҳо барои истироҳат ҷой дода шуданд. Ҳазорон нафар кӯдакон тавонистанд як қисми айёми кӯдакии худро дар ин ҷо гузаронанд, то ҳар рӯз даҳшатҳои ҷангро ба ёд наоваранд.
Беморхонаҳои эвакуатсионӣ дар Душанбе то ибтидои соли 1944 фаъолият доштанд. Баъди аз тарафи қӯшунҳои советӣ озод карда шудани Украина ва қисматҳои ғарбии ИҶШС як қисми онҳо барои тақвияти ёрии тиббӣ ба қисмҳои ҳарбии пешрафт ба фронт фиристода шуданд. Аммо чанд пункти тиббӣ дар Душанбе боқӣ монда, ба беморхонаҳои ҷарроҳии барқарорсозии маъюбони ҷанг табдил дода шуданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941—1945), ки фоҷиаи умумиҷаҳонии асри 20 буд, бо Ғалабаи оламшумули халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба итмом расид. Ин ҷанги хонумонсӯз ҳаёти миллионҳо одамони бегуноҳро гирифт. Дар Ғалабаи умумӣ бар Германияи фашистӣ шаҳрвандони Тоҷикистон низ саҳми арзандаи хешро гузоштанд.
«Мо ифтихор дорем, ки садҳо ҳазор фиристодагони халқи тоҷик, фарзандони диловари тоҷику тоҷикистонӣ бо намояндагони дигар миллатҳо паҳлу ба паҳлу истода, дар таъмини пирӯзӣ саҳми арзанда гузоштанд», - таъкид доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. дар арафаи 75-солагии Ғалабаи Бузург бар фашизм.
Ватан ба хизматҳо ҷангии қаҳрамононаи сарбозону командирони тоҷикистонӣ ва меҳнаткашони ақибгоҳи баҳои баланд додааст. 65 нафар сокинони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор ва 15 нафар дорандаи ордени Шарафи се дараҷа гардиданд. Ҳазорон нафари дигар аз ҷумлаи иштирокчиёни ҷанг ба ордену медалҳои ҷангӣ қадр карда шудаанд.
Дар ҶШС Точикистон 102 ҳазор нафар бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» мукофотонида шудааст.
То моҳи майи соли 2024 дар Тоҷикистон аз рӯи маълумоти муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Элмурод Турсунов дар мамлакат 24 нафар иштирокчии ҶБВ зиндагӣ мекунанд.
Аз ҳама зиёд собиқадорони ҶБВ дар вилояти Хатлон мондаанд - 10 нафар. Дар шаҳру вилоятҳои боқимонда шумораи собиқадорон чунинанд: Суғд - 6 нафар; Душанбе - 3; НТҶ – 5.
Камолов Камолидин,
ходими калони илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва аврупои АМИТ