Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мардуми шарифи тоҷик ироа гардид, ба ақидаи мо, пурмуҳтавотарин ба ҳисоб меравад.
Дар он, пеш аз ҳама, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм ва ғайра дар давоми 30 соли Истиқлолият мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, дурнамои рушди кишвар вобаста ба самтҳои муайянгардида нишон дода шудааст.
Паём ҳамчун як барномаи мукаммали яксола ё якчандсолаи ҳаёт ва фаъолияти минбаъда аз тарафи Сарвари давлат ба таври мушаххас ва возеҳу равшан баҳри ба давлати иҷтимоӣ, демократӣ ва пешрафта мубаддал кардани мамлакат ирсол мегардад.
Сол то сол ҷумҳуриамон бо роҳбарӣ ва сиёсати пешбарандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Тараққиёти мамлакатро дар ҳар кунҷи мамлакат мо метавонем бинем. Аз Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонем ҷамъбасти кӯшишу ғайрати солонаи ҷамъияту давлатро дарк намоем.
Дастуру ҳидоят ва супоришу вазифагузориҳое, ки аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳамагӣ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини пешрафти иқтисодии мамлакат нигаронида шудаанд. Дар партави ин ҳидоятҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, муносибатҳои хориҷӣ ва робитаҳои созандаи дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ густариш медиҳад. Ин мазмун чунин ифода гардидааст:
«Зимнан, мо ҷиҳати тавсеаи ҳамёрии худ бо шарикони рушд, созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ дар оянда низ тадбирҳои амалӣ хоҳем андешид. Боиси зикр аст, ки дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳимми сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтаанд. Кишвари мо минбаъд низ ба ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли дигар масоили ҳалталаби байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад».
Сарвари давлат саҳифаҳои кору пайкори миллати тоҷикро варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд. Аз ин рӯ, дар кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ ба таври мунтазам идома дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ, ки ҳамчун самти дигари афзалиятноки иқтисодӣ ба шумор меравад, диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон низоми нави соддакардашудаи раводиди электронӣ ҷорӣ карда шудааст. Низоми нави раводиди дар соли ҷорӣ қабулкардашуда ба саёҳон имконият медиҳад, ки давоми 30 шабонарӯз бе раводид аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намоянд.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2022 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин намоянд. Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани имтиёзҳои зикршуда чораҷӯӣ намояд. Хотирнишон месозам, ки масъалаи ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ҳамаи вазорату идораҳо, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ дахл дорад. Зеро дар замони муосир сатҳу сифати хизматрасонӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди давлат ва маданияти ҷомеа ба шумор меравад-омадааст дар паём.
Дар баробари ин, соли 2019 “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Вобаста ба ин санаи 2-юми январи ҳамин сол Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021» низ имзо шуда буд.
Воқеъан, сайёҳӣ барои мамлакати мо омили муҳимтаринест, ки обрӯю эътибори онро баландтар бардошта, мароқи сармоягузориро ҷалб намуда ва ташкили ҷойҳои иловагии корӣ дар мамлакат мусоидат мекунад. Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби муссафо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад. Бо мақсади рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Мақсади асосии сиёсати давлатӣ дар бахши сайёҳӣ ин таъмин намудани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкили фаъолияти самарабахши субъектҳои фаъолияти туристӣ дар ин замина таъсиси бозори самаранок ва рақобатпазирии туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имконотро барои қонеъгардонии талаботи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба хизматрасониҳои мухталиф ва сифатноки соҳа таъмин намояд.
Паёми Сардори давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии фаъолияти моро барои соли 2022 ва солҳои минбаъда муайяну мушаххас кард. Аҳли ҷомеаро зарур аст, ки бо шукрона аз давру замон ва шароиту имкониятҳои фароҳам овардашуда бунёдкорию созандагиро пеш гирифта, Тоҷикистонро боз ҳам ободу хуррам гардонанд.
Мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамин тариқ, Паёми навбатии соли 2021 бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як марҳилаи таърихии давлатдориро муваффақона сипарӣ намуд.
Баҳриддинзода Парвиз
ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Амрико