Муаллиф: Шамсиддин Каримов
Люксембу́рг ( Lëtzebuerg [ˈlətsəbuəɕ]; фр. Luxembourg; нем. Luxemburg), номи расмиаш — Ге́ртсогии бузурги Люксембу́рг ( Groussherzogtum Lëtzebuerg [ˈgʀəʊsˌhɛχtsoːktuːm ˈlətsəbuəɕ] давлатест дар Аврупои Ғарбӣ, ки дар шимол бо Белгия, дар ғарб ва ҷануб бо Фаронса, дар шарқ бо Олмон ҳамсарҳад аст. Ба баҳр дастрасӣ надорад.
Масоҳати умумии Люксембург 2586,4 км² буда, он яке аз хурдтарин давлатҳои соҳибихтиёр дар Аврупо ба шумор меравад. То 1 январи соли 2022 шумораи аҳолии Люксембург 645 397 нафарро ташкил додааст, ки аз он 341 230 нафар люксембургҳо (52,87%) ва 304 167 нафар муҳоҷирон (47,13% ) мебошанд.
Люксембург муассис ва узви Иттиҳоди Аврупо аз соли 1957, узви НАТО, OECD ва СММ мебошад. Артиши Люксембург хурдтарин дар НАТО ва масоҳаташ низ хурдтарин (пас аз Малта) дар Иттиҳоди Аврупо аст.
Сохтори сиёсӣ. Сарвари давлат Гертсоги Бузург аст. Мувофиқи конститутсия ҳокимияти иҷроияро танхо вай ба амал мебарорад; ташкили ҳукумат ва ҳайати онро муайян мекунад, қонунҳоро тасдиқ ва интишор мекунад, мансабҳои гражданӣ ва ҳарбиро таъин мекунад, ба қувваҳои мусаллаҳ сарфармондеҳ аст, шартномаҳои байналмилалиӣ мебандад ва ғайра.
Дар ҳақиқат тамоми ҳокимияти иҷроия ба ҳукумате тааллуқ дорад, ки аз тарафи Гертсоги Бузург таъин карда мешавад, ба шумули сарвазир ва вазирон. Органи олии ҳокимияти қонунбарор Палатаи депутатҳо мебошад, ки аз тарафи ахолӣ ба муҳлати 5 сол бо роҳи овоздиҳии умумии бевосита дар системаи намояндагии мутаносиб интихоб карда мешавад. Ҳуқуқи овоздиҳӣ ба ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола боло дода шудааст.
Маъмуриятро дар округҳо комиссарҳо, дар кантонҳо бургомистрҳо ба ҷо меоранд. Органҳои худидоракунии коммунаҳо Советҳои интихобшуда мебошанд.
Мақомоти назорати конститутсионӣ Суди конститутсионӣ ва мақоми олии суд Суди Олӣ шинохта шудааст.
Ҳизбҳои сиёсӣ
Тақсимоти маъмурӣ. То моҳи октябри соли 2015 ба се ноҳия тақсим мешуд.
Аҳолӣ. Ахолии асосии Люксембург люксембургхо мебошанд. Онҳо инчунин дар Белгия, Олмон, Фаронса ва ШМА зиндагӣ мекунанд. Шумораи умумии онхо 602 хазор нафар, аз чумла дар Люксембург 341 хазор нафар мебошад. Бо забони люксембургии гурӯҳи олмонии оилаи ҳиндуаврупоӣ, ки ба алифбои лотинӣ асос ёфтааст, 55,8% аҳолии кишвар гуфтугӯ мекунад. Инчунин бо забонҳои португалӣ 15,7%, фаронсавӣ (забони расмии маъмурӣ, судӣ ва қонунгузорӣ) 12,1%, олмонӣ (забони расмии маъмурӣ ва судӣ) 3,1%, итолиёвӣ 2,9%, англисӣ 2,1%, дигар забонҳо 8,4% (ба ҳисоби 2011) аҳолӣ ҳарф мезананд. Аксарияти диндорон католикҳо мебошанд, протестантҳо низ ҳастанд, инчунин православҳо, англиканҳо, яҳудҳо, мусулмонон ва ҳиндуҳо вуҷуд доранд.
То 1 январи соли 2022, тибқи маълумоти Люксембург, шумораи аҳолии Люксембург 645,397 нафарро ташкил дод, ки аз он 341,230 нафар люксембургҳо (52,87%) ва 304,167 нафар муҳоҷирон (47,13% ) мебошанд . То 1 январи соли 2022, бузургтарин ақаллиятҳои миллии кишвар инҳоянд: португалҳо 93,678 нафар (14,51% аҳолӣ), фаронсавиҳо 49,173 нафар (7,62%), итолиёвиҳо 24,116 нафар (3,74%), белгиягиҳо 19414 нафар (3,01%), олмонҳо 12796 нафар (1,98%), испанҳо 8388 нафар (1,3%), руминҳо 6405 нафар (0,99%). Тибқи маълумоти СММ, дар соли 2019 дар Люксембург 291,723 нафар муҳоҷирон зиндагӣ мекарданд, ки ин 47,4% аҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Иқтисодиёт. Афзалиятҳо: яке аз сарватмандтарин кишварҳои Аврупо бо сатҳи баландтарини зиндагӣ. Бисёре аз созмонҳои Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Люксембург ҷойгиранд. Ба шарофати шароити мусоид ва минтақаи оффшорӣ дар пойтахт ҳудуди 1000 фонди сармоягузорӣ ва зиёда аз 200 бонк ҷойгир шудаанд, ки ин нисбат ба дигар шаҳрҳои ҷаҳон бамаротиб бештар аст. Ҷойи 4-ум дар ҷаҳон аз рӯи даромади аҳолӣ (дар соли 2010 - $128,806 ба як нафар). 10%-и ММД-и кишварро истихроҷи маъдани оҳан, истеҳсоли пулод ва оҳан ташкил медиҳад.
Тарафҳои заиф: қарзи бузурги хориҷӣ дорад. Даромад аз хизматрасонӣ ба шарикони байналмилалӣ 65% ММД-ро ташкил медиҳад, ки ин кишварро ба тағйирот дар кишварҳои дигар ҳассос мекунад. Кишвар ба таназзул ҳассос аст - бӯҳрони солҳои 2008-2011-ро хеле вазнин паси сар кард.
Асоси иктисодиётро пеш аз ҳама соҳаи хизматрасонй, аз ҷумла хизматрасониҳо дар соҳаи молия ташкил медиҳад.
Бонк ва муомулоти бонкӣ дар иқтисоди Люксембург нақши муҳим дорад, дар кишвар ба бунёди шабакаҳои телекоммуникатсия ва истеҳсоли таҷҳизоти аудио ва видео таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад. Махсулоти химиявй, машинахо, пластмасса, матоъ, шиша, зарфҳои чинӣ истехсол карда мешавад. Аз тарафи фирмахои калони ШМА бисьёр корхонахои нав сохта шудаанд. Барои ширкатҳои хориҷӣ омили хеле ҷолиб он аст, ки коргарони маҳаллӣ чанд забонро медонанд.
Қариб тамоми энергияе, ки дар Люксембург истеъмол мешавад, аз хориҷ ворид мегардад, аз ҷабили нафт, гази табиӣ, ангишт ва ғайра.
Аз замони ворид шудан ба минтақаи Иттиҳоди Авруво ҳамчун узви комилҳуқуқи он дар Люксембург евро муомилот мешавад. Соли 1998 Бонки марказии Люксембург таъсис ёфт.
Савдои хориҷии Люксембург бо савдои Белгия алоқаманд аст. Қисми зиёди маҳсулоти саноатӣ ба хориҷ содир карда мешавад, ки 1/4 қисми онро металл ва маҳсулоти тайёр ташкил медиҳад. Люксембург барои истеҳсоли саноат сӯзишворӣ ва маводи энергетикиро пурра аз хорича мегирад.
Бозори амволи ғайриманқули Люксембург яке аз муҳофизакоронтарин дар Аврупо аст. Тибқи гузориши Global Property Guide, нархи миёнаи як метри мураббаъ дар соли 2008 4745 евроро ташкил медиҳад. Меъёри иҷора тақрибан 4% дар як сол аст.
Сифати сохтмон дар Люксембург ба сатҳи баланди зиндагии мардумони кишвар пурра мувофиқат мекунад ва умуман назар ба кишварҳои ҳамсояи Фаронса, Олмон ва Белгия беҳтар аст. Хариду фурӯши амвол барои хориҷиён дар Люксембург озод аст. Аз 1 январи соли 2019 маоши ҳадди ақал дар Люксембург 2071,1 евро (маҷмӯӣ) ва 1740 евро (холис) аст. Нархи як соат кор ба €11,97 баробар аст. То соли 2020 ҳадди ақали музди меҳнат дар Люксембург 2142 € - дуввумин баландтарин дар ҷаҳон пас аз Австралия (2180 €) будааст. Баландтарин маоши ҳадди ақал аз 1 ноябри соли 2020 дар кантони Женева ба қайд гирифта шудааст - 23 франк (21,30 €) дар як соат ё 4086 франк (3785,47 €) дар як моҳ.
Саноат. Аз сабаби дар территорияи давлат ҷойгир будани кони калони маъдани оҳан (ба ҳавзаи азими Лотарингия тааллуқ дорад) воқеъ дар наздикии сарҳади ҷанубии Люксембург маъдани оҳан ва чуян истеҳсол карда мешавад.
Кишоварзӣ. Ба дараҷаи баланди тараққиёти саноат нигоҳ накарда дар Люксембург ба таври васеъ ва пурсамар бо соҳаҳои анъанавии хоҷагии қишлоқ, аз қабили гӯшту шир, боғдорй ва дар соҳили дарёи Мозел ба токпарварӣ низ машғул мешаванд.
Транспорт. Сарфи назар аз андозаи хурд, Люксембург дорои системаи пешрафтаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва хусусӣ мебошад. Ин шабакаи роҳи оҳан, шабакаи автобусҳо, фурудгоҳ, роҳи автомобилгард ва системаҳои таваққуфгоҳи васоити нақлиётро дар бар мегирад.
Азбаски шумораи зиёди одамон (тақрибан 100 ҳазор нафар) ҳар субҳ аз Фаронса, Белгия ва Олмон (дар он ҷо манзил арзонтар аст) ба Люксембург барои кор меоянд ва шом бармегарданд, системаи нақлиёт асосан ҳамин далелро ба назар мегирад. Аз ҷумла, таваққуфгоҳҳои калони мошинҳо дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр ҷойгир шудаанд, то меҳмонони шаҳр бо мошини шахсӣ омада, онро дар таваққуфгоҳ гузошта, тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ дар дохили шаҳр ҳаракат кунанд.
Автобус ҳамчун нақлиёти асосии ҷамъиятии дохили кишвар интихоб шудааст. Бинобар ин, бо ёрии автобус шумо метавонед ҳам дар дохили шаҳр ва ҳам дар байни шаҳрҳо ба осонӣ ҳаракат кунед.
Дар Люксембург шабакаи автобусҳо бо намунаи ситораҳо сохта шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки аксари автобусҳо дар истгоҳ нуқтаи ниҳоӣ доранд, онҳо бояд аз истгоҳи марказии автовокзали Гамилиус (воқеъ дар маркази таърихии шаҳр, дар паҳлӯи почтаи асосӣ, ки одамон аз як канори шаҳр ба канори дигар интиқол медиҳанд) гузаранд. Бинобар ин билети харидаатон дар ҳар автобуси шахр 2 соат эътибор дорад.
Люксембург аз 1 марти соли 2020 нархи чиптаҳоро дар автобусҳо, трамвайҳо ва қатораҳо барои шаҳрвандон ва сайёҳон бекор кард. Бо вуҷуди ин, ба бисёр шаҳрҳо тавассути роҳи оҳан низ расидан мумкин аст. Дар кишвар фурудгоҳи байналмиллалӣ низ мавҷуд аст, ки аксари он тавассути боркашонии тиҷоратӣ (Cargolux) идора карда мешавад.
Дар пойтахти Люксембург қариб 110 ҳазор нафар одамон зиндагй мекунанд, аҳолии худи кишвар бошад, бештар аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, қариб 200 ҳазор нафар ҳар рӯз аз Белгия, Фаронса ва Германия ба Люксембург барои кор меоянд. Дар натиҷа, Люксембург бо бандшавии шадиди нақлиёт рӯбарӯ шудааст.
Роҳи оҳан низ мавриди истифода аст. Мутобиқи маълумоти соли 2002, дарозии умумии роҳҳои оҳан дар Люксембург 274 км (242 км электриконидашуда)-ро ташкил додааст.
То соли 2002, Люксембург 2 фурудгоҳи ҳавоӣ ва як фурудгоҳи чархбол дошт. Luxair як ширкати ҳавопаймоии миллии кишвар аст. Cargolux низ ширкати бузурги боркашонии байналмилалӣ дар Люксембург мебошад, аммо мусофир намекашонад.
Матбуот. Аз соли 1848 инҷониб рӯзномаи немисзабони Люксембургер Ворт «Luxemburger Wort» нашр мешавад, ки маъруфтарин рӯзномаи Люксембург ба ҳисоб меравад.
Дар соли 1913 рӯзномаи олмонӣ ва фаронсавии «Tageblatt» таъсис ёфт, ки дуввумин маъруфтарин рӯзнома дар кишвар аст.
Фарҳанг. Дар давраи аввали асримиёнагӣ маркази асосии бадеӣ дайри Эхтернах буд, ки дар он миниатюраҳои зебое сохта мешуданд, ки анъанаҳои ирландиро дар асрҳои 8-10 ва анъанаҳои немисиро дар охири асрҳои 10-11 инъикос мекарданд. Чорчубаҳои кандакоришудаи Инҷил бо табақҳои устухони фил низ сохта шудаанд.
Дар асри 11 қалъаҳои сершумор (дар хароба маҳфузанд), капеллаҳои романескӣ (калисои даҳтарафаи қалъаи Вианден) ва базиликаҳо (калисои муқаддас Виллибрордус дар Эхтернах, 1017—31) бо ороиши муҷассамавӣ сохта шудаанд. Калисоҳои готии асрҳои 14—16 (дар шаҳрҳои Люксембург, Риндшлейден, Сете-Фонтен ва ғ.) бо фаровонии ҳайкалчаҳо дар дохили биноҳо (хаймарҳо, ҳайкалҳои Мадоннаҳо ва муқаддасон, сангҳои қабр) фарқ мекарданд. Дар нимаи дуюми асри 16 услуби Ренессанс (ратура, ҳоло осорхонаи герцогӣ, дар Люксембург, 1563) ва дар асри 17 услуби барокко (собор дар Люксембург, 1613—21) паҳн шуд. Истиқоматгоҳҳои мустаҳками дворянҳо (қасри Витраж, Ансембург ва ғайра) сохта шуданд. Дар асри 18 санъати ороишӣ ва амалӣ (истеҳсоли мебел, маснуоти металлӣ, фаянс) инкишоф ёфт. Дар меъмории асри 19 класситсизм ҷои худро ба эклектизм дод.
Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 афзоиши интенсивии саноат боиси сохтмони васеи саноатӣ ва манзилӣ (поселкаҳои коргарнишин дар Эче, Дюделанж ва ғайра) гардид.
Санъати тасвирии асри 19 дар зери таъсири Фаронса (портретхои Ж. Б. Фрез, манзарахои романтикии М. Кирш) инкишоф ёфт. Пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ таъсири экспрессионизми немисӣ, баъдан фовизми фаронсавӣ зоҳир шуд. Хусусиятҳои гротескии тез, болаззатии миқёс, ҳамдардӣ ба камбизоатӣ дар расми Ҷ. Куттер қайд карда шуданд. Дар эчодиёти рассомони муосир (В. Кесселер, Ж. Пробст, М. Гофман ва дигарон) таъсири А. Матисс, П. Пикассо, Ф. Легер ва дигар устодони франсавӣ намоён аст.
Дар озмунҳои санъати олимпӣ рассоми Люксембург Жан Якоби ду маротиба бо медали тилло мукофотонида шуд - соли 1924 дар Париж ва соли 1928 дар Амстердам.
Муносибатҳои Тоҷикистон бо Люксембург. Робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гертсогии Бузурги Люксембург 22 майи соли 1992 барқарор шудаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ҳамзамон Сафорати ғайримуқими кишвар дар Люксембург маҳсуб мешавад. Қароргоҳи Сафорати Люксембург дар Тоҷикистон дар ш.Москва мебошад.
Аз давраи барқарорсозии робитаҳои дипломатӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба ба Люксембург сафар намудааст. Дар рафти сафари худ моҳи октябри соли 2004 роҳбари давлат бо Сарвазир Жан Клод Юнкер мулоқот анҷом дода, дар партави он сафар Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо расида буд.
Рӯзҳои 8-10 июни соли 2011 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Гертсоггарии Бузурги Люксембург сурат гирифт. Дар рафти сафар сарвари давлат бо Гертсоги Бузург Ҳенри, Сарвазири кишвар Жан-Клод Юнкер, Раиси Парлумон Лоран Моузер ва як қатор ашхоси расмӣ ва доираи соҳибкорони Люксембург мулоқотҳои муфиду созанда анҷом дод.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар ҳамоиши доираи соҳибкорон ширкат варзида, имконоти густариши робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро бо ин кишвар муаррифӣ намуд.
Дар анҷоми мулоқотҳо Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозсупории дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Люксембург дар бораи алоқаи ҳавоӣ ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Палатаи савдои Люксембург ба имзо расиданд.
19 июли 2010 Вазири корҳои хориҷии Люксембург Жан Асселборн ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, зимни он бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот доир намуд.
17 майи соли 2017 дар шаҳри Люксембург Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Гертсогии Бузурги Люксембург Жан Аселборн вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба Люксембург солҳои 2004ва 2011 баланд арзёбӣ намуда, пешниҳод гардид, ки барои тақвияти ҳамкориҳои ду ткишвар абзори машваратҳои сиёсӣ таъсис дода шавад.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Люксембург дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат ба таври кофӣ фаъол инкишоф наёфтааст.
Ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА ва ғ. ҳамкории зич доранд.
Таҳияи
Шамсиддин Каримов,
шуъбаи ШМА ва Канада