Муаллиф: Камолов Камолидин
Чи тавре аз хабарҳои ВАО-и ҷумҳурӣ маълум аст, 13 октябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар анҷом доданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ рӯзи ҷумъа дар Бишкек таҳти раёсати раҳбари Қирғизистон Содир Жапаров баргузор шуд. Дар он раисҷумҳури Русия Владимир Путин, раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, раҳбари Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раҳбарони Ӯзбекистону Туркманистон Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳаммадов ширкат доштанд.
Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.
Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти густариши минбаъдаи робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории халқҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро таъкид намуданд.
Дар ҷараёни музокирот таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои муайян намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва тавофуқҳое, ки чанде пеш дар ин самт ҳосил шуда буданд, зоҳир шуд. Сарони давлатҳо фаъолияти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро мусбат арзёбӣ намуда, ба фаъолсозии минбаъдаи кор изҳори ҷонибдорӣ намуданд.
Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ, ки ба таври анъанавӣ ба рушди тамоми доираи муносибатҳои дуҷониба такон мебахшад, идома дода шавад.
Сарони кишварҳои ИДМ дар нишасти рӯзи ҷумъа дар Бишкек инчунин Созмони байналмилалии забони русиро таъсис доданд. Иштирокчиёни ҳамоиш Созишнома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалии забони русиро ба имзо расониданд. Ташаббуси таъсиси чунин созмон таҳти сарпарастии ИДМ аз ҷониби раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба миён гузошта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳои созмон таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо дар масоили ҳифзу тарғиби забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнидавлатӣ, истифода аз он ҳамчун воситаи дастрасӣ ба пойгоҳҳои донишҳои ҷаҳонӣ ва маълумот дар соҳаи фарҳанг, адабиёт ва таърих хоҳад буд. Ин созмон ҳамчунин ба таҳкими мақоми забони русӣ ҳамчун забони расмӣ ё кории созмонҳо ва сохторҳои байниҳукумативу байналмилалӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд.
Гуфта мешавад, ки мақоми олии ин созмон Конфронси вазирон хоҳад буд, ки ба ҳайати он раҳбарони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ шомиланд. Органи кории доимӣ котибот мебошад, ки ба он Котиби генералӣ роҳбарӣ менамояд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Қирғизистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди равобити дуҷонибаро баррасӣ намуд.
"Ҳама чиз тавре пеш меравад, ки мо ба нақша гирифта будем. Фаъолияти дуҷониба рафта истодааст, ҳукуматҳо кор мекунанд. Масъалаҳои амниятӣ ҳал мешаванд", — шарҳ додааст суханҳои Президент В.В.Путин-ро хабарнигории АИР (РИА) Новости.
Дар ин дидор ӯ бори дигар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш, ки 5 октябр буд, табрик гуфт.
Раҳбарони Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар музокирот дар бораи густариши равобити дуҷониба дар бахшҳои мухталиф суҳбат карда, ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, пеш аз ҳама ба авзоъ дар марзи Тоҷикистон бо Афгонистон дахл намуданд.
Ҳамчунин, масоили марбут ба фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар ин ҷумҳурӣ, ки яке аз омилҳои аслии субот дар минтақа маҳсуб мешавад, матраҳ гардид.
К.Камолов,
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Марказии ИОМДОА
16.10.2023