Муаллиф: Пудинаев Умед
Шукуҳу шаҳомати Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро аз телевезиону родиё, шабакаҳои иҷтимоӣ ва бештар аз забони коршиносону коргарон – онҳое, ки дар ин тарҳи бузург ширкат кардаанд, бисёр шунида будам. Ҳанӯз аз замони тифлӣ ҳайбату иншооти азим будани Роғун дар дилам ҷой дошт ва мехостам ин ҳамаро аз наздик бубинам, ки билохира ин орзу тавассути масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд.
Бисёр шунида будам, ки тарҳи Роғун чунин асту чунон аст. Яке мегуфт дар дарунаш ҳазорон коргару муҳандисон, садҳо мутахассисони хориҷӣ кор мекунанд. Дигаре мегуфт, даҳҳо ширкатҳо дар сохтмони ин иншоот иштирок доранд. Савумӣ ҳам аз аҷоиботи ин тарҳ сухан мекард, ки ҳамагӣ дар таги замин қарор доранд. Чаҳорумӣ аз бобати бо барқ таъмин шудани кишвари мо ва ҳамсоякишварҳои атрофамон сухан мегуфт. Панҷумӣ бошад, аз нуктаҳои ҷолибу азиму манофеи бузурги ин тарҳи азим ҳарф мезад... Ин ҳама гуфтаҳои дигарон бидуни тардид касро барои дидани ин тарҳи азим ё худ сохтмони азими аср ҳаррис мекунад, ки яке аз инҳо худи манам...
Аз ин рӯ, дер боз мехостам ин сохтмони азими асрро аз наздик бубинам. Аз наздик дидани рафти корро бисёр орзу мекардам. Бисёр мехостам таги замин, яъне зери нақбҳои азим равам, бо коргарон суҳбат дошта бошам, ки шукр, ин орзу амалӣ гашт. «Шунидан кай бувад монанди дидан» гуфтаанд. Аз эълони ҳайати сафар ба Роғун иттилоъ ёфтам ва фурсат ғанимат барои бо ҳайат пайвастан омода шудам.
Рахти сафар. Сафар рӯзи панҷшанбе бояд сурат мегирифт, ки маълум шуд рӯзи ҷумъа, аниқтар санаи 25.08.2023 сурат мегирад. Соати расо 08: 00 дар назди бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ҳозир будем. Дар толори ин бино, намояндаҳои Кумита суханронӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарҳи НБО-и Роғун, фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо барнома шинос намуданд. Сипас, бо ҳайати намояндаҳои идораҳо дар се автобус ва чанд мошин ё худравҳои дигар рахти сафар бастем, ба Роғун...
Дар роҳ бо дидани роҳу биноҳои замонавӣ, манзараҳои зебо, кӯчаву пасткӯчаҳои дар роҳ намудор ва дигар диданиҳои нави муосир вақти мо ҳам зуд гузашт, ки дар шаҳри Роғун расидем.
Дар Роғун... Моро хуб пазируфтанд. Бо нону намак ва чеҳраи гарм моро пешвоз гирифтанд. Дар маркази шаҳр бо асбобҳои миллӣ ва либосҳои тоҷикона, таронаҳои марғуб дар иҷрои гулдухтаракон табъи меҳмононро болида намуданд. Аксбардориву наворбардориҳо дида мешуд, ки ҳамагӣ барои ҷалби сайёҳон мусоидат мекунад. Шаҳри Роғун ҳам дар зебогиву тозагӣ аз Душанбе камӣ надошт. Чун ҳамаҷоро дарахту буттаҳо ва сабзаву биноҳо оро дода буданд. Хонаҳои шаҳр ҳам ба пуррагӣ таъмир буданд...
Сипас, баъди дидани шаҳри зебо ҳамагӣ ба Осорхонаи шаҳри Роғун ворид шудем, ки аз диданиҳои осорхона ва бардоштани аксу наворҳои меҳмонон ҷаҳони маъно бардоштанд. Аз аксу тасвирҳои таърихии осорхона маълумоти зиёд гирифтанд. Хуб, дигар нисфирӯзӣ шуд. Ба ошхона барои тановули хӯроки нисфирӯзӣ даромадем. Баъди хӯрок эълон шуд, ки омода шавем, барои дидани тарҳи Роғун меравем.
Дубора то иншоот тариқи автобусҳо роҳсипор шудем. Либосҳои махсусро бароямон доданд, дар сар сарпӯш ё истилоҳе, ки коргарон истифода менамоянд “каска” доданд. Қоидаи кор ҳам чунин будаст, ки меҳмонон бо лисбоҳои махсус бояд вориди сохтмон шаванд.
Нахуст аз нақби азим гузаштем, сад ё платинаи дар телевезион дидаамонро нишон доданд, маълумот доданд. Ба саволи меҳмонон намояндаи иншоот пусухи муфассал медод.
Хуб, бо ҳамин радиф, ҳайати мо дар се қисм аз дигар тарафи нақбу аз болои сад ва зери замин дидан намуданд, аксу наворҳо бардоштанд. Намояндаҳои телевезионҳои кишвар низ иштирок намуда, гузориш омода мекараданд.
Ба гуфтаи намояндагони ин тарҳи азим дар ин иншооти бузург ҳудуди 15 ҳазор шаҳрванди кишвар ва коргарони эрониву чинӣ низ кору фаъолият намуда истодаанд. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша, бунёди пурраи НБО-и Роғун то соли 2029 дар назар аст...
Ба гуфтаи намояндагони лоиҳа, ин иншооти бузург дар чаҳор қисм (Лот) тақсим шудааст. Дар ҳамаи қисматҳо корҳо бо маром ҷараён дорад. Гуфта шуд, ки “Сарбанди НБО-и Роғун бо баландии 335 метр, яке аз сарбандҳои машҳур ва баландтарини дунё ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми умумии маводи сарбанд ҳаштод миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. То имрӯз зиёда аз 19 млн метри мукааб мавод хобонда шудаанд. Қисмати болоии сарбанд дар сатҳи 1140 метр қарор дошта, қисмати поёнии он дар сатҳи 185 метр ҷойгир аст. Корҳои қабат ба қабат хобонидану зиҷкунии мавод дар ин қисматҳо идома ёфта истодааст. Айни замон, корҳои хобонидани бетони кубонидашаванда дар қисмати асосии ядрои сарбанд рафта истодааст.
“Агрегати-3”. Ба иттилои масъулин, коргарон аз тамоми гӯшаву канори кишваранд. Шабонарӯз техникаи бехатарӣ дар сохтмон таҳти назорат аст. Дар ин иншооти муҳим зиёда аз 65 фоизи корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ анҷом ёфтааст. Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанде пеш аз неругоҳ дидан карданд, моҳи ноябри соли 2025 ба кор андохтаи чархаи 3-юм (агрегати-3) дар назар дошта шудааст. Тибқи Барномаи корӣ, соли 2029 корҳои сохтмонии НБО-и Роғун бояд пурра анҷом ёбад.
Гуфта шуд, ки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ оид ба бехатарии сарбанд, экологияи иҷтимоӣ, вохӯриҳо гузаронидаанд. Ҳамаи ин нуқтаҳоро ба назар гирифта, имсол хулосаи ниҳоиро пешниҳод менамоянд. Аз ин ду чархаи ба истифода дода шуда, зиёда аз 6-млн киловатт соат барқ истеҳсол карда шудааст, ки ба низоми ягонаи барқ интиқол дода шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ба ин масъалаи ҳаётан муҳимми диёр тавваҷҷуҳи хосса дорад ва анҷоми бомуваффақонаи онро интизор аст. Зеро комилан ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳ ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки аз оғози корҳои сохтмониву барқарорсозии НБО-и «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст. Инчунин бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои ба итмом расонидани НБО-и «Роғун» Ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармоя бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд ҳамкорӣ менамояд.
НБО-и «Роғун» дар рӯди Вахш бунёд гардида, як қисми силсиланеругоҳҳои Вахш аст ва бо иқтидори муқарраршудаи 3600 МВт бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Дар бинои неругоҳ шаш агрегати гидроэлектрикӣ бо иқтидори 600 МВт бо турбинаҳои радиалӣ-меҳвар насб мешаванд. Истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар НБО «Роғун» дар як сол беш аз 17,0 миллиард кВт/соатро ташкил хоҳад дод.
Саргаҳи об. Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби наздик ба 60 дар сади захираҳои обӣ аст.
Мувофиқи нишондодҳои солҳои охир аз рӯи захираҳои обӣ ва энергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол менамояд, зеро захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон хеле бой буда, 527 миллиард кВст/сол арзёбӣ карда мешавад. Вале, айни ҳол танҳо 5-6% он амалӣ шудаасту халос, барои пурра амалӣ намудани он ҳоло корҳои зиёдеро ба сомон расонидан лозим аст.
Вақти кор аст! Воқеан вақти кор аст. Барои ин миллат вақти кор аст, ки амал намоянд. Талошу ҷоннисориҳо бояд кард. Имрӯз Роғун майдони захматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Имрӯз ин миллати бузург шоҳсутуни бузурги меҳру муҳаббатро бино мекунанд. Имрӯз ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафҳуми бузург гаштааст. Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ. Имрӯз рӯзи шинохти арзишҳои миллӣ аст. Исботи тоҷик будану иродаи қавию тоҷдорӣ расидааст. Миллати ҳимматбаландро фурсати исботи ҳиммати баланд расидааст.
Ин миллат. Ин миллат ҳамеша пайи кору пайкор буд. Ҳоло ҳам ҳаст, заҳмат мекашад. Доимо барои зиндагии хубу шоиста талош меварзид ва ҳоло ҳам аз талоши худ монда нашудааст ва набояд хаста шавад. Миллати тоҷик аз қадим соҳиби хираду идрок ва меҳнатдӯсту пурғайрат буд. Ҳоло ҳам талош дорад, то ҳамқадам бо замон бошад. Он ҳамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург ҳамеша кӯшиш бар он мениҳад, ки ба касе дастнигару эҳтиёҷманд набошад. Бар ин буд, то худ ободгару бунёдсоз бошӣ на такя бар дигарон...
Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.
Коргарони ин тарҳи азим аз тоҷикони баору номусанд, ки имрӯзҳо пайи ободии ватани азизанд. Имрӯзҳо бо ҷаҳди бузург бо иттиҳод санг бар болои санге ниҳода, Роғунро бунёд мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон бошад. То модари тоҷик бо сарбаландӣ аз пайи рафъи мушкилиҳои рӯзгори хеш ба осонӣ баромада тавонад. То Тоҷикистони азиз дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор бошад.
Ҳарфи Роҳбар ва дигарон. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз оғоз талоши худро ба харҷ дод, то ҳар чи зудтар ин нерӯгоҳи бузурги аср сохта ва ба истифода дода шавад.
Президенти кишвар дар як суҳбати худ таъкид дошт: «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Пешвои миллат, ҳамчунин изҳор дошт, ки: «нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад».
Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷаи кишвар ҳам аз минбари Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошта буд, ки ҳадафи сохтмони «Роғун» танҳо пайгирии манфиати худӣ буда, сохтмони иншоот ба кишварҳои ҳамсоя зиён намерасонад. Ӯ таъкид карда буд, ки мо ҷонибдори самимии ҳамкориҳои минтақавӣ ҳастем ва хоҳем монд.
Хулоса, имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино карда истодаанд. Иншооти Роғун ҳамчун неругоҳи барқӣ - обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати точик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид.
Ба ҳар сурат мо ҳамагон ба қадри имкони худ бояд талош варзем, то ин нерӯгоҳ сохта ва ба истифода дода шавад, чаро ки дар сурати сохта ва ба истифода дода шудан имкон дорад бозори минтақаро бо маводи худ ҷалб созем. Пас дар ин сурат имконоти зиндагии хубтар мо мардуми пуршарафи тоҷикро интизор аст.
Хулоса ин сафари мо сабаб шуд, ки ман ба як орзуи худ расидам. Иншоотро аз наздик дидам. Умедворам, ки ин дафъа барои дидани агрегати сеюм, ки дар арафаи анҷомёбӣ аст, меравам.
Мулоқот. Зимни баргашт аз дидани иншоот дар толори бузурги Нерӯгоҳ бо Раҳмонзода Абдулло, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот сурат гирифт. Баъди суханронии раиси Кумита, ба чанд тан аз кормандони НБО-и Роғун ифтихорномаҳо дода шуд. Бо суханронии чанд нафари дигар дар толор акси хотиравӣ бардошта шуд, сипас барои баргашт омодагӣ бастем.
Баргашт. Дар баргашт ҳам бо камоли эҳтиром ба шаҳри зебои Роғун хайрухуш кардем ва чун ҳолати омадан, намояндаи Бозрасии давлатии автомобилӣ моро ҳамроҳӣ мекард. То манзили худ расидан аллакай торикӣ атрофро фаро гирифта буд. Аз ҳама ҳолати хуб дар ин сафар ин буд, ки дар ҳама ҳолат эҳтирому самимият дида мешуд.
Умед Пудинаев,
ходими илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик