Шахсияти нодир

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Инсонҳо тавлид меёбанд, меомӯзанд, бузург мешаванд, интихоби касб намуда, месозанд, эҷод ва ё кашф мекунанд, дар ягон шакле (хуб, олӣ, мутавассит ва ё дар ҳоли фақру бечорагӣ) зиндагӣ ташкил медиҳанд. Баъзан бо меҳнати ҳалоли хеш шоёни аҳсани иҷтимоъ, муҳити зист ва маҳали кор гардида, аз худ эҳсоси ризоят менамоянд ва ғайраҳо. Аммо дар баъзе ҳолатҳо инсонҳое ҳастанд, ки ҳарчанд ки заҳмат кашанду корҳои хуб ва зиёдеро анҷом диҳанд, вале аз чашм меафтанду гӯё   касе онҳоро намебинаду дарк намекунад. Қисмате аз чунин инсонҳо рӯҳафтодаву дилмонда ва қисме ба идома додани кори хеш машғул гардида, барояшон таваҷҷӯҳи касе ин қадар арзише надорад. Ва аммо бахше аз инсонҳо, ки худ ба арзиши заҳмати кори хубу неки дигарон қоил ҳастанд, онвақт худ низ аз шахси муқобили хеш интизори  ин аъмолро доранд. Инсонҳое ҳастанд, ки новобаста ба фаъолияту кору аъмоли содиқона ва касбу роҳу равиши пешгирифтаашон, бо фазилату иртиботи  солеҳона ва шахсияти худ арзишҳои волои инсону инсониятро дороанд  ва дар дилу ёди одамон боқӣ мемонанд ва хело афсус, ки дигар зиндагӣ баргашт надорад. Ва билохира  оқибат ба зиндагии хеш видоъ мегӯянду ҳар чи коштанду монданд барояшон чун як хобе тамом мешавад. Ва пас аз чанде мебинем, ки болои хонаи охирати онҳо сабза рӯидааст. Хайёми бузургвор мефармоянд, ки: Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост, фардо сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?  Ин аст мухтасари фалсафаи зиндагии инсон дар рӯи замин. Чунки қонун ва диалектикаи сарнавишти инсон чунин аст, яъне бо тамоми пастиву баландӣ, хубиву бадӣ, сохту соз ва роҳативу нороҳатӣ, ранҷу машаққат ва монанди инҳо мондагор нест. Аммо суол ба миён меояд, ки ҳадафи инсон дар ҷаҳони моддӣ аз чи иборат аст ва чи чизро аз худ боқӣ мегузорад? – Ҷавобҳо мухталиф аст: насл, яъне фарзанд барои идомаи зиндагӣ, касбу ҳунар (дар риштаҳои мухталиф вобаста ба истеъдодҳо), фазилатҳои ахлоқӣ, разилатҳои ахлоқӣ, осор (бадеӣ, илмӣ, фалсафӣ, ирфонӣ-ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, панду андарз ва ғ.) ва амсоли инҳо. Аммо ин ҷо як мероси муҳими дигар аст, ки бояд ном бибарем, ин ҳам ҳамон шахсият ва инсоният аст. Дар ин мақолаи хеш мухтасар дар бораи як шахсият ва инсони бузурги илми тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессори шодравон устод Иброн Шарипов (ёдашон ба хайр) мухтасар чанд сухане хоҳем гуфт.   
Иброн Шарипов 10-уми октябри соли1931 дар ноҳияи Сангвори Тоҷикистон таваллуд ёфта, 7-уми марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба дунёи зиндагии хеш видоъ кардааст. Ӯ муҳаққиқи фалсафа, сиёсатшиносӣ, иҷтимоиёт  буда, дар айни ҳол як шахсияти инсонпарвару инсондӯст буд.
Профессор Иброн Шарипов соли 1956 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намуда, солҳои 1956-1958 дар кафедраи марксизм ва ленинизми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кулоб бо унвони асистенти кафедра ба кор шурӯъ менамояд. Пас аз ин солҳои 1959-1960 дар мактаби миёнаи ба номи Ф.Энгелси ноҳияи Восеъ директор шуда, ба фаъолияти кории хеш идома медиҳанд. Солҳои 1960 – 1963 аспирантураи рӯзонаи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, солҳои 1964 – 1968 вазифаи ходими хурди илмӣ ва солҳои 1968 – 1970 вазифаи ходими калони илмии Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд.

                                                                               
                  
Иброн Шарипов аз соли 1971 то соли 1983 Мудири бахши коммунизми илмии Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ки дар мудати ин мудирияти хеш дар тарбияи кадрҳои илмии иниститут ва ҷумҳурӣ саҳмгузорӣ намудаанд. Дар давоми фаъолияти илмӣ-кории худ дар Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ дар байни аҳли илм ва ҳайати кормандони Шуъба ва Академияи илмҳои ҶТ ҳамчун як олими донишманди ҳақиқатнигару инсондӯст, меҳрубону хоксор ва адолатпарвару ҳалим ва бо эътиқоду ихлос нисбати касбу кор ва зиндагии хеш буд. Бале, Он кас коммунист буданд ва нисбати ин ҳизб бо эътимоду боварӣ ва ба қавли бародарони рус верный (вафодор) буданд, ки ин гуна муносибат ва рафтор аз покии қалбу вуҷуди инсон гувоҳӣ медиҳад. Қонуни зиндагӣ аст, ки инсон дар ҳаргуна ҷомеа ва ё система ва сохти давлатдорие зиндагӣ кунад, бояд ба қонунҳо ва Конститутсияи он эҳтиром қоил бошад. Дар ҳақиқат профессори шодравон Иброн Шарипов як шахсияти поку рӯи рост буданд. Гуфтору рафтор ва аъмоли ӯ комилан дорои фазилатҳои ахлоқӣ буд. Аз ин ҷо, ҳарчанд ки мо он вақт хеле ҷавон ва аз паи ихтисосу мавзӯҳои хостаамон будем ва ҳануз дунёи илму одаму одамгарӣ бароям он қадар равшан набуд, вале дурахши нури ин шахсият ва шахсиятҳои Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ, аз он ҷумла Иброн Шарипов, Ғаффор Ашуров, Мусо Диноршоев, Нодир Одилов, Хаёлбек Додихудоев ва дигарон ба вуҷуди мо рушанӣ бахшида, моро дар роҳи илм, махсусан фалсафа ва таърихи он ҳидоят намуданд. Бархурди Иброн Шарипов нисбати ҳамаи аъзоҳои Шуъбаи фалсафа, нигоҳ накарда ба синну сол ва унвондору беунвон дар сатҳи баланди инсонӣ, яъне инсоният буд. Бинобар ин Он кас барои ҳайати Шуъба як шахсият, устод ва инсони бузург буд ва ӯро дӯст медоштанд ва нисбаташон эҳтиром қоил буданд. Ва вақте ки дунёро падруд гуфтанд, барои аҳли илм як шикаст ва аз даст додани як шахсияти бо фазлу бомаърифат ва олими хирадманд буд.  
Профессор Иброн Шарипов солҳои 1984-1994 вазифаи Мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбеи ба номи Т.Г.Шевченкоро ба уҳда доштанд. Солҳои 1994 -1997 бо унвони профессори кафедраи дар боло номбаршуда адои вазифа намуданд.
1998-2001 Мудирияти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Русияро ба уҳда доштанд ва 2001-2009 профессори кафедраи номбурдаи Донишгоҳи славянии ТР шуда кор мекарданд. Дар айни ҳол, ҳамзамон аз соли 2004 то ибтидои соли 2013 дар Шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафаи АИ ҶТ ба сифати сарходими илмӣ кор карданд.
Иброн Шарипов муаллифи бештар аз 300 китобу мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ буда, таълифоти Он кас ба масоили мубрами замон - ташаккули муносибатҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Тоҷикистон, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, консепсияи бунёди давлатдории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва монанди инҳо бахшида шудаанд.
Барои намуна чанде аз номгӯи осори профессори шодравон Иброн Шариповро пешкаши хонандагон менамоем: 1. Ҳақиқат – хусусияти ҷудонопазирии инсони советӣ. Душанбе, 1965; 2. Гуманизм ва шахсият. Душанбе, 1967; 3. Ташаккулёбии ахлоқи коммунистӣ. Душанбе, 1975; 4. Роҳҳои азнавинкишофёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар ҷодаи инкишофи муносибатҳои ғайрикапиталистӣ. Душанбе, 1976, ҷилди 1; 5.Қонуниятҳои  ташаккулёбии муносибатҳои ҷамъиятии сотсиалистӣ дар Тоҷикистон. Душанбе, 1983; 6. Преобразование идеологических отношений в Таджикистане. Душанбе, 1986; 7. Загадочная трагичность судбы таджиков и таджикской государственности. Известия АН РТ. Серия: философия и правоведение. Душанбе, 2005, № 1-4; 8. Эпохальное событие на путях укрепления национального государства. Известия АН РТ. Серия: философия и правоведение. Душанбе, 2004, № 3-4; 9. Становление таджикской государственности. Душанбе, 2013[1] ва ғ.
Профессор Иброн Шарипов на танҳо дар тарбияи кадрҳо, балки дар тарбияи ахлоқӣ-эстетикӣ ва илмии 7 нафар фарзандони хеш низ саҳмгузорӣ намудаанд. Аз он ҷумла яке аз фарзандони шодравони устод, ки ифтихори миллати тоҷик буд ва ҳастанд – шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Шарипов Суҳроб Иброновичро (мутаваллиди 18 .04.1963) метавон ном бурд. Профессор Суҳроб Шарипов – дар пайравӣ аз падари бузургвори худ –дорандаи ахлоқи ҳамида, соҳиби 4 монография ва зиёда аз 500 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буданд, ки мавзӯҳои мубрами замони муосир – даврони истиқлолият ва ваҳдати милливу худшиносии миллати тоҷикро бо далелу рақамҳои илмӣ-амалӣ дар бар гирифтаанд. Дар баробари ин ӯ яке аз тарафдорони давлату давлатдории миллати тоҷик ва Раҳбари хирадманду сиёсатмадори он буданд.
Профессор Суҳроб Шарипов – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Ҳамчунин вазифаи Директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ба уҳда доштанд. Вале хеле мутаассифем, ки фарзанди фархундаи миллат, олими сиёсатшинос, ки ҳануз хеле ҷавон ва дар айни рушди илмиву камолоти сиёсию маънавӣ буданд, дунёи хешро дар синни 52-солагӣ соли 2015 тарк намуданд. Дили шахс барои зуд аз байн рафтани чунин ҷавонмардони илму маърифат месӯзад, вале чорае нест, ба ҷуз сабру таҳаммул ва умед ба зиндагии дар пеш буда. Қонуни диалектикаи  маргу ҳаёт ин аст, ки инсон ба гузаштаву имрӯзаи худ аз рӯи ақли солим ва маърифати воло нигоҳ кунад, чун ки баъзе вақтҳо инсон дар пеши сарнавишту тақдир коре карда наметавонад.
Фарзанди дигари профессор Иброн Шарипов Шарипов Икром Имронович дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ҳамчун устоди омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд. 5 нафар фарзанди дигар устод Иброн Шарипов дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ кору фаъолият менамоянд.
Иброн Шарипов борҳо бо ифтихорномаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистон сазовор гардидаанд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки ин олими тоҷик бо шахсияту камолоти маънавии худ нодир буданд ва ӯ дар қалбҳои мо бо маърифату фарҳанги баланди хеш боқӣ мемонанд ва онҳое, ки Он касро мешинохтанд ҳаргиз фаромуш нахоҳанд кард. Ин навишта пеш аз ҳама як ишорае ба он аст, ки насли нав, махсусан ҷавонон бузургони илм ва шахсиятҳои бонуфузи миллату кишвари худро фаромуш накунанд ва рӯи онҳо шинохт пайдо намуда, аз онҳо қадрдонӣ кунанд ва дарси ибрат гиранд.
         Муродова Тоҷинисо,
ходими илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи
 ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 номзади илмҳои фалсафа
 
 
 
 
[1] Дар њангоми навиштани маќола барои баъзе маълумотњо аз сивии интернетии проф. Иброн Шарипов низ истифода шудааст. ( jump to navigation jump to search ). https://tg. Wikipedia. Org> wiki

БОЗГАШТ