Муаллиф: Мадимарова Гулҳаё
Кишварҳои Аврупои Шимолӣ, ки ба онҳо Дания, Исландия, Норвегия, Финландия ва Шведсия дохил мешаванд, на танҳо аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ ва сарнавишти таърихии худ, балки шабоҳати модели сиёсати иҷтимоии дар ин кишварҳо татбиқшаванда ҳам муттаҳид шудаанд.
Асоси ин самти рушди иҷтимоиро сиёсати иҷтимоӣ, ки ба адолати иҷтимоӣ, баробар кардани даромади шаҳрвандон, рафъи нобаробарии моликият ва бунёди давлати некуаҳволӣ асос ёфтааст, ташкил медиҳад [4]. Дар гурӯҳи кишварҳои шукуфони Скандинавия ҷои аввал ба таври анъанавӣ ба Шведсия дода мешавад. Мақсади мақола кӯшиши пешниҳод кардани унсурҳои асосии модели сиёсати иҷтимоии кишварҳои Аврупои Шимолӣ ва мавзӯи кор таснифи дастовардҳои асосии модели давлати иҷтимоии минтақа аст.
Таърихи ташаккули модели шведии сиёсати иҷтимоӣ. асосҳои модели иқтисоди бозории иҷтимоии Шведсия аз ҷониби Гуннар Мирдал (1898-1987), сиёсатмадор ва иқтисоддони шведӣ таҳия шудааст. Иқтисоди бозории ба иҷтимоӣ нигаронидашударо Мурдал ҳамчун шакли махсуси иқтисоди бозорӣ медонист, ки аз ҷониби давлат на танҳо ба манфиати соҳибони воситаҳои истеҳсолот, балки дигар иштирокчиёни иқтисод, аз ҷумла истеҳсолкунандагони бевоситаи маводи моддӣ низ танзим карда мешавад. Г.Мирдал ба давлат хамчун танзимгари иктисодиёт, ки барои бартараф намудани унсурҳои бозор қодир аст, роли муҳим гузошт. Ҳамаи оқибатҳои манфии номуташаккилиро, ба гуфтаи Мирдал, метавон тавассути барномаҳои дарозмуддати давлатӣ бартараф кард.
Ҳизби сотсиал-демократи Шведсия пас аз буҳрони ҷаҳонии иқтисодии охири солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-ум ба сари қудрат омада, онро бо назардошти танаффус дар солҳои 1976-1982, то сентябри соли 1991 нигоҳ дошт. Шиори асосии онҳо вусъат додани баробарии иҷтимоӣ дар мамлакат буда, нақши пешбурди он ба давлат супурда шуд. Дар он ҷо вазифа гузошта шудааст, ки аъзоёни чамъиятро бо музди баланди зиндагонӣ таъмин намоянд, ба онҳое, ки дар ҳақиқат эҳтиёҷ доранд, ёрӣ расонанд. Дар соҳаи муносибатҳои мехнатӣ давлат бояд шароитҳое фароҳам оварад то ба ҳамаи шаҳрвандон имконият диҳанд, ки барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти худ маблағ ба даст оваранд, шароити меҳнати коргаронро беҳтар намоянд. Давлат вазифадор шуд, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ҳифз намояд. Ин тадбирҳо бояд вуҷуд надоштани низоъҳои меҳнатӣ ва сиёсӣ ва устувории ҳадди аксарро дар ҷомеа таъмин мекарданд.
Ҳамин тавр, таҷрибаи мусбати Шведсия барои ҳамсоягон мувофиқ баромад. Навовариҳои Шведсия дер ё зуд дар қонунгузории иҷтимоии дигар кишварҳои шимолӣ инъикос ёфтанд.
Пас аз баррасии мухтасари консепсияи давлатии некуаҳволӣ бояд дар бораи самтҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии иҷтимоӣ дар мамлакатҳои Скандинавия муфассал истода гузашт. Сиёсати иҷтимоии классикӣ фаъолияти давлатро дар соҳаи манфиатҳои кормандон ва суғуртаи иҷтимоӣ дар бар мегирад. Сиёсати бозори меҳнат, фаъолият дар бозори меҳнат, ки асосан ба таъмини шуғли аҳолӣ нигаронида шудааст, дар соҳаи иҷтимоии мамлакатҳои Аврупои Шимолӣ ҷойи махсус дорад. Масалан, дар Шведсия бекорӣ дар давоми даҳсола аз 1,6 фоиз зиёд набуд. Дар баробари ин, дар Шведсия шахсе, ки дар кор зиёда аз 5 рӯз бе ягон сабаб танаффус дорад, бекор маҳсуб мешуд. Чунин муносибати қатъӣ ба муайян кардани мақоми бекорон вобаста аст, бо он ки ноил шудан ба кори пурраи аҳолии қобили меҳнат яке аз вазифаҳои асосиест, ки сиёсати сотсиалии Шведсия ба он асос ёфтааст. Сиёсати бозори меҳнат дар Дания, Норвегия, Финляндия ва Шведсия аз ҷониби шабакаи муассисаҳои махсуси давлатӣ (директоратҳои бозори меҳнат) амалӣ карда мешавад. Масъулияти куллии иҷрои он ба зиммаи Парлумон ва ҳукумат, бахусус Вазорати меҳнат аст, ки барои идораи давлатии бозори меҳнат масъул аст. Дар ин система кариб 400 муассисаи давлатии шуғли аҳолӣ мавҷуд мебошад.
Маблағгузории танзими бозори меҳнат мунтазам афзоиш меёбад. Маҷмуи тадбирҳо оид ба мушкилоти бо кор таъмин намудани аҳолӣ тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳо, тадбирҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ, корҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои ҷавонони коргар, ёрдампулӣ ба инвалидони бо кор таъминшуда, додани ёрдампулӣ ба бекорон ва ғайраро дар бар мегирад.
Системаҳои таълимии шимолии қувваи корӣ инҳоро дар бар мегирад: омӯзиш дар курсҳои махсуси гурӯҳи бозомӯзии бозори меҳнат; такмили ихтисос дар саноат; тайёрӣ дар системаи таълими мунтазам ва курсҳои ташкилотҳо. Давомнокии курсҳои бозомӯзӣ дар Шведсия аз чанд моҳ то ду сол, дар Финландия аз ду моҳ то як сол, дар Норвегия аз се ҳафта то даҳ моҳ, дар Дания – аз як то панҷ ҳафта аст.
Дар Шведсия ёрдампулӣ ба бекорон, яъне шахсони аз 20-сола боло, ки аз тарафи кор суғурта нашудаанд, дода мешавад. Барои гирифтани ин намуди кӯмак (150 рӯз барои шахсони то 55-сола) шаҳрванд бояд ҳадди аққал 5 моҳ аз 12 моҳи қаблӣ кор карда бошад. Шахсоне, ки кор надоранд, метавонанд дар давоми се моҳи баъди хатми курсҳои бозомӯзӣ ба кӯмаки баробарарзиш умед банданд.
Натиҷаи тадбирҳои ба тартиб андохтани шуғл дар бозорҳои мехнатии Шведсия ва Норвегия вазъияти комилан мусоид ба вуҷуд овард, ки дар онҳо то солҳои 90-ум бекорӣ ҳатто дар солҳои кризис аз 2,5—3 фоиз зиёд набуд. Самти навбатии сиёсати давлатӣ суғуртаи иҷтимоӣ мебошад. Шаклҳои зерини суғуртаи иҷтимоӣ ҷудо карда мешаванд: суғуртаи нафақа, суғуртаи беморӣ, суғуртаи ҳодисаҳои нохуш, суғурта аз бекорӣ, суғуртаи маъюбӣ ва ғайра.
Тамоми аҳолии кишварҳои шимолии Аврупо синнашон аз 16 ва болотар дар яке аз идораҳои маҳаллии амнияти иҷтимоӣ ба қайд гирифта шудаанд. Маблағҳои пардохт аз ҳисоби маблағҳои давлат, сохибкорон ва суғурташудагон ташкил карда мешаванд. Суғуртаи беморӣ суғуртаи тиббӣ ва дандонпизишкӣ, инчунин кӯмакпулии беморӣ ва кӯмакпулии волидонро дар бар мегирад. Дар Шведсия соли 1955, Финляндия соли 1964, Норвегия соли 1966 системаи ҳозираи суғурта ҷорӣ карда шуда буд. Пардохт барои муроҷиат ба духтури давлатӣ ва шахсӣ дар мамлакатҳои Аврупои Шимолӣ ба таври зерин сурат мегирад. Бемор як қисми ками маблағро мепардозад, духтури давлатӣ боқимондаро аз мақомоти маҳаллӣ ва шахси хусусӣ аз системаи суғуртаи тиббии миллӣ мегирад. Илова бар ин, давлат як қисми хароҷоти шаҳрвандонро ҳангоми харидани доруворӣ ҷуброн карда, дар сурати мавҷуд будани таҳдиди воқеӣ ба ҳаёти бемор ин хароҷотро пурра ба дӯш мегирад. Дар Шведсия ёрдампулии беморӣ аз рӯзи аввали беморӣ, дар Дания баъд аз он дода мешавад.
Дар мамлакатхои Скандинавия ёрдампулии падару модарон дар давоми 15 моҳи баъди таваллуди кӯдак дода мешавад. Барои заноне, ки кӯдакро интизоранд, кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ пешбинӣ шудааст. Дар Шведсия як волидайн метавонад то як сол дар хона бо фарзандаш бимонад, ба андозаи 75 фоиз пардохти музди меҳнат. Волидайн ҳуқуқ доранд барои нигоҳубини кӯдаки то 16-сола, агар кӯдак ягон беморӣ дошта бошад, ё барои дигар маъюбии ҷисмонӣ ба нигоҳубини махсус эҳтиёҷ дошта бошад, аз давлат маблағи муайяне бигиранд.
Суғуртаи нафақа махсусан барои кишварҳои Аврупои Шимолӣ муҳим аст. Масалан, дар Шведия аз 8,5 миллион нафар аҳолии умумӣ 1,5 миллион нафараш пиронсолон одамони 65-сола ва аз он боло мебошанд. Системаи нафақаҳои миллии кишварҳои Скандинавия нафақаҳои миллӣ (асосӣ), иловагӣ (хизматӣ ё меҳнатӣ) ва қисман (нопурра) дар Шведсия ва Финляндияро дар бар мегирад. Синну соли гирифтани нафақа дар Норвегия ва Исландия 67 солагӣ, Шведсия ва Финляндия 65, Дания барои мардон 65, занон 60 солагиро дар бар мегирад. Нафақаҳои асосӣ ва иловагӣ се шакл доранд: пиронсолӣ, маъюбӣ ва оилавӣ, ки ба муносибати вафоти саробони оила дода мешавад. Андозаи нафақаи миллии пиронсолӣ аз фаъолияти меҳнатӣ ва таҷрибаи корӣ вобаста нест. Дар Шведсия нафақаи миллӣ на танҳо ба шаҳрвандони кишвараш, ки ба синни 65-солагӣ расидаанд, балки ба шаҳрвандони хориҷие, ки аз синни 16-солагӣ ё на камтар аз 10 соли охир дар Шведсия зиндагӣ кардаанд, дода мешавад. Нафақаи маъюбӣ ба нафақаи пиронсолӣ баробар аст. Ба нафақаи оилавӣ нафақаи зани бева ва нафақаи кӯдаконе, ки саробонашонро гум кардаанд, дохил мешаванд. Дар Шведсия пардохти нафақаи бевазан дар сурати издивоҷ кардан қатъ мегардад, нафақа барои кӯдакони то 18-сола дар сурати фавти як ё ҳардуи волидон дода мешавад ва аз 25 то 40 фоизи маблағи асосиро ташкил медиҳад. Суғуртаи нафақавии Дания майлу хоҳиши ҳукуматро барои баробар кардани ҳуқуқи мардону занон инъикос мекунад. Барои гирифтани нафақаи иловагии хидматӣ, шаҳрванд бояд пеш аз синни нафақа "даромади нафақа" дошта бошад. Барои гирифтани нафақаи пурраи хизматӣ фаъолияти корӣ ба назар гирифта мешавад: дар Шведсия-30 сол, дар Финляндия ва Дания-40. Дар ин сурат нафақа зиёда аз 50 фоизи даромади миёна ва умуман бо даромади миллӣ бештар аз 50 фоизро ташкил медиҳад.
Низоми ҳифзи меҳнат инҳоро дар бар мегирад: ҳифз аз ходисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳо, қонунҳое, ки давомнокии рӯзи корро муайян мекунанд ва қонунгузорӣ дар бораи рухсатии пулакӣ. Дар Шведсия аввалин қонуни ҳифзи коргарон соли 1912 қабул шудааст. Дар соли 1949 бо қабули қонуни нав кори шабона барои ҳамаи одамони коркунанда манъ карда шуда, идораи давлатии бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ ташкил гардид. Соли 1919 дар Шведсия дар бораи рӯзи кори 8-соата ва ҳафтаи кори 48-соата қонун қабул карда шуд. Дар солҳои 80-ум дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупои Шимолӣ ҳафтаи кории 40-соата ҷорӣ ва аввалин қонуне, ки ба ҳар як коргар ҳуқуқи рухсатии пулакиро медиҳад, қабул гардид.
Сиёсати оилавии давлат ҳамчун як системаи тадбирҳои ҷамъиятӣ, ки ба ташаккули оила мусоидат мекунад ва вазъи оилаҳои фарзанддорро осон мекунад, муайян карда мешавад. Фаъолият дар соҳаи сиёсати оилавӣ дар кишварҳои шимолӣ аз солҳои 30-юми асри ХХ оғоз ёфт. Дар Шведсия аз соли 1948 cap карда, ба ҳамаи оилаҳое, ки кӯдакони то 16-сола доранд, пули давлатӣ дода мешавад. Дар айни замон мамлакатҳои Аврупои Шимолӣ ба мушкилоти зиёд кардани дараҷаи таваллуд дучор шудаанд, ки ин дар навбати худ дар сиёсати оила ифода меёбад.
Мамлакатҳои Скандинавия бо мақсади ҳавасманд гардондани дараҷаи таваллуд барои оилаҳое, ки се ва аз ин ҳам зиёд фарзанд доранд, имтиёзҳои иловагӣ муқаррар кардаанд. Масалан, дар Дания ёрдампулии оила барои таваллуди фарзанди якум 11 фоизи музди кор бе пардохти андоз ва баъди таваллуди фарзанди дуюм ва 15 фоизро ташкил медихад. Дар Шведсия соли 1993 лоиҳаи қонун дар бораи зиёд кардани пардохт ба оилаҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд, қабул карда шуда буд. Ғайр аз ин, Шведсия барои дастгирии оила як қатор тадбирхо андешид. Он ба ғайр аз кӯмакпулии кӯдакон, маблағи таҳсил барои кӯдакони то 20-сола, қарзи манзил барои оилаҳои кӯдакдор, табобати бепул дар беморхонаҳо барои занону кӯдакон, хадамоти машваратии оила, таваллудхонаҳо бо шароити ҳаматарафа, хизматрасонии тиббии мактабҳо, нигоҳубини дандонпизишки бачагон ва ҷавонон. Барои ёрӣ расондан ба оилаҳои нопурра тадбирҳо пешбинӣ карда шудаанд. Падару модаре (модар ё падар), ки бо кӯдак истиқомат намекунанд, то ба синни 18-солагӣ расидани кӯдак алимент мепардозад. Агар волидайн алимент дода натавонад ё нахоҳад, ки барои оилаи нопурра алиментро агентии суғуртаи маҳаллӣ медиҳад. Масалан, дар Дания андозаи кӯмакпулӣ барои оилаи нопурра, яъне ҷудошуда ки алимент намегирад, 60% музди миёнаи пас аз андозро ташкил медиҳад.
Системаи тандурустии мамлакатҳои Скандинавияро дар мисоли Шведсия дидан мумкин аст. Таҳкурсии ёрии тиббӣ дар ин мамлакат соли 1928 бо қонуне гузошта шуда буд, ки дар он тамоми актҳои қонунгузории пештараи ин соҳа ба низом дароварда шуда, масъулияти нигаҳдории тандурустӣ ба зиммаи тамоми шаҳру навоҳии кишвар гузошта шуда буд. Ҳоло системаи нигаҳдории тандурустӣ мувофиқи Қонуни соли 1982 кор мекунад. Ин санади қонунгузорӣ таъмин намудани ҳамаи шаҳрвандонро бо ёрии тиббӣ бо шартҳои баробар кафолат медиҳад. Стандартҳои нигоҳубин ва табобати беморон дар асоси сифати хизматрасонӣ, дастрасии онҳо ва эҳтироми ҳуқуқҳои бемор муқаррар карда шуданд. Шаҳру ноҳияҳо барои пешгирӣ кардани касалиҳо байни аҳолӣ ва ба нақша гирифтани тараққиёти системаи нигаҳдории тандурустӣ вобаста ба талаботи аҳолӣ масъуланд.
Агар дар бораи дараҷаи тараққиёти нигаҳдории тандурустӣ сухан ронем, пас аз ҷиҳати миқёси хизматрасонии тиббӣ ва ҳаҷми хароҷот ба ҳар сари аҳолӣ аз рӯи ин нишондиҳанда Шведсия чандин сол боз дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол мекунад. Дигар кишварҳои Аврупои Шимолӣ масалан Норвегия дар ҷои 3 юм, Дания 4-ум ва Финландия 17-умро гирифтанд. Дар ин кишварҳо сатҳи пасттарин сатҳи маргу мири кӯдакон ва баландтарин дарозии умр ба сар мебаранд. Дар натиҷаи тадқиқоте, ки аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, маълум шуд, ки кишварҳои Аврупои Шимолӣ маҳз дар он ҷо хушбахттарин одамон зиндагӣ мекунанд. Чунин нишондодҳо дар натиҷаи таҳқиқоти бахшҳои гуногуни ҷомеашиносӣ, ки аз ҷониби маҷаллаву агентӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ анҷом дода мешаванд, пешбинӣ мегарданд. Дар мавриди кишварҳои Аврупои Шимолӣ низ агентии Галлап (Gallup) таҳқиқот анҷом додааст, ки натиҷаашро чуноне ки зикр кардем, хеле баланд арзёбӣ кардааст.
Манобеъи истифодашуда:
1. Волков А. Ҷамъияти манфиатҳои бешумор // Баррасиҳои кишварҳо. 2006. № 3.
2. Дмитриев В. Ва дар Шведсия - ба таври дигар //Таъминоти иҷтимоӣ. Соли 2000. № 12.
3. Козлов А. Кори иҷтимоӣ дар хориҷа: ҳолат, тамоюлҳо, дурнамо. М., 2006. С. 100.
4. Сатҳи умумии таваллуд // Demoscope Weekly. № 805-806: вебсайт. -
URL: http://www.demoscope.ru/weekly/app/app4007.php (дастрасшуда 21/03/2019).
5. Меллер Андерс. Зиндагӣ мисли подшоҳ: системаи таъминоти иҷтимоӣ дар Шведсия // Ҳифзи иҷтимоӣ. 2001. № 6.
6. Мироненкова Н.И. Таҷрибаи фаъолияти системаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар кишварҳои Аврупои Шимолӣ // Меҳнат дар хориҷа. 2009. № 1.
7. Анрас М. Иқтисодиёти бозории иҷтимоӣ: консепсияҳои Л.Эрхард ва Г.Мирдал // Маҷаллаи иҷтимоӣ-сиёсӣ. Стокоголм ,-2008. № 1
Мадимарова Гулҳаё,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка