Муаллиф: ИОМДОА
Тағйирёбии ногаҳониву пайдарпай дар ҳама соҳаҳои ҷомеаи Шарқи Миёна имрӯзҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Огоҳӣ пайдо кардан аз хабарҳои тезу тунди ин минтақа, махсусан баъди “Баҳори араб” ҳеҷ касро бидуни таваҷҷӯҳ намемонад. Зеро ин минтақа манбаи қувваи иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҷойгоҳи динҳои осмонӣ, бо изофа аз мақоми таърихиаш миёни пайравони ҳамаи динҳо мебошад.
Бо тааҷҷуб ба он, ки имрӯз сарзамини муноқишаҳо дар ин минтақа бо иттиҳоми ҳамдигар ба нажодӣ ва қабилавӣ якдигарро айбдор мекунанд, ки ин “суннӣ” ва он “шиа”, ин сахтрӯ ва он муътадил, дар дохил ва хориҷи ҷомеаи исломӣ тавсеа мегирад.
Дар ҳамин ҳол, Абдулваҳоб Шарафӣ, раиси Маркази Иттилоотии демократӣ дар Яман зимни суубат бо расонаҳо гуфтааст, ки баъд аз раҳбарии президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп дар Саммити Амрикоии арабӣ-исломӣ дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба як эълони хеле ҷиддӣ баромад кард. Мутобиқи барномаҳои пешбинишуда, ки маркази идоракунии он шаҳри Риёз мебошад, ба номи-Стратегияи Ҳилфи Шарқи Миёна ном бурда мешавад. Мутобиқи ин эъломияи Трамп, стратегия барои ҳалли масъалаи Эрон ва Ҳизбуллоҳи лубнонӣ бо раҳбарии Ҳасан Насруллоҳ, ки яке аз қувваҳои идорашудаи Эрон аст, чолишу ноамниҳо ва ҳар ҳаводисе, ки дар минтақа ба амал меояд, танҳо барои татбиқи ин барномаҳо матраҳ мегардад.
Вай афзудааст, ки сухан дар бораи мудохили Эрон дар минтақаи арабӣ ва силоҳҳои Ҳазибуллоҳи лубнонӣ, ки як қувваи воқеии пуштибонишудаи Эрон дар минтақа арзи вуҷуд дорад, суханони нав нестанд.
Аммо истеъфои Саъдуддин ал-Ҳарирӣ сарвазири Лубнон саҳифаи нав ва ҳайратангез дар минтақа буд. Мумкин аст, ки омилҳои муқаддимоти сиёсӣ боиси сар задани чунин ҳолат шудааст. Ва ё шояд ин истеъфо бар инъикоси сиёсати гузашта тартиб шуда набошад, балки тибқи харитаи оянда дар минтақа анҷом ёфта бошад. Аммо истеъфои Ҳарирӣ танҳо ҳайратовар нест, аммо эълони он аз пойтахти шоҳигарии Арабистони Саудии Риёз ҷолиби тааҷҷубангези дигар аст.
Дар қиёс кардани ояндаи вазъи Лубнон ба вазъи имрўзаи Яман Абдулваҳоб пешгӯӣ карда мегӯяд: “Қариб се сол пеш, Арабистони Саудӣ Абду Раббиҳӣ Мансур Ҳодиро ба пойтахти худ овард то, ки дар шаҳри Риёз зиндагӣ кунад. Ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вазъи амнияти Яманро муроқабат мекард, пас аз он ба дасти Аморати Муттаҳидаи Арабӣ гузашт, ба назар чунин мерасад, ки ҳамин тавр дар Лубнон рӯй хоҳад дод”.
Ҳарирӣ, дар Риёз иқомат мекунад ва Арабистони Саудӣ тафсилоти амниятии Лубнонро бевосита пеш мебарад, вале Ҳарирӣ танҳо «таҳаммулкунанда» барои барномаҳо дар қадамҳои сиёсии оянда мебошад, чунон ки Абду Раббиҳи Ҳодӣ «таҳаммулкунанда» дар барнома ва ҷанги Яман карда буд.
То он даме, ки паҳлуҳои ин мушкилиҳо дар ояндаи наздик ошкор мешавад, ягона вақт метавонад ҷавобҳои шифобахшро таъмин карда ва тасвири ояндаро пурра равшан кунад.
Абдулҳалим Одинаев,
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон