САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ЧИН ВА ИШТИРОКИ ФАЪОЛ ДАР САММИТИ СҲШ–2025: ТАҲКИМИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВИЮ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муаллиф: Юсуфҷонов Фаридун

Расм

(Мулоқотҳои сатҳи олии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Чин: таҳкими нуфузи байналмилалӣ ва диверсификатсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон)

       Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Ҷумҳурии Мардумии Чин (31 август – 1 сентябри соли 2025), иштироки ӯ дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва гузаронидани як қатор мулоқотҳои муҳим бо сарони кишварҳои дӯст рӯйдоди муҳим дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Чин барои Тоҷикистон яке аз шарикони калидии стратегӣ аст, ки на танҳо дар бахшҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, балки дар платформаҳои амниятӣ ва сиёсӣ низ нақши калидӣ мебозад.

        СҲШ, ки дар соли 2001 таъсис ёфтааст, имрӯз ба яке аз созмонҳои сернуфузи ҳамгироии минтақаи Авруосиё табдил ёфта, масъалаҳои амният, иқтисод ва робитаҳои фарҳангиро фаро мегирад. Барои Тоҷикистон, иштироки фаъол дар СҲШ имкони пешбурди манфиатҳои миллӣ, ҳифзи амнияти минтақа ва густариши робитаҳои стратегӣ бо Чин ва дигар кишварҳо мебошад.

        Аз ин рӯ, сафари кунунӣ на танҳо як мулоқоти дипломатӣ, балки он марҳалаи калидӣ дар равобити Тоҷикистон бо Чин ва дар муаррифии мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

        Дар ҷараёни сафар Президенти Тоҷикистон бо роҳбарияти олии Чин, аз ҷумла Раиси ҷумҳур Си Ҷинпин, вохӯрии расмӣ анҷом доданд. Мавзӯи асосии мулоқотҳо таҳкими шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод ва фарҳанг буд. Бо дарназардошти сатҳи кунунии робитаҳо, ки аз соли 2013 бо мақоми “шарикии стратегӣ” ва аз соли 2017 бо мақоми “шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ” муаррифӣ шудаанд, мулоқотҳои соли 2025 қадами нав дар эътимодсозӣ ва ҳамгироии ду кишвар маҳсуб меёбанд.

        Ҳамчунин, Сарвари давлати мо бо роҳбарони Русия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва дигар кишварҳои узви СҲШ мулоқот анҷом доданд. Ин вохӯриҳо имкон доданд, ки Тоҷикистон на танҳо робитаҳои дуҷонибаро таҳким бахшад, балки мавқеи худро ҳамчун ҷонибдори сиёсати “дарҳои кушода” ва муколамаи бисёрҷониба муаррифӣ намояд.

        Тавре таҷрибаи дипломатии Тоҷикистон нишон медиҳад, сиёсати хориҷии кишвар бар пояи сулҳҷӯӣ ва мутавозинӣ сохта шудааст. Ин равиш имкон медиҳад, ки Душанбе бо ҳамаи қудратҳои ҷаҳонӣ, аз Русия ва Чин то ШМА ва аъзои Иттиҳоди Аврупо, ҳамкорӣ дошта бошад ва ҳамзамон нақши худро ҳамчун шарики боэътимод дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақвият диҳад.

        Афғонистон, ки дар ҳамсоягии бевоситаи Тоҷикистон қарор дорад, яке аз масъалаҳои марказии баррасии ҷаласаи СҲШ буд. Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ зарурати “тақвияти ҳамкории дастаҷамъӣ барои муқобила бо таҳдидҳои экстремизм, терроризм ва қочоқи маводи мухаддир”-ро таъкид намуданд.

        Аз дидгоҳи геополитикӣ, Тоҷикистон бо мавқеи худ дар дили Осиёи Марказӣ ва бо сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон аҳамияти хоса барои қудратҳои бузург пайдо кардааст. Барои Чин, Тоҷикистон шарики муҳим дар таъмини амнияти ғарби кишвар (Синзян) мебошад; барои Русия, Душанбе як пайванди амниятӣ дар доираи СААД аст; ва барои кишварҳои ғарбӣ, Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар мубориза бо терроризм арзёбӣ мегардад.

        Самти иқтисодӣ яке аз меҳварҳои асосии сафари давлатии Тоҷикистон ба Чин буд. Дар мулоқотҳо бо роҳбарияти Чин ва намояндагони доираҳои иқтисодӣ масъалаҳои сармоягузорӣ ба тарҳҳои бузурги инфрасохторӣ ва энергетикӣ баррасӣ шуданд.

        Яке аз самтҳои дигари муҳим – энергетикаи “сабз” ва рушди устувор мебошад. Чин омодагии худро барои ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои миёнаҳаҷм, баён намуд. Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои азими обӣ аст, ин ҳамкориҳо имкони табдил шудан ба содиркунандаи асосии барқи “сабз” дар минтақа мебошанд.

        Дар бахши нақлиёт, Тоҷикистон ба таври фаъол дар лоиҳаҳои ташаббуси байналмилалии Чин “Камарбанд ва роҳ” ширкат меварзад. Бунёди роҳҳои транзитӣ, роҳҳои оҳан ва долонҳои нави нақлиётӣ имкон медиҳанд, ки кишвар ба як пайванди транзитии тиҷоратӣ миёни Чин, Осиёи Марказӣ, Русия ва бозорҳои Ғарб табдил ёбад.

        Ҳамчунин, масъалаҳои рушди кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти саноатӣ ва воридшавии технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуданд. Аз нигоҳи дипломатияи иқтисодӣ, Чин барои Тоҷикистон на танҳо як сармоягузори шарики стратегиест, ки метавонад ба диверсификатсияи иқтисоди миллӣ кумак кунад.

        Дар давоми ин сафари давлатӣ ба Чин (31 август – 1 сентябри 2025), Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 мулоқоту вохӯриҳо анҷом додаанд, аз он ҷумла:

Мулоқот бо Нарендра Моди (1 сентябри 2025)

Мулоқоти дуҷонибаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди дар ҳошияи ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Суҳбат ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон равона буд. Дар рафти мулоқот масоили зерин баррасӣ гардиданд:

  • Ҳамкорӣ дар бахши амният. Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид карданд. Афғонистон ҳамчун самти муҳим дар рӯзномаи музокирот ҷой дошт, зеро ҳам Душанбе ва ҳам Деҳлӣ ба суботи ин кишвар манфиатдор мебошанд.

  • Иқтисод ва сармоягузорӣ. Баррасии имкониятҳои тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи ҳиндӣ ба бахшҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон, махсусан энергетика, кишоварзӣ ва фармасевтика.

  • Фарҳанг ва таълим. Таваҷҷуҳ ба густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла барномаҳои таълимӣ барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Ҳиндустон.

  • Дипломатияи бисёрҷониба. Мавқеи ҳамсон дар масъалаҳои байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии иқдомҳо дар доираи СҲШ.

Барои Тоҷикистон ин мулоқот аҳамияти стратегӣ дошт. Аввалан, ҳамкорӣ бо Ҳиндустон ба Душанбе имконият медиҳад, ки сиёсати хориҷии худро диверсификатсия намояд. Дуюм, таваҷҷуҳи Ҳиндустон ба Афғонистон ба ҳамоҳангии минбаъдаи иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаи амният мусоидат мекунад. Севум, самти иқтисодӣ метавонад ба ҷалби сармоя ва рушди бахшҳои нави иқтисодӣ дар Тоҷикистон такон бахшад. Чаҳорум, ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва фарҳанг ба густариши заминаҳои иҷтимоиву инсонӣ миёни ду кишвар мусоидат мекунад.

 

Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Литсюн (1 сентябри 2025)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Литсюн мулоқот анҷом доданд. Суҳбат асосан ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ дар Тоҷикистон нигаронида шуд. Дар рафти ин мулоқот масоили зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

  • Лоиҳаҳои инфрасохторӣ. Баррасии имконияти дастгирии молиявии БОСИ барои роҳҳо, пулҳо ва шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ, ки Тоҷикистонро бо бозорҳои ҷаҳонӣ мепайванданд.

  • Энергетика ва иқлим. Мулоқот масъалаи сармоягузории лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва энергетикаи барқароршавандаро дар бар гирифт. Аз ҷумла, зарурати таъмини устувории энергетикӣ ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим зикр гардид.

  • Ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ. Таъкид шуд, ки дастгирии БОСИ метавонад ба ҳамгироии иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он такон бахшад.

  • Молия ва сармоягузорӣ. Ҷонибҳо имконияти истифодаи воситаҳои молиявии ин ташкилоти байналмилалиро барои татбиқи барномаҳои рушди устувори Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Ин мулоқот барои Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад, зеро БОСИ яке аз муассисаҳои бонуфузи сармоягузорӣ дар минтақа аст. Аввал, ҷалби сармояи БОСИ метавонад ба рушди инфрасохтор ва энергетикаи Тоҷикистон такони ҷиддӣ диҳад. Дуюм, ин ҳамкорӣ ба беҳтар шудани пайвастагиҳои иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон бо дигар минтақаҳо мусоидат мекунад, ки барои кишварҳои дар дохили қитъа ҷойгиршуда аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Севум, таваҷҷуҳ ба лоиҳаҳои “сабз” Тоҷикистонро ҳамчун пешсафи ташаббусҳои экологӣ ва иқлимӣ дар минтақа муаррифӣ мекунад.

 

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

(1 сентябри 2025)

Пешвои муаззами миллат бо Президенти Русия Владимир Путин мулоқоти ҷудогона анҷом доданд. Ин вохӯрӣ яке аз муҳимтарин қисматҳои сафари корӣ ба Чин буд, зеро ҳамкорӣ бо Русия ҳамчун шарики асосии стратегии Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад. Дар доираи ин вохӯрӣ якчанд масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

  • Амният ва ҳамкорӣ ҳарбӣ. Баррасии ҳамоҳангсозии иқдомҳо дар доираи СААД ва мубориза бо таҳдидҳои экстремизму терроризм.

  • Иқтисод ва тиҷорат. Таъкид ба густариши робитаҳои иқтисодӣ, махсусан дар соҳаи энергетика ва нақлиёт.

  • Масъалаҳои муҳоҷират. Гуфтушунид дар бораи беҳтар намудани шароити ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия.

  • Дипломатия ва ҳамгироӣ. Ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар доираи СҲШ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ.

Ин мулоқот бори дигар аҳамияти Русияро барои Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегии асосӣ нишон дод. Дар арсаи амниятӣ, ҳамоҳангии иқдом барои ҳифзи суботи минтақавӣ муҳим аст. Дар иқтисод, густариши ҳамкорӣ ба рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ мусоидат мекунад. Ҳалли масъалаҳои муҳоҷират аҳамияти иҷтимоӣ дорад, зеро он ба некуаҳволии садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон таъсир мерасонад.

 

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

(1 сентябри 2025)

Мулоқот бо Президенти тозаинтихоби Эрон Масъуди Пизишкиён нишонаи густариши робитаҳои анъанавӣ ва фарҳангии ду кишвар буд. Масъалаҳои дар поён овардашуда ҳангоми ин мулоқот баррасӣ гардиданд:

  • Фарҳанг ва забон. Таъкид ба арзишҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ.

  • Иқтисод. Баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва тиҷорат.

  • Амният. Мавқеи муштарак дар бораи зарурати субот дар Афғонистон.

  • Сиёсати хориҷӣ. Ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ.

Мулоқот аҳамияти фарҳангиву сиёсӣ дошт ва барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Эрон замина гузошт. Тоҷикистон метавонад аз робитаҳои наздик бо Теҳрон барои густариши имкониятҳои тиҷоратӣ ва энергетикӣ истифода барад.

 

Мулоқот бо Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф (2 сентябри 2025)

Мулоқот бо Сарвазири Покистон ба таҳкими ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯст равона буд. Дар рафти мулоқот масоили зерин баррасӣ гардиданд:

  • Амният ва Афғонистон. Баррасии вазъи Афғонистон ва зарурати ҳамоҳангсозии иқдомҳо барои субот дар минтақа.

  • Иқтисод. Имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, энергетика ва нақлиёт.

  • Ҳамкорӣ дар сатҳи СҲШ. Таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмони минтақавӣ.

Мулоқот барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки робитаҳои худро бо Покистон густариш дода, заминаҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ ва амниятӣ эҷод намояд.

 

Иштирок ва суханронии Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои СҲШ (1 сентябри 2025)

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбари кишвари мизбони Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоиш ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар рушди ҳамкории кишварҳои аъзо назаррас арзёбӣ карда, густариши минбаъдаи муколамаи сиёсии боэътимодро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда зарур шумурданд. “Мо рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозиро муҳим мешуморем”, иброз доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Иштироки Сарвари кишвари мо мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун узви фаъол ва ташаббускори СҲШ муаррифӣ намуда, ин ба баланд бардоштани обрӯи байналмилалии кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат кард. Дар рӯзномаи ин вохӯрӣ якчанд нуктаҳои муҳим баррасӣ шуданд.

  • Амният. Таъкид ба зарурати вокуниши дастаҷамъӣ ба таҳдидҳои терроризм ва ифротгароӣ.

  • Афғонистон. Мавқеи устувори Тоҷикистон дар бораи зарурати ҳалли мусолиматомези мушкилоти ин кишвар.

  • Иқтисод ва нақлиёт. Дастгирии ташаббусҳои минтақавӣ дар соҳаи инфрасохтор ва энергетика.

  • Сиёсати хориҷӣ. Тоҷикистон нақши худро ҳамчун ҷонибдори ҳамкорӣ ва сулҳ таъкид кард.

 

Иштирок дар ҷаласаи “СҲШ-плюс” дар мавзӯи “Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор”

(1 сентябри 2025, Тянҷин)

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи “СҲШ-плюс” ҷанбаи муҳим дошт, зеро ин формати васеъ имконият фароҳам меорад, ки на танҳо аъзои СҲШ, балки кишварҳои шарик ва нозир низ ба муҳокимаи масъалаҳои байналмилалӣ ҷалб шаванд.

  • Геополитика ва амният

  • Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун ҷонибдори ҳалли мушкилоти амниятӣ тавассути ҳамкории дастаҷамъӣ муаррифӣ намуд.

  • Таваҷҷуҳи хоса ба Афғонистон ва таҳдидҳои фаромарзӣ – терроризм, ифротгароӣ ва қочоқ – ҷой дошт. Ин нишон медиҳад, ки Душанбе мехоҳад СҲШ ҳамчун абзори муассир дар таъмини суботи минтақа истифода шавад.

  • Иқтисод ва рушди устувор

  • Бо зикри саҳми Тоҷикистон дар бахшҳои нақлиёт, гидроэнергетика ва саноат, кишвар худро ҳамчун шарики фаъоли иқтисодӣ муаррифӣ намуд.

  • Ин ба густариши ҳамгироии минтақавӣ такон мебахшад, зеро СҲШ метавонад ҳамчун платформаи пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ бо бозорҳои Осиё ва ҷаҳон хидмат кунад.

  • Ташаббусҳои байналмилалӣ

  • Президенти Тоҷикистон бо зикри ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо дубора мавқеи кишварро ҳамчун пешсафи экологӣ дар арсаи байналмилалӣ нишон дод.

  • Ин иқдом ба дипломатияи нарм (soft power) ва баланд бардоштани обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

               Иштирок дар СҲШ-плюс ба Тоҷикистон имконият дод, ки худро ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна, ҷонибдори рушди устувор ва ташаббускори масъалаҳои глобалӣ муаррифӣ кунад. Ин мавқеъ ба таҳкими нуфузи Душанбе дар созмонҳои бисёрҷониба кумак менамояд.

 

 

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

(2 сентябри 2025)

Мулоқот бо Си Ҷинпин яке аз нуқтаҳои асосии сафар буд, ки он ба таҳкими шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Тоҷикистону Чин бахшида шуда, ҳам масъалаҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷонибаро фаро гирифт. Тарафаҳо масоили мубрами зеринро баррасӣ карданд.

  • Геополитика ва амният

  • Ҷонибҳо мавқеи ҳамсонро дар масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо таҳдидҳои муосир ва таъмини суботи Афғонистон, таъкид намуданд.

  • Тоҷикистон бо дастгирии Чин сиёсати амниятии худро дар сатҳи минтақавӣ таҳким мебахшад.

  • Сиёсати байналмилалӣ

  • Сарвари кишвари мо дастгирии Тоҷикистонро аз ташаббуси нави “Идораи глобалӣ”-и Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳор намуд, ки онро бо ҳадафҳои худ дар соҳаи сулҳ, амният ва волоияти қонун мувофиқ донист.

  • Ин ҳамоҳангӣ ба ҳамкории стратегӣ дар арсаи байналмилалӣ замина фароҳам меорад.

  • Иқтисод ва технология

  • Баррасии ҳамкориҳо дар соҳаҳои инфрасохтори нақлиёт, логистика, сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ.

  • Иштирок ва дастгирии ширкатҳои чинӣ барои таъсиси марказҳои иттилоотӣ, рушди амнияти киберӣ ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ аҳамияти хос дошт.

  • Дар бахши энергетика, ҳамкории ду кишвар дар гидроэнергетика ҳамчун самти авлавиятнок таъкид шуд.

  • Фарҳанг ва гуманитарӣ.

  • Робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм ва сайёҳӣ ҳамчун унсури пайванддиҳандаи мардумон таъкид гардиданд.

Ин мулоқот аҳамияти калидӣ дошт, зеро Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон мебошад. Таҳкими робитаҳо бо Пекин ба рушди иқтисодӣ ва суботи минтақавӣ мусоидат мекунад. Дар рафти ин мулоқот бори дигар мавқеи Чин ҳамчун шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ барои Тоҷикистон боз тасдиқ гардид. Барои Душанбе ин равобит на танҳо сармоягузорӣ ва рушди иқтисодӣ, балки ҳамчунин кафолати амниятӣ ва ҷойгоҳи устувор дар геополитикаи Осиёро таъмин менамояд. Тоҷикистон тавонист муносибатҳои стратегиро бо Пекин таҳким бахшад ва заминаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, иқтисод, технология ва фарҳанг эҷод кунад.

 

Хулоса

Сафари давлатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин (31 август – 2 сентябри 2025) бо якчанд мулоқоти муҳим ва иштирок дар чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ анҷом ёфт. Ҳар як мулоқот самти махсус дошт:

  • бо Ҳиндустон, Русия, Эрон ва Покистон – таҳкими робитаҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ;

  • бо роҳбарияти Чин – баланд бардоштани сатҳи шарикии стратегӣ;

  • бо Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ – имкониятҳои нави сармоягузорӣ;

  • иштирок дар чорабиниҳои СҲШ – муаррифии мавқеи сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ.

Ин мулоқотҳо нишон доданд, ки Тоҷикистон бо истифода аз сиёсати “дарҳои кушода” тавонистааст робитаҳои худро бо қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ густариш диҳад. Дар сатҳи амниятӣ, Душанбе худро ҳамчун ҷонибдори ҳалли мусолиматомези низоъҳо муаррифӣ намуд. Дар иқтисод, имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ боз шуданд. Ниҳоят, дар сатҳи фарҳангӣ ва гуманитарӣ робитаҳо бо кишварҳои дорои арзишҳои муштарак таҳким ёфтанд.

Сафари мазкур на танҳо барои таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар минтақа аҳамияти калидӣ дошт, балки обрӯи байналмилалии онро ҳамчун ҷонибдори сулҳ, ҳамкорӣ ва рушди устувор боз ҳам боло бурд.

 

ЮСУФҶОНОВ Фаридун 

номзади илмҳои сиёсӣ

ходими пешбари илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ