САФАРИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ЭРОН БА ТОҶИКИСТОН: ЗАМИНАҲО ВА ДУРНАМОИ ҲАМКОРӢ

Муаллиф: Холназаров Назар

Расм

       Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Аббос Арақчӣ рӯзи 30 июли соли  2025 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон, бо ҳадафи таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва баррасии масоили муҳими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвари дӯст, ташриф овард. Аббос Арақчӣ ҳафтаи гузашта баъд аз хотима ёфтани ҷанги 12 рӯза миёни ҶИЭ ва Исроилу Амрико бо сафари расмӣ ба Россия рафт ва бо мақомоти Олии ин кишвар, аз ҷумла, бо президенти он В.Путин мулоқот анҷом дод. Сафари дуюми ӯ ба  хориҷи кишвар баъд аз муноқишаи Исроил ва Амрико ба Эрон ба Тоҷикистон сурат гирифт.

        Дар мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили зерин мавриди гуфтугӯ ва қаноатмандӣ қарор гирифтанд:

-Тарафҳо аз раванди вусъати робитаҳо барои ҳарду тараф судманд, хусусан аз раванди хуби татбиқи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи Олӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд;

-Масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи  тарафҳо қарор доштанд;

-Алоқамандии тарафҳо дар тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши энергетика, саноат, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ, илму фановарӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, гардишгарӣ ва дигар бахшҳо таъкид карда шуд;

Ҳамчунин, гуфтушунидҳо дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи мустақими ҷонибҳо қарор гирифтанд.

         Маврид ба зикр аст, ки Эрон дар ду даҳсолаи охир, оид ба пешрафти илм як ҷаҳиши бузурге намуда, дар байни 200 кишвари ҷаҳон ҷойи шонздаҳумро ишғол намудааст. Дар ҳоли ҳозир, новобаста аз таҳримҳои ҷиддӣ бештар аз 40 сола тавонистааст, ки дар илми техникаи роботӣ дар ҷаҳон ҷойи чорум ва дар саноати фӯлод дар ҷаҳон ҷойи 10-ро ба даст биоварад. ҶИЭ дар истеҳсоли нону дору дар ҷои ҳафтум ва дар соҳаи нанотехнология ҷойи чорум, мақоми 7 ва 8 –ро дар истеҳсоли доруҳои навтаркиби гемофилӣ, дар сохтани лазерҳои пуртавон дар қатори 5 давлати пурқудрати ҷаҳон, дар илмҳои муолиҷаи бефарзандӣ (нобороварӣ) дар ҷойи чорум, дар чашмпизишкӣ дар ҷои 15 ва дар ҷарроҳии дил  дар қатори 10 кишвари дунё қарор  гирифтааст.

         Ғайр аз ин, дар илмҳои кайҳоншиносӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, дар сохтани техникаҳои ҷангӣ ва мудофиавӣ, аз қабили рокетаҳои  бурди наздик ва дур, бесарнишинҳои гуногун, модернизатсияи техникаҳои ҳарбии заминӣ ва ҳавоӣ пешрафт кардааст.

         Ногуфта намонад, ки дар тамоми давраи барқарории муносибот, ки беш аз 30 солро дар бар мегирад, миёни Тоҷикистону Эрон бештар аз 250 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъйид намуда, ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба хидмат хоҳанд кард. Дар миёни ин санадҳо “Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ”, “ҳамкориҳои амниятӣ”, мубориза бо терроризм, экстремизм ва қочоқи ғариқонунии маводи мухаддир аз аҳамияти муҳиме бархурдор мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ, монанди Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории хубе дошта, ҳамеша аз мавқеи ҳамдигар дар ин созмонҳо пуштибонӣ мекунанд.

         Дар ин хусус, сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон оқои Муҳаммадтақӣ Собирӣ, ҳамчун намояндаи  Ҷумҳурии Исломии Эрон чунин мефармояд: “Ҷумҳурии Исломӣ барои тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад”.

 

ХОЛНАЗАРОВ Назар

ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ