Сарватҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва бархӯрди абарқудратҳо

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Беш аз 40 соли задухӯрди хунин дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, майдони рақобатҳои сиёсию геополитикии кишварҳои абарқудрат дар ин сарзамин, таблиғоти тарафҳои манфиатхоҳ нооромӣ ва ҷангро дар ин кишвар аз тариқи расонаҳои гуногуни ҷаҳонӣ бисёр муболиғаомез ба ҳамагон нишон медиҳанд, ки мардум чунон тасаввур мекунанд, ки ин як кишвари ноамну ақибмонда буда, ба ҳеҷ ваҷҳ дар баробари дигар кишварҳо муқоиса карда намешавад.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар тӯли таърихаш бо кишварҳои абарқудрати гуногуни ҷаҳон бархӯрд намуда, онҳоро шикаст низ додааст. Агар ба як асри гузашта назар афканем, пас вазъияти ғайри мустақар ва танишҳои гуногуни фосилавӣ инъикосгари онанд, ки низоъҳо фурсати дубора эҳёи ин кишварро надодаанд. Ин дар ҳолест, ки Афғонистон монанди дигар кишварҳои Осиёӣ дорои бойгариҳои зеризаминии зиёде мебошад.
Захираҳои зеризаминии Афғонистон то андозае дар арсаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст, ки  ҳатто бархе сарчашмаҳо менависанд, ки Афғонистон бо захираи бештари  «литий» зарфиятеро доро мебошад, ки ин моддаи хом дар сохтани батареяи телефонҳои ҳамроҳ (мобайлӣ) ва мошинҳои барқӣ ба кор бурда мешавад «ба андозаи  Арабистони Сауди литий» гардад. Ба ин маъно, ҳамон андоза, ки Арабистони Саудӣ аз нафт ғанист, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ аз моддаи «литий» ғанӣ мебошад [5].
Дар таърихи муносибатҳои давлатҳо ба як нуқта бояд таваҷҷуҳ кард, ки омили бештари ҷангҳои гузашта ва имрӯзро ҳадафҳои иқтисодӣ таҳрик медиҳад. Ба монанди давраҳои истисмори Африко ва Осиё, ки ҷиҳати ба даст овардани сарватҳои кишоварзӣ, инчунин сарватҳои зери заминӣ, маъдан, тилло, оҳан, нуҳос, ангишти сангӣ, расос, занг, уран ва ғайра мебошад.
Шояд гуфтаҳои дипломат ва узви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Катавозӣ аз Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ин муамморо равшану ошкор намоянд, ки «манбаъҳои табиъӣ барои мо метавонад як таҳдид бошад. Бо гузашти чаҳор даҳаи ҷанг ва фақри шадид, бовар бар ин аст, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон соҳиби яке аз саршортарин манбаъҳои табиии ҷаҳон аст. Арзиши ин манобеъ то 3 трилиюн доллар тахмин карда шудааст» [3]. Ин манбаҳои зикршуда шомили тилло, платина, нуқра, мис, оҳан, курумит, литий, уран ва алюминнӣ мебошад [3].

                                                       

Муҳаққиқи афғонӣ Басир Аҳмад Давлатободӣ ин нуқтаро тавзеҳ намуда мегӯяд, ки «сарзамини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маъданҳои бешумор дорад, ки  баъзе онҳо кашф ва барои коркард омода карда шуда, омодаи истихроҷ аст ва баъзе ҳам дар ҳолӣ истихроҷ аст. Вале боз ҳам бо қотиъият метавон гуфт, ки тамоми сарватҳои  зеризаминии Афғонистон то кунун даст нахурда боқӣ мондааст. Ва ҳамин омил боиси таҳрики ҳисси шуравӣ шуд, ки ба сарзамини мо таҷовузи низомӣ намояд» [2,181].
Агар ба аҳамияти маъданҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷуҳ намоем, феҳристи кашфшудаи онро метавон ошкоро ном бурд [2,181]. Номбурда чунин ёдоварӣ менамояд, ки бойгарии зеризаминӣ: маъданҳои нуқра, оҳан, мис, зуғолсанг (ангиштсанг), нафт, газ, курум, гипс, сурб ва маодини графит, гугирд, абрак, санги шоҳ мақсуд, санги мармар, санги чуна, санги гаҷ, санги тилк, квортиз, намак, лоҷвард, ёқут, зумуруд, тилло, ураниюм, селфу, брилим, флюорит, гилҳо, регҳо ва ғайра мебошад [2,181].
Бояд қайд намуд, ки бо сабаби ноамнӣ маъданҳои зеризаминии Афғонистонро наметавон  дақиқ  намуд. Аммо баъзе кишварҳои хориҷӣ барои ташхиси сарвати табиии Афғонистон қадамҳои назаррасе гузошта, дар ин самт кашфиёти алоҳида анҷом додаанд, ки бархе аз асрори бойигарии ин кишварро ошкор менамояд. Ҳар кишвари абарқудрат ҷиҳати даст доштан ба ин сарвати бебаҳо бо ҳар роҳ кушиш намуда, ба дигарон ҳақиқати ҳолро баён наменамояд. Шояд дар бисёр вақтҳо ташвиқи кумакҳои инсонӣ ва дигар абзорҳои ахлоқиро ҷилва дода, ҳадафҳои пинҳонии хешро амалӣ менамоянд.
Вазири маъдан ва саноати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Акбари Боракзай дар сафорати кишвараш дар Вашингтон гуфт: «Мо танҳо аз тариқи истихроҷи маъдан ва гидрокарбонҳо метавонем пешрафти иқтисодӣ дошта бошем... Мо бояд ба ин самт диққати махсус зоҳир намоем, ки ин дар рафти муомилот шаффофияти бештарро касб намояд» [1]. Инчунин дар идомаи суханонаш изофа намуд, ки Афғонистон ҳар сол аз истихроҷи маъдан 146 миллион доллари амрикоӣ даромад дорад, вале ба ин иктифо накарда мехоҳад ин рақамро то соли 2020 ба миллиардҳо доллари амрикоӣ бирасонад [1].
Истифодаи пурсамари манбаъҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар замоне рӯи кор меояд, ки ин кишвар гирифтори мушкилоти қавмӣ, ноамнӣ, омилҳои ангехтани низоъҳо ва аз ҳама муҳимтар пешгирии ҳамагуна ҷинояткорӣ мебошад. Истихроҷи манбаъҳои зеризаминӣ метавонад танишҳои ҷадидеро эҷод намояд. Ба қавли Аҳмадшоҳи Катавозӣ: минтақаҳое, ки дар зери идораи давлат набошад, бештар осебпазир аст. Баъзе вақтҳо бо оғози корҳои кашфиётӣ дар конҳои маъдан оташи ҷанг равшан мешавад, ки  гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз ин фурсати муносиб сӯистифода мекунанд. Хулоса, бахши истихроҷи маъдан дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо таҳдиди ҷадидтаре рӯ ба рӯ шудааст [3].
Бо қавли Аҳмадшоҳи Катавозӣ роҷеъ ба фаъолияти ҷунбиши «Толибон» ва таҳдидоти «ДИИШ» бо изофаи мусиббати фасоди давлатдорӣ, ҳукумати Афғонистон чолиши душворгузареро дар пеш хоҳад дошт [4]. Тибқи як пажӯҳиши Вазорати маъдан ва саноати ин кишвар ҳанӯз аз соли 2014 бархе аз захираҳо ниҳоят марғуби «литий»-ро дар вилояти Ғазнӣ ва дар минтақаи бисёр дурафтодаи «Гуди зерӣ», дар зери назорати ҳаракати «Толибон» мебошанд [5]. Аҳмадшоҳи Катавозӣ таъкид менамояд, ки бояд ҳукумат ҷиҳати дубора зери назорат даровардани манбаъҳои мазкур талошҳо намояд [3]. Ҳамзамон изофа менамояд, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро зарурат пеш омадааст, ки ҳамкориҳои худро аз ҳолати амниятӣ ба вазъияти стротегӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ табдил диҳад. Махсусан ҳангоми тавофуқ бо гурӯҳи «Толибон», ки ин бахши ҳаётан муҳим барои  иқтисоди Афғонистон, набояд нодида гирифта шавад [3].
Аммо аз муҳаққиқони хориҷӣ Сюзан Ким Бол сарпарасти кумитаи заминшиносии Америка гуфт, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо ин иттилоот танҳо кишваре дар  ҷаҳон аст, ки бештарин қисматҳои он аз роҳи тасвирбардории фротифӣ нақшабардорӣ шудааст [1]. Ҳоло Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар заминаи таҳқиқоти заминшиносӣ дар Афғонистон пешқадам аст. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой як сармоягузори асосӣ буда, дар соли 2007 ҳаққи истихроҷи маъдани калони миси «Айнак»-ро аз они худ кардааст [1].
Инчунин, Ҳомид Карзай раиси собиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз рақобатҳои абарқудратҳо ҳушдор намуд. Махсусан дар суханрониҳояш аз кашмакашиҳои сари истихроҷи манбаъҳои маъдании Афғонистон ибрози нигаронӣ карда буд, ки ҷаҳон ба захираҳои Афғонистон ниёз дорад. Шояд ин кишварро дар оянда талошҳои абарқудратҳо барои баҳрабардорӣ аз ин ганҷи бебаҳо мунтазир аст [6]. Бо гузориши торнамои иттилоотии «Рейтер», Ҳомид Карзай дар Ҷопон гуфта буд, ки «бар сари манбаъҳои маъданӣ, рақобатҳое вуҷуд хоҳад дошт хусусан ҳоло, ки ҷаҳон аҳамияти маъданҳои Афғонистонро дарк мекунад» [6]. Дар ин раванд Ҳамдуллоҳ Муҳиб сафири Афғонистон дар Вашингтон дар моҳи июни соли 2017 ба «Рейтер» гуфт, ки «Раиси ҷумҳур Доналд Трамп бо иштиёқ ба зарфияти билқувваи иқтисодии Афғонистон, яъне қариб як ҳазор миллиард доллари амрикоӣ мис, сангу оҳан, хоки нодир, алюминӣ, тилло, нуқра, ҷист, симоб, литиюм ва ғайра алоқаманд аст» [5]. Мақомоти Америка ба «Оҷонси Ройтерз» гуфтанд, ки Трамп дар моҳи июли соли 2017 дар нишасти мушовиронаш тақозо намуда буд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Америка бояд дар ивази кумакҳо ба ҳукумати Афғонистон қисме аз сарвати маъдании Афғонистонро соҳиби намояд [5].
Инчунин, бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дорои яке аз манбаъҳои филизоти нодир дар  ҷаҳон мебошад, ки дар беҳбуди маводи сӯхти ҳавопаймоҳои ҷангӣ, мобилиҳои муосир, тавлиди доруҳо, махсусан барои бемории саратон ва дигар корҳо истифода бурда мешавад [4].
Дар баробари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба минтақа ва сарватҳои бойи табиии зеризаминӣ, инчунин, ба зироату киштукор ва алалхусус зироату содироти маводи мухаддир назаррас мебошад. Зеро Афғонистон  аз бузургтарин тавлидкунанда ва интиқолдиҳандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон ба шумор меравад. Бешубҳа  ноамнӣ ва гардишу тиҷорати маводи мухаддир ҳамдигарро тақвият мебахшад. Ин раванд ба мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ таъсири манфии худро мерасонад.
Албатта, омӯзиш ва кашф нашудани манбаъҳои табиии Афғонистон ба манфиати ин кишвар намебошад. Агар тарафҳои низоъу даргир ба ҳамдигарфаҳмию ҳамгироӣ барои беҳбудии кишвар наандешанд, фосилаи ҷудоӣ васеъ гашта, дар оянда боиси афзоиши рақобати миёни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гардида, омили сар задани ноамнӣ ва ҷангҳои даҳсолаҳои нави дигар хоҳад шуд. Аммо дар ҳоли ҳозир ҳама талошҳои кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва минтақа барои сулҳ равона карда шуда аст.
 
                 Адабиёт:
  1. Афғонистон: истихроҷи маъодин танҳо роҳи пешрафти иқтисодист. 11.03.2014. (www.dw.com/fa-af/) افغانستان: استخراج معادن تنها راه پیشرفت اقتصادی است
  2. Давлатободӣ, Басир Аҳмад. Шиносномаи Афғонистон. Чопи якуми соли 1371. Як ҷилд дар 409 с. Саҳ
  3. Катавозӣ, Аҳмадшоҳи. Манобеъи табиии Афғонистон; фурсате аз даст рафта ва таҳдиди бо қувва. тарҷумаи Сахӣ Холид. 20-и далви соли 1398. Рӯзномаи “dailyafghanistan”. (www.dailyafghanistan.com)
  4. Манобеи табиии Афғонистон чигуна маъмурияти “НОТУ”-ро ноком хоҳад сохт! Сомонаи ахбори дарии озодӣ барои Афғонистон. 27 моҳи саратони соли 1391. (https://da.azadiradio.com). منابع طبیعی افغانستان چگونه ماموریت ناتو را ناکام خواهد ساخت
  5. Оё маодин метавонад Афғонистонро ба як кишвари сарватманд табдил кунад? 21.08.2017. Сомонаи “Дойче Веллӣ” дарӣ (DW). (https://www.dw.com/fa-af/)
  6. Фараҳманд, Ориф. Нигаронии Карзай аз кашмакаш бар сари маодини Афғонистон. Сомонаи “Дойче Веллӣ” дарӣ (DW), 18.06.2010. (https://www.dw.com/fa-af/).
 
Одинаев Абдуҳалим,
ходими пешбари илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ