Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул
Сафари кории сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Ашқободи Туркманистон ва натоиҷ аз Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ
24 майи соли равон дар Ашқобод дар доираи сафари корӣ ба Туркманистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ Сарвазири Тоҷикистон ба Президенти Туркманистон салому паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Ҷонибҳо дар доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.
Тарафҳо доир ба ҷонибдории густариши минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва нигоҳ доштани тамоюли мусбати афзоиши бемайлони он сухан гуфтанд. Дар ин росто нақши махсуси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва иқтидори бузурги ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро таъкид намуда, ҷонибдориашонро аз рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд(1).
24 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Ба рӯзномаи ҷаласа 12 масъалаи марбут ба ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахшҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия ва энергетика дохил шуда буд. Ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, телекоммуникатсия, ҳифзи муҳити зист, рушди долонҳои нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зарурати фаъол гардонидани корҳоро баҳри истифодаи ҳадди аксари иқтидори ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод, мутобиқ шудан ба воқеияти нав - тағйироти глобалӣ дар иқтисод, сиёсат ва соҳаи иҷтимоӣ ва расидан ба сатҳи сифатан нави шарикии байни давлатҳои иштироккунанда таъкид намуд.
Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки масъалаҳои пешбурди иқтисоди «сабз», бахусус энергетикаи «сабз», инчунин масъалаҳои тағйирёбии иқлим аз самтҳои афзалиятноки Иттиҳод боқӣ мемонанд.
Дар интиҳои ҷаласа бастаи санадҳо марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, саноати кимиё, коркарди партовҳои хатарнок ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид.
Мавзуи дигари рӯзномаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳод масъалаи эълон намудани Ашқобод- «Шаҳри имконияти нави варзишии Иттиҳод» буд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Сочи (Федератсияи Русия) баргузор мешавад(2).
21 май мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо ректори Донишгоҳи технологияҳои муҳандисии Туркманистон ба номи Оғузхон Гурбанмират Мезилов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба густариши ҳамкории минбаъда дар соҳаи маориф ва илм, омода кардан ва бозомӯзии мутахассисон, табодули таҷриба оид ба усулҳои муосири таълим ва таҳқиқоти илмӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд(3).
23 майи соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо ҷавонон-донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро, ки ҷиҳати иштирок дар озмуни байналмилалии “Муносибатҳои байналмилалӣ: фарҳанги муколамаи сулҳ” озими Ашқобод гардида буданд, дар саҳни Сафорат ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат роҷеъ ба аҳаммияти ваҳдату ҳамбастагӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ва нисбат ба сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонони кишвар сухан ронд (4).
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки муносибатҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду давлати мустақил 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» замина пайдо намуд.
Аз моҳи феврали соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод ва аз 26 июни соли 1999 Сафорати Туркманистон дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 110 санад ташкил медиҳад, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳоро ба танзим медароранд.
Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд дорои ҳусни эътимод буда, ба дастгирии мутақобил асос меёбанд. Президентҳои ду кишвар борҳо сафарҳоро ба давлатҳои ҳамдигар анҷом додаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ мубодилаи гурӯҳҳои эҷодӣ, иштироки мутақобил дар фестивалҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки барои густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд.
Сарчашма:
1. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот анҷом дод. Манбаи электорнӣ: https://khovar.tj/2024/05/sarvaziri-to-ikiston-o-ir-rasulzoda-bo-prezidenti-turkmaniston-serdar-berdimu-amedov-mulo-ot-an-om-dod/. Санаи муроҷиат: 27.05.2024с.
2. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд. Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2024/05/sarvaziri-to-ikiston-o-ir-rasulzoda-bo-prezidenti-turkmaniston-serdar-berdimu-amedov-mulo-ot-an-om-dod/. Санаи муроҷиат: 27.05.2024с.
3. Мулоқоти сафир бо ректори Донишгоҳи технологияҳои муҳандисии Туркманистон ба номи Оғузхон. Манбаи электронӣ: ttps://mfa.tj/tg/almaty/view/15065/muloqoti-safir-bo-rektori-donishgohi-tekhnologiyahoi-muhandisii-turkmaniston-ba-nomi-oguzkhon. Санаи муроҷиат: 27.05.2024с.
4.Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Ашқобод. Манбаи электронӣ: https://mfa.tj/tg/ashgabat/view/15090/tajlili-ruzi-javonon-dar-ashqobod. Санаи муроҷиат: 27.05.2024с.
Давлиёрова С.Т.
ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон