«Сарзамини подшоҳон» 71-сола шуд

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ба муносибати Истиқлолияти давлатии Покистон

   Истиқлолият ё озодӣ неъмати бебаҳоест, ки ҳар як миллат барои дарёфти он бо равишу роҳҳои гуногун муборизиву талош меварзад. Нуқтаи муҳим дар мубориза барои озодихоҳӣ ин доштани роҳбари хирадманд аст, ки миллатро месозад. Тавассути роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи ин ё он шахси соҳибмаърифат қавм ё миллат дар таърих номи худро боқӣ мегузорад.

   Ҳар сол нимаи дуюми моҳи август дар сарзамини Ҳиндустону Покистон ҷашни озодӣ таҷлил карда мешавад. Имсол низ ин ду кишвари ҳамсоя ва ҳамзабону ҳамфарҳанг 71 солагии худро истиқбол менамоянд.

   Бояд қайд кард, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла, Ҳиндустон ва Покистон солиёни дароз зери салтанати Британияи Кабир қарор доштанд. Аҳолии ин сарзаминҳо ҳамеша мубориза мебурданд, то чун қавм ё миллати озод умр ба сар бурда, тамаддуну фарҳанги худро ҳифз намуда, барои ободӣ ва озодӣ хидмат намоянд. Дар солҳои 1920-1930 ҳаракати қавмие таҳти сарпарастии сиёсатмадор Маҳатма Гандӣ бо номи "Ҳаракати озодихоҳӣ Ҳинд" барои истиқлолият мубориза мебурд. Ҳамзамон, ҳаракате дигар низ бо номи "Лигаи мусалмонони Ҳинд" бо ин муборизаҳо ҳамроҳ шуда, барои озодӣ ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ ҷидду ҷаҳд мекард.

    Бо қарори ҳукумати Британия ва талошу муборизаи мардуми ин сарзамин соли 1946 дар ин кишвар тағйирот ворид гардид. Котиби давлатии Британия Петик Лоренс тасмим гирифт, ки қораи ҳиндро ба минтақаи алоҳида тақсимбандӣ намояд, ки шомили се гурӯҳанд. Гурӯҳи аввал, минтақаҳои Бомбай, Мадрас, Биҳор, Орисса, ки дертар чун давлати Ҳиндустон шинохта шуд, гурӯҳи дуввум Панҷоб, Синд, вилоятҳои Шимолу Ғарб ва Балуҷистон, ки дертар чун кишвари Покистон арзи вуҷуд кард ва гурӯҳи сеюм қисмати Бангола, ки дертар чун Бангладеш ба вуҷуд омад.

   Ин тақсимбандии Британия бо дарназардошти қавмияти ин минтақа сурат гирифт. Ӯ мехост, бо ин роҳ мардуми ин давлату қавмияти худро ҳифз намуда, зиндагӣ намоянд. Аммо роҳбарони онвақтаи ин кишварҳо Маҳатма Гандӣ(1869-1948), Ҷавоҳирул Неҳру(1889-1964), Муҳаммад Иқбол (1877-1938) ва Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ(1876-1948), ки худ дар байни мардум ба воя расида буданд, талош карданд, зимомати мардуми худро ба дӯш бигиранд. Бо ин мақсад ин роҳбарон ба мизи машварат нишаста, тақсимбандиро ба асоси "Назарияи ду қавмият ё миллат" пазируфтанд. Ҳадафи асоси онҳо ин буд, ки ин қавмҳо дар асоси назария ва ақоиди доштаи худ тавонанд, зери давлати алоҳида бо ҳифзи муштаракот зиндагӣ намоянд.

   Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ҳаракати "Лигаи мусалмонони Ҳинд" баъзе ноадолатӣ ва нобаробариҳоро дар риоя нагардидани ҳуқуқҳои иҷтимоӣ эҳсос карда, хостори эҷоди давлате шуд, ки мақсаду мароми эшон мавриди эҳтиром қарор гирад. Ҳамаи роҳбарон манфиатҳои қавмиву миллиро ба назар гирифта, барои доштани ҳукумати дилхоҳ розигӣ дода, бо машварати намояндагони Британия дар нимаи моҳи августи соли 1947 бо ду давлати ҷудогона тақсимбандӣ шудаанд, ки яке бо номи Ҳиндустон ва дигаре бо номи Покистон имрӯз дар ҷаҳон шинохта мешаванд.

   Муҳаққиқон ба ин назаранд, ки ҳардуи ин кишвар 14-уми августи 1947 истиқлояти хешро ба даст овардаанд, аммо мардуми Ҳинд бо расму ривояти қавмии худ 15-уми августро ҳамчун рӯзи истиқлолияти худ интихоб карданд. Аммо Покистон 14-уи августро қабул карда, чун давлати алоҳида ба фаъолият оғоз кард ва аввалин роҳбари кишвар Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ(1876-1948) ва Лиёқат Алихон (1895-1951)-ро чун нахустин сарвазир интихоб карданд.

    Дертар 23-уми марти 1956 ин кишвар аввалин маротиба Сарқонуни худро қабул кард ва чун мамлакати мустақили мусалмонӣ расман эътироф карда шуд. Аз соли 1958 то 1969 ин кишвар зери роҳбарии генарал Аюб Хон(1907-1974) мудирият мешуд ва дертар аз соли 1969 то 1971 зимоми қудрат ба дасти Яҳё Хон(1917-1980) гузашт, ки дар ин давра минтақаи шарқии ин кишвар ба кашмакашиҳо дучор шуд ва дар натиҷаи кишваре ба номи Бангладеш арзи вуҷуд кард. Аз соли 1972 то 1977 ин мамлакат зери сарпарастии Зулфиқор Алӣ Бҳутто (1928-1979) буд, ки дар кишвар хело ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ворид гардид. Аммо соли 1979 кишвар ба кудатҳои низом дучор шуд ва идораи умури кишвар ба зиммаи генерал Зиёул Ҳақ (1924-1988) гузашт, ки дар ин замон сиёсати ҷаҳон низ тағйир ёфта, қувваҳои собиқ Шӯравӣ вориди Афғонистон шуда буданд. Соли 1988 баъди садамаи ҳавоӣ ва кушта шудани генерал Зиёул Ҳақ ҳукумати ин кишвар ба зиммаи Беназир Бҳутто(1953-2007) чун аввалин зан дар идораи давлат супорида шуд. Вале кашмакашҳо минтақаи Кашмир сабаб шуд, ки зимоми кишварро генерал Парвиз Мушарраф ба зиммаи худ гирад ва ҳамин тавр соли 2002 интихоби кишвар баргузор шуд ва Зафарулло Хон Ҷамолӣ чун сарвазир интихоб гардид.

   15-уми ноябри 2007 муҳлати порлумони кишвар ба охир расид ва ҳамон замон тавассути гурӯҳҳои номаълум Беназир Бҳутто ба қатл расонида шуд. 15-уми феврали 2008 интихоби навбати баргузор гардид, ки дар натиҷа, Юсуф Ризо Гелонӣ чун сарвазир ва Осиф Алӣ Зардорӣ ба ҳайси президенти кишвар интихоб шуданд. Дертар соли 2013 дар интихобот Навоз Шариф сарвазири ин кишвар интихоб шуд, аммо соли 2017 ба фасоди молӣ маҳкум шуд ва ба маҳкамаи судӣ кашида шуд. Соли 2018 интихоботи навбати баргузор гардид ва ҳизби "Таҳрики инсоф" ки таҳти сарпарастии Имрон Хон яке аз қаҳрамонони бозии крикети баррандаи он гашт ва омодагӣ барои ташкили ҳукуматро дорад.

   Покистон яке аз кишварҳои зебое аст, ки аз ҷониби маркази сайёҳии «Марко Поло» чун «Сарзамини подшоҳон» шинохта мешавад.

   Ин кишвар дар Осиёи Ҷанубӣ воқеъ буда, дар чойҳои таърихии он навиштаҷот ва махтутоти форси тоҷикӣ дида мешавад. Хусусан, гимни мардуми ин сарзамин кулан тоҷикӣ-форсӣ буда, бо чанд калимоти ҳиндӣ омехта шудааст.

   Пойтахти ин кишвар шаҳри Исломобод буда, дорои таърихи қадима аст. Он дар байни доманакӯҳҳо ва боғи машҳури Шакарпариён, ки аз ҷониби раҳбарон ва вазирони ҷаҳон бо дарахтҳои ёдгорӣ зебо ва музаян шудааст, ҷойгир аст. Шаҳр дорои зиёда аз 10 млн. аҳолӣ аст, ки бо биноҳои зебо ва масҷиди калон ба номи Файсал машҳур аст.

   Лоҳур низ яке аз шаҳрҳои қадимаи Покистон аст, ки таърихи 150 сола дошта, дар сарчашмаи «Географияи птолемӣ» ба номи Лабокла, ки дар канори дарёҳои Индус, Рови, Чеҳлам ва Ченоб ҷойгир аст, зикр шудааст. Дар соли 1206 Султонқутбиддин Айбак аввалин шоҳи мусулмон дар сарзамини Ҳинду Покистон интихоб гардид. Аз соли 1524 то соли 1752 Лоҳур зери роҳбарии шоҳони муғул буд ва дар даврони подшоҳии Акбар аз соли 1584 то соли 1598 он чун маркази шоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Дар давраи охирин шоҳи муғул Аврангзеб (1658-1707) бисёре аз ёдгориҳои ин шаҳр монанди Масҷиди подшоҳӣ ва Дарвозаи Оламгирӣ сохта шудаанд.

   Дар боғи ба номи Икболи ин шаҳр манораи баланди боҳашамате аст, ки ба эхтироми ба таъсисёбии Покистон сохта шудааст. Баландии ин манора зиёда аз 60 метр буда, қисми поёнии ин манора ба шакли панҷситора ва моҳ аз санги мармар сохта шудааст. Ин манора яке аз ёдгориҳои миллиии Покистон ба ҳисоб меравад. Ин боғ ҷоест ки 23 марти соли 1940 Ҳизби Лигаи мусалмонони Ҳинд зери сарпарасти Муҳамад Али Чиноҳ (1876-1948), қонун оид ба сарзамини алоҳида барои мусалмонони ҳиндро қабул карда буд. Ин созишнома бо номи «Қарордоди Лоҳур» дар таърих сабт шудааст, ки солона 23 март дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Шаҳри Лоҳури Покистон аз соли 1976 инҷониб бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр мебошад.

   «Масҷиди подшоҳӣ», беҳтарин намунае аз меъмории давраи муғулҳо дар Покистон мебошад. Дар канори ин масҷид, оромгоҳи файласуф ва донишманди шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) ҷойгир аст.

   Яке аз шаҳрҳои калонтарин ин кишвар Қарочӣ аст, ки дорои зиёда аз 15 млн. аҳолист ва маркази тиҷорат ва санъати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин шаҳр дар наздики баҳр вокеъ буда, бо бандар ва корхонаҳои хурду калон дар ҷаҳон шинохта мешавад.

   Ҷаҳони имрӯза ба минтақа ва блокҳои қудратӣ тақсим шудааст, ки он аз Амрико, Британияи Кабир, Россия ва Чин иборат аст. Тӯли 6 сол аст, ки самти қудратхоҳии Амрикову Британия коҳиш ёфтааст. Русияву Чин нумуи наверо дар ҷаҳон пайдо карда, минтақаро зери таваҷҷуҳи худ қарор доданд ва Покистонро чун минтақаи марказии АвруОсиё мешиносанд ва бо он таваҷҷуҳ хос доранд. Ба гуфтаи таҳлилгарон ин кишвар аз нобаробариҳо ва фасоди ҷомеа солиёни зиёд ранҷ кашид ва эътимоди шарикии стратегиро бо Амрико аз даст дод. Ахиран Чин тавассути лоиҳаи нав ин кишварро ба худ наздиктар сохт ва барои ҳамкорӣ заминаи тозаеро эҷод кард, ки ба нафъи ҳар ду кишвар ва минтақа аст. Дар ин асно Руссия низ равобити худро бо ин кишвар аз нав барқарор кард ва ҳамкории худро таҳким бахшид. Аз ин лиҳоз, интихоботи соли 2018 роҳи навест барои Покистони навин ва минтақа, ки ҳама аз он интизориҳои зиёд доранд.

 

Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими илмии Институт

БОЗГАШТ